Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз офарандагони бомби атомии Амрико даргузашт


Ҷон Уиллер даргузашт.

Ҷон Уиллерро охирин абармард дар миёни олимони физике медонистанд, ки дар дастовардҳои соҳаи ҳастаӣ нақши ниҳоят зиёд дошт. Вай соли 1911 дар иёлати Флорида, дар як маҳалли дорои ҷангалзору киштзорҳои васеъ ба дунё омадааст, вале аз ҳамон хурдӣ ӯро на ин табиат, балки суолҳои дигар доир ба пайдоишу поёни зиндагӣ ба худ мекашид.

Ҷон Уиллер соли 1933 Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинсро хатм ва карйераи худро аз ҳамон ҷо оғоз кардааст. Ва баъдан бо олимони физики маърум ба мисли Алберт Эйнштейн, Ниелс Бор ва Энрико Фермӣ ҳамкор мешавад.

Ҷон Уиллерро дар Донишгоҳи Принстон омӯзгори зираке меномиданд, чунки падидаҳои мушкилфаҳмро бо як роҳи оддӣ мефаҳмонидааст. Масалан, намунаи машҳур, мафҳуми “ҳуфраи сиёҳ” яъне, ситораи фурӯрезандаест, ки бо қудрати азимаш ҳатто рӯшноиро фурӯ мебарад.

Ҳуфраи сиёҳро баъдан ба ҳар маънӣ истифода мекарданд ва мекунанд, масалан мегӯянд, ки сиёсатмадорон пулро ба ҳуфраи сиёҳ рехтанд, яъне барабас сарф карданд. Ҷон Уиллер гуфта буд, ки мафҳуми “ҳуфраи сиёҳ” – ро бори аввал ҳангоми хондани лексия дар Донишгоҳи Ню-Йорк ба забон овардааст.


Ҷон Уиллер ҳамчунин фарзияи Эйнштейн доир ба ҷозибаи умумиро ташвиқи зиёд кардааст. Аммо кори аз ҳама барҷаставу асосии ӯ рушди физикаи атомӣ ва сохтани бомби атомӣ дар солҳои 1930-1940 буд. Ҷон Уиллер ҳамроҳ бо ду физики дигари амрикоӣ Бор ва Фермӣ дар ахири солҳои 30-ум фарзияи таҷзияи атомиро пеш гузоштанд, ки метавонад ҳам барои истифодаи сулҳомези энержии атомӣ ва ё сохтани бомби атомӣ истифода шавад. Ҷон Уиллер баъдан дар барномаи сохтани бомби атомӣ ва сипас сохтани бомби қавитар, яъне бомби ҳидрогенӣ кор кардааст.

Чун тамоми дигар олимоне, ки талошҳои худро барои сохтани силоҳи харобиовар сарф кардаанд, Ҷон Уиллер доир ба дурустии кори худ фикр мекард. Баъди ҷангҳо ва партоби бомби атомӣ ба шаҳрҳои Ҳиросима ва Нагасакии Ҷопон ва хатми ҷанг Ҷон Уиллер ба таҳқиқоти хурдтарин зарраи кайҳон ва беинтиҳо будани он пардохт ва зимни як мусоҳиба гуфта буд, умедвор аст, ки рӯзе тамоми инсоният рози бақоро дарк хоҳанд кард ва хоҳанд гуфт, ки чаро пештар ба ин мутаваҷҷеҳ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG