Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари хонандаҳои Озодӣ ба занони тоҷик


Тӯли чаҳор рӯзе, ки суоли майдони баҳси Озодӣ дар мавриди занон буд, беш аз бист назарро мунташир кардем. Назарҳоро агар гурӯҳбандӣ намоем, ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд, яке он ки ҳоли бади занҳои имрӯзи тоҷикро бо мисолҳое ба тасвир кашидаанд, ва гурӯҳи дигар онҳое, ки аз тарзи либоспӯшии фарангиву рафтори духтарон гилоя кардаанд.

Аммо аксаран модаронро ҳамду сано хондаанд, ки дар баробари ин ҳама мушкилиҳои даврон собира боқӣ мондаанд.

Як хонанда навиштааст, вақте дар кӯчаҳо занҳои солрафтаи роҳрӯбро мебинад, дилаш реш-реш мешавад, ки барои ҳамагӣ камтар аз даҳ доллар маош ҳанӯз чашми офтоб накафида белу каланду ҷорӯб сӯи кор равон мешаванд. Орифпур Осим навиштааст, магар метавонад зане, ки дар саҳро таваллуд мекунад, ҳоли хуб дошта бошад?

Хонандаи дигаре занони тоҷикро меҳрубонтарину бовиҷдонтарину пуртоқаттарини занҳои рӯи Замин номида, гуфтааст, бо он муомалае, ки мардони тоҷик бо занонашон мекунанд, ҳар зани дигаре кайҳо аз баҳри чунин шавҳар мебаромад, аммо занони тоҷиканд, ки ду дида ба роҳи шавҳарон интизор меистанду сабр мекунанд.

Ба хотири арҷ гузоштан аз ин пурсабрии занҳо хонандае бо номи Ёсуман аз Душанбе пешниҳод кардааст, ки ба занон ҳайкал бигзорем.

Даъвои ҳайкал гузоштан ба занонро шояд оқои Мирзомаҳмуд аз Ҳисори Шодмон ҷонибдорӣ накунад, зеро тавре навиштааст, аз рӯи Сарқонун, ки зану мард баробарҳуқуқанд, пас чаро якеро бар дигаре бояд афзалият дод?

Ба андешаи Сафаралӣ аз Кӯлоб, имрӯз занони тоҷик аз ҳар замони дигаре дида озодтаранд, аммо, лаби таассуф газидааст Сафаралӣ, ин озодӣ тарзи либоспӯшии занҳоро дигар кардааст. Шӯҳрат аз Маскав низ тарзи либоспӯшии духтаронро танқид кардааст.

Ин баҳсро метавонед ин ҷо бихонед

Бархе аз хонандаҳо ҳамчунин навиштаанд, ки шиками гурусна ва тани бараҳна занонро ба кӯи фаҳшо бурдааст. Ин навиштаҳо Хайрандеш аз Истаравшанро асабӣ кардаанд, ки гуфтааст, чаро баъзеҳо ноандешида сухан мегӯянду занҳоеро, ки онҳо ҳам духтар ё ҳамсар ва ё модари марди боғурури тоҷиканд, танфуруш меноманд.

Фаррух навиштааст, агар танфуруш ҳам шудаанд, аз дасти мрадон шудаанд занони бечора. Навиштаи хонуме бо номи Руқия гӯиё ҳарфҳои Фаррухро тасдиқ мекунад, ки ин хонумро шавҳараш ба Русия рафтаву пуле намефиристад ва ҳамин бенавоӣ ва ҳамин бадбахтии оилавӣ ӯро маҷбур равонаи кӯе кардааст, ки баъдан мардум шармандаву мардудаш мехонанд....

Бино бар натоиҷи назарсанҷии Озодӣ ҳам, 45 дар сад гуфтаанд, ба занони тоҷик бахти оилавӣ намерасад, 34 дар сад посух додаанд, ки занон ниёзманди мавқеи бештар дар ҷомеаянд ва 20 дар сад гуфтаанд, ба занони тоҷик ҳама чӣ мерасад.

Ориф ном хонанда дар Майдони Баҳс навиштааст, ки сӯи Худованд дасти дуо мебардорад, то ба занони тоҷик дар ҳақиқат ҳам ҳама чӣ бирасад, ва ҳеҷ ниёзмандие надошта бошанд.

XS
SM
MD
LG