Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз ҳампаймонҳояш низоми дифои ҳавоии бештар хост


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президенти Украина бори дигар аз ҳампаймонҳои ғарбии кишвараш хост, ки  ҳарчи зудтар Киевро бо низоми дифои ҳавоии бештар таъмин кунанд.

Муроҷиати Владимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел ва пас аз ҳамлаҳои вайронгари мушакии Русия ба маҳалҳои аҳолинишин ва зербунёдҳои энержии Украина садо дод.

“Низоми дифои ҳавоӣ набояд дар анборҳо бихобад, балки дар шаҳрҳо ва минтақаҳое ҷойгир карда шавад, ки воқеан бо терроризм рӯбарӯ ҳастанд. Ҳар касе бахши дифоии моро дастгирӣ мекунад, ҳаёти одамонро наҷот медиҳад,” – навишт Зеленский дар шабакаи “X” (Твиттери пешина).

Вазири корҳои дохилии Украина Иҳор Клименко мегӯяд, бар асари ҳамлаҳои мушакии Русия ба вилояти Днепропетровск субҳи 19-уми апрел ба камияш 8 нафар кушта ва 25 кас захмӣ шуданд.

Артиши Украина дар изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, рӯзи 19-уми апрел бори аввал як бомбаандози Ту-22М3-и Русияро нобуд кард.

Сухангӯйи нерӯҳои ҳавоии Украина онро посух ба ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои осоишта ва марги ғайринизомиён донист.

XS
SM
MD
LG