Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ болотар рафт ва нархи як бушка нафти хом рӯзи чоршанбе дар фурушгоҳи электронии Ню Йорк ба 114,9 доллар расид.

Аввоили ҳафта дар ҳамин бозор бушкаи нафт бо маблағи каме бештар аз 111 долар хариду фурӯш мешуд. Коршиносон мегӯянд, ки болоравии бесобиқаи нафт асосан бо афзоиши истифодаи он дар кишварҳое чун Ҳиндустон ва Чин дар пасманзари беқурбшавии доллари амрикоӣ ва нооромиҳо дар кишвари Нигерия бастагӣ дорад. Ба болоравии қимат ҳамчунин тасмими ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт барои дар сатҳи феълӣ боқӣ гузоштани истихроҷ ва содироти ин маводи сӯхт низ таъсир гузоштааст.

Семён Новопрудский, муовини сардабири нашрияи “Время новостей”-и чопи Маскав ва коршиноси масоили иқтисодӣ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, сабаби дигари болоравии қимати нафт ба василаи сармоягузорӣ табдил шудани он аст. Нафт василаи сармоягузорӣ гардид, нафт алҳол чун сармоя истифода мешавад, тавре, ки қаблан тиллоро истифода мекарданд. Гап сари он аст, ки чун нафт ба василаи сармоягузорӣ табдил шудааст, табиист, ки бо он қаллобӣ низ ҳамроҳ аст. Яъне агар қаблан пирамида ё аҳромҳои молӣ ташкил мешуданд, ҳоло метавон дар бораи зуҳури пирамидаҳои нафтӣ ҳарф зад. Ин воқеан ҳам барои олам як мушкили комилан нав аст, ки чанд моҳ ё як соли ахир пайдо шудааст.

Дар ҳамин ҳол мутахассисон ва коршиносон ба коҳиши истихроҷи нафт дар Русия ишора мекунанд. Муовини раиси ширкати нафтии Лукойл Леонид Федун ахиран дар сӯҳбат бо нашрияи Financial Times гуфт, ки соли гузашта дар Русия ҳамарӯза 10 миллион бушка нафт истихроҷ мешуд, вале дар семоҳаи аввали соли равон ин нишондод коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаи Сибири Русия аз ин ба баъд болоравии истихроҷи нафтро интизор набояд шуд, зеро дар чоҳҳои минтақа захираи на он қадар бузурги нафт боқӣ мондааст, Нашрияи бритониёвии Wall Street Journal менависад, ки коҳиши истихроҷи нафт аз сӯи ширкатҳои Русия боиси боз ҳам боло рафтани қимати ин маводи сӯхт мегардад.

Семён Новопрудский бо ин ақида мувофиқ аст ва аммо мегӯяд, ман шубҳа дорам, ки Русия, тибқи он модели иқтисодие, ки дорад, дар ояндаи наздик якҷониба содироти нафтро коҳиш диҳад. Рушан аст, ки Русия ва воломақомҳои кишвар ба коҳиши содироти нафт аз Русия манфиатдор нестанд. Яъне, дуруст аст, ки суръати истихроҷ метавонад ба вазъ таъсир гузорад ва аммо мақомоти Русия аз ҳама чораҳо кор мегиранд то ҳаҷми содироти нафт аз кишвар коҳиш наёбад.

Дар ҳамин ҳол дар Иёлоти Муттаҳида, яке аз бузургтарин истеъмолкунандагони нафт, сару садоҳое баланд мешаванд, ки бояд маводи сӯхти артиши мустақар дар Ироқ аз ҳисоби буҷаи ин кишвар пардохт шавад. Ба иттилоъи хабаргузории Associated Press, неруҳои амрикоӣ маводи сӯхтро аз бозори Ироқ харидорӣ ва барои он моҳе 153 миллион долар сарф мекунанд. Ҳамчунин сиёсатмадорони амрикоӣ пешниҳод кардаанд, ки таъмиру тармими роҳҳо, хатти интиқоли барқ ва бемористонҳои Ироқ на аз ҳисоби ИМА, балки аз ҳисоби маблағи аз фурӯши нафт дарёфтаи ҳукумати Ироқ ба роҳ монда шавад. Гуфта мешавад, ки алҳол истихроҷи нафт дар Ироқ афзоиш ёфта алҳол то ба 2 миллион 400 ҳазор бушка дар як рӯз расидааст. Ба гуфтаи коршиносон, Ироқ метавонад ҳамасола аз содироти нафт то 60 миллиард доллар фойида ба даст оварад.

XS
SM
MD
LG