Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

38 медали таэквондочиёни тоҷик дар сабқати Осиё


Дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон соҳиби 38 медал – 15 тилоӣ, 15 нуқраӣ ва 8 биринҷӣ – гардид.

Ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон, дар ин мусобиқот, ки байни бузургсолон ва ҷавонон баргузор шуд, ҳудуди 200 нафар аз 15 кишвари қорраи Осиё ширкат доштанд. Шарафи Тоҷикистонро дар ин сабқати бонуфузи байнулмилалӣ 12 нафар бузургсолон ва 17 нафар ҷавонон ҳимоя карданд.
Дастаи Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ байни бузургсолон пас аз тими Куриёи Шимолӣ дар ҷои дувум қарор гирифт. Дастаи мизбон – Қазоқистон – мақоми севумро касб кард.
Варзишгарони тоҷик дар сабқати бузургсолон 18 медал – 8 медали тиллоӣ, 7 нуқраӣ ва 5 биринҷӣ –гирифтанд. Далер Сайфиддинов дар вазни то 71 кг ва Далер Тӯраев дар вазни то 85 кг дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон ҳар кадом 2 медали тилоӣ ва 1 медали нуқраӣ ба даст оварданд. Инчунин Рустам Зиёев дар вазни беш аз 85 кг бо медали тилоӣ сарфароз гардид.
Дар сабқати занон Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар вазни то 45 кг ва Заррина Икромова дар вазни то 51 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Варзишгарони тоҷик инчунин дар сабқати дастаӣ байни мардон соҳиби як медали тило шуданд.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 медали тилоӣ, 8 нуқраӣ ва 3 биринҷӣ дар ҳисоби дастаӣ ғолиб омад. Тимҳои Қазоқистон дар ҷои дувум ва Куриёи Шимолӣ дар ҷои севум қарор гирифтанд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарон Зуҳро Холова дар вазни то 46 кг ва Елена Мухторова дар вазни то 75 кг, байни писарон Иззатуллоҳ Фузайлов дар вазни то 69 кг бо медалҳои тилоӣ мукофотонида шуданд. Инчунин таэквондочиёни ҷавони тоҷик дар ҳисоби дастаӣ 4 медали тилоӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG