Пайвандҳои дастрасӣ

Табрикоти сафирон ба муносибати Наврӯз


Грем Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон:

«Навруз, ки ин оғози баҳор аст, ва мардум пас аз азиятҳои сангин аз сардиҳои зимистони бесобиқа фарорасии онро хеле зиёд интизор буданд.

Имсол Наврӯз бо иди динии масеҳӣ мувофиқ омадааст ва ҳамаи мо як сабабе дорем, ки дар ин рузҳо хурсандӣ кунем.

Барои ман, ҳамчун як нафари аврупоии масеҳӣ, имсол ҷашни Наврӯз ба иди динии мо рост омадааст ва ҳама ҳамроҳ идро ҷашн мегирем.

Ман мардуми тоҷикро бо Наврӯз табрик мекунам, умед дорам, ки баҳор бо овардани боду ҳавои хуб ва ҳосили фаровон ҳамаи он мушкилоте, ки дар фасли зимистон ба миён омад, ҷуброн мекунад».

Райнер Мюллер, сафири Олмон дар Тоҷикистон:

«Фарорасии баҳорро ман пас аз зимистони қаҳратун хеле хуб дарк мекунам. Мардум фарорасии баҳорро хеле зиёд интизор буданд, зеро зимистони шадид ва буҳрони энержи мушкилоти зиёдеро ба сари мардум овард.

Аксари одамон аз обу газ ҳам маҳрум буданд. Ман бисёр ба тааҷҷуб мушоҳида мекардам, ки чи хел мардуми тоҷик дар чунин як зимистони сард истодагари кардаву матонат нишон доданд. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик дар назари ман қаҳрамон ҳастанд.

Дар зимистони қаҳратун дар Душанбе будам ва чун сокинони кишвар обу барқ ҳам надоштам. Аммо барои ман нисбат ба дигар сокинон осонтар буд, аз ин рӯ ба сабру матонати мардуми тоҷик бори дигар қоил шудам.

Ман дар ин рузҳои Наврӯз таманно мекунам, ки ҳамеша дар Тоҷикистон сулҳ бошад, ба мардум барори кор ва муваффақият хоҳонам. Орзу мекунам, ки иқтисодиёти ин кишвар пеш равад».

Амар Синҳа, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон:

«Агар ман гӯям, ки дар Ҳиндустон омадани баҳорро бо номи Наврӯз ҷашн мегиранд, иштибоҳ аст. Баҳорро мо бо иди Ҳолӣ пешвоз мегирем. Бо номи Навруз фарорасии баҳорро форсҳо ҷашн мегиранд. Аммо тибқи тақвими ҳиндӣ 22 март соли нав аст. Ҳоли низ 22 март ҷашн гирифта мешавад.

Мазмуни Ҳолӣ ҳам бо Навруз як аст, омадани солу рӯзи нав ва оғози кишту кор аст. Ҳолиро мардум аз субҳ бо рангпоши шурӯъ мекунанд. Одамон рангҳои гуногун, сабз сурх, кабуд ва ғайраро бо нияти нек ба рӯйи ҳамдигар мепошанд. Бегоҳ бошад ба хонаи наздикон меҳмони мераванд. Барои қабули меҳмонон ҳар гуна шириниҳо таҳия мешавад.

(бо забони тоҷикӣ) Тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Наврӯзи оламафрӯз табрик мекунам. Ба шумо рузгори обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзӯу мекунам.

Наврӯзатон фирӯз бод

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод».

Трейси Ҷакобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон:

«Мо ҳама хурсанд ҳастем, ки фарорасии баҳорро баъд аз зимистони душвор пешвоз мегирем.

ИМА хурсанд аз он аст, ки тавонист ба мардуми Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонад.

Аз номи мардуми Амрико ман ба шунавандагони радиои Озодӣ, дар иди Наврӯз хурсандӣ таманно мекунам ва бигзор ин ҷашнро бо оила ва дустонашон гузаронанд.

Баҳор мавсими умед ва бедоршавии табиат ва дар бисёр мамлакатҳо чун соли нав ҳисобида мешавад.

Ман ба мардуми Тоҷикистон саломатӣ ва хушбахтӣ орзумандам».

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG