Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи шинохтаи тоҷик даргузашт


Муҳиддин Хоҷазод
Муҳиддин Хоҷазод

Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми март дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Ӯ 86 сол дошт.

Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нависанда тақрибан ду ҳафта боз аз беморӣ ранҷ мекашид. Маросими видоъ рӯзи 27-уми март баргузор хоҳад шуд.

Муҳиддин Хоҷазод (Муҳиддин Хоҷаев) соли 2020 ҳамроҳи чанд узви оилааш ба бемории ҳамагири COVID-19 гирифтор шуда буд. Дар ин ҳодиса ҳамсару келинашро аз даст дод.

Худаш дар пайи табобати дарозмуддат шифо ёфт, аммо ба нақли пайвандон таъсири беморӣ ба узвҳои дигараш осеби ҷиддӣ расонд.

Муҳиддин Хоҷазод дар моҳи ноябри соли 1938 дар Ставрополи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба онҷо бадарға карда буданд.

Солҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ва шаш моҳи асоратро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашт ва сипас ба Самарқанд кӯчид. Дертар боз ба Тоҷикистон баргашту ба кораш идома дод.

“Нони ҳалол”, “Нишони муҳаббат”, “Об – рӯшноӣ” ва “Кӯҳ бе варта нест” аз ҷумлаи осори ӯст.

Аз соли 1965 узви Иттиҳоди адибон ва аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.

Адиби шинохтаи тоҷик дар Хуҷанд даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

XS
SM
MD
LG