Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набуди фарҳанги истеъфо дар Тоҷикистон


Раҳматуллоҳ Зойиров
Раҳматуллоҳ Зойиров

Бо даргузашти тақрибан ду даҳсола низоми демократӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ то куҷо ниҳодина ва мантиқӣ шудааст?

Яке аз шартҳои аслӣ ва муҳимми муборизаи сиёсӣ дар ин низом пешниҳоди барномаи мушаххас дар интихоботи демократӣ ва, ба ин васила, расидан ба қудрати сиёсист.Ва дар сурати адами иҷрои барнома новобаста аз хатми даврони раҳбарӣ иқрор кардани нобарорӣ ва канор рафтан аз саҳна ва ё истеъфост.
Кишварҳои шӯравии пешин бо дастёбӣ ба истиқлолият билофосила низоми хешро демократӣ унвон карданд. Аммо баҳси мо акнун сари ин мавзӯъ аст, ки бо даргузашти тақрибан ду даҳсола низоми демократӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар ин кишварҳо то куҷо ниҳодина ва мантиқӣ шудааст.
Дар бисёре аз кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон як гурӯҳе, ки аз ибтидои даврони истиқлол домани қудратро чанг зада буданд, ҳамчунон қудрати сиёсиро дар дасти худ нигаҳ медоранд. Ва, ба эътиқоди бештари коршиносон, бо ин вуҷуд, ки дар қонуни асосӣ низоми ин кишварҳо демократӣ унвон шуда ва дар интихоботҳои ба зоҳир демократӣ барномаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ низ пешниҳод мешавад, аммо дар амал комёбии чандоне надоштаанд.
Зиндаёд Отахони Латифӣ
То кунун ҳарфи довталабонаи истеъфо дар ин муҳит садо надодааст ва дар ба таври ихтиёрӣ барои вогузории чавкии қудрат низ иқдоме сурат нагирифтааст. Аммо дар кишварҳои ғарбӣ ва мамолики пешрафтаи осиёӣ дар чунин ҳолат аз иқрор кардани бесалоҳиятии худ, канор рафтан аз қудрат ва вогузории саҳнаи давлатдорӣ барои нерӯҳои дигари сиёсӣ ибо намекунанд. Зеро, ба бовари коршиносон, дар ин кишварҳо истеъфо додан ва канор гузоштани симати давлатӣ ба як фарҳанг ё урфи сиёсӣ табдил ёфтааст.
Борис Елсин, нахустин раисҷумҳури Русия, қабл аз поёни даврони раёсатҷумҳуриаш довталабона аз ин мақом канор рафт ва аз мардуми кишвараш пӯзиш хост, ки ӯ натавонистааст умедҳои онҳоро бароварда созад. Ба назари бисёре аз коршиносон, Б. Елсин, ки яке аз барпокунандагони ҷомиъаи демократӣ дар Русия буд, бо ин иқдомаш воқиъан исбот кард, ки ӯ побанди ормонҳои демократӣ аст. Дар Тоҷикистон низ, чун соири кишварҳои Осиёи марказӣ, бо хоҳиши худ канор рафтан аз вазифа аз сӯи мансабдорон тақрибан ба мушоҳида нарасидааст.
Мавридҳои ангуштшуморе, чун истеъфои Отахон Латифӣ, давлатмард ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик, – аз мақоми муовинати сарвазир, ва даст кашидани шоири тавонои тоҷик Бозор Собир аз ваколати намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олӣ дар Тоҷикистони шӯравиро метавон дар ин маврид ёдовар шуда, падидаҳои алоҳида шумурд.
Аммо ҳарфи истеъфо дар фазои сиёсии Тоҷикистон нахустин маротиба алайҳи Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев, роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ дар феврали соли 1990, ҳанӯз замоне, ки шӯравӣ побарҷо буд, садо дод. Ин роҳбарон – Котиби аввали Ҳизби коммунист, раиси Шӯрои олӣ ва раиси шӯрои вазирон – таҳти фишори тазоҳургарон истеъфои худро эълом намуданд. Вале баъдан бо пуштибонии Маскав ва ҳизби коммунист онҳо аз нийяти худ гаштаву ба мансабҳояшон барқарор шуданд, ҳарчанд дар ниҳояти амр президент Маҳкамов таҳти фишори Шӯрои олии вақт маҷбур шуд аз нав истеъфо бидиҳад.
Сипас дар оғози ҷангҳои шаҳрвандӣ дар моҳи сентябри соли 1992 раисҷумҳурии вақти кишвар Раҳмон Набиев низ таҳти фишори нерӯҳои мухолиф ба хатти истеъфои худ имзо гузошт (ҳарчанд ӯ ҳам дар моҳи ноябри худи ҳамон сол дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки – ин дафъа расман – ба истеъфо биравад).
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон, ки он замон яке аз 230 депутати Шӯрои олӣ буд, дар ҷаласае дар Хуҷанд бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки ӯро ба сари қудрат оварда буд, он рӯзҳоро чунин ёдоварӣ мекунад: «Агар ба ёд дошта бошед, дар як рӯз президенте, ки ҳоло се моҳ роҳбарӣ накардааст, Қаҳҳор Маҳкамовро ба овоз мемонем – истеъфояш қабул намешавад. Депутатҳо пешниҳод карданд, ки дар конститутсия тағйирот дароварда (чунки 7 овоз намерасид ҳамин квотаро паст кунем, то истеъфо равад) фақат конститутсия иваз мекардем, қонун иваз мекардем мансаб…»
Ва бо ҳамин дигар, ба бовари коршиносон, дар фарҳанги сиёсии Тоҷикистон вожаи «истеъфо» ба фаромӯшӣ рафт – то замоне, ки президент Раҳмонов, дар чаҳорчӯби Созишномаи умуми сулҳи ҳукумат бо мухолифин ночор шуд, ки 30 дарсади аъзои кобинаашро ба манфиъати мухолифин ба истеъфо бифиристад.
Раҷаби Мирзо
Аммо дар даврони раҳбарии оқои Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ идома дорад, ҳеч яке аз мансабдорони тоҷик бо хоҳиш ва иродаи худ курсии мансабро тахлия накардааст. Дар ин миён танҳо истеъфои Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ, ки масъулияти мушовири аршади раисҷумҳурро дар масоъили ҳуқуқӣ бар уҳда дошт, истисност. Оқои Зойиров ба нишони эътироз аз тасмими давлат ҷиҳати ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки шароити ширкати Эмомалӣ Раҳмонро барои бори севум дар ин мақом фароҳам мекард, довталабона аз кори давлатӣ истеъфо дод.
Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ, мегӯяд, тасмими истеъфо бо хоҳиши худ дар кишварҳое назири Тоҷикистон, ки, ба иддаъои ӯ, усули идории авторитарӣ дар он ҷои низоми демократиро гирифтааст, пайомадҳои нохуш ба дунбол хоҳад дошт. Зеро, меафзояд ӯ, дар чунин кишварҳо ҳама тасмимот ва иқдомот бояд бо нафари аввали кишвар ҳамоҳанг карда шавад, чунки мансабдор аслан ирода ва нақшаи ӯро иҷро мекунад: «Фарҳанги сиёсӣ дар он кишваре вуҷуд дорад, ки шаҳрвандон ҳуқуқи сиёсӣ дошта бошанд. Ба ғайр аз ин, дар кишваре, ки дар он фасод вуҷуд дорад, ҳаргиз касе ба истеъфо намеравад. Чунки ӯ чи тавр истеъфо меравад, агар ӯ мансабро бо пайса харид кардааст. Ва он мансабе, ки гирифта буданд, ба ӯ манбаъи даромад ва манбаъи эҳтиром аст. Ҳаргиз истеъфо намедиҳад. Ӯ хуб медонад, ки байни мардум ва ӯ, ҳамчун вазир, ҳеҷ пуле вуҷуд надорад. Дар инҷо як чиз аст садоқат ба як нафар доштан аст. Ва ҳаросу ҷавобгарӣ ҳам пеши як кас аст. Ӯ, ки истеъфо диҳад, роҳбарияти олимақомтар метавонад ба ӯ як муносибати на он қадар гарме дошта бошад. Метавонад ӯро гунаҳкор ба чизе ҳам бикунад. Ман Раҳматуллоҳ Зоировро ба унвони мисол мегирам. Чаро ӯ истеъфо дод? Зеро дар ҳамон ҷои кораш натавонист кор кунад. Чунки фишорҳои зиёде буданд ва ӯ истеъфо дод. Ва имрӯз дар рӯзномаву маҷаллаҳо нисбат ба онҳо суханҳои хеле таҳқиромез мешавад. Он вақт, вақте ӯро сармушовири дастгоҳ гирифтанд, нагуфтанд, ки ӯ дар Узбакистон таваллуд шудааст, лекин вақте истеъфо дод, акнун ӯро фақат сиёҳ мекунанд. Аз ин рӯ баъзе соҳибмансабҳо дар ҳарос ҳастанд, ки медонанд дар чунин ҳолат фардо онҳо ҳам таҳти фишор қарор мегиранд».
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар, бар ин назар аст, ки имрӯз таносуби воқеъии нерӯҳои сиёсӣ дар ҳокимияти Тоҷикистон ифода ва ё инъикос наёфтааст. Ва, меафзояд ӯ, дар ҳоле, ки идораву назорати давлат бо риъояти ин меъёр амалӣ намешавад, масъулият ва ҷавобгарӣ дар назди мардум аз байн меравад, ва, ҳамин тариқ, фарҳанги истеъфо барои афроди соҳибмақом як чизе бегона мешавад: «Дар тамоми кишварҳое, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ соҳибистиқлол шуданд, ягон кас худаш истеъфо намеравад. Чунки дар ҷамъият як навъ тарозу – мувозинати нерӯҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоие, ки мо онро ҷомиъаи шаҳрвандӣ мегӯем, – ҳоло номаш ҳасту воқиъан таъсис наёфтааст. Бубинед, чаро дар Италия ҳукумат зуд истеъфо меравад? Чунки наравад, худи пагоҳ ё дар худи ҳамон ҳафта даҳҳо миллион итолиёвиҳо ба кӯчаҳо мебароянду талаб мекунанд, ки ӯ ба истеъфо биравад. Барои беобрӯ нашудан ҳамон ҳукумати сарвазире, ки аз уҳдаи кор набаромад, сари вақт истеъфо медиҳад. То ҳамин масъала ҳал нашавад, ин ҳамон тавр идома меёбад».
Муҳйиддини Кабирӣ
Аммо Муҳйиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон, бар ин назар аст, ки фарҳанги истеъфо бештар ҷанбаи ахлоқӣ дорад ва, дар ҳоле, ки як нафар мансабро бар ивази чизе соҳиб мешавад ва медонад, ки бо соҳиб шудан ба ин мақом ӯ соҳиби молу дороӣ низ мешавад, бадеҳист, ки то ӯро иҷборан аз симаташ барканор накунанд, худ чунин иқдом намекунад. Оқои Кабирӣ андешаеро, ки опозисиюни заъиф сабаби дигари адами фарҳанги истеъфо дар давлатдории имрӯзаи тоҷик шуда бошад, рад кард. М. Кабирӣ мегӯяд: «Аслан, масъалаи ба истеъфо рафтани як масъул ё мақоми давлатӣ бештар ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Дар кишварҳое, ки мансабҳои давлатӣ бо роҳҳои ғайритабиъӣ – ё аз тариқи хешутаборчигӣ ё аз тариқи пора ё бо роҳҳои дигар – гирифта мешаванд, маъмулан ин мансабдорон дигар тамоси ҷанбаҳои ахлоқӣ ва фарҳангии онро фаромӯш мекунанд. Опозисиюн метавонад масъалаи истеъфоро бардорад, вале, агар ҳукумат инро нахоҳад, ё қонунгузорӣ тарзе набошад, ки воқиъан дар чунин ҳолатҳо истеъфои ҳукуматро пешбинӣ кунад, пас аз дасти опозисиюн ҳеҷ коре намеояд, ва ин ҳама ҳарфҳо дар бораи вуҷуди як оппозисиюни заъиф ва ҳама чиро партофтан ба дӯши опозисиюн то ҳадде шояд ҷой дошта бошад. Вале пурра аз оппозисиюн вобаста нест».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Раҷаби Мирзо, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) дар шаҳри Душанбе, ба истеъфо рафтан ва ё ба истеъфо фиристодани давлатмардонро расми кишварҳое медонад, ки дар онҳо қонун амал мекунад. Оқои Мирзо мегӯяд, дар бораи фарҳанги истеъфо вақте метавон сухан кард, ки машрӯъияти интихоботҳои баргузоршударо аҳзоби сиёсии кишвар эътироф кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аҳзоби мухолифи давлат интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистонро ғайриқонунӣ мешуморанд. Раҷаби Мирзо идома медиҳад: «Интихоботи ахири президентии Тоҷикистонро ҲСДТ новобаста аз натоиҷаш ғайриқонунӣ эълом кард, ҲДТ онро таҳрим намуд. Яъне ин маънои онро дорад, ки натоиҷи интихоботро қобили қабул намедонанд. ҲНИТ ҳам аз ширкат дар интихоботи ахир бо номзади худ даст кашид. Пас онҳо ҳаққи талаби истеъфо надоранд. Онҳо наметавонанд, ки, масалан, дар назди ҳукуматдорон талаб гузоранд, то он ба истеъфо раванд».
Аммо бо ин ҳама, «Ватандор» – як созмони ғайрирасмии дар хориҷ аз Тоҷикистон буда – давлати кишварро дар буҳрони пешомадаи энержии имсола, ки 850 миллион доллар ба иқтисод хисорот ворид кард, муқассир хонд ва аз нерӯҳои сиёсии кишвар хост, то барои истеъфои раисҷумҳур дар маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ҳамраъй шаванд.
XS
SM
MD
LG