Хешовандони омӯзгоре, ки барои, ба истилоҳ, "рафтори шаҳвонӣ" нисбат ба шогирди ноболиғаш 17,5 сол зиндонӣ шуд, ҳукмро сангин хонда, барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба падарашон "туҳмат шудааст". Вале мақомоти додгоҳ гуфтанд, "иттиҳом исботи худро ёфт".