Хадамоти матбуоти додситонии Туапсе хабар додааст, ки ҷамъан 15 муҳоҷири узбекистониро аз Русия меронанд.
Ба огаҳии додситонӣ, занозании гуруҳӣ рӯзи 24-уми апрел пас аз баҳси лафзии муҳоҷирон дар корхонаи коркарди нафт рух додааст.
Дар занозанӣ 15 шаҳрванди Узбекистон иштирок кардаанд. Тавре маълум шуд, муноқиша дар заминаи маишӣ сар задааст.