Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б. Бобохонов: Узбекистон ҷинояткоронро ба мо намедиҳад


Дар давоми 16 соли истиқлоли Тоҷикистон Узбакистон дар истирдоди дар Тоҷикистон ҷинояткардаҳо ба ин кишвар иқдом накардаааст.

Чунин буд иддаъои Бобоҷон Бобохонов. Додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти матбуъотие, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Б. Бобохонов дар посух ба ин суъоли хабарнигори родиюи «Озодӣ», ки додситонии кулл дар бораи истирдоди полковники фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев, ки мақомоти кишвар ӯро дар ҳамла ба Тоҷикистон ва қатлу куштор муттаҳам кардаанд, чи иқдом кардааст, гуфт: « Дар давоми 15-16 соли истиқлолиятамон аз Узбекистон мо ягон каса экстрадитсия накардем – ягон каса, натанҳо Маҳмуд Худойбердиюфа. А Маҳмуд Худойбердиюф чи кор кадейстай, да куҷо мегарда, чи кор мекуна – ина мо нағзтарак мефаҳмем. Ягон кас Узбекистон мора додагӣ нест. Дар давоми мана ҳамин истиқлолияти давлати Тоҷикистон. Вақте ки ҷинояткоро аксариятуш дар ҳамуҷа ҳастан».
Вале додситони кулл дақиқан дар бораи теъдоди ҷинояткороне, ки дар Узбакистон паноҳ бурдаанд, иттилоъ надод.
Аммо Раҳматуллоҳ Зойиров, коршиноси масоъили ҳуқуқ, ин иддаъоҳои додситони куллро беасос хонд. Ба ин далел, ки, ба гуфтаи вай, дар чанд соли ахир аз сӯи Тоҷикистон феҳристи афроди муртакиб ба ҷиноёт дар Тоҷикистон, ки дар Узбакистон паноҳ бурдаанд, нашр нашудааст ва ҳеч кас дар бораи ин ашхос ҷуз Маҳмуд Худойбердиев иттилоъ надорад. Ӯ афзуд, мо низ иттилоъ надорем, ки Тоҷикистон бо дархости Узбакистон ҷинояткореро ба ин кишвар мустарад карда бошад. Р. Зойиров равобити Тоҷикистон ва Узбакистонро дар куллияи бахшҳо шаффоф намеҳисобад.
Ин иддаъои додситони кулли кишварро дар гуфтугӯ бо Убайдулло Камолов, корманди сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон, дар миён гузоштем. У. Камолов гуфт: «Ман дар ин бора наметавонам иттилоъе бидиҳам».
Додситони кулли Тоҷикистон дар посух ба суъоли хабарнигорон дар робита ба қатли Олег Захарченко, фармондеҳи пулиси вижаи ВКД-и Тоҷикистон, гуфт: «У нафарое, ки байни ҳамдигар тирпаронӣ кардаанду аз тири кӣ ба ҳалокат расидани Захарченко тафтишот маълум кардагӣ аст. Барои сирру асрори тафтишота фош накардану аллакай иғво надохтан мо ина баъди ба охир расидануш шумода маълумоти пурра метем».
Б. Бохонов ҳамчунин гуфт, ки фасод дар миёни мақомот ва кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ афзудқааст ва дар ин хусус чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситони кулл гуфт, ки 2 тан аз қотилони Илёс Шурпаев, хабарнигори телевизони Русия шиносоӣ ва дастгир шуда, вале онҳо ба Русия истирдод нахоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин қотилон дар Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд.
Хабарнигорон дар ин нишасти матбуъотӣ мавзӯъи фирори сарбозон аз хидмати низомӣ ба далели бузургсолорӣ аз сӯи афсарон, ҳамчунин азобу шиканҷа дар зиндонҳо ва худкушӣ дар миёни занонро матраҳ карданд.
Муъовинии додситони кулл, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд. Дар посух ба суъоли боло гуфтанд, ки додситонҳои нозир дар бахшҳои низомӣ ва зиндонҳо фаъъоланд ва барои ҷилавгирӣ аз ин ҷиноёт талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG