Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таъсиси марказҳои хос барои қурбониёни хушунат дар Қирғизистон

Дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯши Қирғизистон рӯзҳои наздик ду маркази буҳрон таъсис хоҳад шуд. Дар ин бора 16-уми январ муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова хабар дод.

Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Омурбекова аз куштори ду зан тавассути ҳамсаронашон ёдоварӣ карда, гуфтааст, барои ҳалли мушкили хушунати хонаводагӣ дахолати институтҳои давлатӣ ва ҷомеа зарур аст.

"Бо назардошти аҳамияти мавзуъ аз додситониҳои кишвар даъват мекунам, ки ҳар як ҳолати хушунати хонаводагиро зери назорати махсус қарор дода, иҷрои қонунҳоро ҷиддан назорат кунанд",-афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Омурбекова, дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯш марказҳои буҳрон ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари Қирғизистон кумитаи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ таъсис дода хоҳад шуд. Ба ҳайати кумитаҳо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои диниву ғайридавлатӣ ва фаъолони дигари ҷомеа шомил хоҳанд шуд.

Ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар Қирғизистон беш аз 5 ҳазор ҳодисаи хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ сабт шудааст. Дар мавриди беш аз 580 хушунати сабтшуда тафтишоти қаблӣ шуруъ гардидааст.

Аз оғози соли 2020 дар он кишвар ду ҳолати фавти одамон сабт шуд, ки дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ рух додааст. Дар ноҳияи Кочкори Қирғизистон рӯзи 1-уми январ як зан дар пайи латту кӯби шавҳараш фавтид. Рӯзи 3-юми январ дар ноҳияи Бодканд низ як модари 3 фарзанд баъди латту кӯби шавҳараш ба ҳалокат расид.

Рӯзи 4-уми январ дар шаҳри Қароқули вилояти Иссиқкӯл як мард дар сару рӯи ҳамсараш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Зани 33-сола айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.

Палатаи ҳисоби ИМА таъхири кӯмак ба Украинаро нақзи қонун гуфт

Кохи Сафед бо ба таъхир андохтани кӯмаки низомӣ ба Украина дар ҳаҷми 214 миллион доллар бидуни огаҳии Конгресс, қонунгузории ИМА-ро нақз кардааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби Амрико хабар дод.

Расонаҳои Амрико моҳи августи соли гузашта хабар доданд, ки президенти ИМА Доналд Трамп дастур додааст, ки кӯмаки низомӣ ба Украина бозбинӣ шавад. Гӯё Трамп мехост, мутмаин шавад, ки пулҳои Амрико самаранок истифода мешаванд.

Миёнаҳои моҳи сентабри соли 2019 Вашингтон кӯмаки молӣ ба Киевро аз сар гирифт. Дертар маълум шуд, ки таъхир дар ҷудо шудани маблағ ба Украина эҳтимол дорад, ба тафтишоти парвандаи дахолат дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 рабт дошта бошад.

Демократҳо бар ин назаранд, ки Трамп бо ин роҳ мехост, ба Украина фишор орад, то зидди писари рақиби эҳтимолии сиёсияш Ҷо Байдени демократ тафтишотро оғоз кунад. Ин фарзия боиси оғози раванди изҳори нобоварӣ ба Трамп шуд.

Трамп иддао алайҳи худро рад мекунад.

Рӯҳонӣ гуфт, Эрон урани бештар ғанисозӣ мекунад

Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, мегӯяд, кишвараш аз созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ дида, урани бештар ғанисозӣ мекунад, зеро Теҳрон оҳиста-оҳиста уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома коҳиш медиҳад.

Рӯҳонӣ дар суханронии телевизионӣ рӯзи 16-уми январ гуфт: "Фишор ба Эрон афзоиш ёфтааст, аммо мо ҳамчунон пешрафтро идома медиҳем."

Кишвар тамоми маҳдудиятҳоро барои тавлиди урани ғанишуда бардоштааст, ки метавонанд ба сохтани сӯзишвории реактор ва ҳамчунин силоҳи ҳастаӣ истифода шаванд.

Пас аз он ки президент Доналд Трамп соли 2018 ба таври якҷониба аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ берун шуд, Эрон дар ҷавоб ба таҳримҳои Амрико шумораву намудҳои сентрифугҳое, ки метавонанд барои ғанисозии уран ва тозагии он ба кор раванд, ҳамаи маҳдудиятҳои асосии худро вайрон кард.

Трамп аз Теҳрон мехоҳад, дар бораи созишномаи наве гуфтугӯ кунад, ки барномаи ҳастаии Эронро пешгирӣ ва барномаи мушакҳои баллистикии онро маҳдуд кунад.

Панҷ ҷонибдори созишнома – Бритониё, Фаронса, Олмон ва ҳамчунин Чину Русия – ваъда додаанд, ки созишро нигоҳ доранд, аммо ҳамроҳони аврупоӣ натавонистанд ба Теҳрон барои фурӯхтани нафти хомаш дар хориҷа роҳе пайдо кунанд ва ин сабаб шуда, ки пули Эрон беқурб шавад.

Ба ҷои Медведев. "Русияи воҳид" аз номзадии Мишустин ҳимоят кард

Ҳизби ҳокими Русия номзади президент Владимир Путинро ба вазифаи сарвазири Русия пуштибонӣ кард.

"Русияи ягона" рӯзи 16-уми январ гуфт, ки он номзадии Михаил Мишустин, сарвари начандон хуб шинохташудаи андозро, ки Путин ба ҷойи Дмитрий Медведев пешниҳод кардааст, “якдилона дастгирӣ” хоҳад кард.

Дмитрий Медведев ва кабинети вай рӯз 15-уми январ, пас аз суханронии ҳарсолаи Путин дар бораи вазъи кишвар, истеъфо доданд.

Владимиир Путин дар суханронии солонаи худ хостори баргузории ҳамапурсӣ дар бораи ислоҳоти Қонуни асосӣ шуд. Ҷобаҷогузории ҳайратовари конститутсионӣ ба Путин, ки ду даҳсола боз дар сари қудрат аст, барои мондан дар он то поёни даври роҳбариаш дар соли 2024 кумак мерасонад.

Сергей Неверов, роҳбари фраксияи порлумонии "Русияи ягона", пеш аз овоздиҳӣ ба Михаил Мишустин, ба хабарнигорон гуфт: "Мо қарор кардем, номзадеро, ки пешвои миллии мо барои сарвазирӣ пешниҳод кардааст, якдилона дастгирӣ намоем.”

"Русияи ягона" аз чаҳор се ҳиссаи курсиҳои палатаи поёнии парлумонро дар ихтиёр дорад. Ин маънои онро дорад, ки дастгирии он бовар медиҳад Мишустин тасдиқ хоҳад шуд.

Мишустини 53-сола аз соли 1998 дар ҳукумат кор кардааст ва аз соли 2010 роҳбари Хадамоти федералии андози Русия мебошад.

Мақомоти қирғиз масъалаи марзро пушти дарҳои баста баррасӣ мекунанд

Жениш Раззоқов, ноиб-сарвазири Қирғизистон дар шаҳри Бодканд ҷаласаи ҳамоҳангсозро дар умури марз баргузор мекунад. Дар ин ҷаласа раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Акрам Мадумаров аз вазъи вилоят ҳисобот додааст.

Мадумаров гуфт, ки дар соли 2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 14 низоъ бархостааст, ки 11 мавриди он дар ноҳияи Бодканд ва 3 мавриди дигар дар ноҳияи Лайлак рух додааст. Дар ҳашт низоъ аз ҷониби сокинони ду кишвар аз силоҳи оташфишон кор гирифта шудааст. Ҳамчунин сохтмони ғайриқонунӣ дар қитъаҳои мушаххасношуда ба қайд гирифта шудааст.

Ин ҷаласа пушти дарҳои баста баргузор мешавад.

Мақомоти қудратӣ ва интизомии Қирғизистон масоили таъмини амниятӣ ва интизомӣ дар марз, рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, тақвияти ҳамкориҳои наздимарзӣ, тақвияти корҳои иттилоърасониву тарғибот миёни аҳолӣ дар мавриди гуфтугӯҳо бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Шаби 9 январ ба 10 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низои навбатӣ рух дод. Дар ин низоъ сокинон сӯи ҳамдигар сангпартоӣ карданд ва ҳамчунин садои тир шунида шуд. Мақомоти Қирғизистон чаҳор сокини деҳаи Кок-Тошро рӯзи 11 январ бо гумони ангехтани беназмиҳои оммавӣ боздошт карданд.

Узбекистониҳо дар 1 сол ба маблағи $16 млн рақами мошин харидаанд

Дар Узбекистон соли 2019 ба воситаи музоядаи онлайнӣ дар сомонаи "avtoraqam.uzex.uz" беш аз 36 300 рақами давлатии ба истилоҳ "тилоӣ"-и мошин ба маблағи 156,1 миллиард сӯм (зиёда аз $16,3 млн) ба фурӯш рафтааст.

Аз ҳама рақами арзон беш аз 1 миллион сӯм (зиёда аз $100) ва гаронтарин рақам беш аз 91 миллион сӯм ($9,5 ҳазор) фурӯхта шудааст.

Дар ин бора расонаҳои Узбекистон бо истинод ба муовини раиси шӯрои биржаи ин кишвар Ислом Ибрагимов иттилоъ доданд.

Ёдрас мешавем, фурӯши рақамҳои давлатӣ барои мошинҳо дар Узбекистон бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 оғоз шуд. Дар се моҳи аввал ба маблағи 21 миллион сӯм рақамҳои давлатӣ фурӯхта шуд.

Қазоқистон интиқоли нафт ба Белорусро баррасӣ мекунад

Вазири энержии Қазоқистон Нурлан Ногаев рӯзи чоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи порлумон гуфт, то 20-уми январ бо Белорус дар бораи содироти нафт гуфтугӯ мекунанд. Ба гуфтаи Ногаев, Вазорати энержии Қазоқистон аз номи ширкати давлатии нафту кимиёи Белорус дар ин бора номаеро дарёфт кардааст.

Мақомоти Белорус пас аз гуфтугӯҳои ноком бо Русия дар бораи хариду фурӯши нафт ба Украина, Лаҳистон, Озарбойҷон ва кишварҳои соҳили Балтик дархост фиристодааст. Ширкатҳои нафти Русия дар пайи ихтилофи назари Минску Москва роҷеъ ба тарифҳо интиқоли нафтро ба Белорус аз аввали моҳи январ қатъ кардаанд.

"Мо мулоқот бо истихроҷкунандагони конҳоро баргузор мекунем. Агар ба ширкате нарху манфиатҳои иқтисодӣ писанд омад ва шароит қонеъ кард, интиқол хоҳад дод", - афзуд вазири қазоқ.

Путин раиси Хадамоти андозро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кард

Президенти Русия Владимир Путин номзадии раиси Хадамоти федеролии андоз Михаил Мишустинро ба мақоми раисии ҳукумати нави ин кишвар ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.

Мишустини 53-сола аз соли 2010 ба ин сӯ раиси Хадамоти федеролии андози Русия аст. Ӯ дар гузашта дар бахши сармоягузорӣ кор карда, як муддат муовини вазир оид ба андоз ва ҷамъоварии он буд.

Маҷаллаи Forbes ҳамсари ӯро бо 160 миллион рубл даромади солона ба рӯйхати сарватмандтарин ҳамсарони мансабдорон шомил кард.

​Ҳукумати Русия 15-уми январ, баъди паёми Путин ба Шӯрои федеролӣ ба истеъфо рафт. Путин дар паёмаш тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русияро пешниҳод кард, ки низоми сиёсии ин кишварро куллан тағйир хоҳанд дод. Аз ҷумла, хост, салоҳиятҳо ба нафъи порлумон ва Шӯрои давлатӣ, ки ҳоло ҳеч салоҳияти воқеие надоранд, бозтақсим шаванд.

Пешниҳод шуд, ба вакилони Думаи давлатӣ ҳаққи тасдиқи аъзои ҳукумат дода шавад. Ҳамчунин маҳдудияти беш аз ду давра интихоб шудани як шахс ба мақоми президентӣ бекор шуда, ба Шӯрои федеролӣ иҷозат дода шавад, додрасҳои додгоҳҳои конститутсионӣ ва олиро барканору таъйиноти раҳбарони ниҳодҳои қудратиро назорат кунад.

Бозори "Абу Сахий"-ро дар Тошканд тафтиш мекунанд

Мақомоти қудратии Узбекистон сар аз 5-уми январ дар бозори машҳури "Тошкент савдо марказӣ", ки бештар бо номи "Абу Сахий" машҳур аст, тафтиш мегузаронанд.

Мақомоти қудратӣ ва тафтишотӣ дар ин бозор қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардаанд.

Динара Латипова, як соҳибкори бозор гуфт, ки ӯро дар робита ба як парвандаи се соли пеш бозпурсӣ кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки нисбати роҳбарияти бозор бо моддаи "Сӯистифода аз мансаб" парванда боз шудааст.

То соли 2017 бозори "Абу Сахий" ба Тимур Тиллоев, шавҳари духтари хурдии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов рабт дошт. Соли 2017 Тимур Тиллоев бозорро фурӯхт.

Расонаҳои Узбекистон дар соли 2018 хабар доданд, ки будҷаи кишвар дар солҳои 2016-2017 аз ин бозор 53,5 миллион доллар даромад нагирифтааст.

Пажуҳиш: 90% узбекистониҳо зидди қайди ҷои зист ҳастанд

Наздики 90 дарсади сокинони Узбекистон гуфтаанд, ки ҷонибдори бекор кардани ҳамаи навъи маҳдудиятҳои марбут ба қайди ҷои зист ҳастанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Уилям Зейтса хабар доданд.

Бино ба пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ, барои муҳоҷирати дохилӣ дар Узбекистон ду монеаи асосӣ - низоми қайди ҷои зист ва гаронии маҳсулот дар деҳот - мавҷуд аст.

Пажуҳишгарон мегӯянд, танҳо бо бекор кардани низоми қайди ҷои зист имкон надорад, ки шаҳрнишиниро густариш дод. Бояд суръати сохтмони манзилҳои дастрас дар шаҳрҳо афзоиш дода шавад.

Ба иттилои пажуҳишгарон, суръати кунди муҳоҷирати дохилӣ ба рушди истеҳсолот ва шуғли аҳолӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳукумати Русия пас аз паёми Путин истеъфо дод

Мулоқоти Путин ва Медведев дар рӯзи 15-уми январ.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, нахуствазир Дмитрий Медведев рӯзи 15-уми январ ба раиси ҷумҳур Владимир Путин аризаи истеъфои ҳукуматро пешниҳод кардааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА Новости, Путин дар бораи таркиби ҳукумати нав тасмим мегирад. Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки Владимир Путин ба ҳукумати феълӣ дастур додааст, то замони ташкили ҳукумати нав фаъолиятро идома бидиҳад.

Ба қавли хабаргузорӣ, раиси ҷумҳур Путин қасд дорад мақоми нави муовини дабири Шӯрои амнияти миллиро таъсис диҳад ва Дмитрий Медведевро ба ин мақом пешниҳод кунад.

Худдории шаҳрдории Самарқанд аз тахриби бинои таърихии почта

Бинои таърихии шуъбаи почтаи шаҳри Самарқанди Узбекистон, ки зери ҳимояти ЮНЕСКО қарор дорад, тахриб нахоҳад шуд. Шаҳрдории Самарқанд охирҳои моҳи декабри соли 2019 тасмим гирифтааст, бинои таърихии почтаро, ки соли 1910 бунёд шудааст, тахриб накунад. Дар бораи эҳтимоли тахриби ин бино бахши узбекии Радиои Озодӣ моҳи июли соли 2018 хабар дода буд.

Он замон мақомот гуфта буданд, ки тахриби бино дар асоси қарори раиси вақти шаҳр Фурқат Раҳимов сурат мегирад. Майсара Набераева, як корманди нозироти давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии Самарқанд гуфта буд, тахриби биноҳои зери ҳимояти ЮНЕСКО ба қонун "Дар бораи ҳифз ва истифодаи иншооти мероси ғайримоддӣ" мухолифат дорад.

Бинои почтаи Самарқанд дар минтақае ҷойгир аст, ки ин минтақа зери ҳимояти ЮНЕСКО қарор дорад.

Эътирозгарони Бишкек барканории Ҷениш Раззоқовро талаб доранд

Як гурӯҳ аз сокинони Қирғизистон дар назди бинои порлумон дар шаҳри Бишкек даст ба тазоҳурот зада, ҳалли мушкилиҳои марзӣ ва озодии чаҳор шаҳрвандеро талаб доранд, ки дар натиҷаи низои ахир дар марз бо Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Бекназар Айталиев, раиси созмони "Марз" гуфт, тазоҳургарон шаш талаб доранд. "Президент бояд мушкили марзро матраҳ карда, сокинони аз минтақаҳо омадаро ба ҳузур пазирад. Сокинони ғайриқонунӣ боздоштшударо озод, барои ҳимояти сокинони наздимарзӣ гуруҳҳои мардумӣ ташкил, шумори марзбонон ва техникаҳоро дар марз бештар кунад. Ҳамчунин муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Разоқовро сабукдӯш намояд",-изҳор дошт ӯ.

Шаби 10-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ сар зад. Он шаб садои тир шунида шуда, сокинони наздимарзӣ ба сӯи мошинҳои якдигар сангпартоӣ карданд. Ба иттилои мақомоти қудратӣ, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ рӯзи 11-уми январ то нисфи рӯз роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфанаро баста, раҳоии боздоштшудагонро талаб карданд.

Нафақахӯрони туркман навбат меистанд, то бигӯянд зинда ҳастанд

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон имрӯзҳо навбатпоии тулонии нафақахӯрон дар пушти дари муассисаҳо мушоҳида мешавад, ки бар асоси як қарори нав бояд зинда будани худро дубора тасдиқ кунанд.

"Ман шахсан имрӯз барои аз наздик шинос шудан бо вазъ ба маркази ноҳияи Кападоғ рафтам. Онҷо шумори зиёди калонсолон, маъюбон ва модарон ҳамроҳи фарзандонашон навбат истодаанд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод.

Мансабдорони Туркманистон мегӯянд, ин қарор бо ҳадафи пешгирӣ аз сӯистифодаи нафақаи куҳансолон ва ба хотири он қабул шудааст, ки аъзои хонаводаҳо маблағи марбут ба нафақахӯронро аз худ накунанд.

Дар Туркманистон ҳаҷми ҳадди ақали нафақа наздики 72 доллар муқаррар шудааст.

Тарроҳи машҳур Нариман Григорянро дар Тошканд куштанд

Додситонии кулли Узбекистон ҷузъиёти куштори тарроҳи машҳур Нариман Григорянро дар шаҳри Тошканд расонаӣ кард.

Ба огаҳии додситонӣ, дар бораи марги тарроҳ 14 январ, тақрибан соатҳои 11:50 ба Идораи ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Яшнободи Тошканд хабар дода шудааст.

Ҷасади Григорянро, соли таваллудаш 1985, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар утоқи зисташ дар меҳмонсарои воқеъ дар кӯчаи Чигил пайдо кардаанд.

Додситонии Яшнобод дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Нариман Григорян ягона узви ҳакамони озмуни байналмилалии рақс аз Узбекистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ ҳамчун тарроҳу модел маъруф ва муассиси бренди "Nariman Grigoryan" буд.

Танқиди вазъи ҳуқуқи инсон дар Русияву Чину Тоҷикистон

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия дар соли гузашта “ҳамчунон бад” шудааст ва ҳукуматро барои саркӯби дигарандешон танқид кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 14-уми январ гуфт, мақомот бо такя ба “истибдод” ва “муҳокимаҳои намоишӣ” дигарандешонро хомӯш кардаанд.

Созмони мазкур, ки дар шаҳри Ню Йорк қароргоҳ дорад, давлати Чинро ҳам барои “ҳамла” ба ҳуқуқи инсон таъкид кард ва гуфт, ки ин кишвар мехоҳад, чунин рафторашро ба дигар кишварҳо ёд бидиҳад. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро ба сафи раҳбарони он кишварҳое шомил кардааст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ ба мусоидат ба риояти ҳуқуқи инсон майл надоранд.

Дар гузориши 652 саҳифагии Ҳуқуқи Инсон-2020 вазъ дар 100 кишвари дунё аз ҷумла Тоҷикистон ҳам арзёбӣ шудааст. Дар ин гузориш омадааст, “Вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2019 бадтар шудааст.” Гузориши комил дар бораи Тоҷикистон ба зудӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр мешавад.

Талаби Путин барои зиёд кардани аҳолии Русия

Путин ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои Федератсия дар рӯзи 15-уми январ.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия зимни паёми солонааш ба порлумон ба масоили дохилӣ ва аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои пешгирӣ аз кам шудани аҳолӣ тамаркуз кард.

Ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 15-уми январ дар назди аъзои Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ гуфт, мақомот бояд барои зиёд шудани таваллуд ва кумак ба оилаҳои ҷавон чораҳои бештар биандешанд. Ба қавли раиси ҷумҳури Русия, даромади кам яке аз монеаҳои афзоиши таваллуд дар Русия, аст, ки аҳолиаш 147 миллион нафарро ташкил медиҳад ва баъди суқути шӯравӣ бо суръати баланде кам мешавад.

Барои афзоиши аҳолӣ дар кишвараш Владимир Путин ваъда дод, ки ҳукумат ба оилаҳоие, ки фарзанд доранд, имтиёзҳои бештар иҷтимоӣ медиҳад. Таҳримоти иқтисодӣ то кунун монеи рушди иқтисодӣ, афзоиши камбизоатӣ, авҷ гирифтани ноқаноатмандӣ аз сиёсатҳои ҳукумат дар Русия шудааст.

Ҳасан Рӯҳонӣ мардуми Эронро ба ягонагӣ даъват кард

Ҳасан Рӯҳонӣ ҳангоми суханронӣ дар нишасти ҳукумат дар рӯзи 15-уми январ.

Бо идомаи эътирозҳо дар Эрон аз сарнагун кардани ҳавопаймои украинӣ раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ хостори ваҳдати миллӣ дар кишвар шуд. Ӯ рӯзи 15-уми январ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҳукумат, ки дар телевизион намоиш доданд, мардуми Эронро ба оромӣ ва ягонагӣ даъват кард. Айни замон Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷӣ дар як нишасте дар Ҳинд, гуфт, ки мардум ба зидди ин воқеият, ки “ба онҳо чанд рӯз дурӯғ гуфтанд”, эътироз кардаанд.

Рӯҳонӣ дар нишаст гуфт: “Мардум мехоҳанд, мутмаин бошанд, ки мақомот бо онҳо самимона, содиқона ва бо боварӣ муносибат мекунанд.” Ҳасан Рӯҳонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳ хост, “узр” бихоҳанд ва шарҳ бидиҳанд, ки чаро фоҷиа рух дод. Нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 8-уми январ ҳавопаймои Ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Украинаро, баъди муддати кӯтоҳе бо мушак сарнагун карданд. Дар натиҷаи фалокат 176 нафар кушта шуданд.

Аксарияти мусофирон эрониҳо ва шаҳрвандони Канада буданд. Фоҷиа замоне рух дод, ки нерӯҳои дифои ҳавоии Эрон баъди ҳамлаи мушакии кишвар ба чанд пойгоҳи Амрико дар Ироқ дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор доштанд. Мақомоти Эрон баъди гузашти чанд рӯз гуфтанд, ки ҳавопаймои мусофирбарро ҳавопаймои душман пиндошта тасодуфан заданд. Баъди эътирофи мақомот, дар рӯзи 11-уми январ Эрон шоҳиди тазоҳуроти мардумӣ дар чанд шаҳри кишвар шуд.

Ирсоли санадҳои тоза барои эълони нобоварӣ ба Трамп

Лев Парнас

Муфаттишони парвандаи эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳури Амрико аз Маҷлиси Намояндагон як баста аз санадҳои Лев Парнас шарики наздики Руди Ҷулиани, вакили дифои Доналд Трампро ба кумитаи Конгресс фиристодаанд. Ба қавли онҳо, дар санадҳо далелҳои дигар барои эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп вуҷуд дорад.

Санадҳо, ки ёддошт, номаҳои электронӣ, суҳбатҳои телефониро дар бар мегиранд, рӯзи 14-уми январ нашр шуданд. Дар онҳо ҷузъиёти тозаи маҷбур кардани Украина ба тафтиши фаъолиятҳои рақиби сиёсии Трамп ва ба таъхир андохтани кӯмакҳои низомӣ ба Украина ошкор шудаанд. Дар яке аз ёддоштҳо омадааст, ки Парнас гуфтааст, “Аз Зеленский бихоҳед, ки бигӯяд, қазияи Байден тафтиш мешавад.”

Моҳи июли соли гузашта Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина хост, ки фаъолиятҳои Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантер Байденро тафтиш кунад. Писари Байден то соли 2014 узви Шӯрои мудирони як ширкати энергетикӣ дар Украина буд. Муфаттишони Амрико Лев Парнасро бо иттиҳоми қонуншиканӣ дар маблағгузории корзори интихоботӣ дар моҳи октябри соли гузашта дастгир кардаанд. Доналд Трамп, талоши вакилони Ҳизби Демократ барои эълони нобоварӣ ба ӯро беасос медонад.

Владимир Путин бо паёми солона ба порлумон муроҷиат мекунад

Суханронии Владимир Путин дар ҷаласаи муштараки порлумони Русия дар соли 2016

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз бо паёми солона ба порлумон муроҷиат мекунад ва қарор аст, масоили дохилӣ ва умури хориҷии кишварашро ба баррасӣ бигирад. Паёми солона дар рӯзи 15-уми январ дар Шӯрои Федератсия замоне ироа мешавад, ки Русия ба сабаби амалкардҳояш дар Украина, Сурия ва дахолат ба интихобот дар Амрико зери таҳрими кишварҳои ғарбӣ қарор дорад.

Таҳримоти иқтисодӣ то кунун монеи рушди иқтисодӣ, афзоиши камбизоатӣ, авҷ гирифтани ноқаноатмандӣ аз сиёсатҳои ҳукумат дар Русия шудааст. Владимир Путини 67-сола ду даҳсола аст, лаҷоми ҳукуматро дар даст дорад ва аз соли 1999 дар мақоми нахуствазир ва ҳам раиси ҷумҳур ифои вазифа кардааст. Ӯро соли 2018 барои шаш соли дигар раиси ҷумҳур интихоб карданд.

Владимир Путин имсол дар толори Манежи Маскав суханронӣ мекунад. Паёми мазкури раиси ҷумҳури Русия паёми 16-уми ӯ ба Шӯрои Федератсия аст ва дар ин ҷаласа ҳамчунин вазирону додрасҳо, раисони вилоятҳо ва дигар мақомоти баландпоя ширкат мекунанд.

Ҳалокати як сокини Душанбе аз таркиши норинҷак

Дар натиҷаи таркиши норинҷаки "РГД-5" сокини 33-солаи Душанбе Иван Мезентсев ҷон бохтааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 14-уми январ дар даромадгоҳи яке аз биноҳои хиёбони Рӯдакӣ рух дод.

Ҳарчанд мақомот дар бораи ҷароҳат бардоштани афроди дигар расман чизе нагуфтанд, шоҳидон ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки дар ин таркиш ду роҳгузар "ҷароҳатҳои сабук" бардоштаанд.

Дар пайи таркиш падари Иван Мезентсев барои бозпурсӣ даъват шуда, маъмурони милиса ба дари хонаи онҳо муҳр задаанд.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ба иттилои мақомот, Иван Мезентсев ин норинҷакро "ба таври ғайриқонунӣ" дар хонааш нигоҳ медоштааст. Аммо дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки ин сокини Душанбе норинҷакро кай ва аз куҷо пайдо кардааст.

Ҳамсояҳои Иван Мезентсови 33-сола дар маҳаллаи наздик ба Боғи Айнии пойтахт дар суҳбатҳои бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки падару писар зиндагии хуб надоштанд. "Онҳо шароб нӯшида, бо ҳам ҷанҷол мекарданд. Соли гузашта дар пайи муноқишаҳои оилавӣ бибии солхӯрдаи Иван худро аз ошёнаи дуюм ба поён партофта, худкушӣ карда буд", -- нақл кард яке аз ҳамсояҳо ба шарти он ки номаш фош нашавад.

Мушоҳидаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ осори таркиши норинҷак, хун, дастпӯшакҳои тиббӣ ва деворҳои рехта аз таркиш дида мешавад.

Дар гузашта низ ҳодисаҳои таркиши норинҷак дар Душанбе сабт шудааст. Чанд сол пеш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и пойтахт як мард бо истифода аз норинҷак худро тарконда буд. Мақомот мегӯянд, маъмулан ин таркишҳо аз силоҳҳое рух медиҳад, ки аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар дасти сокинон мондааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Узбекистон барои монеа ба фаъолияти рӯзноманигорон ҷарима таъйин мекунад

Интизор меравад дар Узбекистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дахолат ва эҷоди монеа ба фаъолияти рӯзноманигор ҷарима таъйин шавад.

Чунин тағйирот дар моддаи 197 қисми панҷ пешбинӣ мешавад.

"Моддаи 197 қисми 5. Дахолат ё эҷоди монеа ба фаъолияти қонуниву касбии рӯзноманигор ё водор кардан ба паҳнсозӣ ва ё пешгирӣ аз паҳнсозии иттилоъ, беасос рад кардани дархости аккредитатсия ва беасос бекор кардани аккредитатсия, поймол кардани ҳуқуқи рӯзноманигор дар робита ба дархости рӯзноманигорӣ ва дарёфти иттилои зарурӣ ва ё ғайриқонунӣ мусодира кардани мавод ва асбобҳои кории рӯзноманигор - боиси ҷаримабандии аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо мешавад".

Дар ҳоли ҳозир як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Узбекистон наздики 23 долларро ташкил медиҳад.

Баррасии тарҳи мазкур то 28-уми январ давом хоҳад кард.

Зидди муовини пешини вазири энержии Қазоқистон айб эълом шуд

Айбдоркунандаи давлатӣ 14-уми январ дар додгоҳи Қарағандаи Қазоқистон гуфт, ки муовини пешини вазири энержии ин кишвар Анатолий Шкарупа ва ду гумонбари дигари парвандаи ӯ ба чӣ айбдор карда мешаванд. Шкарупа ва ду гумонбари дигар дар "азхудкунии гурӯҳии амволи ғайр бо маслиҳати пешакӣ дар ҳаҷми махсусан калон" айбдоранд.

Бино ба фарзияи айбдоркунандаи давлатӣ, Шкарупа (ҳангоми шаҳрдори Саранди Қарағанда будан) ҳамроҳ бо Набиев медонистанд, ки барои насби ҳисобкунакҳои оби гарм дар манзилҳои зисти Саран маблағ пешбинӣ нашудааст, нақшаи коррупсиониеро таҳия кардаанд. Дар иҷрои ин нақша шахси севум -- раҳбари Бунёди рушди манзили шаҳр Кайсар Байдалиро низ ҷалб кардаанд. Нақши ӯ дар доираи ин нақша сармоягузории ғайриқонунии ширкати "Сарантеплосервис" будааст.

Анатолий Шкарупа нимаи дувуми моҳи ноябри соли 2018 боздошт шуда буд. Шкарупа ибтидои моҳи октябри соли гузашта ба ин мақом таъйин шуда буд. То ин дам ӯ ду сол раиси шаҳри Сарани вилояти Қарағанда буд. Шкарупа ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раиси шаҳр буданаш 215 миллион танга (беш аз 580 ҳазор доллар)-ро аз худ кардааст.

Додситони кулли Қазоқистон Кайрат Кожамжаров ду ҳафта пеш аз боздошти ӯ дар Шӯрои амнияти кишвараш ба президент Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳангоми раҳбарии Шкарупа дар Саран дар хонаҳои сокинон ҳисобкунакҳои низоми гармидиҳӣ насб карда шудааст. Вале дар ин шаҳр шабакаи гармидиҳӣ аслан вуҷуд надорад.

Муҳлати ҳабси президенти пешини Қирғизистон тамдид шуд

Муҳлати ҳабси президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 15-уми марти соли равон дароз карда шуд. Дар ин бора вакили дифоъ Замир Жоошев баъди мурофиаи навбатии марбут ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндони Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, баррасии парвандаи мазкур ба иллати бемор будани вакили дифои яке аз гумонбарон ба 16-уми январ ба таъхир гузошта шуд. Худи президенти пешини Қирғизистон дар мурофиа иштирок накардааст.

"Дар мурофиа як чанд дархости вакилони дифоъ баррасӣ шуд. Яке аз дархостҳо иваз кардани айбдоркунандаи давлатӣ буд. Зеро ӯ дар рафти тафтишот иштирок кардааст. Бар асоси қонун, дар ингуна ҳолатҳо додситон бояд иваз шавад. Вале додрас дархостро рад кард. Дувум, масъалаи ҳабси гумонбарон баррасӣ шуд ва муҳлати ҳабси Отамбоевро дароз карданд",-изҳор дошт Жоошев.

Ба гуфтаи Жоошев, ҳимоятгарони Отамбоев ҳабси шахси зери ҳимояи худро ғайриқонунӣ ва беасос меҳисобанд.

Додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон чанд сол қабл дар асоси хулосаи табибон Азиз Батукаевро пеш аз муҳлат аз зиндон озод кард.

Дар озодсозии ғайриқонунии Батукаев чаҳор тан - президенти пешин Алмосбек Отамбоев, додситони пешин Индира Ҷолдубоева, мушовири пешини раиси муассисаҳои ислоҳии Қирғизистон Калибек Качкиналиев ва мудири пешини маркази гематологии Қирғизистон Абдуҳалим Раимҷоновро айбдор мекунанд. Дар маҷмуъ дар доираи ин парванда 19 кас гумонбар мешаванд.

Парвандаи беэътимодӣ ба Трамп ба Сенат меравад

Интизор меравад, ки имрӯз, 15-уми январ дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА дар мавриди ирсол кардани парвандаи эъломи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп ба Сенат раъйгирӣ анҷом шавад. Дар ин бора раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнсӣ Пелосӣ иттилоъ додааст.

Маҷлиси Намояндагон, ки аксарияти аъзои онро демократҳо ташкил медиҳанд, ба ҷонибдорӣ аз беэътимодӣ ва ё импичменти Трамп ҳанӯз дар моҳи декабр раъй дода буданд. Зидди президент дар асоси ду модда - сӯистифода аз мансаб ва монеъ шудан ба пажуҳиши Конгресс айб эълом шудааст.

Айбҳо ба он рабт доранд, ки Трамп бо ҳадафи беобрӯ кардани рақиби эҳтимолии интихоботиаш Ҷо Байден ба мақомоти Украина фишор овардааст. Трамп ин айбҳоро рад мекунад ва рафтори демократҳоро талоши табаддулоти давлатӣ меномад.

Демократҳо талаб доранд, ки барои шоҳидӣ додан мақомҳои баландпояи Кохи Сафед, инчунин мушовири пешин дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтан даъват шаванд. Демократҳо бовар доранд, ки ин афрод айбҳои зидди Трампро тасдиқ хоҳанд кард. Ҷумҳурихоҳони ИМА метавонанд, ба ҳайси шоҳид писари Ҷо Байденро, ки дар Украина фаъолият дошт, ба шоҳидӣ додан даъват кунанд.

Аммо дақиқ нест, ки оё шоҳидони иловагӣ даъват хоҳанд шуд ё на. Бештари ҷумҳурихоҳон пеш аз ин гуфта буданд, ки ба бегуноҳоии Трамп бовар доранд. Барои аз мақом барканор кардани Трамп ҳадди ақал 67 раъйи сенаторҳо зарурист. Дар айни ҳол аз эҳтимол дур аст, ки ин теъдод аз сенаторҳо ба ҷонибдорӣ аз импичменти Трамп раъй диҳанд.

Ёфтҳои бештар

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

90 соли парвози «Уқоб»-и санъати тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
XS
SM
MD
LG