Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҷомеъа мавзуъи нахустин ҳамоиши раҳбарони чунин созмонҳои Тоҷикистон дар Душанбе буд.

Нуралӣ Риоев, намояндаи порлумони Тоҷикистон, аз ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш даъват кард, то аз истилоҳи «созмонҳои ғайридавлатӣ» дар барномаи миллии инкишофи созмонҳои ғайридавлатӣ даст кашанд. Ба иддаои Нурилӣ Риоев, ибораи «созмонҳои ғайридавлатӣ» дар қонунҳои Тоҷикистон инъикос нашудааст. Ва дар оянда метавонад дар фаъолияти ин созмонҳо монеъаҳо эҷод кунад.

Бо вуҷуди пофишориҳои намояндаи порлумон ширкаткунандагони ин ҳамоиш ибораи «созмонҳои ғайридавлатӣ»-ро пазируфтанд.

Аз Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон, ки дар ин баррасиҳо ширкат дошт, пурсидам, ки ба чӣ далел давлати Тоҷикистон ибораи «созмонҳои ғайридавлатӣ»-ро намепазирад? Вай дар посух ба ин суол гуфт, «давлат дар симои созмонҳои ғайридавлатӣ дифоъ аз ҳуқуқи башар ва пиёдакунандаи ормонҳои демократиро мебинад ва аз ин ибора ҳарос дорад. Ба қавли мақомот, инқилобҳои, ба истилоҳ, рангаӣ дар Қирғизистону Гурҷистон бо кумаки созмонҳои ғайридавлатӣ роҳандозӣ шуда буд. Ва ба ин далел давлати Тоҷикистон аз ибораи «созмонҳои ғайридавлатӣ» дар ҳарос аст.

Шамсиддин Каримов, раиси Бунёди рушди Тоҷикистон, нигарониҳои давлат дар ин заминаро беасос хонд ва гуфт, ин ибора тақозои замон аст. Ва имрӯз ё фардо давлат зарурати онро дарк хоҳад кард. Вай афзуд, «мутаассифона, қонунҳои Тоҷикистон ҷавобгӯи замон нест бо он ки аз қавонини бархе аз кишварҳои ҳамсоя беҳтар аст».

Дар нахустин ҳамоиши созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар Душанбе беш аз 40 нафар намояндагон аз минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ширкат доранд ва ҳамоиш фардо низ ба кори худ идома хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки пас аз таҷдиди назар дар қонуни Тоҷикистон дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти чанд созмони байнулмилалӣ дар Тоҷикистонро мутаваққиф кард. Барои мисол, ахиран вазорати адлия бо баҳонаи муғойирати фаъолияти Институти миллии демократии Амрико бо қонуни Тоҷикистон ин созмонро дубора номнавис накард. Ва фаъолияти ОРА Интернешнл – созмони хайрияи Олмонро мутаваққиф намуд, ки, ба гуфтаи профессор Шокирҷон Ҳакимов, ин иқдоми вазорати адлия ҷуз ангезаи сиёсӣ чизи дигаре нест.

XS
SM
MD
LG