Тӯли бештар аз ду моҳ ба озмуни аксҳои хонандагони радиои «Озодӣ», ки ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон эълон шуда буд, ҳудуди 200 акс ворид гардид. Дар маросими ҷамъбасти озмун, муаллифони аксҳо, аккосони ҳирфаӣ, хабарнигорон ва масъулони созмонҳои журналистиии Тоҷикистон ширкат доштанд.