Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Блогнависи рус Жуков ҳукми ҳабси шартӣ гирифт

6 декабр. Жуков баъди берун шудан аз додгоҳ

Додгоҳе дар Маскав Егор Жуков, блогнависи маъруфро барои “таҳрики терроризм аз роҳи интернет” ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум кард, вале ин ҳукмро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Кунтсево қарори худро дар ҷаласаи рӯзи 6 декабр эълон кард. Барои шунидани ҳукми Жуков, як шогирди донишгоҳи бонуфузи иқтисодӣ, дар назди додгоҳ садҳо тарафдори ӯ ҷамъ шуданд. Додрас Светлана Ухналева гуфт, ки Жуков бо истифода аз интернет “даъватҳои оммавӣ ба хотири анҷоми фаъолиятҳои экстремистӣ кардааст”. Жуков моҳи август дар авҷи эътирозҳои ҷамъиятӣ алайҳи низоми саркӯбгари ҳукумат дар Маскав боздошт шуд. Жуков баъди эълони ҳукм гуфт, “бешубҳа, ин пирӯзии комил нест. Ташаккур ба ҳар нафари шумо”.

БАБР дар як сол ба Узбекистон 400 млн евро додааст

Бино ба иттилои хабаргузории Trend News, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) соли 2018 барои 12 лоиҳаи Узбекистон 400 миллион евро ҷудо кардааст.

Намояндаи бонк, ки дар Узбекистон охирҳои соли 2017 фаъолияти худро дубора ба роҳ монд, гуфт, ин рақам дар таърихи қарздиҳии солонаи бонк рекордӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мазкур ҳам ба тарҳҳои давлатӣ ва ҳам ба бахшҳои хусусӣ ҷудо карда шудааст.

"Дар соли 2019 ба маблағи 475 миллион евро қарордод баста шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 дарсад бештар мебошад. Ин созишномаҳо натиҷаи ислоҳоти анҷомдодаи ҳукумат ва қасди мо барои дастгирии Узбекистон дар раванди гузариш аст",-гуфтааст намояндаи БАБР.

Ба иттилои сомони БАБР, дар ҳоли ҳозир ин бонк дар 23 лоиҳаи Узбекистон ба маблағи 726 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. 21 дарсади ин маблағ ба бахши хусусӣ ва 79 дарсади дигар ба лоиҳаҳои зербиноии давлатӣ равона шудааст.

Бар асоси маълумоти Бонки марказии Узбекистон, қарзи ин кишвар то ба моҳи июли соли 2019 ба 20,7 миллиард доллар расидааст, ки назар ба аввали соли равон 3,4 миллиард бештар аст.

Боздошти як сокини Душанбе ба гумони фурӯхтани тифли навзодаш

Як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе бо гумони фурӯши тифли навзодаш бо маблағи 1000 сомонӣ, боздошт шудааст.

Мақомоти Вазорати умурии дохилии Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфтааст, ин ҷавонзан рӯзи 5-уми сентябр соли равон дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор духтар ба дунё оварда, дар ҳамин шаҳр ӯро бо маблағи 1000 сомонӣ ба як зани 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхтааст.

Бино ба иттилои мақомот, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта аз боз шудани парванда алайҳи 30 нафар бо ҷурми хариду фурӯши одамон хабар дода буд, ки аксарият ба хариду фурӯши кӯдакон айбдор дониста мешаванд. Ин мавридҳо танҳо дар ним солаи аввали соли 2018 сабт шуда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар маврид онҳое кӯдаки худро мефурӯшанд, ки ё фарзанди бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ё аз тангии рӯзгор имкони нигоҳубини тифлро надоранд. Харидорони кӯдакон аксаран оилаҳои ташнаи фарзанд будаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, душвор будани ҷараёни фарзандхонӣ бисёре аз оилаҳои бефарзандро ба ҷиноят тела медиҳад.

Амрико ба Ховари Миёна нерӯи бештар мефиристад

Бо ишора ба нигарониҳо бо амалкарди Эрон дар Ховари Миёна, ИМА имкони ирсоли ҳазорҳо сарбози тозанафас ба ин минтақаро баррасӣ дорад. Рӯзи 5-уми декабр Ҷон Род-намояндаи вазорати мудофиаи ИМА ба вакилони Конгресс тафсилот дод.

Ӯ нагуфт, ки чӣ миқдоре аз нерӯҳо ба Ховари Миёна фиристода мешавад, вале гузориши маҷаллаи Wall Street-ро, ки дар бораи ирсоли 14 ҳазор нафар хабар нашр намуд, рад кард. Расонаҳои дигар навиштаанд, ки ИМА ба Ховари Миёна аз 5 то 7 ҳазор афсару сарбоз хоҳад фиристод ва онҳо ба 14 ҳазор афсару сарбозе, ки ҳоло дар Ховари Миёна ҳастанд, ҳамроҳ мешаванд.

Мансабдорони амрикоӣ дар бораи макони ҷобаҷошавии нерӯҳо маълумоти зиёд надодаанд, вале гуфта мешавад, ки фаъолиятҳои ташвишовари гурӯҳҳои рӯ ба Эрон боиси баррасии эҳтимоли ирсоли нерӯҳо шудааст.

Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд

Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд. Рӯзи 5-уми декабр дар ин бора намояндаи хоси ИМА дар умури Эрон Брайан Ҳук ба хабарнигорон маълумот дод. Президенти ИМА Доналд Трамп таъқиби эътирозҳоро шадидан маҳкум намуда, иброз дошт, ки Амрико бо мардуми Эрон аст.

Рӯзи 15-уми ноябр ҳукумати Эрон нархи бензинро то 200 фоиз боло бурд. Дар пайи он эътирозҳои мардумӣ оғоз ёфтанд ва мақомоти Эрон эътирозҳоро тавассути нерӯҳои амниятӣ пахш карданд. Як ҳафта дар Эрон интернет баста буд. Аксари расонаҳо шумораи қурбониҳои эътирозҳоро беш аз 100 нафар номидаанд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Амнести Интернешнел навиштааст, ки шумораи қурбониҳо беш аз 208 нафар аст.

Камбуди газро дар Тошканд ба сохтмони метро рабт доданд

Дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд фишори пасти газро ба сохтмони метро рабт доданд.

"Дар воқеъ, ҳангоми сохтмони метро дар Роҳи ҳалқаии Тошканд зарурат пеш омад, ки қубури газ ба дарозои 1,5 км канда шавад. Ба ҳамин далел дар бархе аз ноҳияҳо камбуди газ мушоҳида мешавад", - хабар дод ширкати "Узтрансгаз".

То имрӯз 800 метри лӯлаи мазкур барқарор шудааст.

Сар аз 22 ноябр фишори пасти газ дар ноҳияҳои Миробод, Чилонзор, Сергелий, Шайхонтоҳур, Яккасарой ва Учтепаи шаҳри Тошканд мушоҳида мешавад.

Сармеъмори Самарқанд дар дуздии $735 ҳазор гумонбар мешавад

Бобир Элмуродов, сармеъмори вилояти Самарқанди Узбекистон дар дуздии маблағи буҷа гумонбар мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, ин мансабдор дар ивази гарав аз ҳабс раҳо шуда, айни ҳол муҳокимаи парвандааш давом дорад.

Элмуродов моҳи марти соли ҷорӣ сармеъмор таъйин шуд. То он замон вай муовини раиси вилояти Самарқанд буд. Сармеъмор бо он айбдор мешавад, ки бидуни асос ба 26 сокини маҳаллие маблағ тақсим кардааст, ки манзилҳояшонро тахриб карда буданд.

Айни ҳол Элмуродов бо моддаҳои "дуздӣ тавассути азхудсозии маблағ ва исрофкорӣ", "сӯистифода аз мақом" ва "омодасозии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ" гумонбар мешавад.

Абарқудратҳо ба номаи Путин дар бораи насби мушакҳо посух надодаанд

Бештари раҳбарони кишварҳои абарқудрат ба номаи президенти Русия Владимир Путин дар бораи эъломи моратория ба насби мушакҳои миёна ва дурпарвоз посух надодаанд. Дар ин бора худи Путин дар ҷаласаи марбут ба масоили низомӣ хабар дод.

Ба иттилои РБК, Путин гуфтааст, адами вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ Русияро водор мекунад, ки барои мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ тадбирҳое биандешад. "Ба номаи мо то ҳол президенти Фаронса Эммануэл Макрон посух додааст. Шарикони дигар вокуниш нишон надодаанд", - навиштааст РБК бо истинод ба суханҳои Путин. Ба гуфтаи президенти Русия, Маскав гӯё алоқаманди насби мушакҳои нав нест.

Ахиран Владимир Путин гуфта буд, ки Русия омодааст, ҳар чи зудтар, то охири соли равон бидуни шарт созишномаи кам ва маҳдуд кардани аслиҳаи ҳуҷумии стратегиро тамдид кунад.

Президенти Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Кремл метавонад созишнома бо Вашингтонро тамдид накунад, зеро ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия тавони ҳимояти кишварашро дар ояндаи дарозмуддат доранд.

Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу миёнапарвоз миёни Русия ва ИМА соли равон бекор карда шуд. Нахустин шуда аз иҷрои он Вашингтон даст кашид. ИМА Русияро ба нақзи созишнома айбдор кард. НАТО низ аз мавқеи Вашингтон ҷонибдорӣ намуд. Русия ин иддаоро рад кард, вале он низ аз иҷрои созишнома даст кашид.

Фаъоли қирғиз Афтандил Жоробеков ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 5 декабр фаъоли мадании қирғиз Афтандил Жоробековро то 24 январи соли 2020 ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Жоробеков 24 ноябр боздошт шуда, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ӯро ба барангехтани адовати қавмӣ айбдор мекунад. Афтандил Жоробеков гуруҳи "БеспределKG"-ро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук идора мекунад.

Кумита 27 ноябр дар нахустин иттилоияи худ гуфта буд, гумонбар матлаберо нашру паҳн кардааст, ки "ҳукумати Қирғизистонро бадном мекунад".

Жоробеков гӯиё ба ташкили эътирозҳои оммавӣ даъват кардааст, ки "боиси ба ду гуруҳ ҷудо шудани корбарон, ба миён омадани шарҳҳои таҳқиромез ва барангехтани бадбинӣ нисбат ба ҳамдигар аз рӯи маҳал шудааст".

Хоҳари фаъоли қирғиз Чинора Темирова гуфт, бародарашро барои матлабе дар бораи коррупсия ва даъват ба эътирози осоиштаи зиддикоррупсионӣ боздошт кардаанд.

Сафири Қазоқистон баъди суханҳои Тоқаев ба вазорати хориҷии Украина даъват шуд

Сафири Қазоқистон дар Киев Самад Ордобоев 5 декабр ба Вазорати корҳои хориҷии Украина (ВКХ) даъват шуд. Ҷониби Украина дар робита ба мавқеи Қазоқистон нисбат ба "талошҳои Русия барои ғасби нимҷазираи Қрим" изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд. "Ҳар ду тараф ҷонибдории худро аз усули эҳтироми дуҷониба ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳо таъйид кардаанд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Ёдрас мешавем, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад. "Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеҷ тарсе мавҷуд нест. "Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем", - афзуд Тоқаев.

Расссоми қазоқ Асат Аҳмадяров 5 декабр дар даст лавҳае бо навиштаи "Ба ҷои ӯ узр мепурсам" ва тасвири сари хар ба назди сафорати Украина дар Нурсултон рафт. Аҳмадяров ба рӯзноманигорон гуфт, ки ба назди сафорат рафтааст, то барои суханҳои Тоқаев узр пурсад.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

Эъломияи муштараки кишварҳои узви НАТО

Роҳбарони кишварҳои узви паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) пас аз нишасти 70-солагии ин созмон дар Лондон эъломияи якҷоя нашр карданд ва ваъда доданд, ки ба дифои 29 узви паймон пойбанд ҳастанд.

Дар эъломия амалҳои Русияро “таҳдид” ба амнияти худ номиданд. Дар баёнияи 4-уми декабр омадааст: “Мо бори дигар ба пайванди пойдори трансатлантикӣ миёни Аврупо ва Амрикои Шимолӣ тасдиқ мекунем... ва ӯҳдадории боварибахши мо, ки дар моддаи 5-и Созишномаи Вашингтон пешбинӣ шудааст, ҳамла ба ҳар як узв ҳамла ба ҳамаи аъзо дониста мешавад.”

Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, “амалҳои таҷовузкоронаи Русия таҳдид ба амнияти Аврупо-Атлантик аст.” Сарони Паймони Атлантики Шимолӣ ҳамчунин ёдовар шуданд, ки бояд барои рӯбарӯ шудан ба “фурсатҳо ва душвориҳо”-и сарзананда аз “нуфузи афзоянда ва сиёсати байналмилалии Чин омода буд ва ба он таваҷҷуҳ кард.

Дар ин баёния омадааст: “Пас аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки изҳороти президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи "марги мағзӣ"-и НАТО ба миён оварда буд, роҳбарони паймон дар бораи раванди бозтоби оянда”... бо назардошти таҷрибаи созгор барои устувории сиёсии НАТО, аз ҷумла машваратҳо” созиш карданд.

Президенти Амрико Доналд Трамп нишасти хабарии барномарезишударо пас аз нишаст бекор кард.

Президенти пешини Арманистон ба фасод муттаҳам шуд

Собиқ президенти Арманистон Серж Саркисян, ки соли гузашта дар натиҷаи як инқилоби осоишта барканор шуда буд, аз тарафи ниҳодҳои интизомии ин кишвар бо фасод муттаҳам шуд.

Ба гуфти Хадамоти махусуси тафтишоти Арманистон, Серж Саркисян дар соли 2013, 489 драм ё худ 1 миллион долларро, ки аз тарафи ҳукумат барои харидани маводи сӯхт ҷудо шуда буд, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз мансабдорон аз худ кардааст. Саркисян аз худ намудани маблағҳоро рад кардааст.

Дар ҳоли собит шудани ин иттиҳом, Саркисян имкон дорад ба муддати аз 4 то 8 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Залмай Халилзод бо мақомоти афғон мулоқот кард

Рӯзи 4 -уми декабр фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон, Залмай Халилзод ғайримунатазира ба Кобул сафар кард. Дар Кобул ӯ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигар мақомоти баландпояи афғон эҳтимоли аз саргирии музокироти сулҳ бо Толибонро баррасӣ кард.

Баъдан ӯ ба Давҳа-пойтахти Қатар сафар кард, то бо Толибони афғон гуфтугӯҳоро оғоз кунад. Моҳи сентябр баъди авҷи хушунат ва куштори 12 нафар дар шаҳри Кобул, аз ҷумла як низомии амрикоӣ, Доналд Трамп президенти Амрико гуфтушунид бо Толибонро қатъ карда буд.

Ҳини мулоқот бо Халилзод, президенти афғон бори дигар пешниҳод кард, ки ҳукумат ва ошӯбгарон оташбас эълон кунанд. Як намояндаи расмии Толибон, ки нахост номаш ошор шавад, ба хабарнигорон гуфт, ки ин гурӯҳ бо амрикоиҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир намудааст. Ӯ нагуфт, ки мулоқот дар куҷо ва кай баргузор шуд.

Бузургтарин коршиканӣ дар Порис зидди ислоҳоти низоми нафақа

Имрӯз дар Фаронса бузургтарин коршиканӣ ва эътироз бар зидди ислоҳоти низоми нафақа барпо хоҳад шуд. Аксари парвозҳои ҳавлпаймоҳо, ҳаракати қатораҳои роҳи оҳану автобусҳо ва ҳамчунон метрои шаҳри Париж лағв шудааст. Дар ин коршиканиву эътироз, ки бар зидди ташкили низоми ягонаи нафақа раҳандозӣ шудааст, кормандони мактабҳову шифохонаҳо низ ҳамроҳ мебошанд.

Бар пояи низоми пешниҳодии ҳукумати зери раҳбари президенти Фаронса Эмануэл Макрон, намояндагони даҳҳо касбу корхонаҳои махсус имтиёз ва имкони нафақаи барвақтро аз даст хоҳанд дод. Иттифоқҳои касаба исрор меварзанд, ки дар сурати қабули низоми нав, миллионҳо нафар маҷбур мешаванд, ки баъди синни нафақа, яъне 62-солагӣ ҳам кор кунанд ва бар илова нафақаашон поинтар шавад.

Танҳо дар Порис барои таъмини амният 6 ҳазор афсари амниятӣ сафарбар шудааст. Дар соли 1995 коршикании умумии сеҳафтаина ҳуукуматро водор кард, ки аз ислоҳот дар низоми нафақа худдорӣ кунад.

Дар тирпарронии пойгоҳи Перл-Харбор се кас маҷруҳ шуд

U.S. -- A security guard walks past a naval emergency ambulance responding to a fatal shooting at the Pearl Harbor Naval Shipyard, in Honolulu, Hawaii, December 4, 2019

Низомии амрикоие дар пойгоҳи низомии Перл-Харбор дар ҷазираҳои Ҳавайи тирпарронӣ кард. Дар натиҷаи ин тарпарронӣ се кас маҷруҳ шуд. Низомие, ки тирпарронӣ кард, дар мазҳари ом худкушӣ кард.

Маҷруҳшудаҳо - кормандони мулкии пойгоҳ ҳастанд. Ду тан аз маҷруҳон дар ҳолати вахим қарор доранд. Равуо ба пойгоҳи низомӣ муваққатан қатъ шудааст.

Рӯзи 7 декабр дар Перл-Харбор бояд чорабинии бахшида ба 78-солагии ҳамлаи неруҳои ҳавоии Ҷопон ба ин пойгоҳи низомӣ баргузор шавад. Дар соли 1941 дар ин пойгоҳ 2 400 аскари амрикоӣ кушта шуда буд. Баъди ин ҳамла ИМА вориди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ шуд.

Таҳқиқи марги марде, ки дар Алмато аз бинои баландошёна сарозер шуд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи 5 декабр дар наздикии бинои баландошёнае ҷасади мардеро пайдо карданд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфтанд, мард аз бинои баландошёна сарозер шудааст.

Мақомот ин мардро шаҳрванд Б., соли таваллудаш 1971 муаррифӣ карданд. Пулис тафтишотро оғоз кард.

"Эҳтимол меравад, мард аз ошёнаи 12 сарозер шуда бошад. Ангеза ва дигар ҳолатҳои рӯйдод муайян карда мешаванд",-омадааст дар изҳороти пулис.

Чеченистон барои медалҳои ба номи Қодиров 4,6 млн руб харҷ мекунад

Мақомоти Чеченистон барои харидории 20 нишону медали ба номи президенти пешини ин кишвар Аҳмад Қодиров 4,6 млн рубл ҷудо кардаанд. Ба иттилои "МБХ медиа", онҳо аз тило ва сангҳои қиматбаҳо сохта мешаванд.

Даҳ медали "Ба ёди Аҳмадҳоҷӣ Қодиров, президенти нахустини Ҷумҳурии Чеченистон" аз тило сохта ва бо сангҳои қиматҳо ороиш дода хоҳанд шуд. Дар рӯи медал акси Аҳмад Қодиров ва дар пушташ сухани ӯ - "ватандӯстиро на бо сухан, балки бо амал бояд нишон дод" оварда мешавад.

Даҳ нишони Қодиров низ аз тило сохта шуда, дар рӯи он акси Аҳмад Қодиров ва дар пушташ навиштаи "Фарзанди мардуми худ" оварда мешавад. Ин медалу нишонҳо бояд то 31 декабр омода шаванд.

Нишони Аҳмад Қодиров мукофоти олии давлатиест, ки соли 2004 дар Чеченистон таъсис дода шуд. Шаҳрдори пешини Москва Юрий Лужков, раҳбари Горди Русия Виктор Золотов ва писари худи Аҳмад Қодиров - президенти Чеченистон Рамзан Қодиров бо он қадрдонӣ шудаанд. Медали Аҳмад Қодиров аз соли 2016 ба ин сӯ тақдим мешавад.

Вокуниши Украина ба суханҳои президенти Қазоқистон дар бораи Қрим

Вазорати умури хориҷии Украина дар робита ба изҳороти ахири президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки гуфт, "Русия нимҷазираи Қримро ғасб накардааст", шадидан изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Украина Екатерина Зеленко омадааст, ки барои ҷониби Қазоқистон низ "изҳороти ҳамсон" нашр хоҳад шуд.

"Усули эътимоди дуҷониба, эҳтироми истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии марзҳо, баробарӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии якдигар, инчунин риояи қатъии меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асоси муносибатҳои байнидавлатии Украина ва Қазоқистон аст",-зикр шудааст дар изҳороти Зеленко.

Ёдрас мешавем, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад. "Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеч тарсе мавҷуд нест. "Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем", - афзуд Тоқаев.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

Ҳукми зиндони Гулнора Каримова бори панҷум тамдид шуд

Муҳлати зиндони Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бори дигар дароз карда шуд. Дар ин бора духтари Гулнора - Имон Каримова дар шабакаи иҷтимоии Instagram хабар дод.

Вале Каримоваи хурдӣ нагуфтааст, ки муҳлати зиндони модари ӯро кӣ ва кай тамдид кардааст. "Тими мо ба далели афзоиши суолҳои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон нашри маълумоти комилро дар бораи ангезаҳои сиёсии парвандаи зидди Гулнора Каримова оғоз мекунад",-навиштааст набераи президенти нахустини Узбекистон 3 декабр дар ​Instagram.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии тафтишот айбдор кардани Гулнора Каримова дар тамоми мушкилот, нокомиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбекистон аст. "Бори панҷум аст, ки ҳукми зиндони ӯро тамдид мекунад. Онҳо аз тарси он ки амалҳои бештари аъзои ҳукумати кишвар ифшо нашавад, модарамро дар танҳоӣ нигаҳ медоранд",-афзудааст Имон.

"Ба парвандаи ахир бидуни шарҳ муҳри махфӣ заданд, ки ҳатто вакилони дифоъ дастрасӣ ба маводи парвандаро надоранд. Ин хилофи Конститутсияи Узбекистон буда, бори аввал ҳам нест. Ҳамин тариқ вакилони дифоъ ва наздикони Каримова дар бораи парвандаву вазъи саломатии ӯ хабар надоранд. Бино ба маълумоти ахир, вазъи ӯ вахим аст. Рӯзҳои наздик муфассалтар ифшо мешавад, ки бад шудани вазъи саломатии Каримова дар ҳукумат ба нафъи кист",-навиштааст Имон.

Имон Каримова чаҳор рӯз пеш хабар дод, ки аз ин ба баъд саҳифаи ӯ - iman.k17-ро дар Instagram "ҳуқуқшиносон ва бародараш Ислом Каримови хурдӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, идора хоҳанд кард.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора -- Грегуар Манжа (Grégoire Mangeat) 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Узбекистон ҷавоби рад додаанд.

Имон Каримова 16 сентябр хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова оғоз шуданд. Ӯ худи он рӯз ба ҳукумати президент Шавкат Мирзиёев ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Узбекистон ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин кишварро ифшо мекунад.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро "сиркбозии сиёсӣ" номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Арабистони Саудӣ 14 ҳоҷии узбекистониро ихроҷ кард

Арабистони Саудӣ 14 тан аз шаҳрвандони Узбекистонро ихроҷ кард, ки ба қасди ҳаҷҷи умра ба он кишвар рафта буданд.

Ба иттилои Кумитаи умури дини девони вазирони Узбекистон, ширкати сайёҳие аз шаҳри Андиҷон рӯзи 26 ноябр 14 шаҳрвандро бо визаҳои тақаллубӣ ба Арабистони Саудӣ фиристодааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки визаҳои шаҳрвандони Узбекистон бекор ва худи шаҳрвандон аз кишвар ихроҷ шудаанд.

"Консулгарии Узбекистон дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ва намояндагони ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба шаҳрвандон кӯмак расониданд. Ҳамаи 14 шаҳрванд рӯзи 27 ноябр ба Узбекистон баргардонида шуданд", - хабар доданд аз кумитаи умури дини Узбекистон.

Буҷавиҳои Узбекистонро иҷборан ба нашрияҳо обуна мекунанд

Кишоварзон, омӯзгорон, табибон ва кормандони бахшҳои дигари буҷавии Узбекистон шикоят доранд, ки онҳоро иҷборан ба нашрияҳои даврӣ обуна мекунанд.

Роҳбари яке аз муассисаҳои буҷавӣ дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканди Узбекистон гуфт, раиси шаҳр ҳамаи муассисаҳои буҷавиро дастур додааст, ки ба нашрияҳои даврӣ обуна шаванд.

Сироҷиддин Носиров, муовини раиси шаҳри Нурафшон ин иддаоро рад мекунад.

"Мо касеро ба обунаи иҷборӣ дастур надодаем. Мо танҳо машварат додем, ки ба нашрияҳои "Машъал", "Ҳақиқати Тошканд" ва "Сухани халқ" обуна шаванд. Эҳтимол дар ҷаласа аз буҷавиҳо хоста шудааст, ки ба идораи нашрияҳо муроҷиат ва шартномаи обунаро аз онҳо бигиранд. Аммо ҳеч гуна маҷбурсозӣ набуд",-гуфт муовини раис.

Дар ҳамин ҳол, манобеи дигар мегӯянд, санаду далел доранд, ки мақомот онҳоро ба обуна шудан дастур додаанд.

"Роҳбарони синфҳо вазифадор шудаанд, ки бо арзиши 150 сӯм (наздики 15 доллари ИМА), омӯзгорони қаторӣ то 80 ҳазор сӯм ва хонандагон то 6-8 ҳазор сӯмӣ обуна шаванд. Мудири мактаб аз мо хост, ки ариза нависем ва зикр кунем, ки аз маошамон барои обуна маблағи зарурӣ гардонида шавад. Аммо мо намедонем, ба кадом нашрияҳо обуна шудаем",-гуфт омӯзгори яке аз мактабҳои вилояти Фарғона.

Тоқаев гуфт, он чӣ ки бо Қрим гузашт, ғасбкорӣ нест

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад.

"Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеч тарсе мавҷуд нест:

"Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем",-афзуд Тоқаев.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

Қисми нави таҳқиқоти берун бурдани маблағҳо аз Қирғизистон нашр шуд

Соҳибкор Айэркен Саймаитӣ, ки баъди иқрори пулшӯӣ ва берун бурдани наздик ба як миллиард доллар аз бонкҳои Қирғизистон дар Туркия кушта шуд, шабакаи пинҳонии интиқоли нақдина аз Қирғизистонро ба хориҷ раҳбарӣ мекардааст.

Ин нукта дар қисми нави таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва сомонаи Kloop дар асоси аснод ва суҳбати худи Айэркен Саймаитӣ омадааст. Саймаитиро 10 ноябр дар як қаҳвахонаи шаҳри Истамбули Туркия куштанд.

Саймаитӣ пеш аз кушта шуданаш ба рӯзноманигорон санадҳои бонкӣ ва китобҳои муҳосиботиеро додааст, ки нишон медиҳанд, ӯ чи гуна бо иштироки кормандони мақомоти гумруки Қирғизистон садҳо миллион долларро аз Қирғизистон берун бурдааст. Таҳқиқоте, ки се созмони хабарнигорӣ дар асоси аснод ва изҳороти Айэркен Саймаитӣ нашр карданд, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, боиси боз шудани парвандаи ҷиноӣ гашт.

Бар асоси бахши нави таҳқиқот, Айэркен Саймаитии 37-сола гуруҳи одамонеро раҳбарӣ мекардааст, ки пайваста аз Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, миллионҳо долларро дар бағочи дастӣ бо худ мебурдаанд.

Ҳамчунин дар таҳқиқот омадааст, ҷасади Хусан Каримови 39-соларо, ки яке аз аъзои гуруҳи мазкури Саймаитӣ буд, моҳи октябр аз дохили мошинаш дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон пайдо карданд. Ҷасади ӯро бо нишонаҳои латтукӯб ва дастҳои баста дар бағочи мошин ёфтанд.

РАО/PО: қонуни нави "агентҳои хориҷӣ" ба амнияти рӯзноманигорон хатар дорад

Қонуни нави "агентҳои хориҷӣ"-и Русия фишорҳоро ба садҳо рӯзноманигоре афзоиш хоҳад дод, ки бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/PО) ва тарҳҳои дигари он ҳамкорӣ мекунанд. Ин нукта дар изҳороти президенти РАО/PО Ҷеймӣ Флай омадааст. Ба гуфтаи Флай, қонуни мазкур зидди кори хабарнигорон равона шуда, амнияти онҳоро низ зери хатар хоҳад гузошт.

Радиои Озодӣ дар шаҳри Москва дафтар дорад ва барои бозтоби хабарҳои маҳаллӣ бо рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи Русия ҳамкорӣ мекунад. Бахши русии Радиои Озодӣ солҳои ахир барои нашри матлабҳо дар бораи зиндагии сокинони вилоятҳои шимолӣ ва Сибири Русия тарҳҳои нав -- сомонаҳои Шимол.Воқеият ва Сибир.Воқеият боз кардааст.

Хабарнигорони минтақавии Радиои Озодӣ дар бештари маврид аз мушкилоте иттилоъ медиҳанд, ки расонаҳои давлатии Русия нодида мегиранд. "Қонуни нав як навъи талоши хомуш кунонидани рӯзноманигорон ва маҳрум кардани хонандаҳо аз дарёфти иттилоъ ба воситаи манбаъҳои гуногун аст",-изҳор доштааст Флай.

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 2 декабр тағйирот ба қонун дар бораи ВАО - "агентҳои хориҷӣ"-ро имзо кард, ки ба бовари мунтақидон, барои таъқиби дигарандешон, маҳдудсозии озодии ВАО ва эҷоди монеа ба табодули афкор истифода мешавад.

Тағйироти қабулшуда ба мақомот иҷозат медиҳад, рӯзноманигоронеро ҳам "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд, ки дар расонаҳои шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" фаъолият доранд. "Агенти хориҷӣ" шахсони воқеие ҳам унвон мегиранд, ки бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва аз онҳо пуштибонӣ ва ё дигар навъи кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд.

Даҳҳо созмони байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон охирҳои моҳи ноябри соли равон мақомоти Русияро даъват карданд, ки қонунро қабул накунанд.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.

Навалний: ҳамсари Медведев бо ҳавопаймои хусусӣ парвоз мекунад

Акси Bombardier Global Express 5000, ки тахмин меравад ҳамсари Дмитрий Медведев аз он истифода мекунад

Ҳамсари нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба таври пайваста ҳавопаймои хусусии навъи Bombardier Global Express 5000-ро истифода мекунад, ки арзишаш тахминан 50 миллион доллар аст. Ҳавопаймои тиҷоратие, ки дар гузашта ба сохторҳои бонки ВТБ марбут будааст, ба номи ширкате воқеъ дар Белиз сабтином шудааст. Ин иддаоҳо дар гузориши таҳқиқотии Алексей Навалний навишта шудааст, ки рӯзи 4 декабр нашр шуд.

Навалний парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопайморо бо реҷаи сафарҳои Медведов муқоиса кард ва дарёфт, ки ҳавопаймо ҳамеша дар он ҷое дида шудааст, ки Медведев ба он ҷо сафар мекард. Самтҳои парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопаймо ҳам кишварҳои аврупоӣ ва ҳам пойгоҳи низомӣ дар вилояти Нижегородск будааст. Навалний дасти кам 11 чунин ҳолатро пайдо кардааст.


Бар асоси эъломияи даромадҳои нахуствазири Русия, ӯ соли 2018 ба маблағи 10 миллион доллар даромад дидааст. Даромади Светлана Медведева ба сифр баробар будааст. Арзиши иҷораи ҳавопаймои тиҷоратӣ тахминан 7-10 ҳазор доллар аст. Радио Свобода ҳисоб кард, ки бар асоси ин ҳисобу китобҳо, маоши моҳонаи ҳамсарон Медведевҳо барои парвози якунимсоата ба сахтӣ кифоят мекунад.

Ҳамсари нахуствазир ҳақ надорад ҳавопаймои хусусӣ дошта бошад, таъкид кардааст Навалний. Ӯ тахмин кардааст, ки ҳақи истифода аз ҳавопаймо метавонад заминаҳои коррупсионӣ дошта бошад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ба Русия сар хам накунед, мегӯянд эътирозгарони украинӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
XS
SM
MD
LG