Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова, сокинони шаҳри Душанбе, иддао доранд, ки ду корманди пешини Раёсати корҳои дохилии пойтахт онҳоро шиканҷа кардаанд ва бояд ҷазои сахт гиранд. Сухан аз Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев меравад, ки дар пайи шикояти чанд нафари дигар дастгир шуданд.