Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 5-уми апрел шурӯъ мешавад.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, 17-умин давраи ин мусобиқот бо ширкати 11 даста – чаҳордастаӣ аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Суғд ва як даста аз шаҳру навоҳии тобеъи марказ – доир мегардад.
Оқои Давлатов афзуд, дар мусобиқоти имсола дастаи ҷадид «Равшан»-и Кӯлоб мебошад. Вале «ХИМА»-и Душанбе ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар мусобиқоти имсола даст кашидааст. Бозигарони ин даста дар ҳайъати бошгоҳҳои мухталифи футболи кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар нахустин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 5-уми апрел «Вахш»-и Қурғонтеппа дар майдони худ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо CSKA «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Се бозии дигари даври аввал 6-уми апрел байни дастаҳои «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа - «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Динамо»-и Душанбе - «Энергетик»-и Душанбе, «Гвардия»-и Душанбе - «Саройкамар»-и Панҷ баргузор мешавад.
Дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, инчунин, иттилоъ дод, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми даъвати AFC 9-уми май дар шаҳри Ҷакарта бо тими миллии Индонезиё бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG