Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чунин ба назар мерасад, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Русия таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, суъоли матраҳи нашрияҳои маъруфи ҷаҳонӣ ин аст, ки оё бо расидан ба қудрат Дмитрий Медведев ҳамоно садоқатсолор ва вафодори Владимир Путин, президенти вақти Русия, боқӣ мемонад ё хайр? Ва Медведев то куҷо ҳадафҳои иҷронашудаи Путинро амалӣ мекунад, бархӯрди вай ба масоъили низомиву амниятӣ ва равобити байнулмилалӣ чи гуна хоҳад буд?
Пешгӯиҳои нашрияҳои ғарбӣ дар ин робита зидду нақизанд. «The Daily Telegraph» менависад, ҳеҷ касе дар Русия мисли Путин интизори пирӯзии ворисаш Дмитрий Медведев нест, раиси ҷумҳури кунунӣ бар ин назар аст, ки минбаъд низ метавонад тавассути Медведев ҳокимиятро ғайрирасмӣ таҳти контроли худ нигоҳ дорад.
Аммо суъоли боз ин аст, ки оё Медведев барои идораи чунин як давлати паҳновару ҳамзамон сермушкиле, назири Русия, комилан омода аст? Ва оё бо нахуствазири эҳтимолии ҳукуматаш Владимир Путин дар умури идории давлат мушкил нахоҳад дошт?
Нашрияи «Sueddeutsche Zeitung», аз қавли таҳлилгарон таъкид мекунад, ки давоми як соли баъд аз раёсати кишвар Медведев аз як мақоми, ба истилоҳ, «дастнигар»-у «вобаста»-и Путин, ба сиёсатмадори мустақили сатҳи ҷаҳонӣ бадал хоҳад шуд. Муносиботи Путину Медведев пас аз интихоботи раёсати ҷумҳур чи гуна шакл хоҳанд гирифт? Нашрия зимни таҳлили ваколату салоҳиятҳои президент ва нахуствазири ояндаи Русия ба чунин хулоса меояд, ки вазъият номафҳум боқӣ мемонад, яъне расман мақоми Медведев муҳимму волотар хоҳад буд, аммо Путин дақиқан ба он ишора кардааст, ки аз мақоми пешвоӣ даст кашиданӣ нест. Ба эҳтимоли нашрия, масъалаи ҳукуматдорӣ дар мулоқоти хоссаи ғайрирасмии Путину Медведев ҳаллу фасл хоҳад шуд. Ва аммо, агар Медведев ҳамчун раиси ҷумҳур аз ҳуқуқу салоҳияте, ки қонун муқаррар кардааст, истифода бикунад, чи мешавад?
Назари нашрияи итолиёвии «Panorama» дар ин робита нисбатан хушбинона аст. Ин нашрия менависад, ки бо омадани Медведев ба Кремлин, насли нави ислоҳотхоҳон вориди ҳукумат хоҳад шуд. «Кремлин шоҳи худро иваз кард, усули корашро низ тағйир хоҳад дод», - мегӯяд муаллифи матлаб. Собиқ корманди хадамоти амният Путин ба сиёсат ва дипломатия чун ба як «амалиёти махсус»-и низомӣ муносибат мекард, аммо ҳуқуқшинос Медведев ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат эҳтиром мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, «Panorama» тахмин мезанад, ки дар Русия низоми дуҳокимиятӣ ба вуҷуд хоҳад омад ва, дар ҳоле, ки ҳукумати Маскавро ҳамеша як нафар идора мекард, феълан хатари ба Кремлин ва Кохи Сафед тақсим шудани ин ҳукумат дар миён ҳаст.
XS
SM
MD
LG