Пайвандҳои дастрасӣ

«Вахш» дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон: 3 хол аз 2 бозӣ


Дастаи футболи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки дар шаҳри Ишқобод ҷараён дорад, дар 2 бозӣ 3 имтиёз ба даст овардааст.

Чаҳордаҳумин давраи ин мусобиқот бо ширкати 10 даста аз 7 кишвар дар 3 гурӯҳ сурат гирифтааст.
Дастаи «Вахш»-и Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар гурӯҳи «С» бар дастаи «Небитчӣ»-и Туркманистон бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуд. Ду голро аз дастаи «Вахш» дар дақиқаҳои 7-ум ва 72-вум Нуъмон Ҳакимов ва як голро аз тими «Небитчӣ» Виталий Аликперов дар дақиқаи 17-ум ба самар расонданд.
Вале дастаи «Вахш» дар даври дувум аз тими «Ишқобод», қаҳрамони Туркманистон, бо натиҷаи 1:3 дучори шикаст гардид. Голҳоро Юсуф Оразмамедов дар дақиқаи 43-вум, Мурод Байлиев дар дақиқаи 57-ум ва Амир Қурбонӣ дар дақиқаи 61-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд. Танҳо дар дақиқаи 78-ум ба ҳамлагари ҷавони «Вахш» Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев муяссар шуд, ки ба дарвозаи мизбонон як тӯб зада, ҳисобро тағйир бидиҳад.
Бад-ин тартиб дастаи «Ишқобод», ки дар даври аввал бар тими мунтахаби ҷавонони Эрон бо натиҷаи 1:0 пирӯз гардида буд, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо «Небитчӣ», бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб кард ва рӯзи 29-уми феврал дар бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 000 доллар мубориза мебарад.
Дастаи «Вахш» 27-уми феврал бо тими мунтахаби ҷавонони Эрон барои дарёфти мақоми дувум дар гурӯҳи «С» бозӣ хоҳад кард. Дастае, ки дар ин гурӯҳ ҷои дувумро мегирад, барои дарёфти ҷоизаи севум – 5 000 доллар – талош меварзад.
Дастаи МТТУ – Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия – бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «В» ғолиб шуд. Ин даста дар ҳарду бозӣ тимҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон (2:1) ва «Рубин-2» (Қазон)-и Русияро (1:0) мағлуб намуд. МТТУ барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ 27-уми феврал бо ғолиби гурӯҳи «А» рақобат мекунад. Ҳарифи МТТУ пас аз бозии «Мика»-и Арманистон ва «Шагадам»-и Туркманистон муайян хоҳад шуд. Дар айни ҳол дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби бошгоҳҳои ҳаваскори Туркия бо 4 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтааст. «Мика» бо 1 имтиёз дар ҷои дувум мебошад.
XS
SM
MD
LG