Илфат Маҳмудов, ғаввоси ботаҷрибаи тоҷик мегӯяд, ки асосан онҳоро барои берун овардани ҷасадҳо аз қаъри дарё даъват мекунанд.
Зилзиланигорони тоҷик мехоҳанд бо кӯмаки фаннии Амрико тавонмандиҳои Тоҷикистон барои пешгӯиву сабти дақиқтари заминларзаҳоро болотар баранд.
Мақомоти Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар соли гузашта беш аз 60 соҳибкорро барои фурӯши бензини навъи 80 ба ҷойи 92 ва 95 ҷарима кардаанд.
Бо иҷрои рақси фолклории тоҷикӣ Тара ном як ҷавондухтари амрикоӣ дар даври чоруми озмуни “Маликаи хушхиром”-и шабакаи “Сафина” баҳои баланд гирифт ва ғолиб шуд. Тара ҳоло бесаброна интизори намоиши рақсаш аз тариқи телевизион аст, аммо зоҳиран ин интизорияш бенатиҷа хоҳад буд.
Аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳои парвоз аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русияро ба таври қобили мулоҳиза поин овардаанд.
Мастона Собирова, дорбози сирки тоҷик, ки рӯзи 10-уми январ дар вақти ҳунарнамоӣ аз баландии 7 метр ба замин афтод, мегӯяд, осеби ҷисмонӣ надорад ва омода аст ба кор баргардад.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар ҷашнгирии Соли нави милодӣ мамнӯъ нашудааст, балки танҳо буридани арча ва "исрофкорӣ" дар ин ҷашнро манъ кардаанд.
Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе се кенгуруро, ки аз Чехия овардаанд, дар фасли сармо дар ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳаз бо бухории барқӣ ҷой кардаанд.
Акбар Ҷӯраев, аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шаби гузашта бар асари беморӣ дар синни 80 даргузашт. Маросими намози ҷанозаи Акбар Ҷӯраев 30 декабр дар масҷиди Сариосиёи Душанбе баргузор шуд.
Як сокини ноҳияи Муъминобод дар сӯҳбати телефонӣ ба модараш гуфтааст, ки намедонад чӣ тавр ду фарзанд ва ҳамсари ҳомилаашро аз майдонҳои ҷанг дар Сурия берун кунад.
Ҳудуди 60 тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ба назди мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон рафтанд, то мушкилоти худро бо онҳо дар миён гузоранд.
Нахуствазири пешини Қазоқистон ба иттиҳоми фасоди молӣ ва сӯистифода аз қудрат ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
Ёфтҳои бештар