Пайвандҳои дастрасӣ

Фаррух Амонатов – ғолиби мусобиқаи байнулмилалӣ


Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов

Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози варзидаи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалии гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, нахустин бузургустоди (гроссмейстери) байнулмилалӣ аз Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Тошканди Узбакистон пирӯз гардид.

Ӯ дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бо ширкати 73 шатранҷбоз аз 12 кишвар баргузор шуд, дар 9 бозӣ 7 имтиёз ба даст овард.
Инчунин боз ду нафари дигар – гроссмейстер Виталий Сешковский, аз Русия, ва устоди байнулмилалӣ Антон Филиппов, қаҳрамони шатранҷи Узбакистон, 7-имтиёзӣ дарёфт карданд. Вале аз рӯи натоиҷи изофӣ Фаррух Амонатов мақоми аввалро касб карда, бо 3 000 доллари ИМА мукофотонида шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон шатранҷбози ҷавону умедбахш Соиб Ҷӯраев ҳунари хуб нишон дода, аз 9 бозӣ 5 хол ба даст овард.
Қаҳрамонҳои ҷавони шатранҷи Тоҷикистон
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 60 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд, рӯзи 1-уми апрел хотима ёфт.
Ин мусобиқот мувофиқи синни шатранҷбозон дар 6 гурӯҳ сурат гирифт. Ба ғайр аз сабқати гурӯҳи духтарони то 14-сола, ки бо пирӯзии Фотима Пирова, аз шаҳри Қурғонтеппа, ба анҷом расид, дар гурӯҳҳои дигар шатранҷбозони шаҳри Душанбе ғолиб шуданд. Аз ҷумла, Саййидо Шаҳзода байни ҷавонпмсарони то 20-сола, Икром Илҳомзода байни то 16-солаҳо ва Шодмон Мирзозода байни то 14-солаҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар сабқати духтарон Надежда Антонова байни то 20-солаҳо, Шаҳноза Умарова байни то 16-солаҳо ва Мутрибаи Илҳом миёни шатранҷбозони то 12-сола ҷойҳои аввал ва унвони қаҳрамониро соҳиб шуданд.
Сафари таэквондочиёни тоҷик ба Қазоқистон
Дастаи мунтахаби таэквон-до ITF-и Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки 2 – 6-уми апрел дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Сармураббии даста Мирсаид Яҳёев ба родиюи «Озодӣ» гуфт, ба ҳайъати тими мунтахаб 17 нафар навҷавонон ва 12 нафар бузургсолон шомиланд, ки миёни онҳо қаҳрамонҳои ҷаҳону Осиё низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG