Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норак ва Иссиқкӯл бародар шуданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев дар мулоқоти Хуҷанд зери як созишномаи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон имзо гузоштанд.

Инчунин, дар дидору гуфтушуниди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Хуҷанд ду ёддошти ҳусни тафоҳум дар миёни ин давлатҳо дар мавриди масоили роҳ ва бародаршаҳрии шаҳрҳои Норак ва Иссиқкӯл ба тасвиб расид.

Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Шӯрои мазкур дар сатҳи сарон ва вазоратҳои хориҷаи ҳар ду кишвар барои баррасӣ ва ҳалли саривақтии ҳама масоили калидии байни ин ду кишвар таъсис ёфт. Вай истифода аз захоири обии минтақаи Осиёи Марказиро аз ҷумлаи умдатарин масоили байни ин кишварҳо ном бурд ва афзуд: «Мо дар як нуқтаи назари ягона будем, ки манфиатҳои объективии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди исттифодаи оқилонаи захоири обии минтақа ҳамоҳангсозии сиёсатҳои давлатҳои моро дар ин самт тақозо мекунад, ки албатта мо ба ин даст хоҳем ёфт. Аммо ин амр на бар зарар, балки бар манфиати тамоми кишварҳои минтақа татбиқ хоҳад гашт.»

Аз ҷониби сарони ин давлатҳо масоили марзӣ ва густариши роҳҳои иртиботӣ, муборизаи муштарак алайҳи унсурҳои иртиҷоӣ ва тундгаро ба ҳайси масоиле унвон карда шуд, ки ҳамоҳангии доимии фаъолияти мақомоти ин ду кишварро тақозо мекунад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шимоли Тоҷикистон беш аз 600 километр марзи муштарак доранд, ки ҳанӯз муайян ва нишонгузорӣ нашудааст. Вуҷуди ҳудуди 20 анклав ва ё ҷазирақаламрав ва муноқишаҳои байни Суғду Ботканд дар мавриди истифода аз обу заминҳо фаромарзӣ бар ҳассосияти ин масъала афзудааст. Қурмонбек Боқиев – раисҷумҳури Қирғистон гуфт, аммо масоили марзӣ ин як масъалаи бисёр нозуки пурмасъулият аст, аз ин рӯ кишвараш ва Тоҷикистонро мебояд дар ин самт бо рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва якҷоя кор баранд.

Ҷаноби Боқиев афзуд, ки бо ҳамтои тоҷикаш дар масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар манотиқи наздимарзӣ ва беҳбуду бунёди роҳҳои иртиботӣ ва дар ин росто омӯзиши барномаи бунёди роҳи оҳани мустақим миёни ин ду кишварро матраҳ кардаанд. Дар ҳоли кунунӣ ин ду кишвар барномаи якҷояи бунёди роҳи нақлиётии Душанбе – Ҷиргатол – Саритошро рӯи даст гирифтаанд. Роҳе, ки аз бунёди он Тоҷикистон ба пайвастани минтақаи марзиаш бо вилояти Суғд тавассути қаламрави Қирғизистон умед мебандад.

XS
SM
MD
LG