Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади мардикорро бепул ба Ватан мерасонанд


«Тоҷикайр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, ки аҷсоди муҳоҷирини тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон ройгон интиқол хоҳанд дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки амри мазкур бар зиёни ин ширкатҳо анҷом меёбад. Назира Давлатова, сухангӯи «Тоҷикайр», мегӯяд, тасмими мазкур баъд аз он гирифта шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташ бо ҷамъияти тоҷикони муқими Русия ба ҳар ду ширкат дастур дод, то муҳоҷирони дар Русия кушташуда ва фавтидаро ба Тоҷикистон ройгон интиқол диҳанд. Аммо ба гуфтаи ӯ то ҳол ҳеч кадом аз аҷсоди муҳоҷирин ройгон интиқол нашудааст: «Табиъист, ки ширкат аз ин ҳисоб зиёни иқтисодӣ мебинад, чунки интиқоли аҷсод масрафи иловагиро тақозомекунад. Аммо роҳбарияти «Тоҷикайр», бо назардошти инки муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия маблағе барои интиқоли ҷасади ҳамдигарро надоранд, бо тахсиси маболиғи ҷудогона ин дастури раиси ҷумҳурро иҷро мекунад».
Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, як масъули Роҳи оҳани Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумат қасд дорад дар ин бора як дастури расмӣ низ содир кунад. Ба гуфтаи вай, иҷрои ин дастур барои корхонаи Роҳи оҳан, ки аз кори худ чандон манофеъи молии хуб намебардорад, саҳл нахоҳад буд.
Ин гуфтаҳоро Мирзо Мастонгулов, раиси ширкати ҳавопаймоии «Сомонайр» низ таъкид мекунад. Вай мегӯяд, интиқоли аҷсоди муҳоҷирин аз соли 1996 оғоз ёфта, то имрӯз афзоиш пайдо кардааст, ва аз ин рӯ ширкаташ ҳозир аст, ки дар сурати дархости расмии мақомот ва ё сафорати Тоҷикистон дар Русия интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирин аз Маскав ба Душанберо анҷом диҳад.
Ба иттилоъи мақомоти расмӣ дар арзи ду моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 60 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шудааст, яъне ҳар рӯз як хонаводаи тоҷик ҷасади як ҷигарбандашро гирифтааст, ки ба хотири беҳбуди зиндагии оила ба Русия рафтааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мунтақидони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомоти кишвар нисбат ба қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия бетавофут ҳастанд ва гӯиё ба ин падида одат ҳам кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҳошияи сафари худ ба Маскав бо ҷамъияти тоҷикони муқими Русия мулоқоте анҷом дод, гуфт, ки тӯли 6 соли ахир аз Русия ба Тоҷикистон 1800 ҷасади муҳоҷирони тоҷик интиқол дода шудааст. Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ва ҳам яке аз мунтақидони ҳукумати Раҳмон, мегӯяд, бо ин дастур Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран дар назди сокинон гуманизми ҳукуматдорони Тоҷикистонро намоиш медиҳад, ҳарчанд ғайримустақим мехоҳад, ки муҳоҷирати корӣ ҳамоно идома кунад, ва фишори иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон эҳсос нашавад. Вай мегӯяд, президент Раҳмон қабл аз додани дастур роҷеъ ба интиқоли ройгони аҷсоди муҳоҷирин бояд таҳқиқи марги муфоҷои онҳоро роҳандозӣ мекард ва ё дар кишвар шароити беҳтари корӣ муҳайё месохт.
Бо ин ҳама, коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки бо вуҷуди сахтии шароити кор ва зиндагии муҳоҷирон дар Русия, мизони муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон ба Русия дар ояндаи наздик коҳиш нахоҳад ёфт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки , бар асоси омори мухталиф, аз 500 000 то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд.
XS
SM
MD
LG