Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Нишондоди зидди Доналд Трамп нашр шуд

Александр Виндман, мутахассиси аршади Шӯрои милии бехатарӣ

Кумитаи палатаи намояндагони Конгреси ИМА оид ба истихборот нишондоди Александр Виндман, мутахассиси аршади Шӯрои амнияти миллӣ дар масоили Украинаро нашр кард.

Подполковник Виндман ба суоли аъзои Конгерс дар доираи таҳқиқи эҳтимолии импичменти президент, ки дар охири моҳи октябр сурат гирифтааст, вале он тоза ошкор шуд, нишондод додааст.

Виндман тасдиқ кардааст, ки барои сӯҳбати телефонии 25-уми июли соли равон миёни Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, президенти Украина мавзуҳои калидиеро омода карда буданд.

Виндман гуфтааст, ки замони сӯҳбати телефонии ду президент, ки ҳоло мавриди таҳқиқи Конгрес қарор дорад, ҳузур дошт.

Ба гуфтаи подполковник, мавзуҳои пешниҳодкардаи ӯ муҳокимаи дахолати эҳтимолии Киев дар интихоботи президентии ИМА ё тафтиши фаъолиятҳои Ҷо Байден, рақиби Трампро дар бар намегирифт. Тармп ногаҳонӣ ин мавзуро бардошт.

Виндман ҳамчунин гуфт, намедонист, ки Ҷон Болтон, мушовири собиқ дар масоили амниятӣ сӯҳбатҳои ду президентро гуш мекунад.

Демократҳо дар Маҷлиси намояндагон таҳқиқеро сар карданд, ки метавонад ба импечменти Трамп сабаб шавад. Таҳқиқот ба сӯҳбати телефонии Трамп ва Зеленский рабт дорад, ки дар ҷараёни он Трамп аз Зеленский хостааст, ки ноиби президенти пешин Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантерро, ки дар Украина тиҷорат дошт, тафтиш кунад. Демократҳо даъво доранд, ки Трамп ба Зеленский бо таҳдиди боздошти кӯмаки низомӣ фишор овардааст , ки Байденро тафтиш кунад. Трамп ин иддаоро рад карда гуфтааст, ки ягон кори иштибоҳе накардааст.

Помпео аз таҳдиди Русия ва Чин ба озодиҳои демократӣ ҳушдор дод

Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, аз таҳдиди Русия ва Чин ба озодиҳои демократӣ ҳушдор дод ва аз ҳампаймонони ғарбӣ даъват кард, ки озодии худро ҳимоя кунанд.

Помпео дар остонаи 30-солагии шикастани Девори Берлин дар пойтахти Олмон ҳангоми суханронӣ гуфт, миллатҳои озод бо онҳое, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро рад кардаанд, дар “рақобати арзишҳо” буданд. Вай, ки чанд метр дуртар аз дарвозаи номдори Бранденбург истода буд, гуфт, “миллатҳои озод ва Ғарб вазифадоранд, ки таҳдидҳоро ба мардуми мо аз ҳукуматҳои монанди Чин, Русия ва Эрон бардоранд.”

Вазири умури хориҷии Амрико бо ишора ба шикаста шудани деворе, ки бахши демократии ғарби Берлинро аз шарқи коммунистӣ ҷудо мекард, гуфт: “Ғарб - ҳамаи мо - пас аз он лаҳзаи мағрурона роҳи худро гум кардем. Фикр мекардем, ки захираҳоямонро аз иттифоқҳо ва низомиёни худ дур мекунем. Мо хато кардем.”

Майк Помпео аз ин сафари дурӯза барои барқарории равобит бо муттаҳидони аврупоие, ки муноқишаҳои дипломатӣ ва тиҷориро бо Иёлоти Муттаҳида ба ларза овардаанд, истифода мекунад. Сафари ӯ як рӯз пас аз он фаро мерасад, ки президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба маҷаллаи The Economist гуфт, паймони НАТО аз сабаби нарасидани ҳамоҳангӣ миёни Аврупо ва Вашингтон ба “марги мағзи сар” гирифтор шудааст.

Пентагон гуфт, пули нафти Сурия ба курдҳо меравад, на ба хазинаи Амрико

Пентагон мегӯяд, даромад аз истихроҷ ва фурӯхтани нафт дар шимолу шарқи Сурия, ки аз тарафи нерӯҳои Амрико нигоҳбонӣ карда мешаванд, ба курдҳо ва ҳампаймононашон равона мешавад, на ба хазинаи Вашингтон.

Сухангӯи Пентагон Ҷонатан Ҳофман рӯзи 7-уми ноябр бо ишора ба нирӯҳои демократии Сурия зери роҳбарии курдҳо ба рӯзноманигорон гуфт, “даромади нафт ба Амрико намерасад, ба Нирӯҳои Демократии Сурия мерасад”.

Ҳофман афзуд: “Мақсад ин аст, ки ба Нирӯҳои Демократии Сурия ба роҳбарии курдҳо иҷозат дода шавад, барои пурзӯр кардани қудраташон дар маъракаи ба зидди “Давлати исломӣ” тавоноӣ дошта бошанд. Ҳамин тавр, он ДОИШ-ро аз гирифтани даромади нафт пешгирӣ мекунад ва ба курдҳою Нирӯҳои Демократии Сурия имкон медиҳад, он ҷоро низ назорат кунанд.”

Нирӯҳои Демократии Сурия бо роҳбарии курдҳо ҳампаймони асосӣ буда, аз дастгирии низомӣ дар мубориза ба зидди ДОИШ дар минтақаи Сурия наздик ба сарҳади Туркия бархӯрдор шудааст.

Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Амрико Уилям Бирн гуфт, вақте ки ҷангҷӯён майдонҳои нафтро назорат мекарданд, тавонистанд дар як рӯз 45 ҳазор бушка бо нархи тақрибан 1,5 миллион долларро барои ёрӣ расонидан ба ҳамлаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба даст оранд. “Мо танҳо намехоҳем, ки ин дубора рӯй диҳад”, -- афзуд ӯ.

Сарватманде дар Маскав барои муҳоҷирон табобати ройгон ташкил кард

Дар шаҳри Маскави Русия Бунёди молии Фаттоҳ Шодиев ва Калисои православии Русия барои муҳоҷирон ёрии бепули тиббӣ ташкил карданд.

Аз мақомоти бемористони марказии Руҳонӣ Алексия, ки хизматрасонии мазкур онҷо ба роҳ монда шудааст, хабар доданд, дар ҳафта ба 10 тан аз муҳоҷирон табобати ройгон расонида мешавад.

"Дар ҳақиқат, табиби мо хидмати ройгон мерасонад. Маҳдудияти синну соле мавҷуд нест. Танҳо шумори одамон маҳдуд аст: мо метавонем, ду маротиба дар ҳафта панҷ нафариро қабул кунем. Барои ин бояд аз қабл тавассути телефон номнавис кард", - гуфт навбатдори бемористон.

Сӯхтору таркиш дар қаҳвахонае дар маркази Бишкек

Дар қаҳвахонае дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон сӯхтор рух дод. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, соати 13:42 се мошини сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса рафт.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навореро аз ҷойи ҳодиса нашр карданд. Дар навор таркиш сабт шудааст. Ба иттилои шоҳидон, лӯлаи газ таркидааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар сӯхтор ва таркиш дар қаҳвахонаи "Антошка" 13 кас, аз ҷумла се кӯдак маҷруҳ шуда, як тан дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Дар ҳоли ҳозир нуҳ тан аз маҷруҳон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Фаъоли қазоқистонӣ Алибек Молдин 15 рӯз ҳабс шуд

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 7 ноябр фаъоли ҷамъиятӣ Алибек Молдинро ҳабси маъмурӣ кард. Додгоҳ ӯро панҷ рӯз барои иштирок дар гирдиҳамоии зиддичинӣ дар оғози моҳи сентябр ва 10 рӯзи дигар "барои итоат накардан ба талаботи пулис" зиндонӣ кард.

Ба иттилои тафтишот, фаъоли ҷамъиятӣ рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Оқтеппа бо навиштаҷоти "Нест бод густариши Чин" назди бинои ҳукумат ҳозир шуда, ҳамчунин шиор додааст: "Қазоқҳо, бедор шавед". Ба гуфтаи додгоҳ, Молдин 7 ноябр талаби қонунии кормандони пулисро иҷро накардааст.

Жадир Нугманова, ҳамсари Молдин мегӯяд, кормандони пулис ӯро субҳи рӯзи панҷшанбе, замоне боздошт карданд, ки духтарашро ба мактаб мебурд.

"Чаҳор кас ба шавҳари ман ҳамла карданд ва ӯро иҷборан ба мошин шинонданд. Дар оғоз мо дар ин бора иттилоъ надоштем. Баъди чанде ман ба мактаб рафтам, ба бемористонҳо ва пулис тамос гирифтам. Дар идораи пулис ба ман гуфтанд, ки шавҳарам дар идораи онҳост ва ба додгоҳ бурда мешавад. Тамоми рӯз дар додгоҳ будам ва танҳо шом соати 8 ба хона омадам. Ин ки мегӯянд, ба талаби пулис итоат накардааст, дурӯғи маҳз аст",-гуфт Жадир Нугманова.

Ҳафтаи гузашта хабар расид, ки нисбати Алибек Молдин бо моддаи "Таҳқир" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар додгоҳ маълум шуд, ки гуруҳе аз модарони серфарзанд нисбати Молдин шикоят кардаанд. Жанар Кулмамбетова, яке аз занони ҷабрдида дар парвандаи Молдин мегӯяд, вай тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ модарони серфарзандро таҳқир кардааст. Аммо ҷонибдорони Молдин мегӯянд, ин парванда фармоишӣ аст.

Алибек Молдин давоми ним соли охир се маротиба ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Вай ин ҳабсҳоро сиёсӣ меномад.

Туркманҳое, ки барои "бачабозӣ" муҷозот шуда буданд, ба пулис даъват мешаванд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ҳамҷинсгароён ва онҳоеро барои "суҳбат" даъват мекунанд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" (банди 135-и Кодекси ҷиноии ин кишвар) зиндонӣ шуда буданд.

"Барои суҳбат онҳоеро даъват мекунанд, ки ҳамчун ҳамҷинсгаро шинохта шудаанд. Ҳатто онҳоеро низ даъват доранд, ки замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов дар солҳои 1985-2006 ба далели ҳамҷинсгаро буданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб нашуданд. Ҳамчунин бо онҳое "суҳбат" доранд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" зиндонӣ шуда буданд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 5 ноябр ба вазири амнияти миллии ин кишвар Яйлим Бердиев огоҳии ҷиддӣ дод. Як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон гуфт, Бердимуҳаммадов ба ғазаб омадааст, ки дар расонаҳои хориҷӣ "матлаби шармовар барои туркманҳо" нашр шудааст. Ӯ ҳамчунин изҳори норозигӣ кардааст, ки қаҳрамони матлаб ба монанди худи президент намояндаи касби тиббист.

Табиби бемориҳои дил аз Туркманистон Қосимбердӣ Гараев ахиран дар суҳбат бо расонаҳо иқрор кард, ки ҳамҷинсгаро аст. Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст.

Ба гуфтаи Гараев, ӯ баъд аз таҳсил дар Белорус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд.

Дар Туркманистон барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Дар бемористони шаҳри Ишқобод, ки Гараев онҷо кор мекард, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, "табибе бо ин ном дигар надорем".

Трамп барои сӯистифода аз бунёди хайрия $2 млн ҷарима шуд

Додгоҳи Ню-Йорк президенти ИМА Доналд Трампро вазифадор кард, ки барои истифодаи пулҳои бунёди хайрияи "Trump Foundation" бо ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои корӣ ба як қатор созмонҳои ғайритиҷорӣ 2 миллион доллар бидиҳад. Дар ин бора "Садои Амрико" иттилоъ дод.

Зидди Трамп Додситонии кулли Ню-Йорк тобистони 2018 шикоят карда буд. Додситонӣ гуфта буд, ки Трамп ва се фарзандаш қонуни сармоягузории маъракаҳои интихоботиро нақз карда, ҳудуди се миллион доллари бунёди хайрияро дар маъракаҳои пешазинтихоботии Трамп дар соли 2016 истифода бурданд. Ба гуфтаи додситонӣ, Трамп ҳамчунин як қисми маблағи бунёдро ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.

Трамп эътироф кард, ки ба истифодаи пулҳои бунёди хайрия шахсан дастур додааст. Президенти ИМА ва Додситонии кулли Ню-Йорк ба созиш расиданд, ки ҳаҷми ҷаримаро додгоҳ муайян мекунад.

Ҳуқуқшиносони Трамп ва Додситонии кулли Ню-Йорк моҳи гузашта созиш карданд, ки бунёди "Trump Foundation"-ро барҳам дода, дороии он (беш аз 1,5 миллион доллар)-ро ба созмонҳои ғайритиҷорӣ медиҳанд.

Бар асари тирпарронӣ дар Ироқ 10 нафар кушта шуд

Бар асари тирпарронии пулиси Ироқ ба зидди эътирозгарон камаш шаш нафар дар Бағдод ва чаҳор тан дар Басра кушта шудаанд.

Мақомоти пулис ва тандурустии Ироқ рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, дар бархӯрди эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Дар шаҳри Бағдод нирӯҳои амниятӣ ба зидди сокинон тир кушодаанд, ки дар натиҷа тақрибан 35 нафар захмӣ шудааст. Пулис роҳ ба сӯи минтақаеро маҳдуд кард, ки дар онҷо биноҳои ҳукуматӣ ва аксар сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ҷойгир ҳастанд.

Дар шаҳри Басра – пойтахти саноати нафтии Ироқ – пулис ба сӯи сокиноне тир кушод, ки ба эътирози оромона даст зада буданд.

Тазоҳурот дар Ироқ дар оғози моҳи октябри имсол ба зидди фасод ва бекорӣ оғоз шуд. Эътирозгарон хостори ҳисобдиҳии ҳукумат, адолат ва мубориза бо фасоданд.

Онҳо ба зидди ҳукумати Одил Абдулмаҳдӣ, сарвазири ин кишвар ба хиёбонҳо баромада, ӯро ба фасоди густарда муттаҳам кардаанд.

Аз сохтмони пул то бозорҳои наздимарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон ва Оқохони 4 чӣ гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафар дар Аврупост, бо раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони чаҳор мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин дидор рӯзи 7-уми ноябр дар Фаронса сурат гирифт.

Дар Тоҷикистон садҳо ҳазор пайрави шохаи исмоилияи дини ислом ба сар мебаранд ва онҳо асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд.

Оқохони чаҳор, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дастикам панҷ сол боз ба Тоҷикистон нарафтааст. Чанд дафъа сафари ӯ ба таъхир афтод ва аз ҷумла қарор буд, ӯ соли 2015 дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон иштирок кунад, вале наомад.

Аммо вай қаблан дар чанд маърака, аз ҷумла ҳангоми ба истифода додани пули байни Тоҷикистону Афғонистон ва кушодани бинои Маркази исмоилия дар Душанбе, иштирок кардааст. Мулоқоти ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки дар авоили соли ҷорӣ раиси Бунёди Рушди Оқохон дар Тоҷикистон иваз шуд ва бори аввал раёсати онро як шаҳрванди Тоҷикистон ба ӯҳда гирифт.

Хадамоти матбуоти президент дар хабарномае гуфт, масоили ҳамкории Тоҷикистон бо "Ташкилоти Оқохон оид ба рушд", яке аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд. Шоҳзода Оқохон тарҳҳои зиёдеро тавассути бунёди ҳамноми худ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, ки аксаран тарҳҳои башардӯстона ҳастанд.

Ин бунёд аз ҷумла, саҳмияи сад дар садии ширкати мобилии "Tcell"-ро дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе" низ ба он марбут дониста мешавад. Таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, аз дигар тарҳҳои бузурги Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон мебошад. Бунёди Рушди Оқохон соли 2017 дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳашт пул вуҷуд дорад, ки панҷтои он давоми солҳои истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи Бунёди Рушди Оқохон сохта шуданд. Бунёди ин пулҳо бахше аз барномаи тақвияти ҳамкориҳои байни ду кишвар ва ҳамчунин мусоидат ба эҳёи кишвари ҳамсоя ва аз ин роҳ коҳиши ноамнӣ дар Афғонистон гуфта мешавад.

Хадамоти мабуоти президент гуфт, "дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пул ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои рушди соҳаи маориф низ баррасӣ карда шуд".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр сафари худро ба Аврупо аз Швейтсария оғоз кард ва рӯзи 7-уми ноябр ба Фаронса рафт. Мақомот гуфтанд, ин сафари расмист. Гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар Швейтсария ва Фаронса ба зидди ин сафари раиси ҷумҳур таҷаммӯи эътирозӣ карданд. Онҳо ҳукуматро ба саркӯби мунтақидон, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва маҳдуд кардани озодиҳои демократӣ муттаҳам карданд.

Мансабдорони Қазоқистон иҷозаи истифодаи смартфонҳоро пайдо мекунанд

Ба ходимони давлатии Қазоқистон дар фурсатҳои наздик дубора иҷозат медиҳанд, ки дар коргоҳҳояшон аз смартфонҳо истифода баранд. Дар ин бора Аблайхон Оспанов, муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон хабар дод.

"То ҷое ман иттилоъ дорам, қарор то ҳукумат расидааст ва дар фурсатҳои наздик мо дар бораи он хабар пайдо мекунем. Ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ ҳамоҳанг кардаанд, баъди ин қарор дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ мешавад. Мо интизор дорем, ки дар моҳи ноябр эълом шавад",-гуфт Оспанов рӯзи 7-уми ноябр.

"Масъала гузошта шудааст, ки истифодаи смартфонҳо ба ҳамаи ходимони давлатӣ иҷозат шавад. Ин дастури роҳбари давлат аст", - гуфт вай.

Моҳи марти соли 2016 ба ходимони давлатии Қазоқистон дастур шуд, ки аз смартфонҳо истифода набаранд: истифодаи телефонҳое мамнуъ гардид, ки имконияти пайвастан ба интернет ва аксу навор гирифтанро доранд.

Дар ивази ин ба мансабдорон иҷозат доданд, танҳо аз телефонҳои тугмадоре истифода кунанд, ки имкони тамос гирифтан ва паёмак фиристоданро доранд. Он замон аз дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар дода буданд, ки чунин тасмим дар пайи оммавишавии иттилои хизматӣ гирифта шудааст.

Оспанов низ огоҳ кард, ки ҳар кадом ходими давлатӣ ба мисли пешин масъули иттилое аст, ки дар коргоҳаш дарёфт мекунад ва барои паҳн кардани он дар асоси қонун муҷозот мешавад.

Марги рӯзноманигори узбекистонӣ дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзноманигор Давлатназар Рӯзматов (Давлат Назар), ки ба инъикоси масоили Хоразми Узбекистон машғул буд, шоми 6-уми ноябр дар садамаи нақлиётӣ вафот кард. Ба гуфтаи наздикони Назар, ӯро 7-уми ноябр ба хок супурданд.

Ду тан аз ҳамсуҳбатони рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки Давлат Назар шоми 6-уми ноябр аз қаҳвахона берун ва савори мошини кироя (таксӣ) сӯи хонааш равон шуд. Ҳоло дақиқ нест, ки вай дар куҷо аз мошини кироя берун шуда ва чаро зери чархи мошини дигар ҷон додааст. Айни ҳол ронандаи таксӣ ба бозпурсӣ даъват ва ронандаи мошине, ки рӯзноманигорро пахш кард, боздошт шудааст.

Давлат Назар, ки бо бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард, мегуфт, вақтҳои охир назорат мешавад. "Ман наметавонам аз хона берун шавам. Аз ду сӯи кӯча нигаҳбонон нишастаанд",-гуфта буд Давлатназар рӯзи 12-уми октябр.

Додситонии кулли Узбекистон хабари марги рӯзноманигорро нашр кард. Ба иттилои додситонӣ, Давлат Назар дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Мудири Оҷонси иттилоот ва иртибототи оммавии назди Дастгоҳи президенти Узбекистон Комил Алламҷонов дар робита ба даргузашти рӯзноманигор изҳори ҳамдардӣ кард.

Давлатназар Рӯзматови 48-сола, ки бо имзои Давлат Назар мақола менавишт, пештар дар нашрияи "Ёшлар овозӣ" (Овози ҷавонон)-и вилояти Хоразм кор мекард. Солҳои охир бо нашрияи иҷтимоиву сиёсии "Ҷамъият" ҳамкорӣ дошт.

Давлат Назар яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" буд. Ду соли охир вай барои назарҳо ва мақолаҳои танқидиаш борҳо боздошт шуда буд.

Пулис: рӯзноманигори "Росбалт" дар ҳаққи Алишер Усмонов туҳмат кард

Пулиси Русия зидди рӯзноманигори хабаргузории "Росбалт" Александр Шварев бо гумони туҳмат ва тамаъҷӯӣ айб эълом кард. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо истинод ба вакилони дифоъ иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи вакилони дифоъ, муфаттишон гуфтаанд, ки рӯзноманигор дар бораи соҳибкори маъруф Алишер Усмонов маълумоти дуруғ нашр ва аз соҳибкоре дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор доллар тамаъ кардааст.

Вакилони дифоъ мегӯянд, рӯзноманигор барои табобат ба Латвия рафтааст. Рӯзи душанбе қарор аст, додгоҳ масъалаи ғоибона ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардани вайро баррасӣ кунад.

Ҷониби ҳимоятгар айби зидди Шваревро бофта ва парвандаро фармоишӣ меномад. Худи рӯзноманигор иттиҳомро комилан рад мекунад.

Се додраси афғонро дар Пактиё куштанд

Пактиё аз вилоятҳои ноороми Афғонистон аст.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҷангҷӯёни Толиб се додрас ва як корманди дигари давлатиро ҳангоми сафарашон аз вилояти Пактиё ба Кобул куштаанд. Сухангӯи волии Пактиё ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла рӯзи 6-уми ноябр дапр маҳаллаи Муҳаммад Оғо дар наздикии вилояти Лугар сурат гирифтааст.

Ба қавли ӯ, ҷангҷӯёни Толиб мошини ҳар чаҳор нафарро дар роҳ нигаҳ дошта ва онҳоро бо зарби тири туфанг куштаанд. Раҳимхудо Мухлис, раиси пулиси Лугар ин хабарро тасдиқ кард. Гурӯҳи Толибон, ки дар гузашта чунин ҳамлаҳо анҷом додааст, гуфтааст, ки дар ин ҳамла даст надорад.

Парванда ба зидди Портнов барои таҳдид ба хабарнигорони Радиои Озодӣ

Андрей Портнов

Пулиси Украина ба зидди Андрей Портнов, муовини собиқи раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ парванда, боз кардааст, ки ба монеагузорӣ ба фаъолиятҳои касбии хабарнигорони Радиои Озодӣ муттаҳам мешавад. Максим Тсуткиридзе, муовини раиси Пулиси Миллӣ рӯзи 7-уми ноябр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки парванда бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла мамониат ба фаъолияти касбии хабарнигорон ва таҳдид ё зӯроварӣ ба хабарнигор боз шудааст.

Портнов дар посух дар каналаш дар Телеграм навишт, ки бо айни иттиҳомот ба зидди Радиои Озодӣ ба пулис шикоят мебарад. Ӯ мегӯяд, дар телевизиони 112 Украина кор мекунад ва мисли хабарнигорон бояд ҳаққи муҳофизат дошта бошад. Андрей Портнов пештар иттиллои хусусии гурӯҳе аз хабарнигорони тарҳи таҳқиқотии “Схеми”- ро ошкор кард. Тарҳи мазкурро бахши украинии Радиои Озодӣ ва телевизиони “УА: Перши” амалӣ мекунанд.

Андрей Портнов муовини собиқи раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар аҳди Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина дар каналаш дар Телеграм рақамҳои 16 мошинеро нашр кард, ки хабарнигорон ва дигар кормандони тарҳ истифода мебаранд.

Таҳқиқи фаъолиятҳои ӯ ва иртиботаш бо намояндагони ҳукумати феълии Украина зоҳиран сабаби амалкарди ӯ нисбат ба хабарнигорон шудаааст. Андрей Портнов рӯзи 5-уми ноябр навишт, ҳар касе, ки ин мошинҳоро мебинад, “ба ронандааш зарбаи сахт ва мақбул бизанад.”

Додгоҳ шикояти ду тазоҳургари русро рад кард

Қабл аз интихоботи вакилони Маҷлиси Маскав мухолифон борҳо тазоҳурот карданд ва даҳҳо нафар ҳам боздошту ҷарима шуданд.

Додгоҳи шаҳри Маскав бо рад кардани шикояти расмии ду тазоҳургари муттаҳам ба зӯроварӣ ба маъмурони пулис, мӯҳлати боздошти онҳоро тамдид кард.

Додгоҳ амр дод, ки Андрей Баршай то рӯзи 14-уми декабр ва Никита Чиртсов то 27-уми январ ва то анҷоми таҳқиқи парвандаашон дар боздошт бимонанд. Чиртсовро рӯзи 27-уми июл дар ҷараёни тазоҳуроти беиҷозаи мухолифон дар шаҳри Маскав дастгир карданд.

Тазоҳургарон мехостанд, ки намояндагони мухолифони давлат ба ҳайси номзад ба вакилони маҷлиси шаҳрӣ сабти ном шаванд. Чиртсовро барои ба ҳам задани назму тартибот 12 ҳазор рубл ҷарима бастанд ва ҷавоб доданд. Баъдан ӯ ба Ҷумҳурии Беларус рафт, вале бо дархости Русия дастгир ва бозпас фиристода шуд. Чиртсовро ҳоло ба ҳамла ба маъмурони пулис муттаҳам мекунанд.

Помпео гуфт, "тамаъҷӯии атомии Эронро рад кунед"

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, амалкардҳои Эрон як гӯшзаде ба тамоми кишварҳост, ки “тамаъҷӯии атомии” онро рад карда ва “бо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ” фишор ба Эронро афзоиш диҳанд.

Помпео дар ин бора рӯзи 7-уми ноябр ва баъди он сӯҳбат кард, ки Эрон аз иҷрои қисме аз тааҳудоти созиши атомии соли 2015 даст кашид ва ғанисозии ураниум дар таъсисоти зеризаминии атомии Фордовро аз сар гирифт. Ураниуми ғанисозишударо барои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истифода мекунанд, вале аз он бомби атомӣ ҳам сохта метавонанд.

Баъд аз онки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро моҳи майи соли 2018 аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард, Эрон бори чаҳорум аст, ки аз иҷрои баъзе аз тааҳудоташ даст мекашад. Майк Помпео дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Амалкардҳои ахири Эрон баёнгари тамоми ниятҳои режим аст, ки мехоҳад, ҷомеаи байналмилалӣ хушунат ва террори онро қабул кунанд ва айни замон барои истиқлоли ҳамсоягонаш хатар эҷод мекунад.”

Дар баёния омадааст, ҷомеаи баёналмилалӣ бояд тасаввур кунад, ки “Эрони мусаллаҳ бо аслиҳаи атомӣ чӣ гуна рафтор мекунад.” Помпео гуфтааст, ки Амрико ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки чунин чизе иттифоқ афтад.

Гузориш: "Эрон тавозуни қудрат дар Ховари Миёнаро ба нафъи худ гардондааст"

Аъзои гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки Эрон онро ҳимоят мекунад.

Муассисаи Байналмилалии Пажуҳишҳои Стратегӣ мегӯяд, Эрон дар саросари Ховари Миёна як шабакаи муттаҳидонашро сохтааст, ки имкон додаанд, дар муддати 40 соли гузашта тавозуни қудрат дар минтақаро ба нафъаш бигардонад.

Дар гузориши ин муассиса, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, омадааст, Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа аз назари муҷаҳҳаз будан бо таслиҳоти маъмулӣ қудратмандиашонро нигаҳ доштаанд, вале бо вуҷуди ин Эрон бо шабакаҳои нуфузаш тавонистааст, ба онҳо муқовимат кунад.

Дар гузориш, ки қарор аст, шоми 7-уми ноябр нашр шавад, омадааст, “шабакаҳои нуфуз” дар минтақа ба Эрон имкон додаанд, ки дар умури Сурия, Лубнон, Ироқ ва Яман нуфузи зиёд дошта бошад. Аз соли 1979 аз замони Инқилоби исломӣ Эрон ба ҷалбу сармоягузорӣ ва мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои гуногун дар саросари минтақа шурӯъ кардааст.

Дар гузориш омадааст, баъди хуруҷи Амрико аз созиши атомии соли 2015 дар соли гузашта ва эъмоли дигарбораи таҳримот ба зидди Эрон барои ба даст овардани созиши нав Эрон ба чунин фаъолиятҳояш идома додааст.

Эрдуғон гуфт, яке аз ҳамсарони Бағдодиро дастгир карданд. ВИДЕО

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар донишгоҳи шаҳри Анқара хабар дод, ки низомиёни кишвараш яке аз ҳамсарони раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) Абубакр Бағдодиро боздошт карданд.

"Мо ҳамсари ӯро боздошт кардем, вале ғавғо набардоштем. Ҳамчунин домод ва хоҳари ӯ низ дар Сурия дастгир шуданд",-афзуд Эрдуғон, вале дақиқ нагуфт, ки боздоштҳо кай сурат гирифтаанд.

Бағдодӣ чанд зан дошт, дақиқ маълум нест. Ба иттилои AP, ӯ чаҳор зан дошт. Хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаи худ дар Ироқ хабар дода буд, ки раҳбари ДИ се зан - ду ироқӣ ва як суриягӣ - дорад. Пас аз кушта шудани Бағдодӣ хабар доданд, ки ду ҳамсари ӯ низ ҳамроҳаш ҷон бохтанд. Онҳо камарбанди тарканда доштаанд.

Низомиёни Туркия 5 ноябр хабар доданд, ки хоҳари калонии Бағдодиро дастгир карданд. Расмия Авад ба шимолу ғарби Сурия паноҳ бурда буд. Ҳамроҳи ӯ 5 кӯдак ва шавҳару келинаш боздошт шуданд.

Абубакр Бағдодӣ моҳи гузашта дар натиҷаи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия худро тарконд. Дар ин амалиёт асноде дарёфт ва мусодира шуданд, ки дорои маълумоти муҳим дар бораи "Давлати исломӣ" ҳастанд.

Демократҳои ИМА эълони нобоварӣ ба Трампро оммавӣ мекунанд

Адам Шифф

Ҷаласаҳои кушодаи пажуҳиши марбут ба эъломи нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп ҳафтаи оянда шуруъ мешаванд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе раиси кумитаи иктишофии Палатаи намояндагони ИМА Адам Шифф хабар дод.

Гуфта мешавад, рӯзи 13 ноябр кордори сафорати ИМА дар Украина Уилям Тейлор ва муовини ёвари котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Кент дар мазҳари ом шоҳидӣ медиҳанд ва 15 ноябр сафири пешини ИМА дар Украина Марӣ Йованович. Ҷузъиёти ҷаласаҳои боз, ба гуфтаи Адам Шифф, рӯзҳои наздик нашр мешавад.

Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба президенти Украина Владимир Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст. Кохи сафед дертар муҳтавои суҳбати Трамп бо Зеленскийро нашр кард ва дар он дар бораи таъхири кумаки низомӣ чизе гуфта нашудааст.

Як қатор мансабдорон дар ҷаласаи пӯшидаи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки дар ҳақиқат кумаки низомӣ ба таъхир андохта шуда буд, то Украина дархости Трампро иҷро кунад.

Дар сурате, ки агар Палатаи намояндагони ИМА ба Трамп нобоварӣ эълом кунад, баъди он парванда ба Сенати Амрико меравда. Барои аз мақом барканор кардани президент дар Сенат раъй аз се ду ҳиссаи вакилон зарур аст.

Қазоқистон дар СММ дар бораи ҳуқуқи инсон ҳисобот медиҳад

Мақоми ҳифзи ҳуқуқи СММ дар Женева рӯзи 7 ноябр ҳисоботи расмии намояндагони Қазоқистонро дар бораи риоя шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвар мешунавад.

Ҳайати Қазоқистонро дар Женева вазири адлия Марат Бекетаев роҳбарӣ мекунад.

Ин севумин ҳисоботи миллии Қазоқистон дар доираи Гуруҳи кории Баррасии давраии олии Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аст. Нахустин ва дувумин ҳисоботи Қазоқистон дар доираи Гуруҳи кории мазкур мутаносибан соли 2010 ва 2014 ироа шуда буд.

Давоми ин ду давра ҳукумати Қазоқистон мебоист тавсияҳои СММ марбут ба пешгирӣ ва таҳқиқи шиканҷа, хушунат нисбати занон, ҳифзи озодии баён ва расонаҳо, ғайриҷиноӣ кардани таҳқиру туҳмат, ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезагон ва ақалиятҳои қавмӣ, озодии виҷдону дин ва ғайраро иҷро мекард.

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch чанд рӯз пеш аз ҳисоботи мақомоти Қазоқистон дар Женева изҳор дошт, ки давоми ним соли президентиаш Қосимҷомарт Тоқаев ваъдаҳои пешазинтихоботиро иҷро накардааст.

Дар Қазоқистон дастрасӣ ба ҳазорон сафҳаи интернетӣ маҳдуд шудааст

Дар Қазоқистон аз оғози соли ҷорӣ бештар аз 13 ҳазор саҳифаи интернетӣ маҳдуд шудааст, ки ба бовари мақомот, муҳтавояшон аз таблиғоти терроризм иборат буд. Дар ин бора Даврон Абаев, вазири иттилоъ ва рушди ҷомеаи Қазоқистон рӯзи 6-уми ноябр хабар дод.

"Аз оғози соли ҷорӣ бо тартиби тавсия ба соҳибон ва муҳаррирони манобеи интернетӣ бештар аз 25 ҳазор матолиби мухолиф ба қонунгузорӣ пок карда шуд. Ба бештар аз 13 ҳазор маводи дигар дастрасӣ маҳдуд шуд, ки муҳтавояшон аз таблиғи ақидаи терроризм ва тундгароӣ иборат буд",-гуфт Абаев.

Мақомоти Қазоқистон ҳамасола дар бораи мубориза бо таблиғи терроризм ва тундгароӣ дар Интернет иттилоъ медиҳанд, аммо боре ҳам рӯйхати сомонаҳои басташударо нашр накардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, раванди маҳдудсозии сомонаҳои интернетӣ бояд шаффоф бошад, зеро мумкин аст, бо баҳонаи мубориза зидди тундгароӣ сомонаҳои барои мақомот номақбул ҳам баста шаванд.

Дар гузориши солонаи созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Freedom House, ки 5 ноябр нашр шуд, Қазоқистон дар миёни кишварҳое ҷой гирифтааст, ки озодии Интернет ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд мешавад.

Узбекистон ҷаримаи хориҷиҳоро барои нақзи қоидаҳои буду бош кам кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 5-уми ноябр тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо кард.

Ин тағйирот ҳаҷми ҷаримаи хориҷиҳоро барои вайрон кардани тартиботи буду бош, пеш аз ҳама мавҷуд набудани сабти ном ва сари вақт тамдид накардани санади сабти ном 10 баробар кам мекунад. Тартиботи нав ҳам ба сайёҳон ва ҳам ба меҳмононе дахл дорад, ки ба дидорбинии пайвандонашон ва ё бо корҳои шахсӣ вориди Узбекистон мешаванд.

Кодекси ҷиноии Узбекистон пештар аз ин барои такроран вайрон кардани тартиботи буду бош то се соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мекард.

Барои як дафъа вайрон кардани тартиби буду бош, аз ҷумла сари вақт сабти ном накардан, аз муҳлати муайяншуда бештар ҳузур доштан аз 50 то 100 маоши ҳадди ақал ҷарима дошт, ки ҳамакнун ин нишондиҳанда аз 5 то 10 маоши ҳадди ақал поён оварда шудааст.

Пештар аз ин тартиби сабти номи хориҷиҳо дар Узбекистон яке аз сахттарин муқаррарот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Аз ҷумла, ҳар меҳмони хориҷӣ вазифадор буд, ки давоми се рӯзи воридшавиаш худро дар қайди пулис гузорад. Соли гузашта ин тартибот каме тағйир дода шуда ва муҳлати серӯзӣ ба якмоҳа тамдид шуд.

Lufthansa ба иллати корпартоии кормандонаш 1300 парвозро бекор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии "Lufthansa"-и Олмон ба иллати корпартоии халабонҳо ва кормандонаш маҷбур аст, ҳудуди 1300 парвозро бекор кунад, ки ба 180 ҳазор мусофир дахл хоҳад дошт. Корпартоӣ рӯзҳои 7- 8 ноябр сурат хоҳад гирифт.

Дар коргоҳи асосии "Lufthansa" дар наздикии фурудгоҳи Франкфурт-на-Майне рӯзи ҷумъа эътирози дастаҷамъии кормандон дар назар аст. Кормандон афзоиши маош ва беҳсозии шароити кориро талаб доранд.

Раҳбари "Lufthansa" талош кард, ки аз роҳҳои қонунӣ эътирози кормандонашро манъ кунад. Вале додгоҳ рӯзи ҷумъа дархости ширкатро рад кард. "Lufthansa" тасмим дорад, аз болои қарор шикоят барад.

Моҳи октябри соли равон низ кормандони чаҳор ширкати марбут ба "Lufthansa", аз ҷумла "Eurowings" ва "Germanwings" корпартоӣ карданд. Он замон дар фурудгоҳҳои Берлин, Мюнхен, Франкфурт ва Дюсселдорф парвозҳо бекор карда шуданд.

Қирғизҳо талаб доранд, ба истифодаи дурбинҳои чеҳрашинос моратория эълом шавад

Кумитаи назорати шаҳрвандӣ дар Қирғизистон, ки ба ҳайати он фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шомиланд, даъват доранд, ба истифодаи густардаи дурбинҳои назоратии чеҳрашинос дар ин кишвар моратория эълом карда шавад.

Фаъолони қирғиз мегӯянд, назорати густардаи сокинон дахолати хеле хатарнок ба ҳуқуқ ва ҳаёти шаҳрвандон аст. Узви кумита Динара Ошурахунова гуфт, истифодаи чунин дурбинҳо бидуни таъмини амнияти сокинон дар баробари онҳо кори нодуруст аст.

"Ба ҳама маълум аст, ки низоми додгоҳӣ фасодолуд буда, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷинояткорон ҳамкорӣ мекунанд. Кӣ медонад, ки дар чунин вазъ маълумот дар бораи шаш миллион шаҳрванд чи гуна истифода мешавад?", - афзуд Ошурахунова.

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон чанде пеш дурбинҳои чеҳрашинос насб карданд. Онҳоро ширкати чинӣ аз ҳисоби худ насб кардааст. Ба иттилои пулиси Қирғизистон, қарор аст, танҳо дар Бишкек 1 ҳазор дурбини чеҳрашинос насб шавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Даъвову кашмакаш барои ҷалби сарбоз дар кӯчаи Сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00
XS
SM
MD
LG