Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони гуштии самбои Тоҷикистон


Дар шаҳри Хуҷанд тӯли ду рӯз мусобиқоти қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон байни навҷавонони 17 – 18-сола бо ширкати беш аз 120 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар идома кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ 4 паҳлавони шаҳри Душанбе – Лутфуллоҳ Насруллоев дар вазни то 48 кг, Акмолиддин Каримов (то 52 кг), Наҷибуллоҳ Ҳабибуллоев (то 56 кг) ва Шоҳрӯз Рамазонов (то 81кг), 3 гуштигири шаҳри Хуҷанд – Деваштичи Убайдӣ (то 60 кг), Сайёд Шайхов (то 65 кг) ва Нуруллоҳхон Қосимов (то 87 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Инчунин Комроншои Устопир, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар вазни то 70 кг, ва Ҷамшеди Иззатуллоҳ (то 75 кг) ва Нусратуллоҳи Рамз (то 87 кг), ҳарду аз шаҳри Ваҳдат, соҳиби медалҳои тило гардиданд.
Сардовари мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки авоили моҳи июн дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG