Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар Париж маросими ҷанозаи Жак Ширак баргузор шуд

Рӯзи 30 сентябр раҳбарони гузашта ва имрӯзаи кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими ҷанозаи президенти собиқи Фаронса Жак Ширак дар Париж ҷамъ омаданд. Маросими хайрбод дар назди мақбараи Наполеон баргузор шуд. Суруди миллӣ ё “Марселеза”-ро гурӯҳи мусиқии низомӣ иҷро кард ва баъдан президент Эммануэл Макрон аз назди низомиён гузашт. Қабри Ширак бо парчами Фаронса оро дода шуда дар маркази майдони “Инвалидҳо” гузашта шуд.

Дар миёни меҳмонҳое, ки барои хайрбод бо президенти собиқи Фаронса омада буданд, президенти Русия Владимир Путин, собиқ президенти Амрико Билл Клинтон, собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдар ва Шоҳи Урдун Абдуллоҳ дида шуданд. Ширак дар 86-солагӣ дар хона дар ҳалқаи наздиконаш даргузашт. Сабаби марги ӯ нашр нашуд.

Собиқ президенти Фаронса Франсуа Оллан дар суханронии худ Жак Ширакро шахсе қотеъ номид. Ӯ гуфт:

“Жак Ширак на танҳо интихоберо мекард, ки ба гурӯҳи ӯ қобили қабул буд. Бекор кардани ҳукми марг, бекор шудани манъи суқути ҳамл, эътирофи иштибоҳҳои Фаронса дар замони рейдҳои зидди яҳудӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон ва муборизаи ӯ бо ростгароҳо - намунаи қотеияти ӯст. Ӯ на танҳо ба хотири таҳрики дигарон ин қарорҳоро қабул кард, ӯ эҳсос мекард, ки бояд ҳамингуна бошад”.


Жак Ширак солҳои охир аҳёнан дар мазҳари ом дида мешуд ва танҳо маълум буд, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мекашад. Ӯ солҳои 1995 то 2007 президенти Фаронса буд. Дар солҳои раҳбарии ӯ Фаронса ба фазои пули ягонаи аврупоӣ ворид шуд ва хидмати ҳатмии ҳарбиро бекор кард. Дар сатҳи байналмилалӣ Ширак бо мухолифати шадидаш алайҳи шурӯи ҷанги ИМА дар Ироқ дар соли 2003 дар ёдҳо мондааст.

Кормандони пулиси Узбекистон гардани гумонбари 61-соларо шикастаанд

Сардор ва нозири боздоштгоҳи муваққатии Идораи пулиси ноҳияи Узбекистони вилояти Фарғона шоми 25-уми сентябр бо гумони даст доштан дар куштори ронандаи мошини "Дамас" Абдураззоқ Қодиров боздошт шуданд.

Ба огаҳии додситонии Фарғона, зидди ду корманди Идораи пулиси ноҳияи Узбекистон бо бандҳои "Куштори барқасдона" ва "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонии вазнин" парванда боз шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ронандаи 61-солаи "Дамас" Абдураззоқ Қодиров аз ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона 19-уми сентябр, баъди чанд лаҳзаи озод шудан аз боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон бохт. Ӯро барои "майдаавбошӣ" дастгир карда буданд.

Наздикони Қодиров гуфтанд, ӯро дар боздоштгоҳ шадидан латту кӯб карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони боздоштгоҳ Қодировро як соат пеш аз марг дар ҳолати вазнин ба хонааш бурдаанд.

Яке аз наздикони Абдураззоқ Қодиров гуфт, дар шуъбаи пулис гардани вайро шикастаанд. "Ду корманди пулиси ноҳия соати 10-и шаби 18-уми сентябр бародарамро ба хона оварданд. Вазъи ӯ хеле вахим буд. Пас аз рафтани кормандони пулис ӯ ҷон дод", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Намояндаи додситонии ноҳияи Узбекистон хабар дод, ки Қодировро дар боздоштгоҳ чанд корманди пулис латту кӯб кардаанд. "Ӯ ҳангоми дар боздоштгоҳ будан чанд бор аз ҳуш рафтааст", - изҳор дошт вай.

"Мубаллиғони терроризм" дар маҳбаси Қазоқистон гуруснашинӣ эълом карданд

Ҳашт "мубаллиғи терроризм" ва "барангезандаи бадбинӣ", ки моҳи гузашта дар шаҳри Алматои Қазоқистон зиндонӣ шуданд, сар аз имрӯз - 30 сентябр - бо талаби бозбинии парвандаандшон гуруснашинӣ эълом карданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар доданд.

Зиндониён ҳамчунин ба унвонии президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев нома ирсол карданд.

Пайвандони зиндониён гуфтанд, агар давоми даҳ рӯзи оянда мақомот вокуниш нишон надиҳанд, ба маъракаи гуруснашинии наздиконашон ҳамроҳ хоҳанд шуд. Додгоҳи Алмато рӯзи 5 август ҳашт тан аз айбдоршавандагони парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтаи бадбинӣ"-ро солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Болатбек Нургалиев, яке аз айбдоршавандаҳо, дар паёмрасони WhatsApp барои "таблиғи терроризм ва ақидаҳои салафия" гуруҳ таъсис дода, дигаронро ба он шомил кардааст. Ин одамон аз минтақаҳои мухталифи Қазоқистон дар гуруҳ ҷамъ шуда, "бо дарки хилофи қонун будани рафторашон... мавзуъҳои марбут ба динро баҳсу баррасӣ карда, барқасдона ба изҳороти тундгароёна даст задаанд, ки терроризмро таблиғ карда, бадбинии диниро барангехтааст".

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Алянс Тирек"-и Қазоқистон гуфт, маҳкумшудаҳои мазкур ба хотири ақидаи диниашон таъқиб шудаанд.

Ҳусиҳо иддао карданд, ки 2000 сарбози Саудиро “асир гирифтанд”

Акс аз бойгонӣ

Шӯришиёни ҳусии Яман рӯзи 29-уми сентябр иддао карданд, ки "дар ҳамлаи бузург" дар марзи ин кишвар бо Арабистон ҳудуди 2000 сарбози Саудиро бо аслиҳаву таҷҳизот "асир гирифтаанд".

Тибқи гузоришҳо, ин ҳамла рӯзи 28-уми сентябр дар минтақаи Наҷрон рух додааст.

Шӯришиёни ҳусӣ видеоеро нашр карданд, ки дар он аслиҳаву сарбозон бо либоси артиши Арабистони Саудӣ дида мешаванд.

Чанд нафар дар видео худро сарбозони Саудӣ муаррифӣ мекунанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи шӯришёни ҳусӣ, гуфтааст, беш аз 200 сарбози Арабистони Саудӣ кушта шудаанд. Вале ҳукумати Арабистони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳ надодааст.

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ чаҳор сол боз дар баробари шӯришиёни ҳусӣ дар Яман меҷангад. Даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо тани дигар бехонумон шудаанд.

Раиси вилояти Фарғона зидди ҳиҷобу риш "ҷанг" эълон кард

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навори садоиеро дастрас кард, ки дар он раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Шуҳрат Ғаниев ба зертобеонаш дастур медиҳад, маъракаеро зидди ҳиҷобу риш оғоз кунанд.

Ба гуфтаи манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, навор дар ҷаласаи ахири Ғаниев сабт шудааст. Дар он раиси вилояти Фарғона аз мансабдорони ноҳияҳо талаб мекунад, ки дар бораи кори худ ҳисобот диҳанд.

Тавре дар навор шунида мешавад, мавзӯи асосии ҷаласа масоили марбут ба дин ва таҳсил аст.

"... 386 нафари онҳо нобакорони ришдоранд. Таҳқиқҳо нишон дод, ки бештар аз ҳама сокинони Қӯқанд, Фарғона ва Марғелон ба ришҳои худ аҳамият намедиҳанд. Ҳамчунин 851 зану духтари ҳиҷобпӯш сабт шудааст. Бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дертар 300 тани онҳо симои зоҳирии худро тағйир доданд", - иттилоъ медиҳад раиси вилояти Фарғона.

Ҳамчунин дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани 39 касе хабар дода мешавад, ки гӯиё бо таблиғи фаъолияти созмонҳои мамнӯи динӣ машғул буданд.

Раиси вилояти Фарғона ҳамчунин ёдовар мешавад, ки барои ташкили ҷойҳои намозхонӣ дар идораҳои давлатӣ қонунгузории Узбекистон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

"Бинобар ин, раисони муҳтарами ноҳияҳо, агар ман дар ҷаласаҳои шумо зани ҳиҷобдореро бубинам, он рӯймолро гирифта, ба даҳонатон хоҳам андохт. Барои ман фарқ надорад, ки вай раиси маҳалла, омӯзгор, соҳибкор ё вакили маҷлиси маҳаллӣ аст", - таҳдид мекунад Ғаниев.

Шуҳрат Ғаниев бо дашному тундгӯиҳои худ машҳур аст. Радиои Озодӣ дар гузашта борҳо наворҳои садоиеро аз ҷараёни ҷаласаҳои ӯ нашр кардааст, ки зертобеони худро дашном медиҳад.

Қазоқистон: Хабари ирсоли кӯмакпулии нав ба аҳолӣ расман рад шуд

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё аз 1-уми октябри соли равон барои ҳар як кӯдак, новобаста аз ҳаҷми даромади хонавода, 11 ҳазор танга (ҳудуди 28 доллар) кумакпулӣ ҷудо мешавад, дурӯғ номид.

"Ин хабар асос надорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат. Ахиран дар паёмакрасонҳо хабар дода шуд, ки аз 1-уми октябри соли равон барои ҳар як кӯдак 11 ҳазор танга дода мешавад.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар "асоси усули шаффофият, адолат ва ҳавасмандсозӣ ба кор" механизмҳои нави ироаи кумакҳои иҷтимоиро коркард дорад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёмаш ба мардуми ин кишвар дар бораи ислоҳи механизми ҷудо кардани кумаки иҷтимоӣ ба сокинони камбизоат суҳбат карда буд. Бар пояи омори расмӣ, тайи 5 соли охир шумори дарёфткунандагони кумаки иҷтимоӣ барои камбизоатӣ аз 77 ҳазор то ба 1,8 миллион кас расидааст.

NYT: Трамп барои исботи дахолати Украина дар интихоботи ИМА далел меҷӯяд

Нашрияи The New York Times навиштааст, ки президенти ИМА Доналд Трамп ва зертобеони ӯ аз Украина танҳо ҷустуҷӯи мавод зидди муовини пешини президент Ҷо Байденро намехостанд.

Ба иттилои The New York Times, онҳо далелеро ҷустуҷӯ доштанд, ки исбот кунад, Украина дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 ба нафъи рақиби Трамп - Ҳилларӣ Клинтон дахолат кардааст.

Нашрия бо истинод ба манбаъҳои худ дар ИМА ва Украина навишт, Трамп, аз ҷумла далелеро ҷустуҷӯ дошт, ки исбот кунад, қазияи рахнаи сервери Ҳизби демократ на ба Русия, балки ба Украина рабт дорад. Ҳамчунин ба назари Трамп, сервере, ки дар он мукотибаи электронии гумшудаи Ҳилларӣ Клинтон нигаҳдорӣ мешавад, дар Украина аст.

Трамп бар ин аст, ки баъзе аз неруҳо дар Украина дар пайдо кардани мавод зидди раиси ситоди пешини ӯ Пол Манафорт ҳангоми кораш дар он кишвар ба демократҳо "кумак" кардаанд.

Президенти ИМА ахиран бори дигар демократҳоро ба он айбдор кард, ки тафтишотро барои изҳори нобоварӣ ба ӯ бо ангезаҳои сиёсӣ оғоз карданд. Ба гуфтаи Трамп, сухани худи Зеленский, ки касе ба ӯ фишор наовардааст, метавонад парвандаро қатъ кунад.

Вале демократҳо бо ин розӣ нестанд. Кумитаҳои Палатаи намояндагон, ки парвандаро таҳқиқ доранд, аз Департаменти давлатӣ хостанд, санадҳо дар бораи тамоси маъмурияти президенти ИМА бо Украинаро пешниҳод кунад.

Раиси пешини амнияти Узбекистон 18 сол зиндонӣ шуд

Ихтиёр Абдуллоев, раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон бо айби ташкили ҷамъияти ҷиноӣ 18 сол зиндонӣ шуд.

Додгоҳи низомии Узбекистон ҳукми Абдуллоев ва ҳаммаслаконашро рӯзи 27-уми сентябр эълом кард.

Аз маркази матбуотии додгоҳ хабар доданд, ки Ихтиёр Абдуллоев дар ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, порагирӣ, хилофи манофеи Узбекистон амал кардан, тамаъҷӯӣ, дуздии амволи ғайр, вайрон кардани қонунгузории соҳаи гумрук ва сӯистифода аз мансаб айбдор шуд.

Додгоҳ ҳамчунин Ҷаҳонгир Игамов, муовини пешини раиси Хадамоти давлатии амниятро (ХДА) 16 сол, мушовири пешини раиси (ХДА) Алишер Ишанхоҷаевро 17 сол, муовини пешини додситонии шаҳри Тошканд Ёркин Абдуллоевро 14 сол ва афроди дигари шомили ҷамъияти Ихтиёр Абдуллоевро ба солҳои гуногуни зиндон ҳукм кард.

Ихтиёр Абдуллоев соли 2018 раиси Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон таъйин шуд. Вай то он замон додситони кулли Узбекистон буд. Пештар сенатор ё вакили палатаи болоии порлумони Узбекистон буд.

Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ аз мақоми раисии Хадамоти давлатии амнияти миллӣ барканор шуд.

Як зодаи Узбекистон дар ИМА ба сармоягузории ДОИШ айбдор шуд

Додгоҳе дар ИМА Дилҳаёт Қосимов, як зодаи Узбекистонро бо айби сармоягузории гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" 30 сол зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Дилҳаёт Қосимов ҳамроҳ бо як узбекистонии дигар - Аброр Ҳабибов 1600 доллари ИМА ҷамъ оварда, ният доштанд, онро ба зодаи Қазоқистон Аҳрор Саидаҳмадов диҳанд. Аҳрор Саидаҳмадов тасмим дошт, ба Шарқи Наздик рафта, шомили "Давлати исломӣ" шавад.

Саидаҳмадов 25-уми феврали соил 2015 дар фурудгоҳи Ню-Йорк замоне боздошт шуд, ки қасди парвоз ба Туркияро дошт. Дилҳаёт Қосимов дар додгоҳ гуфт, аз тасмими Саидаҳмадов барои пайвастан ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" огоҳ буд.

Додгоҳ Саидаҳмадови 22-соларо дар соли 2017 15 сол зиндонӣ карда буд.

"Үмүт2020": ҳамла ба рӯзноманигорон ҳамла ба озодии баён аст

Ҳаракати "Үмүт2020" ҳамла ба наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ойбек Кулчумановро дар Ӯш шарҳ дод.

"Ҳамла ба рӯзноманигорон ҳамла ба озодии баён дар Қирғизистон буда, ба рушди демократии кишвар хатар дорад. Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар талаб мекунем, ки зидди ҳамлагарон чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Мақомот бояд мавқеи худро дар робита ба ҳаводиси Ӯш равшан ва аз рӯзноманигорон ҳимоят кунанд", - афзудааст ҳаракат.

Рӯзи 28-уми сентябр афроди ношинос ба наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш ҳамла карда, техникаҳои ӯро гирифтанд. Дар пайи шикояти ӯ пулис бо банди "Дуздӣ" тафтишро оғоз кард. Ҷониби дувум низ ба пулис шикоят карда, гуфтааст, дроне, ки хабарнигори радио бо он навор мегирифт, дар назди манзили зисташ ба сари ӯ афтид. Вале дрон вақте аз идора берун шуд, ки афроди ношинос ба хабарнигор ҳамла карданд.

Тазоҳуроти зидди таъқиботи сиёсӣ дар Русия

Рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Маскав тазоҳуроти зидди “таъқиботи сиёсӣ дар Русия” баргузор шуд. Мақомоти шаҳри Маскав ба баргузории он иҷозат додаанд. Иштирокдорон дар суханрониҳои худ ба озодии зиндониҳои сиёсӣ даъват карданд.​

Пахши зиндаи барномаҳои ТВ "Настоящее время" аз тазоҳуроти Маскав (бо забони русӣ):

Пулиси Русия гуфт, дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар пойтахт 20 ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Дар миёни онҳо Алексей Навалний, раҳбари мухолифин низ ҳаст.

Тобистони имсол дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳазорон нафар ба сабаби роҳ наёфтани номзадҳои мухолифон ба интихоботи маҷлисҳои шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург ва бо талаби интихоботи озоду одилона эътироз карданд. Мақомот гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин натавонистаанд, барои сабти ном ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оваранд.

Дар натиҷа, беш аз ду ҳазор нафар дастгир ва баъзеи онҳо ҷаримаву ҳабс шуданд.

Дар интихоботи Афғонистон чанд нафар раъй дод? Омор ва тахминҳо. ВИДЕО

Як узви Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, бино ба ҳисоби ғайрирасмӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 28-уми сентябр дар ин кишвар "каме беш аз ду миллион нафар" ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтаанд. Дар ҳоле ки барои иштирок дар интихоботи президентии ин кишвар беш аз нӯҳуним миллион нафар сабтином шуда буд.

Нозирони Кумисюни мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон гуфтанд, ки ҳузури занон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ "хеле кам буд".

Нақши занон дар интихоботи президентии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Баъзе аз ниҳодҳои дохилии нозир дар Афғонистон гуфтаанд, ки интихоботи президентии рӯзи шанбе нисбат ба чанд интихоботи гузашта "шаффофтар буд", аммо "иштироки мардум кам ба назар мерасид".

Дар интихоботи президентии Афғонистон дар соли 2014-ум 7 миллион нафар овоз дода буд.

Интизор меравад, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон ба зудӣ шумори умумии онҳоеро, ки дар интихобот иштирок кардаанд, эълон кунад. Аз ҳисобҳое, ки то кунун анҷом гирифтааст, дар тақрибан 2600 марказ беш аз як миллион нафар раъй додаанд. Ин омор ҳудуди 55 дарсади марказҳои раъйдиҳиро дар бар мегирад.

Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд ва номзадҳои асосӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.

Дар миёни номзадҳои дигар, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти миллӣ ва ҳам Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони ифротӣ ҳам ҳастанд.

Интизор меравад, натиҷаҳои аввали интихобот рӯзи 19-уми октябр эълон шавад, чун барои мақомоти интихоботӣ барои расидагӣ ба шикоятҳо ва гирифтани натиҷаҳо аз минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ фурсат лозим аст. Натиҷаҳои ниҳоиро рӯзи 7-уми ноябр эълон мекунанд.

Узбекистон аз Сурияву Ироқ 235 шаҳрвандашро берун меорад

Узбекистон аз Сурияву Ироқ 235 шаҳрванди худро берун меорад. Дар ин бора Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, охири ҳафта дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

Ӯ гуфт, «интизори бозгашти 65 кӯдак аз Ироқ ва 179 нафари дигар аз Сурия ҳастем. Дар ин замина ба пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ ва баъзе аз кишварҳо ниёз дорем.»

Комилов ҳамчунон гуфт, Узбекистон дар мавриди ба ҳаёти осоишта баргардондани онҳое, ки аз минтақаҳои низоъ баргаштаанд, таҷруба дорад. «Умедворем, ки гуруҳҳои нав кӯшиш нахоҳанд кард, то ба чунин минтақаҳо бираванд», -- афзуд ӯ.

Мақомоти Узбекистон моҳи майи имсол аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна 156 шаҳрванди худ, асосан занону кӯдаконро ба кишвар оварданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баъзе аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Тоҷикистон низ то кунун беш аз 80 кӯдакро аз Ироқ ба ватан оварда, баъзеи онҳоро ба наздикон ва қисми зиёдро ба интернатҳо супурдааст.

Додгоҳҳои Ироқ даҳҳо зани тоҷикро барои ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба муддати тӯлонии зиндон ва ҳабси абад маҳкум кардаанд. Қарор аст, Тоҷикистон аз Сурия низ занону кӯдаконро баргардонад.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд.

Трамп: Демократҳо мехоҳанд, ҳама ихтиёрро дар даст гиранд

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз таҳқиқ дар мавриди изҳори нобоварӣ ё импичменти ӯ ба сабаби гуфтугӯи телефониаш бо Владимир Зеленский, президенти Украина, шадидан интиқод кард ва онро "бузургтарин дасиса дар таърихи сиёсии Иёлоти Муттаҳида" хонд.

Қаблан аъзои демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико иддао карданд, ки Трамп моҳи июли имсол ба Зеленский гуфтааст, фаъолиятҳои иқтисодии Ҷо Байден, рақиби эҳтимоли Трамп дар интихоботи соли 2020 ва писарашро таҳқиқ кунад. Ба иттилои демократҳо, Трамп гуфтааст, танҳо дар он сурат кумакҳои низомӣ ба Киевро афзоиш хоҳад дод.

Раиси ҷумҳур Трамп дар як паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, "демократҳо мехоҳанд ҳамаи ихтиёрро ба даст гиранд".

Аъзои демократ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳафтаи гузашта талошҳоро барои таҳқиқ дар мавриди импичменти Доналд Трамп оғоз карданд.

Доналд Трамп мегӯяд, "демократҳо мехоҳанд, аслиҳа ва озодии мардуми Амрикоро бигиранд", аммо чунин иқдомҳо, ба гуфтаи ӯ, "ҳеч гоҳ имконпазир нахоҳад буд".

Бино ба Қонуни асосии Амрико, президенти ин кишвар барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.

Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.

Шӯришиёни ҳусии Яман гуфтанд, ба Саудӣ "ҳамла кардаанд"

Шӯришиёни ҳусии Яман иддао карданд, ки дар наздикии шаҳри Наҷрон, дар ҷануби Арабистони Саудӣ, ҳамлаи бузургеро ба роҳ андохтанд.

Онҳо гуфтанд, дар ин ҳамла шумори зиёди низомиёни артишро дастгир карда, мошину васоили дигарашонро бо худ оварданд.

Сухангӯи шӯришиёни ҳусии Яман рӯзи 28-уми сентябр дар баёнияе гуфт, дар натиҷаи ҳамла "се афсари Арабистон кушта шудааст".

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ то кунун дар ин маврид чизе нагуфтааст. Ин эътилоф аз соли 2015 боз бо шибҳинизомиёни ҳусӣ дар ҳоли ҷанг аст.

Дар ҷанги Яман ҳазорон нафар кушта ва ҳазорон тани дигар ба як буҳурони башарӣ дучор шудаанд.

Дар аввали моҳи сентябр ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон иддао карданд, ки ба чанд муассиаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд. Саудӣ ва Амрико дар ин ҳамла Эронро гунаҳкор донистанд. Теҳрон ҳамагуна дахолат дар ҳамлаи рӯзи 14-уми сентябр ба корхонаҳои истихроҷи нафти Саудиро рад кардааст.

Ҳусиҳо рӯзи 20-уми сентябр гуфта буданд, агар эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳамлаҳоро бас кунад, онҳо низ ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймои бидуни сарнишин ба Саудиро бозмедоранд. Эътилоф ҳанӯз ба ин пешниҳод ҷавоб надодааст.

Барномаи нави ИМА барои ҳимоят аз соҳибкорони Осиёи Марказӣ

Иёлоти Муттаҳида Tech Central Asia – барномаи наверо барои рушди ихтироъкорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистону се кишвари дигари Осиёи Марказӣ эълон кардааст.

Мақомоти сафорати Амрико дар Душанбе охири ҳафтаи гузашта дар баёнияе гуфтанд, ин барнома ба соҳибкорону донишҷӯён ва ихтироъкорон барои оғоз ва рушди фаъолият дар Қазоқистону Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Ба онҳое, ки тарҳҳояшон дар ин барнома пазируфта хоҳад шуд, имкони гирифтани "маслиҳати мутахассисон, иштирок дар лексияҳо ва дарсҳои амалӣ доир ба соҳибкорӣ" дода мешавад.

"Муаллифони пешниҳодҳои беҳтарин ба шаҳри Нурсултони Қазоқистон ба маъракаи ҷамъбастии барномаи Demo Day, ки дар Донишгоҳи Назарбоев баргузор мегардад, даъват карда мешаванд. Ин ба онҳо имконияти ҷамъоварии пул барои амалӣ кардани барномаҳои пешниҳодиро медиҳад", -- гуфта шудааст дар баёния.

Барномаи Tech Central Asia аз тарафи NURIS (бахши инноватсионии Донишгоҳи ба номи Нурсултон Назарбоеви Қазоқистон) якҷо бо сафорати Амрико ва Бизнес-инкубатори давлатии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Интихоби тарҳҳо дар шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми сентябр анҷом шудааст, вале натиҷаи он ҳанӯз маълум нест.

Раҳпаймоии ним миллион нафар дар Канада бо Грета Тунберг

Раҳпаймоӣ рӯзи 27-уми сентябр сурат гирифт.

Грета Тунберг, фаъоли навраси муҳити зистӣ дар раҳпаймоии 500 ҳазор нафар дар шаҳри Монреали Канада ширкат кард, ки мехоҳанд, аз ин роҳ огаҳӣ аз хатари тағйири иқлимро боло баранд. Онҳо дар ин раҳпаймоӣ аз раҳбарони ҷаҳон хостанд, барои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ, як омили асосии гармоиши курраи Замин кори бештар кунанд.

Духтари 16-сола аз Шветсия ҳамчунин бо Ҷастин Трудо, нахуствазири Канада мулоқот кардааст ва рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ки ӯ барои коҳиши газҳои гӯлхонаи “ба қадри кофӣ талош намекунад.” Ӯ афзуд: “Паёми ман ба тамоми раҳбарони ҷаҳон яксон аст. Бишнавед ва бар асоси илм амал кунед.”

Дар Канада, донишгоҳу мактабу коллеҷҳо дарсҳоро лағв карда ба донишҷӯён иҷоза доданд, ки дар раҳпаймоӣ ширкат кунанд. Грета Тунберг ба як рамзи ҳаракати эътирозии ҷаҳонӣ ба зидди гармоиши курраи Замин табдил шудааст. Бо илҳом аз ӯ миллионҳо нафар аз ҷавонон дар ҷаҳон ба кӯчаҳо баромада ва аз раҳбаронашон хостаанд, ки барои пешгирӣ аз гармоиши сайёра чораҳои бештар андешанд.

Норвегия 60 шаҳрванди Қазоқистонро ихроҷ мекунад

Акс аз бойгонист.

Як дипломати қазоқ гуфт, 60 шаҳрванди Қазоқистонро дар Норвегия боздошт кардаанд ва мумкин аст, онҳоро барои риоят накардани муқаррароти сафар хориҷ кунанд. Талгат Ҷумъагулов аз сафорати Қазоқистон дар Норвегия рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандон дар як меҳмонхонае дар шаҳраки Эйдсвол дастгир шудаанд.

Ба қавли дипломат: “Онҳо бо раводиди туристӣ ба Норвегия омадаанд ва хостаанд, ҳамчун муҳоҷир дар инҷо бимонанд, вале акнун ихроҷ мешаванд.” Расонаҳои Норвегия рӯзи 25-уми сентябр дар бораи боздошти 67 хориҷӣ гузориш доданд ва гуфтанд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд. Солҳои ахир теъдоди зиёде аз қазоқҳо барои пайдо кардани ҷойи кору ҷойи иқомати беҳтар ватанашонро тарк карда, ба дигар кишварҳо рафтаанд.

Руди Ҷулиани аз сафар ба Арманистон даст кашидааст

Руди Ҷулиани

Руди Ҷулиани, вакили дифои хусусии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ба таври ногаҳонӣ аз ширкат дар як нишасте дар Арманистон даст кашидааст, ки қарор буд, онҷо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам ширкат кунад.

Рӯзномаи Вашингтон Пост рӯзи 27-уми сентябр гузориш дод, ки Руди Ҷулиани дар мусоҳибае тасдиқ кард, ки ба Ереван меравад, аммо баъди гузориши рӯзнома дар бораи нишаст гуфтааст, ки дар он ширкат намекунад. Руди Ҷулиани ба “Вашингтон Пост” гуфтааст, намедонист, ки Владимир Путин ҳам онҷо меравад. Ҷулиани яке аз афроди асосӣ дар моҷарои суҳбати телефонии Доналд Трамп бо Володомир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аст.

Бино ба гузориши рӯзнома, Руди Ҷулиани гуфтааст, аслан аз дастури кор ва феҳрасти ширкаткунандагони нишаст дар Арманистон хабар надошт. Ӯ гуфтааст, “Фикр мекардам, ки ба як нишасти амниятӣ ба Арманистон меравам. Кохи Сафед ва вазорати умури хориҷии Амрико ин хабарро шарҳ надодаанд.

Истеъфои фиристодаи хоси Амрико барои Украина

Курт Волкер ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Украина

Бо авҷ гирифтани моҷаро бар сари амалкарди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба кӯмаки низомӣ ба Киев, Курт Волкер, фиристодаи вижаи Амрико барои Украина аз мақомаш истеъфо додааст. Донишгоҳи Давлатии Аризона, ки Курт Волкер онҷо ҳам кор мекунад, рӯзи 27-уми сентябр гузориши Си Эн Эн, Ню Йорк Таймс ва дигар расонаҳои амрикоӣ дар бораи истеъфоро тасдиқ кард.

Ҳукумат ва Вазорати умури хориҷии Амрико ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд ва худи Волкер ҳам ба номаи электронии Радиои Озодӣ посух надод. Номи Курт Волкер дар шикояти як мақоми собиқи Кохи Сафед омадааст, ки аз амалкарди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пинҳонӣ ба мақомоти назоратӣ шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи ин фард Доналд Трамп, кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба таъхир андохтааст, то ин кишварро маҷбур кунад, ки дар бораи писари рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи оянда Ҷо Байден иттилооти бадномкунанда ба даст биёрад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури собиқи Украина, Курт Волкерро барои мусоидаташ дар тақвияти ҳамкориҳои Амрикову Украина ситоиш кардааст.

HRW ва Хонаи Озодӣ аз Тоҷикистон хостанд, "интиқомҷӯӣ"-ро бас кунад

Ду созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз давлати Тоҷикистон хостаанд, “интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон”- ро бас кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Хонаи Озодӣ, ки дар Ню Йорк қароргоҳ доранд, рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтанд, боздошти як фаъоли мухолифони давлат дар Белорус ва даъвати хешовандони яке дигар ба идораҳои амниятӣ “интиқомҷӯӣ барои интиқоди онҳо аз маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон аст.”

Баёнияи мазкур баъд аз он нашр шуд, ки мақомоти Беларус гуфтанд, Фарҳод Одинаев, яке аз аъзои собиқи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро дар марзи кишвар дастгир кардаанд.

Ӯ, ки ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшава мерафтааст, бо дархости қаблии ҳукумати Тоҷикистон дастгир шудааст. Ӯро ба узвият дар созмони мамнуъ ва тарғиби ифротгароӣ муттаҳам мекунанд.

Аз ин пештар Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке дигар аъзои ҳизби мазкур гуфт, ки баъди суханронии ӯ дар як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава ва интиқоди ӯ аз сиёсатҳои давлат, мақомот модари ӯ ва ду хешованди дигарашро ба идораи амниятӣ даъват кардаанд.

Марк Берендт, мудири бахши Аврупо ва Авруосиё дар Хонаи Озодӣ гуфтааст: “Ҳадаф гирифтани мунтақидон дар хориҷ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо дархости боздошти онҳо аз Интерпол, таҳдид ба хонаводаҳои онҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна кишварҳои саркӯбгар дар минтақа мекӯшанд, мунтақидонашонро хомӯш кунанд.”

Стив Свердлов, пажуҳишгари аршади Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Осиёи Марказӣ гуфтааст, давлати Беларус бояд тааҳудоти байналмилалиашро иҷро карда ва “Одинаевро ба ҳеҷ ҷое аз ҷумла Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, бо ӯро дар онҷо бадрафторӣ ё шиканҷа сурат бигирад.”

Ӯ ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба ҳар гуна интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон дар хориҷ фавран хотима диҳанд.

Нашри феҳрасти 10 ганҷинаи Тоҷикистон. Кадомҳоянд?

Бо ҳадафи мусоидат ба ҷалби саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ ва Кумитаи саёҳӣ феҳрасти 10 ганҷи бузурги Тоҷикистонро нашр кардаанд. Дар он шаҳраки қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим, Ҳафткӯл, Қалъаи Ҳисор, Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Карон, Боғи миллии Тоҷикистон, Гармчашма, Қалъаи Ямчун ҳамчун 10 ганҷинаи бебаҳои Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ин китобчаи 35 саҳифаӣ сарзамини зебое барои сайёҳӣ номидааст, ки чаҳорроҳаи тамаддунҳои гуногун ва Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад. Китобчаи муаррифӣ дар вебсайти Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 26-уми сентбр нашр шуд. Хабаргузории “Ховар” рӯзи 27-уми сентябр навишт, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи кишвар бештар аз 1 миллион сайёҳ ба дидани Тоҷикистон омадаанд.

Ҳукумат рушди туризмро барои пешрафти иқтисод бисёр муҳим номидааст, аммо зербунёдҳои заиф, набуди хатсайрҳои ҳавоӣ ба кишварҳои гуногун, мушкилот дар гирифтани раводид, вуҷуди фасод дар байни маъмурони милисаро аз мушкилоти умдае меноманд, ки монеи омадани саёҳон ба Тоҷикистон шудаанд.

Барои қатли хоҳари маъруфаш ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд

Додгоҳе дар Покистон рӯзи 27 сентябр Муҳаммад Васим, бародари ситораи кушташудаи шабакаҳои иҷтимоиро барои қатли хоҳараш дар соли 2016 ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард. Додгоҳи шаҳри Мултон гуфт, ки Қандил Балуч қурбонии куштори номусӣ шуд ва бародараш масъули ин куштор дониста мешавад. Сардор Маҳбуб, вакили дифои Муҳаммад Васим гуфт, ки ӯ ва зерҳимояаш аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд. Ба гуфтаи вакил, шаш гумонбари дигари ширкатдор дар қатли ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд. Дар миёни онҳо ду бародари дигари Балуч, амакбача, ҳамсоя, як ронанд ва як муллои маҳаллӣ ҳам гумонбар дар куштор буданд.

Васим дар як нишасти матбуотии соли 2016, ки аз ҷониби полис ташкил шуд, эътироф кард, ки хоҳари 26-солаашро барои фаъолиятҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қатл кардааст.

Қандил Балуч бо нашри видеоҳои чолишбарангезаш маъруф буд. Ӯ мегуфт, ки мехоҳад зеҳни ҷомеаи муҳофизакори Покистонро тағйир диҳад. Ӯ пеш аз қатлаш чандин бор паёмҳое бо таҳдиди марг дарёфт кардааст.

Балуч, ки исми воқеиаш Фавзия Азим буд, дар бархе матолиб ҳамчун Ким Кардашяни покистонӣ ёд мешуд, чунки талош дошт худро ба ҳайси як модел ва ҳунарманди зебову намунавии аврупоӣ дар як кишвари суннатии Осиёи Ҷанубӣ муаррифӣ кунад.

Куштори ин зани ҷавон боиси эътирозҳои зиёд ва даъват аз ҳукумат барои ташдидёбии муҷозот барои кушторҳои номусӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи зан гардид.

Дар Намангон рейди зидди риш баргузор шуд

Ҷамолиддин Муҳаммад, як сокини Тошканд ба президент муроҷиат карда хост, ки ба риштарошиҳои маҷбурӣ хотима диҳанд. Риши ӯро дар Тошканд дар як рейди полис тарошиданд

Тоҷирони бозор дар шаҳри шарқии Намангони Узбекистон мегӯянд, ки мақомот кормандони бозор ва муштариёнро маҷбур мекунанд, ки ришҳои худро битарошанд. Тоҷирон мегӯянд, ки шурӯъ аз 22 сентябр дар бозори маҳсулоти кишоварзии Чорсӯ нафароне бо либоси мулкӣ гаштугузор карда бидуни намоиши санадҳои худ мардони ришдорро нигоҳ медоранд. Ин нафарон ба таври шифоҳӣ худро ҳамчун ходимони ҳифзи қонун муаррифӣ карда мегӯянд, ки риши худро битарошанд. Бархе аз мардони ришдорро ба идораи полис мебаранд ва маҷбуран риши онҳоро метарошанд. Дар ҳолатҳои дигар онҳо мардонро танҳо ҳушдор дода ҷавоб медиҳанд.

Вале бархе тоҷирон мегӯянд, ки бино ба масоили эътиқодӣ намехоҳанд риши худро битарошанд. Мақомоти маҳаллӣ барои шарҳи ин ҳодиса дастрас набуданд.

Амалиёти мақомот дар Намангон як моҳ баъди чунин рейде дар Тошканд баргузор шуд. Дар як бозори маҳаллии пойтахти Узбекистон мақомот тоҷирону харидорони ришдорро ба идораи полис бурда, он ҷо ришашонро гирифта ҷавоб доданд.
Дар вокуниш ба интиқодҳо ба ин амали мақомот моҳи август полиси шаҳри Тошканд бо нашри изҳороте гуфт, ки бо далелҳои амниятӣ аз бархе мардони ришдор хостанд, ки ришҳояшонро тарошида дар шиносномаҳои биометриашон акс гиранд. Шавкат Мирзиёев соли 2016 президенти Узбекистон шуд ва иқдоми муайяне дар заминаи сабуктар шудани муқаррароти сиёсиву динӣ даст гирифт. Вале боз ҳам, ба гуфтаи нозирон, дин аз ҷониби мақомот шадидан назорат мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини об дар Хатлон $ 58 млн. тақдим кард

Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр татбиқи барномаи наверо шурӯъ кард, ки таъмини об ва меъёрҳои беҳдорӣ ё санитарияро дар манотиқи деҳот дар назар мегирад. Тарҳе бо арзиши 58 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси грант ё кӯмаки бебозгашт дода мешавад ва қарор аст дар давоми панҷ соли оянда дар вилояти Хатлон мушкили дастрасии манотиқи деҳот бо оби тоза ҳалли худро пайдо кунад.

Тарҳи мазкур таъмини 400 ҳазор аҳолӣ бо оби поки ошомиданӣ ва сохтмони нуқтаҳо ё макони гигиенаву тозагӣ ваё ташноб барои 100 ҳазор кӯдаку наврасро дар назар мегирад. Масъулини Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, ки иншооти санитарӣ дар 200 мактаб ва марказҳои саломатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёд ё барқарор мешавад.

Нигина Алиева, сухангӯи дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иҷрои лоиҳа аз шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон оғоз шуд. Нигина Алиева гуфт, ки лоиҳа шаш ноҳияи водии Вахш ва як ноҳияи минтақаи Кӯлобро фаро мегирад. Ӯ гуфт:

“Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии анҷумани байналмилалии рушд сарпарастӣ мешавад. Ҳадафаш беҳтар кардани хизматрасонии обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар минтақаҳои камбизоати Хатлон мебошад. Лоиҳа тоза оғоз шуда, дар панҷ соли оянда амалӣ мешавад.”

Бар асоси ин лоиҳа, қарор аст масъалаи дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ дар ноҳияҳои Вахш, Леваканд (собиқ Сарбанд), Кушониён (собиқ Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Ҷалолиддини Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ва ноҳияи Восеъ амалӣ шавад. Бар асоси барнома, назорати иҷрои тарҳро вазорати молия, Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ӯҳда мегиранд.

Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ лоиҳаро барои рушди деҳот ва зиндагии мардум муҳим хонда гуфт, ки бо пули Бонки ҷаҳонӣ таъмини истгоҳҳои обкашонӣ ва азнавсозии лӯлаҳои обгузар дар назар аст:

“Бо ин грант техникаҳо харидорӣ меашвад, қубурҳои обгузаре, ки 50 ва 70 сол хизмат кардаанд, иваз карда мешаванд. Қубурҳои обкашонӣ дар шаҳру навоҳӣ таъмин мешаванд. Харидории таҷҳизот дар назар аст, ки мардумро ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин кунад. Дар баъзе деҳаҳо умуман хаттӣ обкашонӣ нест, ки онҳоро ба хатти об таъмин мекунад.”

Роҳандозӣ шудани тарҳи навсозии системаи обтаъминкунӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки мушкили дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ яке аз сангинтарин мушкилоти деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон баъди касби истиқлол шудааст. Бар асоси ҳисобҳои мухталиф, аз 40 то 50 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ мушкил доранд.

Дар ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш чанд деҳоте ҳаст, ки онҷо оби ошомиданӣ нест ва заминҳои зиёде ба хотири набудани об кишт намешаванд. Сокинон як тонна обро бо қимати беш аз 150 сомонӣ мехаранд. Қарор аст қубурҳои обгузар ба ин ҷо ҳам кашида шаванд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири тоҷик ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
XS
SM
MD
LG