Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои «Лоҳутӣ» супурда шуданд


Дар рӯзи байнулмилалии озодии матбуот 8 тан аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ - шарафмандатарин ҷоизаи ИЖТ шуданд.

Барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ имсол аз ҷумла Фотеҳ Абдулло, Муҳаммадҷон Тоштемиров, Раҷабалӣ Қудратов, Ҳабибулло Ёров, Ато Ҳамдам, Бахтиёр Муртазоев, Ғайрат Ҳаким ва Улмас Ҷамол буданд. Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), гуфт, собиқадорони меҳнат, онҳое ки беш аз 30 ва 40 сол дар матбуот кор кардаанд ва синнашон аз 65 то 70 зиёд аст, соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи Раҷаби Мирзо, журналисти шинохташуда, зумрае аз устодони соҳибҷоизаро на танҳо хонандагон, балки худи журналистон ҳам намешиносанд. Раҷаби Мирзо афзуд, ҷоизаи Лоҳутӣ, ки то имрӯз ҳам арзиши вижае надошт, бо ҳамин ибтикори раёсати ИЖТ обрӯи худро батамом аз даст дод.

Аз сӯи дигар, дар 9 бахш, аз ҷумла «кашфиёти сол», «пажӯҳиши журналистӣ», «журналистикаи иқтисодӣ», «журналистикаи иҷтимоъӣ» ва «журналистикаи сиёсӣ», 9 тани дигар барандаи ҷоизаи пулӣ шуданд. Ба иттилоъи оқои Сатторов, сарпарасти молии ин ҷоизаҳо Бунёди Сорос дар Тоҷикистон аст ва аммо раиси ИЖТ перомуни арзиши пулии ҷоизаҳо хомӯширо баргузид.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар толори бузурги Иттиҳоди журналистон мизи гирди ихтисосӣ баргузор шуд, ки дар он сардабирону ходимони матбуоти ғайридавлатӣ перомуни мушкилоти худ ҳарф заданд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани мустақили расонаҳои иттилоотии ғайридавлатӣ (НАНСМИТ), гуфт, дар тӯли 4 моҳи ахир вазъи озодии сухан дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ наовардааст. Оқои Қаршибоев афзуд, дар ин замон боз 2 нафар журналисти тоҷик дар вилояти Суғд ба маҳкама кашида шудааст.

Аз сӯи дигар, ба иттилоъи Нуриддин Қаршибоев, амнияти иттилоотии кишвар зери хатар аст. Зеро, афзуд оқои Қаршибоев, бо иллати набуди қувваи барқ бархе аз навоҳии кишвар зери таъсири расонаҳои иттилоотии Қирғизистону Узбакистон ва Қазоқистон мондаанд.

Ва аммо Михаел Оунланд, масъули САҲА дар умури матубот, гуфт, амнияти иттилоотиро журналистикаи тоҷик набояд сода ва танг бигирад ва дар симои расонаҳои ҳамсоякишварҳо рақиб ҷӯяд. Вай афзуд, «хатари бештаре сари журналистикаи тоҷик раванди глобализастия-ҷаҳонишавӣ эҷод кардааст ва даври Тоҷикистонро индустрия-журналистика бо маблағҳои бузург, таҷҳизоти замонавӣ, имконияти фарогир ва маъхази ақлонӣ печидааст ва барои ба ин журналистика муқобилат кардан матуботи тоҷик бояд воқеан ҳам озод бошад».

Аз сӯи дигар фикре, ки сари он дар ин мизи гирд баҳс бархост, пешниҳоди Саймиддин Дӯстов - муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» буд. Оқои Дӯстов гуфт, барои ворастагии журналистикаи тоҷик хабарнигорон бояд маъоши хубтаре гиранд. Саймиддин Дӯстов ба Акбаралӣ Сатторов пешниҳод кард, ки Иттифоқи рӯзноманигорон аз муассисон ва сардабирон талаб кунад, ки онҳо маъоши ҳадди ақали журналистонро беш аз 120 евро кунанд. Масъулини ИЖТ гуфтанд, ки сари ин пешниҳод андеша хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи хабарнигорон, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорон худ муассиси 7 газета аст ва болобардории музди меҳнати журналистон ба нафъи худи Сатторов нест. Коршиносон мегӯянд, талаби адолат аз ин раёсат, ба масал, аз қассоб чашми раҳм интизор будани гӯсфандонро мемонад.

Аз сӯи дигар Роза Мавҷудова, ҳуқуқшиноси созмони ғайридавлатии «Хома», гуфт, Кумитаи давлатии радио ва телевизиён то ҳанӯз ба расонаҳои электронӣ бо сабабҳои номаълум муҷаввиз намедиҳад.

Дар мизгирд ҳамчунин 4 китоб, ки мӯҳтавои онҳо мушкили ҳуқуқӣ, нақзи ҳуқуқи журналистон ва мониторинг ё баррасии вазъи матбуоти тоҷик дар тӯли соли 2006 буд, муаррифи шуд.

Ва аммо баҳсе, ки миёни сардабирон ва муассисони 4 нашрия – «Нигоҳ», «Фараж», «Миллат» ва «Ману ту» - бархост, ба иттилоъи коршиносон нороҳаткунанда буд, зеро масъулини ин ҷаридаҳо норизоият ва хашму итоби инфиродии худро замони ахир тавассути нашрияҳои зертобеъ ба ҷамъият пешкаш мекунанд ва рахнае миёни матбуоти ғайридавлатӣ мекӯбанд, ки паёмади хуб надорад.

XS
SM
MD
LG