Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари сармо ва боришоти зиёди барф дар рӯзҳои ахир дар Бадахшон 150 сар қутос ва 425 сар моли майда талаф ёфтааст.

Идораи кишоварзии вилоят бо изҳори нигаронӣ аз ин вазъ хостори кумак барои бартарафсозии мушкилоти чорвопарварон шудааст. Айни ҳол хоҷагиҳои фермерии вилоят ба зиёда аз 60 тонна хӯрокаи омехтаи чорво ниёз доранд. Адолат Ҳайдарова, муовини сардори идораи кишоварзии Бадахшон, гуфт, боришоти зиёди барф, махсусан дар мавзеъи Сағирдашт, мушкилоти зиёд эҷод кардааст. Ба таъйиди ӯ, ҷиҳати ғафсии барф дар инҷо ҳатто ба молхонаҳо даромадан ва чорворо берун баровардан душвор шудааст, инчунин бар асари камбуди ғизо зиёда аз 120 сар гӯсфанди маҳинпашми зоёро аз ночорӣ забҳ кардан лозим шудааст.
Саршумори гӯсфанди маҳинпашм дар инҷо дар авохири солҳои 1980-ум ба 25 000 расидааст, аммо бар асари таъсири ҷанги шаҳрвандӣ феълан ҳамагӣ 4 000 сар боқӣ мондааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи вижаи афзоиш додани саршумори гӯсфандони маҳинпашмро дар заминаи хоҷагии чорвопаварии инҷо ба тасвиб расондааст. Ба гуфтаи А. Ҳайдарова, ба гӯсфандпарварони Сағирдашт ахиран аз ноҳияи Ёвон 12 тонна хурокаи омехтаи чорво кумак шудааст, аммо ин барои наҷоти вазъи буҳронӣ кифоя набудааст.
Ба иттилоъи идораи кишоварзии вилоят, дар ҳоле ки тирамоҳ дар 923 гектар замин кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда буд, бар асари сармоҳои шадиди ахир 70 дарсади ин кишт талаф шудааст. Ҳамчунин 25 фоизи захираи тухмии картошка ва 10 дарсади дарахтон дар ниҳолхонаҳо аз таъсири сармо зарар дидаанд.
Боришоти зиёди барф ва тармакучӣ ба муваққатан қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар ҷоддаҳои Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ – Уш ва Хоруғ – Ишкошим гардида, ҳанӯз аз тарма тоза нашудаанд.
Бар асари барфи зиёд ҳамчунин як сокини 47-солаи деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар аз сокинони онро мардум наҷот додаанд.
Идораи обуҳавосанҷии вилоят иттилоъ медиҳад, ки дар моҳи феврал дар мавзеъи Булункули ноҳияи Мурғоб 43 дараҷа аз сифр поин шудани ҳаво ба қайд гирифта шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG