Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти корманди идораи амниятӣ


Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ як корманди идораи амниятиро бо айби қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ ба муҳлати як солу шаш моҳ аз озодӣ маҳкум кардааст.

Раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Тоир Искандаров изҳор дошт, ки бо ҳукми додгоҳ собиқ корманди раёсати вазорати амният дар минтақа Бахтиёр Рӯзиматов ҳамчунин пас аз адои мӯҳлати ҷазо ба муддати ду сол ҳуқуқи ишғоли вазифа дар мақомоти амниятиро нахоҳад дошт.

Бахтиёр Рӯзиматов, ваколатдори калони фаврии идораи амниятӣ дар ноҳияи Рушон, моҳи октябри соли гузашта ҳангоми ситондани пора дар ҳаҷми 500 сомонӣ аз муъовини сардори беморхонаи ноҳиявӣ аз тарафи кормандони раёсати оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят боздошт гардида, дар робита ба ришватситонӣ бо истифода аз вазифаи хидмати ва қаллобӣ айбдор эълон шуд.

Аммо масъулини раёсати вазорати амният дар Бадахшон ба дунболи боздошти Бахтиёр Рӯзиматов изҳор доштанд, ки ин нафар корманди онҳо намебошад, зеро ҳануз се рӯз қабл аз ҳодисаи боздошт дар робита бо ришватситонӣ вай бо ариза ва ба таври ихтиёрӣ аз ҳайати кормандони раёсати амниятӣ дар минтақа хориҷ гардидаааст. Аммо додгоҳи вилоятӣ ба далели ин ки ҳаракатҳои айбдоршаванда дар мавриди ришватситонӣ ва қалолобӣ ҳануз ҳангоми дар вазифаи хидматӣ қарор доштанаш содир шудаанд, баррасии парвандаро берун аз доираи ваколати хеш шуморида, онро барои тафтиш ва баррасӣ ба додситонӣ ва додгоҳи ҳарбӣ ҳавола кард.

Додгситонии ҳарбӣ айбдоршавандаро бо ришватситонӣ ва қаллобӣ бо сӯистифода аз ваколати хидматӣ муттаҳам намуда, 9 соли маҳрумият аз озодиро барояш талаб кардааст. Аммо додгустар гуфт, ки меъёрҳои қонун нисбати айбдоршаванда бо назардошти вазъи хонаводагӣ ва ҳолатҳои дигари сабуккунанда татбиқ шудаанд.

Нуширавон Ёразизов, вакили мудофеъи маҳкумшуда, гуфт, ки вазъи душвори иҷтимоии корманди амниятӣ вайро маҷбур кардааст ба хотири машғул шудан ба тиҷорат аз як сокини ноҳия қарз кунад ва роҳҳои дигари ғайриқонунии дарёфт намудани маблағро ҷустуҷу кунад. Вай гуфт, ки бо баргардони қарз далели қаллобӣ исботи худро наёфтааст.

Аммо, ба гуфтаи додгустар, дар мавриди дигар агарчанде корманди амниятӣ барои хориҷшавӣ аз ҳайхати раёсат ариза пешниход кардааст, вале дар беморхонаи ноҳиявӣ ғайриқонунӣ тафтиш гузаронда, мехост маблағро аз худ кунад ва ҳангоми ситондани он боздошт шудааст ва додгоҳ ин амалро бо усули қаллобӣ ва бо истифода аз ваколат аз худ намудани амволи ғайр арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG