Мақомоти милисаи Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта беш аз 400 ҷинояти марбут ба хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла куштору худкушӣ ва таҷовузу латукӯбро ошкор кардаанд.
Барои сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд панҷоҳ сар гов бо маблағҳои хайриявии мардуми Лаҳистон дар чаҳорчӯби барномаи «Гови лаҳистонӣ» харидорӣ шудааст. Ин говҳоро ба хонаводаҳои камбизоати ноҳия тӯҳфа кардаанд.
Пас аз якчанд рӯз аз эъломи қарори шаҳрдории Душанбе дар бораи танзими нархҳо дар моҳи Рамазон имрӯз шиддати асабонияти гӯштфӯрӯшони бозорҳои пойтахт хеле коҳиш ёфта, дар дӯконҳо хеле ором бо харидорон муомила мекарданд.
Нишолло аз ғизоҳои ширину маъмул дар моҳи шарифи Рамазон ва зеби хони тақрибан ҳамаи хонаводаҳои Тоҷикистон аст. Мегӯянд ҳар кас, ки рӯзаи худ бо нишолло бандад ва бо нишолло кушояд, дар тӯли рӯз аз гуруснагӣ ранҷи зиёд намекашад.
Вазорати омӯзишу парвариши Эрон таълими мусиқиро дар мактабҳои хусусӣ мамнӯъ эълон кард ва раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ гуфт, мусиқӣ набояд дар Эрон иҷро ва омӯхта шавад, зеро ба арзишҳои муқаддаси ислом созгор нест.
Дар нахустин рӯзи моҳи Рамазон аксари ресторан ва ошхонаҳои Душанбе низоми кори худро тағйир дода, фақат вақти ифтор мизу дастурхони худро оро медҳанд. Ин ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз зиёни молист, зеро дар моҳи Рамазон мардуми мусалмони Тоҷикистон умдатан ба ошхонаҳо кам сар мезананд.
Аз ҳунари овозхонии Матлуба Раҳимоваи 24- сола чанд соли пеш танҳо хонаводаву ҳамдеҳагонаш хабар доштанд, аммо пас аз ширкати ӯ дар ҷашни «Фалак» дар соли 2008-ум ҳоло аз садои марғуби ин ҷавондухтари нобино дар сар то сари кишвар ҳарф мезананд.
Бисёре аз оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон, ба фарқ аз волидонашон, хушбахтии хонаводаиро дар доштани ду ва ё се фарзанд мебинанд. Онҳо мегӯянд, зиндагӣ дар оилаи хурд ва аз назари иқтисодӣ осуда беҳтар аз хонаводаҳои бузург, вале фақир аст.
Бино бар маълумоти Оҷонси омори назди президенти кишвар, синни миёнаи умр дар Тоҷикистон 72 сол аст. Аммо эҳсоси пирӣ дар авҷи камолоти умр аз падидаест, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Исми Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавон ва набераи шашмақомхонони варзидаи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов, ду сол пеш бо барандаи шоҳҷоизаи озмуни «5 ситора-Интервидение» шудани ӯ вирди забонҳо шуд.
Ёфтҳои бештар