Пайвандҳои дастрасӣ

Чархболи ҳоким суқут кард


Ба асари суқути чархболи «МИ-8» дар вилояти Қизил-ӯрда чаҳор нафар ба ҳалокат расид.

Дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ» Любов Шапошникова, корманди дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон гуфт, ки ин воқеа баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 28 феврал рух додааст. Ба гуфтаи хонум Шапошникова, бо чархбол ҳокими вилояти Қизилӯрда Мухтор Қулмуҳаммад минтакаҳои яхбаста ва хатарзои дарёи Сирро аз назар мегузаронид.

Хонум Шапошникова гуфт, ки чархболи МИ – 8 – и вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар дар наздикии деҳаи Жалаташи ноҳияи Жалаташ суқут кардааст.Тибқи иттилои қаблӣ, 18 нафар савори чархбол буданд. Ҳама ашхоси ҷароҳатбардошта ба бемористони ноҳиявӣ интиқол дода шуданд, чаҳор нафар ҳалок гардид.

Тавре хонум Шапошникова иброз дошт, яке аз ҳалокшудагон сарнишини чархбол, дигаре Соҳидҷон Бермагамбетов - сухангӯи ҳокими вилоят ва саввумӣ Казбек Тореманов - муовини сардори идораи ҳолатҳои изтирории вилояти Қизилӯрда ҳастанд. Алъон дар бораи шахси чаҳорум иттилое пахш накардаанд ва тахмин меравад, ки он намояндаи дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон шояд бошад. Мухтор Қулмуҳаммад - ҳокими вилояти Қизилӯрда, ки низ ҷароҳат бардоштааст, ба бемористони вилоят фиристода шудааст.

Тавре дар дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон гуфтанд, ҳоло сабабҳои рух додани ин фалокат маълум нагардидааст. Алъон комиссиюни вижа таҳти сарварии Валерий Петров - муовини вазири ҳолатҳои изтирории Қазоқистон ҷиҳати муайян кардани омилҳои сар задани ин фалокат таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG