Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон Маҳмадсолӣ Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро ба қаллобӣ муттаҳам кард. Вале наздиконаш бовар доранд, ки ӯ "қурбонии як туҳмат" шудааст.
Бориши барфи аввал дар Тоҷикистон равуо миёни пойтахт ва шимоли кишварро мушкил карда, себу пахтаи сокинонро таҳти хатар гузошт. Ба қавли ронандаҳо, дар роҳи Душанбе-Чаноқ резиши санг низ мушоҳида шудааст.
Санбӯса бо гӯшти гӯсфанд ва бо каду, кабоб аз гӯшти кабк, пешхӯрок бо қафаси синаи бедона ва шарбати “Президент”. Номгӯи баъзе аз ғизоҳоест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, меҳмони олирутбааш аз Ҳинд, раиси ҷумҳур Шри Рам Натҳ Ковинд ва ҳамроҳони ӯро зиёфат кард.
Ҳар хабари издивоҷи духтарҳои ҷавон ва аз тарси ноумеду хонахароб шудани онҳо дар ҳафтаҳои аввали зиндагӣ, Мастонаи 21-соларо парешонҳолу нигарон мекунад.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баррасии парвандаи Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаро шуруъ кардааст. Вакилони мудофеи Диловар Гулов мегӯянд, ӯ ҳангоми боздошт ва ҳабси пешакӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Садҳо донишҷӯи туркман, ки имсол дар донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил шудаанд, наметавонанд, барои таҳсил ба Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар биёянд.
Даҳ рӯз баъди марги мармузи як подполковники милиса дар вилояти Хатлон, мақомоти тафтишотӣ ин фарзияро мавриди санҷиш қарор додаанд, ки Зафар Сафарови 49-сола метавонист дар паи мушкилоти равонӣ даст ба худкушӣ занад.
Майрамбӣ Назарова солҳо боз мехоҳад аз манзили тангу барои зиндагӣ номувофиқ, ба дигар ҷой кӯч бандад. Ваъдаи мақомоти шаҳри Кӯлоб барои додани қитъаи замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд, умедеро барои соҳиби манзили нав шудан дар дили Майрамбӣ бедор кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамроҳ бо мақомоти Узбекистон ба поккории минтақаҳо аз мина дар марзи ду кишвар шурӯъ кардаанд.
Мафияи маводи мухаддир онҳоро дар байни қишрҳои камбизоати Тоҷикистон ҷустӯҷу карда меёбанд ва ба тадриҷ аз онҳо “зомбӣ” ва ё ғулом месозанд.
Кору назорат аз даҳ гектар замини пахта ва мулоқот бо даҳҳо пахтачин -- субҳи Махфират Саидраҳмонова як зани хоҷагидори тоҷик ҳар рӯз ҳамин тавр шурӯъ мешавад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.
Ёфтҳои бештар
Бардодаро барои чи шану шарафи корхонаи худатонро дар пасти мезанед токат кунед бо гузашти рузгор хамаш хуб мешавад
Агар хохи ки ватанад рушд кунад, зиндагии шахрвандон бехтар шавад хамаи монеагихо ба монанди осмони бо ичозат, виза, ичозатномаю ичозатхо ва дигар хуччатгузорихои бюрократиро аз байн бар
агар хами кор шава 60 фоизи мардум интернета бас мекнан симкорки хоричида мегзаран
агар кормандони ҳифзи ҳуқуқ инхел кунанд ин давлати Тоҷикистон чи хел пешрави мекунад пас боварии халқ нисбат ба ин вазорато чи бошад.
Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед: Дар Душанбе:
+992 988 65 94 63 +992 988 65 94 64 Дар Прага:
+420 724 053 959
Бардодаро барои чи шану шарафи корхонаи худатонро дар пасти мезанед токат кунед бо гузашти рузгор хамаш хуб мешавад
Агар хохи ки ватанад рушд кунад, зиндагии шахрвандон бехтар шавад хамаи монеагихо ба монанди осмони бо ичозат, виза, ичозатномаю ичозатхо ва дигар хуччатгузорихои бюрократиро аз байн бар
агар хами кор шава 60 фоизи мардум интернета бас мекнан симкорки хоричида мегзаран
агар кормандони ҳифзи ҳуқуқ инхел кунанд ин давлати Тоҷикистон чи хел пешрави мекунад пас боварии халқ нисбат ба ин вазорато чи бошад.