Пайвандҳои дастрасӣ

Айёми пур аз ғаму дарду ҳузни тифлӣ


Дар Ҷашнвораи филмҳои мустанади "Ҷаҳони ягона", ки ба вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон бахшида шудааст, филмҳои синамогарони бритониёиву қирғизистонӣ аз назари бинандагон фавқулодда хуб арзёбӣ шудааст.

Филмсози бритониёӣ Раге Умар, зодаи Cомалӣ, дар намоишномаи 90-дақиқаинаи худ роҷеъ ба ғуломии кӯдакон дар нуқоти мухталифи Осиёву Африқо қисса мекунад. Як қаҳрамони вай писари 12-солаи зодаи Ғано аст, ки аз ҷониби як моҳидори маҳаллӣ бар ивази 40 доллар фурӯхта мешавад. Қаҳрамонҳои дигари филм хоҳарони ҳинду Роҳилаи 12-солаву Амитаи 7-сола, ба як мағозаи либосдӯзӣ ба фурӯш мераванд. Онҳо маҷбуранд рӯзе 18 соат кор карда барои харидорони ин фурӯшгоҳ сариҳои зебо таҳия кунанд. Вақте ҳукумат ин ду хоҳарро дубора ба волидонаш бармегардонад, онҳо ниҳоят нороҳат мешаванд, чунки бояд аз даромади худ маҳрум шаванд. Қиссаи Фарҳан, писари 10-солае аз Сомалӣ, қаҳрамони дигари ин филм ҳам хеле дарднок аст. Вай дар як кафеи маҳаллӣ кор мекунаду бо ин роҳ рӯзии худу волидонашро таъмин мекунад. Ин писарак мегӯяд, волидонаш "ба ҳоли ман афсӯс мехӯранд, аммо аз дасташон коре намеояд".

Бунёди атфоли СММ мегӯяд, дар саросари ҷаҳон ҳудудан 8,4 миллион кӯдак бо кори иҷборӣ машғуланд ва ё дар мавқеи ғуломӣ ба сар мебаранд. Баъзе аз онҳо қурбонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша, дастандаркорони бизнеси фаҳшо ва ё қочоқбарони атфол мешаванд, дигарҳоро нодориву қашшоқӣ маҷбур мекунад, ки ғуломвор зиндагӣ кунанд.

Қиссаи Асил ном писари дигари қирғизистонӣ, ки аз ҷониби як духтари филмсози ҷавони маҳаллӣ наворбардорӣ шудааст, шабеҳи сарнавишти атфоли Тоҷикистон ҳаст. Венера Ҷумъатаева, хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ ва тамошобини филмҳои ҷашнвораи "Ҷаҳони ягона" дар Прага мегӯяд:

"Асил писари хеле хурд аст, ки нимашабӣ, соатҳои 4 субҳ аз хоб хеста ба бозор меравад. Аз як зани руси бозорнишин як пиёла қаҳва харида, баъд ба кор шурӯъ мекунад. Вай то нисфирӯзӣ, соатҳои 12 бо аробакашӣ машғул асту хизмати мардуми пулдорро ба ҷо меорад. Ҷисми вай хурду заъиф аст, шояд вай 12 – 13 сола бошад ва аробакашӣ барои вай як кори хеле душвор аст. Ҳамин хел вай пул кор мекунад, нисфирӯзӣ омада ҳама пулҳояшро ба модар медиҳад, ки боз панҷ-шаш фарзанди дигар дорад. Дар хона ҳеҷ кас ба ҷуз вай кор намекунанд, падару модараш ҳам бекоранд. Вай дасту рӯяшро шуста, як бурда нон мехӯраду ба мактаб меравад".

Хонум Венера мегӯяд, ин ҳама филмҳо, аз ҷумла намоишномаи мустанади филмсозони ҳолландӣ дар бораи Ӯзбакистон, ки роҷеъ ба зиндагиву кори як фаъоли ҳуқуқи башар, сарвари хонаводаи ҳунармандони сирк қисса мекунад, хеле хуб зиндагиву мушкилоти инсонҳо, поймолшавии ҳуқуқи онҳо, монеаҳо дар зиндагиву озодиҳояшонро инъикос мекунад. Агар як ҳадафи ин ҷашнвора ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолии Ҷумҳурии Чех ба мушкилоти ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон бошад, мегӯяд ӯ, ҳадафи дигараш тарбияи ин ҷомеа аст, ки гаҳ-гоҳе бо мушкилоти бегонаситезиву нафрат ба хориҷиҳо рӯбарӯ мешавад. Тамошобинони ин филмҳо - ҷавонону донишҷӯёни зиёданд, ки баъди дидани филм боз соатҳо, гоҳо то 12 шаб нишаста филмро баррасӣ мекунанд ва саволҳои худро ба муаллифони филм медиҳанд. Венера Ҷумъатаева афзуд:

"Ин филмҳо дар бораи на танҳо як истилоҳи хушки ҳуқуқи башар аст. Не. Ин намоишномаҳо симои ҳақиқии ҷаҳонро боз мекунад, чунки онҳо дар бораи зиндагии мардуми оддӣ қисса мекунад. Масалан филми чиноӣ дар бораи духтарчаҳои 13-14-солаи коргарони як фабрикаи ҷинсдӯзӣ ҳикоят мекард, ки шабу рӯз дар он зиндагиву кор карда, барои Аврупо шими ҷинс медӯзанд. Онҳо барои кори 20-соатаи худ пули ночиз мегиранд. Медонед, коргардонҳои ин филмҳо қаҳрамон ҳастанд, чунки онҳо дар шароити монеаҳову маҳдудиятҳои шадид филмҳои худро ба навор мегиранд. Намоишномаҳои мазкур воқеияти зиндагиро бозгӯ карда, нишон медиҳанд, ки зиндагӣ чандон хуб нест ва на ҳама чиз аз сиёсатмадорон вобаста аст. Чунки сиёсатмадорон аксар вақт мардуми оддиро фаромӯш мекунанд".

Ҳамкорам аз бахши қирғизӣ ботаассуф гуфт, ки хуб мешуд агар чунин ҷашнвораҳоро дар кишварҳои мисли Русия баргузор мекарданду бо эҳсосоти афзояндаи бегонаситезиву нафрат нисбати хориҷиҳо дар ҷомеаи ин кишвар бо ин роҳ мубориза мебурданд. Аммо феълан, мегӯяд вай, дар ин кишвар муҳоҷирону шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ тавассути телевизионҳои марказӣ дар ҳолатҳои ногувори таҳқиромез намоиш дода мешаванд. Ва феълан ҷашнвораи филмҳои мустанади "Ҷаҳони ягона" дар чанд кишвари дигар доман паҳн карда, масоили ҳуқуқи башар ва муборизаи мардуми саросари оламро барои ҳаёти шоиста дар толорҳои синамои Словенияву Словакия, ИМА ва Қирғизистон матраҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG