Эрон иттилоъи расонаҳои хабарӣ дар бораи талоши харидории ураниуми ғанишуда аз Қазоқистонро рад кард. Намояндаи Эрон дар СММ дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ин иттилоъро бепоя "фишори равонӣ болои Теҳрон" номидааст.
Дар вилояти Хуст, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, бар асари як ҳамлаи террористӣ 8 нафар амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ин иттилоъро сафорати ИМА дар Кобул тасдиқ кардааст.
Нахуствазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Маскав омодааст дар ивази иттилоъ оиди барномаҳои зиддимушакии Амрико, маълумоти системаи аслиҳаи таҳоҷумии худро ба Вашингтон дар миён гузорад.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, эътироф кард, ки дар талоше барои мунфаҷир сохтани ҳавопаймои Амрико дар рӯзи Милоди Масеҳ "холигоҳи феҷеаовари амниятӣ" вуҷуд доштааст.
Кормандони вазорати иттилооти Эрон хонум Нӯшин - хоҳари барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодиро боздошт кардаанд. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Фардо Ширин Ибодӣ низ тайид кард.
Комиссиюни мустақили назорати ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳои Русия муносибати мақомоти зиндон ба вакили мудофеъ Сергей Магнитскийро, ки 16 ноябр дар зиндони Маскав аз дунё гузашт, маҳкум кард.
Бо вуҷуди талошҳои зиёди ҳукумати Бритониё, дар Чин ҳукми қатли як шаҳрванди покистониасли бритониёӣ, ки аз Тоҷикистон ба Чин ҳероин қочоқ кардааст, ба иҷро расид.
Илёс Давидов, вазири барқ, маводи сӯхт ва саноати Қирғизистон, ба Озодӣ гуфт, дар гуфтушунидҳои Бишкеку Тошканд пешрафт ҳис мешавад.
Шабакаи ал-Қоида масъулияти ҳамлаи номуваффақ дар ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройт дар рӯзи ҷашни Милоди Масеҳро ба дӯш гирифтааст.
Сӣ сол пеш, дар хамин шабурӯз нирӯҳои Шуравӣ бо баҳонаи ба истилоҳ "кӯмаки байналмилалӣ" вориди Афғонистон шуданд. Ҷанги тӯлонии Шуравӣ дар Афғонистон баъди 10 сол бо фирори шармандавор анҷом ёфт.
Дар Алмаато Саят Сулембоев, журналисти 27-солаи шабакаи иттилоотии «Стан-ТВ» аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расид.
Эрон тайи рӯзҳои шанбеву якшанбе шоҳиди эътирозҳои густардае шуд, ки пурқурбонитарин эътирозҳо дар тӯли беш аз 7 моҳи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дар он кишвар дониста мешавад.
Ёфтҳои бештар
Агар Х,олокост ч,иноят аст, пас чаро амали русх,оро дар Осиёи миёна,Афfонистон,Шом ва Чеченистон ч,иноят намегуед Зеварбону ?
Овозат хуб. Аафсус, умрат мегузараду аммо то хол ба забони модари сухан гуфтанро ёд нагирифтаи. Хар ки у аз хамзабоне шуд чудо, Безабон шуд, гарчи дорад сад наво
Пайёмбар с.а.в мегуян агар киёмат наздик шавад аз хамма одами бисер ин рум хаст. Имруз озоди ва адле, ки дар аврупо мебинем дар ин давлатхои диктатури буяш хам хис намекунем
Шорехони гиромиқадр! Чи ин кадар ба Фируза Ҳафиз ин хел духтари зебову арзанда ҳамлавар шудед! Магар дигар сарояндагон аз Фируза ягон фарқ доранд. Сурудҳояшон ягон маънию мазмуну мақсад надорад. Ин санами зебо як бор "фу" гуфт нагуфт ҳама часпиден. Як-то Қадами Қурбон аст чи мехонад касе намедонад. Хулас як масхарабоз. Лекин касе танкиду эрод нагуфт...
Афсус, ки чунин одамон инъикоскунандаи санъати точик ва модари точик шудаанд