Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Рӯдакӣ дар Бишкек


Охири ҳафтаи равон дар шаҳри Бишкек бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ баргузории як маҳфили ширу шакар барномарезӣ шудааст.

Ба гуфтаи масъулини ин маҳфил, имсол дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои форсигӯ ва ҷаҳон 1150-солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил хоҳад шуд. Гуфта мешавад, маҳфили ширу шакар, ки бо ширкати олимону фозилон, овозхонҳои шинохта ва донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек баргузор мегардад, аз тадобире муаррифӣ хоҳад шуд, ки ба бузургдошти устод Рӯдакӣ марбут аст.

Қодиршои Мурувват - ноиби раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ гуфт, созмони тоҷикон ба номи қофиласолори шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст. Вай афзуд, созмони онҳо тасмим гирифтааст, ки як маҳфили ширу шакарро ба ифтихори 1150-солагии ин шоири бузург баргузор кунад. Ба гуфтаи Қодиршои Мурувват, қарор аст, дар ҷараёни маҳфил чанд гузориш роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ ва паҳлӯҳои эҷодиёти ӯ ироа гардад.

Гуфта шуд, ки дар маҳфили ширу шакар як гурӯҳ чеҳраҳои фарҳангии тоҷику қирғиз, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Бишкек низ ширкат хоҳанд варзид. Ба гуфтаи ноиби раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, маҳфиле, ки баргузор хоҳад шуд, шеъри ноби форсиро дар ин кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон тарғиб хоҳад кард.

Қодиршои Мурувват мегӯяд, ин аввалин чорабинии фарҳангӣ дар Қирғизистон хоҳад буд, ки ба бузургдошти одамушшуаро Рӯдакӣ бахшида шудааст. Мавсуф таъкид кард, ки ин маҳфил бешак иқдоми хубест дар мавриди муаррифии шеъри ноби форсӣ, аз ҷумла, ашъори сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик дар ин кишвар.

Бар асоси суханони ноиби раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон, шоираи мумтози қирғиз Бахтигул Чотурова дар тарҷумаи шеърҳои устод Рӯдакӣ солиёни дароз ба ин сӯ машғул аст ва дар ин маҳфил намунаҳо аз тарҷумаи ашъори устод ба забони қирғизӣ низ садо хоҳанд дод. Вай гуфт, гузашта аз ин Светлана Суслова - шоираи мардумии Қирғизистон, ки ба забони русӣ эҷод мекунад ва дар тарҷумаи рубоиёти Хайём саҳми шоиста дорад, чанд шеъри Рӯдакиро ба русӣ баргардонидааст, ки барои ширкаткунандагони ин маҳфил писанд хоҳад омад.

Ногуфта намонад, ки чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соири вилоятҳои Қирғизистон, аз ҷумла, вилоятҳои Бошканд ва Ӯш низ раҳандозӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, баргузории яке аз чунин маҳфилҳои ширу шакар дар ҷамоъати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG