Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи хабарҳо, филми пурсарудои зиддиисломии Гирт Вилдерс, як узви ростгарои порлумони Ҳолланд дар шабакаи интернет нашр шуд.

Ин филм, ки “Фитна “ ном ва тақрибан 15 дақиқа тӯл доштааст, ҳанӯз то замони нашр шуданаш дар ҷаҳони ислом мавҷи норозигиҳо ва эътирозҳоро ба амал оварда буд. Гуфта мешавад, нашри ин филм, ки дар он аз ҷумла китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон мавриди мазаммат қарор гирифтааст, оқибатҳои ногувореро метавонад дар пай дошта бошад.

Вилдерс, ки ҳизби Озодиаш дар парлумони Ҳолланд соҳиби 9 курсист, дар шарҳи сабабҳои даст ба интишори ин филм заданаш гуфт, “Қуръон китоби фашистист ва мардумро ба хушунат ангезиш медиҳад”.

Дар моҳи ноябри соли 2007 Гирт Вилдерс эълон кард, ки дар бораи Қуръон филм бардоштанист. Аз он замон хабари ин филм дар сархати рузномаҳои ҳолландӣ қарор дошт ва баҳсҳои шадидеро чӣ дар худи Ҳолланд ва чӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ба бор овард.

Ҳукумати Ҳолланд расман аз филми Вилдерс фосила гирифта, вале ҳамзамон изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимолан, намоиши ин филм ҳаёти шаҳрвандони Ҳолланд ва тиҷорати ин кишварро дар хориҷа зери хатар хоҳад гузошт.

Мақомоти Ҳолланд ба Вилдерс ҳушдор додаанд, ки филмаш мусулмононро таҳқир мекунад ва метавонад сабаби сар задани хушунатҳои эътирозӣ дар кишварҳои исломӣ гардад, ҳамон тавре ки дар пайи ҳарду мавриди нашри тасвирҳои тандомези пайғамбар Муҳаммад дар матбуоти Дания мушоҳида шуд. Дар вокуниш ба чопи он тасвирҳо ва ҳам ба филми Гирт Вилдерс дар бисёр кишварҳои мусламонӣ раҳпаймоиҳои эътирозӣ доир шуда, мардум парчамҳои Ҳолланду Данияро оташ заданд.

Дар Афғонистон, ки низ аъзои парлумонаш алайҳи чопи тасвирҳои танзомез ва ин филми ҳолландӣ ташкили раҳпаймоӣ карданд, эътирозгарон талаби аз ин кишвар берун кашидани нирӯҳои Данияву Ҳолландро, ки дар ҳайъати нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон ифои хидмат мекунанд, пеш гузоштанд.

Баъд аз муаррифии филм Вилдерс ба хабарнигорон гуфт, ки ислом ва Қуръон дар дарозмуддат барои ҳифзи озодӣ дар Ҳолланд хатар эҷод мекунад ва ӯ мехоҳад бо ин филм тамошобинро аз ин хатар огоҳ созад.

Ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти ҳолландӣ дар ташвишанд, ки шояд акнун муштариён дар кишварҳои мусалмон даст ба бойкоти колоҳои ҳолландӣ хоҳанд зад.

XS
SM
MD
LG