Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози Узбекистон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 17-18-уми август дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 12 медал (6 нишони тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қайиқронӣ, ки имрӯз, 21-уми август, дар шаҳри Жегеди Маҷористон шуруъ мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкати варзишгарон аз 101 кишвар дар назар аст.
Дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе, ки дар даври чордаҳуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ «Исфара»-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод, бо 32 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи аввал баромад.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио – баргузор мешавад, ҳашт варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзад.
Дар даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 17-18-уми август доир гардид, ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва яктоаш бо ғалабаи меҳмонон хотима ёфт, як дидор мусовӣ шуд.
Абдуазиз Маҳкамов, дарвозабони пешини дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки чаҳор соли ахир дарвозаи тими “Олой”-и Ӯши Қирғизистонро ҳимоя мекард, аз ширкат дар бозиҳои футболи ҳирфаӣ умрбод маҳрум шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Қирғизистон хабар додааст.
Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки бозии охиринашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими Эрон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, барандаи медалҳои нуқра гардид. Мунтахаби Эрон бо медалҳои тилло ва дастаи Узбекистон бо медалҳои биринҷӣ мукфотонида шуданд.
Нахустин бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистонро дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд.
Даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ натиҷагирӣ шуд. Аз чор бозӣ сетоаш бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон нахустин бозиашро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 муқобили мунтахаби Бангладеш 10-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом медиҳад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки бозии севумашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, ҳамакнун барои медалҳои тилло бо тими Эрон рақобат мекунад.
Ёфтҳои бештар
Агар Х,олокост ч,иноят аст, пас чаро амали русх,оро дар Осиёи миёна,Афfонистон,Шом ва Чеченистон ч,иноят намегуед Зеварбону ?
Овозат хуб. Аафсус, умрат мегузараду аммо то хол ба забони модари сухан гуфтанро ёд нагирифтаи. Хар ки у аз хамзабоне шуд чудо, Безабон шуд, гарчи дорад сад наво
Пайёмбар с.а.в мегуян агар киёмат наздик шавад аз хамма одами бисер ин рум хаст. Имруз озоди ва адле, ки дар аврупо мебинем дар ин давлатхои диктатури буяш хам хис намекунем
Шорехони гиромиқадр! Чи ин кадар ба Фируза Ҳафиз ин хел духтари зебову арзанда ҳамлавар шудед! Магар дигар сарояндагон аз Фируза ягон фарқ доранд. Сурудҳояшон ягон маънию мазмуну мақсад надорад. Ин санами зебо як бор "фу" гуфт нагуфт ҳама часпиден. Як-то Қадами Қурбон аст чи мехонад касе намедонад. Хулас як масхарабоз. Лекин касе танкиду эрод нагуфт...
Афсус, ки чунин одамон инъикоскунандаи санъати точик ва модари точик шудаанд