Вазири умури дохилӣ гуфт, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад. Ба қавли ӯ, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонон мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Вай афзуд, танҳо аз оғози сол то кунун 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд, ки 6 нафари онҳо донишҷӯ будаанд...