Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе аз деҳқонҳои тоҷик дар марз бо Қирғизистон об гирифтаанд, бархе не


Соли гузашта ба сабаби беобӣ қисме аз заминҳои кишт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хушкида, меваи дарахтон нопухта пажмурда гардид
Соли гузашта ба сабаби беобӣ қисме аз заминҳои кишт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хушкида, меваи дарахтон нопухта пажмурда гардид

Баъзе аз кишоварзони тоҷик дар ноҳияҳои наздик ба сарҳади Қирғизистон гуфтанд, ки имсол аз кишвари ҳамсоя об гирифтанд ва барои ҳалли душворӣ умед доранд. Бархеи дигар мегӯянд, ҳанӯз ба замини кишти онҳо аз он сӯйи марз об нарасидааст.

"То ҳол об наомадааст. Пахта коридем, об нест, ҳайронем чӣ кор кунем. Солҳои пеш дар оғози моҳи апрел обро сар медоданд. Имсол нест." Ин нақли Анвархӯҷа Гадойхӯҷаев, мудири як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар қарибии сарҳад бо Қирғизистон аст.

Об ба замини ӯ ва ҳамсояҳояш аз он сӯйи марз меояд, аммо бо гузашти тақрибан ду моҳ аз фасли баҳор ҳанӯз нарасидааст. "Соли гузашта масъалаи об бисёр вазнин буд. Ҳоло тахмин зада наметавонем, ки имсол вазъ чӣ гуна хоҳад шуд," – гуфт Анвархӯҷа Гадойхӯҷаев.

Замини Баҳром Охунов, мудири хоҷагии “Гулрез”, низ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар наздикии сарҳад бо Қирғизистон ҷойгир асту обро аз кишвари ҳамсоя мегирад. Ӯ мегӯяд, ба фарқ аз Анвархӯҷа Гадойхӯҷаев ин баҳор об ба мазрааи онҳо расид, аммо кам.

Сабабашро чунин баён кард: “Дар дарвозаи Овчӣ-Қалъача аз 300 то 500 литр об меояду бас. Ҳоло дар кишвари ҳамсоя вақти кишти гандум аст ва дар онҷо об мондаанд.”

Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ аз душвориҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон номбар мешавад. Тақсими об чанд дафъа боис ба сар задани муноқиша миёни ду тараф шудааст.

Соли гузашта ба сабаби беобӣ қисме аз заминҳои кишт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон, хушкид ва меваи дарахтон нопухта пажмурда гардид. Кишоварзон он замон шикоят карда буданд, ки дар гузашта обро аз кишвари ҳамсоя бе мушкил мегирифтанд, вале соли 2023 ду моҳ заминашон ташналаб монд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми апрел барои дидани заминҳои назди марз ба ноҳияи Ҷаббор Расулов рафт. “Соли гузашта об ҳам набуд, боронгарӣ ҳам нашуд. Аз як гектар замин 300-400 кило ғалла гирифтем. Хароҷотро пӯшонда натавонист,” – нақл кард Ҳабибулло Турсунқулов, мудири хоҷагии “Маданият”.

Вай гуфт, сарчашмаи оби онҳо канали Хоҷабоқирхон аст ва аз Қирғизистон меояд ва як ҳафта пеш ҳам оби ошомиданӣ гирифтанд ва ҳам полезӣ: “Нисбат ба гузашта муносибат хуб аст. Қирғизистон обро сар дод. Миробҳо мегӯянд, имсол вазъ нағз мешавад. Об, ки аз боло ояд, миробҳо меоранд.”

Дар ҳар сурат, деҳқонони ноҳияҳои наздимарзӣ дар вилояти Суғд имсол аз ҳосил умеди зиёд доранд. Мегӯянд, масъулони Идораи обёрии вилоят онҳоро дилпур кардаанд, ки бо оби полезӣ таъмин хоҳанд буд.

Мақомоти Тоҷикистон намегӯянд, ки барои дарёфти об аз Қирғизистон чӣ барнома доранд. Ба иттилои дарёфтӣ, “омодагӣ ба обёрии заминҳои кишоварзӣ” мавзӯи асосии суҳбати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд дар аввали ин ҳафта дар шаҳри Гулистон будааст. Ҷузъиёти он дастрас нест.

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои кашидани хати сарҳад, ки сарчашмаи об ва тақсими онро низ дар бар мегирад, ҳанӯз идома дорад. Кишоварзон умед доранд, ки имзои созиши марзӣ дар ниҳоят мушкили онҳоро ҳал хоҳад кард, аммо агар ба гуфтаашон табиат ҳам “хасисӣ” накунад.

“Агар дар сарчашма ва дар кӯҳҳо об зиёд бошад, онро тақсим карда гирифта метавонем. Об кам ояд, ҳеч кас барои мо кафолат дода наметавонад. Аз дарёи Сир об кашида ба мо намедиҳанд. Ҳарчанд дар гузашта чунин лоиҳа буду пул ҷудо шуд, ҳоло амалӣ нашудааст,” – гуфт Баҳром Охунов, мудири хоҷагии деҳқонии “Гулрез”.

Видеоро дар инҷо бинед:

Кишоварзон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон умед доранд, ки имсол об ба ҳама мерасад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00
XS
SM
MD
LG