Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари эҳтимолии Сарез ва чораҳои пешгирии он


Сарез - ин кӯли зоҳиран ором - хатари калони эҳтимолиро дар худ ниҳон дорад

Сарез - ин кӯли зоҳиран ором - хатари калони эҳтимолиро дар худ ниҳон дорад

Мутахассисони ҳолатҳои изтирории ВМКБ ҳамроҳ бо кормандони ширкати "Фокус" ҷиҳати хатари эҳтимолии кӯли Сарез чораҳои амалӣ меандешанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон дар ноҳияи Рӯшон машқҳо анҷом дод. Муовини сардори ситоди холатҳои фавқулода Гулшан Насиллобеков гуфт, ки ин машқҳо дар доираи пешгирии хатари эҳтимолии рахнашавии кӯли Сарез ва бо ҷалби сокинони чаҳор ҷамоати деҳоти ноҳия, ки дар роҳи ҳаракати селоб қарор доранд, гузаронда шуданд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни ин машқ бо баланд шудани бонги хатар ҳудуди 5 000 аҳолӣ ба таври фаврӣ бо чорвояшон ба ҷои бехатар кӯч дода шуданд.

Г. Насиллобеков афзуд, чунин «ҷазираҳои бехатар» ва муҷаҳҳаз бо маводи хӯрока ва пушокаву хаймаҳо бо ибтикори созмони «Фокус»-и амрикоӣ дар 22 маҳаллоти аҳолинишини ноҳияи Рӯшон, ки дар сурати рахнашавии эҳтимолии кӯли Сарез дар роҳи ҳаракати оби он қарор доранд, таъсис шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бо ибтикори созмонимазкур ҳамчунин дар ин деҳот васоили фаннии огоҳкунӣ аз хатар насб шудааст.

Ба гуфтаи муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар сурати хатари эҳтимолии рахнашавии сарбанд амвоҷи об пас аз 22 дақиқа ба деҳаи наздиктарини ин кӯл расида, пас аз чаҳор соат оби кӯл марзи Бадахшонро убур мекунад ва дар маҷмӯъ дар вилоят ба 40 000 ва дигар манотиқи Осиёи марказӣ наздики 4 милиион одам хатари зери об мондан таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи мутахассисони ситоди ҳолатҳои фақулодаи шаҳр ва навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба мақсади омӯзиши таҷрибаи ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон ва созмони «Фокус» оид ба чораҳои пешгирии хатари эҳтимолӣ дар шаҳри Хоруғ қарор доранд. Намояндаи ташкилоти OXFAM дар Душанбе Абдулқосим Қаюмов гуфт, ки ин гурӯҳ дар давоми 5 рӯз ба корҳои анҷомшудаи ситоди вилоятӣ ва «Фокус» дар минтақа шинос шуда, ба маҳалли Бартанг ва кӯли Сарез сафар хоҳанд кард.

Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати рахнашавии эҳтимолии кӯли Сарез хатари зери об мондан ба навоҳии Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG