Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон аз буҳрони ҷаҳону обу Қуръон гуфт, на аз мушкилоти Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал, 20-уми сентябри 2023
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал, 20-уми сентябри 2023

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба ҳукуматдории тӯлонӣ танқид мешавад, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал аз буҳрони ҷаҳону обшавии пиряхҳо ва Афғонистону ҳифзи китоби Қуръон гуфт, аммо ба мушкилоти дохилии кишвараш ишорае накард. 

Суханронии оқои Раҳмон 20-уми сентябр, пас аз як рӯзи мулоқоти ӯ ва ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Марказӣ бо президенти Амрико Ҷо Байден сурат гирифт.

“Мо шоҳиди таҳаввулоти нигаронкунанда дар арсаи байнулмилалӣ ҳастем,” -- гуфт ӯ дар оғози суҳбаташ.

“Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байнулмилалӣ таҳдид мекунанд,” – идома дод президенти Тоҷикистон. Аз ҳеч гуруҳ ва ё давлате ном нагирифт.

Ӯ дар чунин вазъи, ба гуфтааш, ҳассоси ҷаҳон ҳамбастагии кишварҳои Осиёи Марказиро муҳим хонд. “Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷориро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот мусоидат кунанд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.”

Раҳбари Тоҷикистон шарҳ надод, ки манзураш аз “мушкилоти ҷорӣ” чист. Дар ҳоле ки Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари минтақа, солҳо боз сарҳади худро таъин карда наметавонанд ва ин мушкил дар ду соли охир боис ба ду даргирии маргбор шуд. Давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ё бар сари сарҳаду роҳ ва ё замину об баҳс доранд.

Илова ба ин Эмомалӣ Раҳмон амнияту субот ва ҳамкории минтақаиро дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон пайванд дод, ки ба гуфтааш “ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоист”.

Президенти Тоҷикистон дар ҳоле ки ёрӣ ба мардуми азиятдидаи Афғонистонро муҳим хонд, бори дигар мавқеи кишварашро дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумул низ баён дошт.

Ҳамзамон илова кард, ки аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон нигарон ҳастанд. Тибқи омори ӯ, дар ду соли ҳукуматдории “Толибон” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз даҳ тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст. Гуруҳи “Толибон” баръакс иддао дорад, ки дар ин муддат кишту истеҳсоли маводи мухаддирро кам кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи тағйири иқлиму обшавии башиддати пиряхҳо ва мубориза бо терроризм низ суҳбат карда, “таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро” маҳкум намуд.

Дар охир аз намояндагони кишварҳо хост, барои узви ғайридоимии Шӯрои Амният шудани Тоҷикистон дар солҳои 2028-2029 рой бидиҳанд.

Аммо президенти Тоҷикистон дар суханронияш ба мушкилоти дохили кишвар, аз ҷумла бекории афзун, муҳоҷирату фирори мағзҳо ва нақзи ҳуқуқи башару набудани озодиҳои сиёсӣ ва динӣ ҳеч ишора накард. Чизе, ки созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста дар гузоришҳои худ ёдрас шуда, барои ислоҳи вазъ ба Душанбе ҳар дафъа тавсияву фурсат медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG