Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Мирзиёев дар Душанбе "ҷудоихоҳӣ"-ро баррасӣ кардаанд


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Душанбе, 18-уми апрели 2024
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Душанбе, 18-уми апрели 2024

Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон дар баробари мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ дар бораи “зуҳуроти ҷудоихоҳӣ” низ гап задаанд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Душанбе гузашт.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба ҷуз иттилои кӯтоҳ тафсилот надодааст. Маълум нест, ду тараф дар мавриди падидаи ҷудоиталабӣ чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд.

Ҳамагӣ соле пеш мақомоти Тоҷикистон бо ислоҳи қонун волидонро вазифадор карданд, ки фарзандонашон ҷудоиталабӣ ё сепаратизмро ёд нагиранд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 ҷудоихоҳиро дар қатори терроризму ифротгароӣ гузошта, аз онҳо “се шар” ё “се бадӣ” ном бурда буд. Чин дар Душанбе як Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод кардааст.

Дар ҳоле ки мақомот дар ин маврид ошкоро гап намезананд, як гурӯҳ аз таҳлилгарон дар муҳокимаи онлайн моҳи декабри соли 2022 дар Донишгоҳи Ҳарвард гуфтанд, Душанбе аз эҳсоси эҳтимолии ҷудоиталабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарос дорад.

Таҳлилгар Брюс Паннир дар ҳамин нишаст гуфта буд, ки “дар эътирозҳо дар Бадахшон ҳеч кас ва ҳеч гоҳ ба истиқлолталабӣ даъват накардааст. Онҳо ҷудоиталаб нестанд."

Мақомоти Узбекистон аз эҳсоси истиқлолхоҳӣ ва ё ҷудоиталабии мардуми Қароқалпоқистон нигарон ҳстанд. Вақте Тошканд соли 2022 хост, бо ислоҳи Конститутсия "мустақилӣ"-и ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистонро аз байн барад, шоҳиди эътирози густурда шуд. Дертар чандин нафарро аз ҷумла ба гуноҳи ҷудоиталабӣ зиндонӣ карданд.

Қароқалпоқистон, ки чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад, соли 1936 ба ҳудуди ин кишвар дохил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG