Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот ба хотири ҳимоя аз манзил (Видео)


«Илтимос. Як бори дигар илтимос, ки моро бифаҳмед. Мо дигар ҷойе барои зиндагӣ кардан надорем...».

Ин нидо, хоҳиш ва фарёди онҳое буд, ки барои расидагӣ ба мушкили худ дар назди қасри раиси ҷумҳур ҷамъ омаданд, то додашонро бигӯянд. Аммо ин хонумҳо дар банди кормандони мақомоти умури дохила монданд ва ноумед ба хонаҳояшон баргаштанд.

Инҳо ҳудуди 40 сокини маҳаллаи атрофи Корхонаи сементи шаҳри Душанбе ва иборат аз занону кӯдакони мактабхон ва тифлони кӯчаканд, ки мегӯянд, бо зӯри кормандони интизомӣ тариқи автобус ба боздоштгоҳи махсуси умури дохила, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, рафтанд ва дар он ҷо баёнот навиштанд. Дар боздоштгоҳи махсус ҳич кадом аз мақомдорон ҳозир нашуд, ки далели боздошт ва бозпурсии ин гурӯҳи занонро шарҳ диҳад. Вале занон мегӯянд, милисаҳо таҳдид кардаанд, ки дигарбора онҳо дар назди Қасри раисҷумҳур ҷамъ наоянд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд ё ҷазои дигар хоҳанд гирифт.

Аммо ин занони беилоҷ мегӯянд, ки аз таҳдиди милисаҳо наметарсанд ва барои ҳифзи молу манолашон аз нияти худ пас намегарданд. Яъне, ё соҳиби манзили худ боқӣ мемонанд ва ё дар зиндон ба сар мебаранд: «Мегӯянд, ки дафъаи дигар ҳам чунин кунем, 60 сомонӣ ҷарима месупорем ё 15 рӯзи зиндон. Агар 60 сомонӣ медоштем, назди Қасри президент мерафтем? Мо кор намекунем. Вазъияти моро ҳам фаҳмед. Агар ҳамин ҷони мо даркор аст, марҳамат...»

Ҳамчунин яке аз ин занони тазоҳургар гуфт, ки як ҳамсафари онҳо ҳангоми пароканда намудани ҷамъомадагон зарб хӯрда, дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст. Фарзанди ин зани латхӯрда, ки дар даст хулосаи ташхиси бемории модарашро дошт, чунин мегӯяд: «Мо натиҷаи ташхисро дастрас кардем ва ин ҷо гуфта шудааст, ки устухони миён сахт лат хӯрдааст».

Фахриддин Зокиров, вакили дифоъи ин занон низ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки нисбати бадрафтории кормандони интизомӣ дар баробари зерҳимоятонаш ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Вай мегӯяд, тӯли 16 сол ин занон бо хонаводаҳои худ дар манозили маскунияшон ба сар мебаранд, вале ҳич кадом аз мақомдорон огоҳ накарда буд, ки замини онҳо рӯзе ба фоидаи давлат гирифта мешавад.

Тазоҳургарон умед доранд, ки президент ба қазияи онҳо расидагӣ мекунад. Агар не, мегӯянд онҳо, аз баҳри шаҳрвандии Тоҷикистон мегузаранд.

Шавҳари яке аз занҳои тазоҳургар низ мегӯяд, ҳудуди ду сол мешавад, ки ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар робита ба татбиқи Генплани Душанбе ва ғайриқонунӣ будани манзилашон, онҳоро ором намегузорад. Дар ҳоле ки мувофиқ ба қонуни авфи молу мулк, ки Эмомалӣ Раҳмон онро соле пеш ба тасвиб расонидааст, агар хонаҳои онҳо ғайриқонунӣ ҳам мебуд, бояд мавриди авф қарор мегирифт. Аммо, мегӯяд ӯ, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ қонуни авфро дар нисбати манозили маскунии онҳо нодида гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Андреа Берг, пажӯҳишгари Созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ин қазияро дунболгирӣ дошт, мегӯяд, чунин бархӯрди мақомот бо шаҳрвандони одии кишвари худ далели воқеъии нақзи ҳуқуқи башар аст. Вай мегӯяд, дар ҳар кишвари демукросӣ сокинонаш ҳақ доранд, ки ба ҳукуматдорон аз камбудҳои худ шикоят баранд. Андреа Берг изтиробу андешаи худро дар иртибот ба қазияи ин занони тазоҳургар чунин баён кард: «Мо низ огоҳ шудем, ки бархе аз занон дар назди дастгоҳи раъиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷамъ омаданд, то ба қабули президент мушарраф шаванд, аммо онҳоро бо кӯдаконашон милисаҳо боздошт кардаанд. Албатта, ин нақзи ҳуқуқи инсон аст. Зеро ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, ки ба қабулгоҳи кадом президенте равад ва арзи худро бирасонад. Ин танҳо паст задани шарафи сокинони одӣ аст. Ман ҳатто намедонам, инро чи гуна баён кунам».

Тазоҳургарон мегӯянд, бо ин ҳол умед доранд, ки Раҳмон ба қазияи онҳо расидагӣ мекунад. Агар не, аз баҳри шаҳрвандии Тоҷикистон мегузаранд.


Тақсими нодурусти замин ва бинобар тарҳҳои бозсозӣ ба маконҳои дигар кӯч додани шаҳрвандон ахиран дар Тоҷикистон ба як мушкили доғ табдил шудааст. Ва мушкили беманзилӣ, ки гиребонгири аксари шаҳрвандон ва аксаран ҷавонони Тоҷикистон аст, мояи норозигии мардум аз ҳукумат шудааст ва бори аввал нест, ки мардуми батангомадаи беманзил ошкоро дар назди қароргоҳҳои ҳукумат эътироз мекунанд. Падидае, ки рӯз то рӯз бештар мешавад ва онгуна ки як мусоҳибам гуфт, мақомотро метарсонад, ки нисбат ба занон низ чунин шеваи рафторро раво мебинанд, то барои дигарон ибрат шавад.

XS
SM
MD
LG