Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносони тоҷик умдатан ба ин назаранд, ки пас аз интихоби Д. Медведев сиёсати Кремл дар нисбати Тоҷикистон таҳаввули усулӣ нахоҳад дид.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон мегуянд, аз чанд моҳ ба ин ҷониб муносиботи Русия ва Тоҷикистон дучори сардӣ шудааст.

Аммо Давлати Усмон, вазири собиқи иқтисод дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бо он ки оғои Медведев либерол ва ҷонибдори рушди иқтисодист, умед аст, барномаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия ва ҷалби сармояҳои он кишвар густариши бештаре пайдо хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев дар мақоми муовини авали нахуствазири Русия дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон интизор доштанд Русия аз буҷаи давлат барои сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун сармоя ихтисос диҳад, гуфта буд, ҳукумати Русия ин корро нахоҳад кард. Ва ба дунболи аз ҷониби Тоҷикистон дар тобистони гузашта ба сурати якҷониба лағв шудани қарордоди сохтмони Роғун тавассути як ширкати русии бо номи «Русал», ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ба тааҳҳудаш амал накард, муносиботи ду ҷониб ба марҳилаи дигаре аз сардӣ расид.

Раҳматулло Валиев, устоди донишгоҳ ва муовини раиси ҲДТ (ҷиноҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров) мегуяд, ин мушкили пешомада дар равобити ду кишвар усулист ва бо омадани оғои Медведев ҳамчунон боқӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи у, то Кремл дар сиёсаташ Узбакистонро тарҷеҳ медиҳад ва то замоне, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷиии чандбуъдӣ дорад, муносиботи Тоҷикистон бо Русия гарм нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Қодирӣ, коршиноси маркази таҳқиқоти истротежики назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегуяд, мешавад таҳаввулеро дар сиёсати муҳоҷиратии Русия интизор дошт. Аммо ин таҳаввулот дар равишҳо хоҳад буд, на дар усул.

Аммо коршиносони дигар мегуянд, тағйири сиёсати Кремл сад дар сад ба шахсияти оғои Медведев вобаста нахоҳад буд. Ба назари ин таҳлилгарон, сиёсатҳои Кремл дар нисбати минтақа аз қабл таъин шуда ва Медведев қодир ба ворид кардани тағйири қобили мулоҳизае дар он нахоҳад буд. Агар тағйире ҳам пеш биояд, бо мувофиқат бо оғои Путин хоҳад буд.

Ҳамчунин, ин таҳлилгарони имкони ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Русияро низ баъид медонанд. Аммо, мегуянд коршиносон, бо таваҷҷуҳ ба сардие, ки дар муносиботи ду кишвар ҷой дорад ва бо назардошти гироиши равобити минтақаӣ ҷаҳон, боз ҳам бояд интизор буд ва дид, ки Дмитрий Медведев худро дар курсии раёсати ҷумҳуриро чӣ гуна дар хоҳад ёфт ва аз чӣ кори худро оғоз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG