Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паём" паём медиҳад


Нахустин Оҷонси иттилоотии ғайриҳукуматӣ дар минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон таъсис дода шуд.

Водии Вахш шояд охирин минтақае дар Тоҷикистон буд, ки як чунин оҷонси хабарии минтақаӣ надошт, чун то ин замон дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ҳамин гуна оҷонс бо номи «Хатлон-Пресс», ҳамчунин дар вилояти Суғд – «Вароруд» ва вилояти мухтори Бадахшон «Помир-Медиа» ба фаъолият шурўъ кардаанд. Аммо ҳарчанд расонаҳои мазкур ғайриҳукуматӣ ва мустақил хонда мешавад, сармоягузори аслии ағлаби ин оҷонсиҳои хабарӣ, бо шумули оҷонсии «Паём»-и Қўрғонтеппа Институти ҷомеаи кушода-Тоҷикистон будааст.

Ба гуфтаи Мурод Сотиев, раҳбари Оҷонси иттилоотии «Паём», ҳадаф аз созмон додани расонаи мазкур такмили халои иттилоотии водии Вахш аст, дар ҳоле ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шумори расонаҳои ғайриҳукуматӣ бисёр каму ангуштшумор буда, сокинони минтақа ба иттилоъи дақиқу сареъ ва мунсифона дастрасии комил надоранд.

Коршиносони масоили рўзноманигорӣ бар ин назаранд, ки дарёфти мавқеъи хоса барои Оҷонси нави иттилоотӣ дар Қўрғонтеппа, сарфи назар аз теъдоди ночизи расонаҳои хабарии мустақил, бисёр мушкил хоҳад шуд, чун аксар аз расонаҳои ҷумҳуриявӣ дар Қўрғонтеппа намояндагиҳои худро доранд, ҳамчунин ҷалби хабарнигорони пуркору ботаҷриба ба чунин як оҷонси ғайритиҷоратии «Паём» кори саҳл нахоҳад буд. Хуршед Сафаров, раҳбари намояндагии телевизиони «Сафина» ва ҳамзамон раиси радиои мустақили «Насими Вахш», дар ин иртибот мегўяд, дар Хатлон на ҳамаи дарҳо барои расонаҳои фаъоли минтақа кушода аст ва аз ин рў, рушди кори «Паём» ба салиқаи хабарнигоронаш бастагии сахт дорад.

Масъулини оҷонси тозатаъсиси «Паём» бар ин боваранд, ки бо истифода аз халои иттилоотӣ, адами дастрасӣ ба хабарҳои оҷилу объективӣ ва нашри иттилоияҳои ройгон ба зудӣ ба истилоҳ, «бозор»-и худро дар водии Вахш соҳиб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG