Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдрас аз Эъломияи ҳуқуқҳо


Мусоҳиба бо пажӯҳишгари вазъи Осиёи Марказӣ дар созмони Амнестӣ Интернешнл.

Рӯзи 28 май гузориши солонаи созмони ҳомии ҳуқуқи башар «Амнестӣ Интернешнл» («Афви байнулмилалӣ») ба табъ расид.
Радиои Озодӣ бо хонум Мейсӣ Вачирдинг, пажӯҳишгари вазъи Осиёи Марказӣ дар созмони Амнестӣ Интернешнл, ҳамсуҳбат шуда, ибтидо пурсид, ки чаро бахши Тоҷикистон чандон бузург нест? Оё вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст ва ё дар ин ҷумҳурӣ поймолшавии ҳуқуқ фақат дар робита бо мардуми муттаҳам бар терроризм ва ифротгароӣ мушоҳида мешавад?
Мейсӣ Вачирдинг: "Ба ваҷҳи умум набояд гумон бурд, ки мо дар мавриди Тоҷикистон нигаронӣ надорем ва ё дар ин ҷумҳурӣ поймолшавии ҳуқуқ фақат дар иртибот бо афроди муттаҳам дар терроризм ҷой дорад. Сабаб ин аст, ки мо имкону захираи кофии пешбурди таҳқиқот дар ин ҷумҳуриро, тавре он дар Узбакистон буд, надоштем. Дар масъалаи озодии дин, озодии баён ва озодии иттиҳодияҳо дар Тоҷикистон мо ташвиши зиёд дорем. Қаблан, мо ҳамчунин гуфта будем, ки аз шиканҷа ва лату кӯби тамоми афроди боздоштшуда, на танҳо муттаҳамҳо дар терроризм, мо нигарон ҳастем. Мо аз муҳокимаҳои ноодилона, аз эътирофи гуноҳ, ки бо роҳҳои шиканҷа ба даст омадаву додгоҳ онро қабул дорад, ҳамчунон вазъи маҳбасҳо низ ташвиши амиқ дорем. Вале мо аз ин рӯйхат фақат муҳимтаринҳоро дар гузориш ҷой додем".
Радиои Озодӣ: Дар мавриди ҳизбҳои сиёсӣ, озодии баён ва истиқлоли расонаҳо чӣ гуфта метавонед?
Мейсӣ Вачирдинг: "Ман намехоҳам дар бораи ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат зиёд ҳарф занам. Албатта, ҳизбҳои сиёсии мухолифин вуҷуд доранд. Бале, тавре мо мехоҳем, фаъъолияти онҳо озод нест, вале мо ба вижа аз озодии баён ва иттиҳодияҳо нигарон ҳастем. Ин, албатта, ба рӯзноманигорон ва матбуъоти мустақил ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иртибот дорад. Мо аз қабули қонуни нави иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ташвиш доштем. Ин қонунро парламент тасвиб кард ва бар пояи он ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ ва аз ҷумла расонаҳо, ба сабти номи дубора дар вазорати адлия водор гаштанд. Дар ин масъала мо шикояти зиёд дастрас кардем. Созмонҳои ғайридавлатие, ки аз донорҳои ғарбӣ кумак мегирифтанд ва вазифаи онҳо бунёди ҷомиъаи демократӣ буд, дар маъракаи сабти номи дубора бо мушкили бисёр мувоҷеҳ гашта буданд".
Радиои Озодӣ: Дар гузориши Амнестӣ Интернешнл зикр гардидааст, ки президенти Тоҷикистон суффикси русиро аз номаш берун кард ва номи хонаводагии Раҳмонро ихтиёр намуд. Оё ин тағйири ном мушкиле эҷод кардааст?
Мейсӣ Вачирдинг: "Не, аз ин масъала мо ташвиш надорем. Баъзеҳо нигарон буданд, ки акнун президенти Тоҷикистон ҳукм медиҳад, то ҳама номҳои кӯдаконро тағйир диҳанд. Вале, то ҷое мебинем, ҳатто баъзе мансабдорони давлатӣ номҳои худро мисли пештара нигаҳ доштанд. Хулоса, то он ҷое, ки интихоб дар дасти афрод боқӣ мондааст. Ҳеҷ мушкиле нест".
Дар поёни суҳбат пажӯҳишгари вазъи Осиёи Марказӣ дар созмони Амнестӣ Интернешнл хонум Мейсӣ Вачирдинг хотиррасон намуд, ки дар Тоҷикистон САҲА, чандин созмони байнулмилалӣ ва аз ҷумла сафоратҳои кишварҳои олам ҳузур доранд ва Амнестӣ Интернешнл дар таҳияи гузоришаш ба иттилоъи ин манбаъҳо такя кардааст.
XS
SM
MD
LG