Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҷонсон Эронро масъули ҳамла ба марказҳои нафти Саудӣ хонд

Борис Ҷонсон

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, гуфт, кишвараш ба ин натиҷа расидааст, ки Эрон масъули ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудӣ мебошад.

Ҷонсон ҳамчунон гуфт, онҳо дар бораи саҳм гирифтан дар талошҳои низомии Амрико барои тақвияти дифоии Арабистони Саудӣ фикр хоҳанд кард.

Ӯ, ки ҳангоми сафар ба Ню-Йорк бо хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, Бритониё бо муттаҳидонаш дар хусуси коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна кор мекунад. Нахуствазири Бритониё дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок хоҳад кард.

Танишҳо дар Ховари Миёна дар пайи ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Саудӣ сахттар шудааст. Амрико ва Арабистони Саудӣ бовар доранд, Эрон дар ин ҳамла даст дорад. Эрон ин иттиҳомро рад кардааст.

Масъулияти ҳамлаи як ҳафта пеш ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудиро шӯришёни ҳусии Яман ба уҳда гирифтаанд. Ҳусиҳо аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд.

Пулиси Қазоқистон ҳудуди 100 нафарро дастгир кардааст

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки тақрибан 100 нафарро барои иштирок дар эътирозҳои бе иҷоза дастгир кардаанд. Тазоҳурот рӯзи 21-уми сентябри имсол дар чанд шаҳри Қазоқистон баргузор шуд.

Эрлан Турғумбоев рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Нурсултон ба хабарнигорон гуфт, "нӯҳ нафар барои чанд рӯз зиндонӣ ва шаш тани дигар ҷарима шуданд. Дигаронро ҷавоб додем." Вазир тафсилоти дигар надод.

Рӯзи 21-уми сентябр пулиси Қазоқистон даҳҳо нафарро бо иттиҳоми иштирок дар тазоҳуроти ҷонибдорони мухолифин дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва чанд шаҳри дигари ин кишвари ғанӣ аз нафти Осиёи Марказӣ боздошт карданд. Тазоҳурот аз тарафи созмони Интихоби Демократии Қазоқистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар мамнӯъст ва раҳбараш Мухтор Аблязов дар фирор ба сар мебарад, ташкил шудааст.

Мақомоти Қазоқистону Русия ва Украина Мухтор Абдлязовро бо гумони дуздии тақрибан 5 миллиард доллар ҷустуҷӯ мекунанд. Худи вай ин иттиҳомро рад кардааст.

Аблязов рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбати видеоӣ ба телевизиони "Настоящее время" гуфт, боздошти тазоҳургарон дар Қазоқистон "нишонаи тарси бузурги мақомот аст".

Додгоҳи Қазоқистон соли гузашта Мухтор Аблязовро бо ҷурми қатл ғоибона ба ҳабси абад маҳкум кард. Додгоҳе дигар Аблязовро бо гуноҳи "ташкилу раҳбарии гуруҳи ҷиноӣ, дуздӣ ва мудирияти нодуруст" ғоибона бист сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Мухтор Аблязов ҳамаи иттиҳомотро рад ва дорои ангезаи сиёсӣ хондааст.

Баҳси $220 миллион. Ҳайати СБП бори дувум ба Тоҷикистон омад

Падамҷа Хандевал

Як ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Хандевал ба Тоҷикистон омадааст.

Ин ҳайат рӯзи 23-юми сентябр бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқот кард. Мақомот мегӯянд, ҷонибҳо “дар бораи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва сатҳи таваррум суҳбат доштанд”.

Дафтари матбуоти вазорат дар бораи ҷузъиёти ин дидор маълумот надодааст. Аммо имсол бори дувум аст, ки ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Ханделвал ба Тоҷикистон меояд.

Душанбе умед дорад, ки бо анҷом додани гуфтугӯҳо аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ 220 миллион доллар қарз дарёфт бикунад.

Пас аз моҷарои "пешниҳоди иттилои бардурӯғ" ва "истифодаи ғайримақсадноки" қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пул аз соли 2009 ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накардааст. Тақрибан даҳ сол боз кишвар аз қарзу грантҳои ин созмон бенасиб аст.

Сандуқи Байналмилалии Пул танҳо дар соли 2017 барои дубора оғоз кардани барномаҳояш ибрози омодагӣ карда, дар иваз дар назди Тоҷикистон 15 шарт гузошт. Шартҳои созмон марбут ба ислоҳот дар иқтисоду сохтори бонкӣ ва қонунгузорӣ буд.

Аз ҷумла, коршиносони созмон аз Тоҷикистон хостанд, ки "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро муфлис эълон кунад ва ба ширкатҳои алоҳида имтиёз надиҳад. Инчунин, мутахассисони Сандуқи байналмилалии пул бо ин, ки аз бунёди нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, маблағгузорӣ шудани ин тарҳ аз ҳисоби буҷетро машварат намедиҳанд.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Аммо коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар вом бигирад.

Зидди раҳбари оҷонси кори "Human"-и Тошканд парванда боз шуд

Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ки зидди сардори Оҷонси кори "Human" бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

52 шаҳрванди Узбекистон рӯзи 16-уми сентябр ба Идораи пулиси ноҳияи Яккасаройи Тошканд муроҷиат карда гуфтаанд, ки аз моҳи ноябри соли 2018 то сентябри соли 2019 бо оҷонси мазкур қарордоди корӣ бастаанд, вале ин ширкат уҳдадориҳои худро иҷро накард.

Бар асоси қарордод, "Human" ваъда додааст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонро бо ҷои кор дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, Чехия, Ҷопон, Туркия, Булғористон ва Литва таъмин хоҳад кард. Шаҳрвандони Ӯзбекистон бар ивази хадамот ба оҷонс аз 18 то 35-миллионсӯмӣ пардохт кардаанд, ки маблағи умумӣ 1,67 млрд сӯмро ташкил медиҳад.

Ба иттилои пулиси Тошканд, оҷонс ваъдаи худро иҷро накардааст ва пули сокинонро низ барнагардондааст. Дар натиҷа додситонии пойтахти Узбекистон зидди раҳбари "Human" Шохнур Ф-и 29-сола бо банди "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Варзишкори машҳур дар тирпарронии шаҳри Ӯш захмӣ шуд

Дар деҳаи Фурқати вилояти Ӯши Қирғизистон рӯзи 22-уми сентябр тирпарронӣ рух дод. Ба иттилои расонаҳо, дар ин тирпарронӣ варзишкори машҳури қирғизистонӣ Раҳмонбердӣ уулу захмӣ ва бистарӣ шудааст.

Алмаз Маматалиев, як масъули бемористон гуфт, варзишкор аз рони пой тир хӯрдааст.

Бино бар иттилои тасдиқношуда, Килич Саркорбоев, варзишкори дигар Раҳмонбердӣ уулуро захмӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир Саркорбоев роҳбари кумитаи варзиши шаҳри Ӯш аст.

Гуфта мешавад, Саркорбоев аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Мақомоти расмии Қирғизистон ин ҳодисаро ҳоло шарҳ надодаанд.

Тологон Раҳмонбердӣ уулу соҳиби унвони қаҳрамони Осиё дар намуди муҳорибаи бидуни қоида аст.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи маҷмаи умумии СММ иштирок мекунад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи 74-уми Маҷмаи умумии СММ озими Ню-Йорки ИМА шуд. Дар ин бора расонаҳои давлатии Қазоқистон рӯзи 23-юми сентябр хабар доданд.

Дар ҷараёни ин сафар Тоқаев бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарону ҳайатҳои чанд кишвар, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, намояндагони тиҷорати амрикоӣ, доираҳои сиёсиву коршиносии ИМА мулоқот хоҳад кард. Сафари Тоқаев то 25-уми сентябр идома мекунад.

Интизор меравад, ки дар кори ҷаласаи 74-ум 196 ҳайат, наздики 100 роҳбари кишварҳои дунё, бештар аз 80 роҳбари ҳукуматҳо ширкат кунанд. Тоқаев дар ҷаласаи Маҷмаи умумӣ суханронӣ хоҳад кард. Соли ҷорӣ гуфтугӯҳои Маҷмаи умумӣ дар мавзуи "Эътилофи талошҳои чандҷониба барои решакан кардани фақр, густариши таҳсилоти босифат, амалҳои иқлимӣ ва рӯйкардҳои ҷамъӣ" баргузор мешавад.

Русия бозсозии артиши Абхозистонро сармоягузорӣ мекунад

Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукуматаш дастур дод, созишномаи пардохти харҷи муосирсозии неруҳои низомии Абхозистони эътирофнашударо имзо кунад.

Ҳаҷми маблағе, ки дар муосирсозии артиши Абхозистон харҷ мешавад, ошкор нагардидааст.

Абхозистон минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон аст, ки баъди ҷанги соли 1993 бо Гурҷистон эъломи истиқлолият кард. Русия аз ҷудоихоҳии Абхозистон ҳимоят мекард ва дар соли 2008, баъди ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон, истиқлолияти Абхозистонро эътироф кард. Гурҷистон минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро аз сӯи Русия ғасбшуда медонад ва ҳамзамон Русияро дар вайрон кардани тамомияти арзияш айбдор мекунад.

Русия ҷумҳурии худхондаро ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ кумак мекунад.

Соли 2015 ситоди кулли Абхозистонро генерали Русия Анатолий Хрулев ба роҳбарӣ гирифт ва баъди чанде Думаи давлатии Русия муштараксозии артиши Абхозистону Русияро эътироф кард.

Маблағҳои бунёди "Вақф"-и Узбекистонро чи гуна харҷ мекунанд?

Моҳи апрели соли 2019 иттилоъ дар бораи он ки раиси бунёди ҷамъиятии "Вақф"-и Узбекистон Искандар Халилов бо арзиши $32,5 доллар барои худ мошини навъи Chevrolet Malibu 2 харидааст, дар бахши узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба бор овард.

Бештари корбарон роҳбари бунёдро дар исрофкорӣ айбдор карданд. Ду манъбаъ аз "Вақф" ҳам роҳбарияти бунёдро дар сӯистифода аз вазифаҳои хизматӣ, таъмин накардани шаффофият ҳангоми назорат ва харҷи дороиҳои бунёд айбдор намуданд.

Ҳуҷҷатҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки соли 2018 танҳо ба яке аз суратҳисобҳои бунёди "Вақф" қариб 400 ҳазор доллар ворид шудааст.

Як манбаъ гуфт, нисфе аз кормандони бунёд "ё умуман ба кор ҳозир намешаванд ва ё сар аз чанд гоҳе ба коргоҳ меоянд". "Бештари коргарон наздикон ва пайвандони роҳбарияти бунёд ва ё масъулони Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон ҳастанд", - гуфт манбаъ.

Моҳи марти соли 2019 16 га замини бунёд ройгон ба ихтиёри Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон гузошта шуд. Кормандони бунёд мегӯянд, ин тасмим ғайримақсаднок буд.

23-юми июли соли ҷорӣ бунёди "Вақф" дар ноҳияи Мирзо Улуғбек дорухонаи "Вақфмед" таъсис дод. Аммо кормандон мегӯянд, сохтани ин дорухона "намоишкорие беш нест".

Моҳи апрели соли 2019 роҳбари бунёди "Вақф" Искандар Халилов гуфта буд, ки маҷбур буд, мошини гарон бихарад, зерои барои пешвози меҳмонони хориҷӣ ба он эҳтиёҷ дорад.

Дар амалиёте дар Ҳилманд камаш 35 ғайринизомӣ кушта шудааст

Мақомоти вилояти Ҳилманди Афғонистон гуфтанд, ки дар як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақа дастикам 35 сокини осоишта кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса шаби 22-юми сентябр рух дод.

Нерӯҳои вижа ба хонае, ки ба қавли мақомоти расмӣ, Толибон барои омода кардани террористони маргталаб истифода мебурданд, ҳамла кардаанд. Дар наздикии маҳалли амалиёт маросими арӯсӣ будааст.

Атоуллоҳ Афғон, узви Шӯрои вилоятӣ дар Ҳилманд гуфт, "35 нафар кушта ва 13 нафар захмӣ шуданд. Ин мардум дар тӯйи арӯсӣ дар маҳаллаи Хоксори ноҳияи Мӯсоқалъа иштирок доштанд."

Абдулмаҷид Охунзода, узви дигари Шӯрои вилоятии Ҳилманд гуфт, дар ин ҳамла 40 нафар ҷон бохтаанд.

Нерӯҳои амрикоӣ мегӯянд, ки дар ин амалиёт 22 ҷангҷӯи Толибонро куштанд.

Умар Звок, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, гуфт, дар ин амалиёт 14 ҷангҷӯ, бо шумули шаш ҷангҷӯи хориҷӣ, кушта шуданд. Звок гуфт, гузоришҳо дар бораи кушта шудани мардуми осоишта дар ин амалиёт таҳқиқ мешавад.

Толибон дар як изҳорот иддао карданд, ки дар як маросими арӯсӣ чанд нафар аз сокинон ва 18 низомии афғон кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон гуфт, ҳайати онҳо рӯзи 22-юми сентябр бо фиристодаи хоси Чин барои Афғонистон дар Пекин музокироти сулҳ бо Амрикоро баррасӣ карданд. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки президенти Амрико Доналд Трамп чанд ҳафта пеш музокирот бо Толибонро боздошт.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон дар Қатар, дар саҳифаи расмиаш дар Твиттер навишт, "намояндаи вижаи Чин гуфт, тарҳи тавофуқномаи Амрико ва Толибон чаҳорчӯби муносибе барои ҳалли мусолиматомези масъалаи Афғонистон аст ва онҳо аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунанд."

Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин низ рӯзи душанбе тасдиқ кард, ки Мулло Бародар, раҳбари ҳайати Толибон ва чанд ёвараш барои табодули афкор ба Пекин рафтаанд.

Минтақаи Шинҷон дар ғарби Чин бо Афғонистон ҳаммарз аст.

Охири ин ҳафта дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Ин интихоботи чаҳоруми президентӣ аз замони сарнагунии Толибон дар соли 2001 аст.

Наҷоти чаҳор шаҳрванди Исроил аз байни кӯҳҳои Бадахшон

Кӯҳҳои Помир. Акс аз бойгонӣ

Маъмурони наҷоти Тоҷикистон чаҳор сайёҳи исроилиро, ки дар байни кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон дармонда буданд, наҷот додаанд. Чаҳор шаҳрванди Исроил рӯзи 17-уми сентябри имсол бонги хатар заданд, ки роҳро гум кардаанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, амалиёти наҷоти сайёҳони исроилӣ "хеле сахт буд, чун дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр қарор доштанд".

"Боло рафтан ва расидан ба ин баландӣ на бо мошин имкон дошт, на бо чархбол. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз аспҳо истифода карданд, аз техникаи махсус ва таҷҳизоти вижа кор гирифтанд," -- хабар додааст манбаъ.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, сайёҳон аз 23 то 26 сол дошта, ҳоло ду нафари онҳо дар шаҳри Хоруғ ва ду нафари дигар дар Душанбе ҳастанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз гардишгарон даъват кардаанд, ки пеш аз рафтан ба минтақаҳои баландкӯҳ худро дар хадамоти наҷот сабтином кунанд.

Дар Хоразм ҳамсояҳо рӯзноманигорро аз дасти пулис "бозпас" гирифтанд

Кормандони милисаи Хоразми Узбекистон натавонистанд, ки рӯзноманигори дар қочоқ айбдоршаванда Маҳмуд Раҷабро боздошт кунанд. Онҳо бо ҳангоми боздошт ба муқовимати ҳамсояҳо рӯ ба рӯ шуданд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, ин ҳодиса субҳи 21-уми сентябр дар наздики манзили вай дар ноҳияи Янгибозори вилояти Хоразм рух дод. "Кормандони милиса бо чаҳор мошин назди хонаи ман омаданд. Аммо ҳамсояҳо бо зарфҳои бензин ва гӯгирд ба кӯча барома, ҷанҷол бардоштанд. Виҷдони ман пок аст", - гуфт Маҳмуд Раҷаб.

Мақомоти вилояти Хоразм нахостанд, ин ҳодисаро шарҳ диҳанд.

Мақомоти Узбекистон Маҳмуд Раҷабро дар талоши ғайриқонунӣ ворид кардани китобҳои роҳбари мухолифон Муҳаммад Солеҳ айбдор мекунанд. Зидди вай дар асоси ду модда парванда боз шуда ва эҳтимоли аз 5 то 10 сол зиндонӣ шуданаш мавҷуд аст.

Маҳмуд Раҷаб охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоми баргашт аз шаҳри Истамбули Туркия бо худ 26 нусха аз китобҳои Муҳаммад Салоҳ ва бародари ӯ, зиндонии сиёсии пешин Муҳаммад Бекҷонро оварда буд.

Боздошти беш аз 70 эътирозгар дар Қазоқистон. ВИДЕО

Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 57 иштирокчии эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон боздошт кард.

Ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳудуди 200 каси дигар дар шаҳри Чимкент, дар марз бо Қирғизистон дастгир шудаанд.

Ба огаҳии вазорат, боздоштшудаҳо "ба даъватҳои иғвогарона дода шуда, нисбат ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ заданд". Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки дар маҳалли боздоштҳои Алмато қарор дошт, мегӯяд, тазоҳургарон муқобилият нишон надоданд.

Пештар Додситонии кулли Қазоқистон ба сокинони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки дар ҳамоишҳои эътирозии ба гуфтаи ин ниҳод, "ғайриқонунӣ" иштирок накунанд.

Ҳамаи боздоштҳо дар маконҳое сурат гирифтанд, ки ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов сокинонро барои тазоҳурот ба он ҷойҳо даъват карда буд.

Қирғизистон: Боздошти як ҷавон бо гумони қатли духтари ноболиғ

Дар ноҳияи Кемини вилояти Чӯйи Қирғизистон як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори духтари 14-сола боздошт карданд. Дар ин бора Раёсати умури дохилии вилояти Чӯй хабар додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, наздикони духтар 22-юми сентябр ба пулис муроҷиат карда гуфтаанд, ки ӯ рӯзи 20-уми сентябр аз хона берун рафта, дигар барнагаштааст. Кормандони пулис дертар ҷасади вайро дар яке аз хонаҳои бесоҳиби шаҳри Кемин пайдо кардаанд.

Дар робита ба куштори духтар ҷавони 20-солаеро боздошт карданд, ки пештар чандин бор суд шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ рӯзи 20-уми сентябр дар ҳолати мастӣ духтарро дар кӯча дида, бо истифода аз нерӯ хостааст, ӯро таҷовуз кунад. Вале духтар муқобилият нишон дода, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷон бохтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштори одам" парванда боз шудааст.

Раиси кумитаи иктишофӣ изҳори нобоварӣ ба Трампро аз эҳтимол дур надонист

Адам Шифф

Агар таҳқиқҳо исбот кунанд, ки президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский фишор овардааст, ба эҳтимоли зиёд, раванди изҳори нобоварӣ ба вай оғоз хоҳад шуд.

Ин нуктаро раиси кумитаи Палатаи намояндагони Амрико оид ба умури иктишофӣ Адам Шифф рӯзи якшанбе дар суҳбат бо CNN баён дошт.

"Агар президент садди роҳи кӯмаки низомӣ ба Украина шуда, ҳамзамон бо роҳи тарсонидан талош кунад, то раҳбари хориҷӣ даст ба қонуншиканӣ зада, "айб"-и рақиби сиёсияшро дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ пайдо намояд, ягона посух ба ин изҳори нобоварӣ хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Суҳбати телефонии ахири Доналд Трамп бо Владимир Зеленский дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои Амрико қарор дорад. Маъмурияти Трамп аз ироаи ҷузъиёти суҳбат ба Конгресс худдорӣ мекунад. Гӯиё Трамп дар ин суҳбат аз Зеленский хостааст, ки зидди Байден тафтишотро оғоз кунад.

Сенатори демократ Крис Мерфӣ дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфт, Конгресс нахуст бояд шарҳи хабарчинро шунавад, агар гуфтаҳои ӯ асос дошта бошанд, пас барои изҳори нобоварӣ сабаб хоҳад шуд.

Дар размоишгоҳи наздикии Ариси Қазоқистон таркиш рух дод

Дар размоишгоҳи наздики шаҳри Ариси Қазоқистон рӯзи 21-уми сентябр муҳимоти ҷангӣ таркид, ки боиси маҷруҳ шудани даҳ низомӣ гардид.

"Таркиши ғайриинтизори муҳимоти ҷангӣ дар ҷараёни корҳои нақшавии низомӣ сурат гирифт", - хабар дод Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Ин таркиш дар як моҳи охир дувумин ҳодиса дар ҷануби Қазоқистон аст. Рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми тоза кардани анбори аслиҳа дар Арис аз дуди снаряд чаҳор низомӣ маҷруҳ шуда буд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис таркиш рух дод. Он замон сокинонро ба ҷои амн интиқол дода буданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад. Бино бар арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, барои барқарории Арис на камтар аз 20 миллиард танга сарф хоҳад шуд.

Омӯзгоре дар Узбекистон хонандаи мактабро латту кӯб кард

Мақомоти маорифи Узбекистон тафтиши ҳодисаи латту кӯби хонандаи синфи 3-ро аз сӯи омӯзгори мактаби №79 дар шаҳри Челаки вилояти Самарқанд шуруъ карданд.

Сокини маҳаллӣ Диёрҷон Бадалбоев омӯзгорро дар латту кӯби писари 9-солааш Масъуд айбдор кард.

"Писари ман Масъуд рӯзи 18-уми сентябр ба мактаб рафт. Омӯзгор С.Х. аз хонандагон хост, ки диктант нависанд. Ба далели он ки Масъуд дар навиштан иштибоҳе содир кард, омӯзгор ӯро шадидан латту кӯб кардаст", - гуфт сокини маҳаллӣ.

Омӯзгор ба волидони Масъуд гуфтааст, ки мушкили хонаводагӣ дошт ва дар мактаб натавонист худро идора кунад.

Мақомоти маориф гуфтанд, хонандаро аз ташхиси табибон гузаронида, натиҷаи онро мунтазиранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳбарияти мактаб аз волидони Масъуд хостааст, шикояташонро аз милиса бозпас гиранд.

Нақшаи Рӯҳонӣ барои ҳифзи амният дар Халиҷи Форс

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, нақшаеро барои амнияти Халиҷи Форс бо кумаки кишварҳои дигари минтақа ба Созмони Милали Муттаҳид пешкаш мекунад.

Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора рӯзи 22-юми сентябр дар суханронии худ ба муносибати солрӯзи ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 80-уми қарни гузашта иброз дошт.

Қарор аст, Рӯҳонӣ ин ҳафта дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк иштирок кунад.

Президенти Эрон дар суханронии худ ба мардуми кишвараш гуфт, “нерӯҳои хориҷӣ имкон дорад ба мардуми мо ва минтақа мушкилоту ноамнӣ эҷод кунанд.”

Вай ҳамчунин афзуд, Эрон ба кишварҳои минтақа дасти дӯстӣ ва бародарӣ дароз мекунад, вале “ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад, ки ба марзҳои ин кишвар таҷовуз кунад”.

Таниш дар Шарқи Миёна баъд аз ҳамлаи як ҳафта пеши шӯришиёни ҳусии Яман ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудӣ, ки Вашингтон Эронро масъули он медонад, афзоиш ёфтааст.

Дониши хабарнигорони Чинро дар бораи афкори Ҷинпинг месанҷанд

Тақрибан даҳ ҳазор хабарнигори расонаҳои давлатӣ дар Пекин муваззаф шудаанд, ки аз таълимоти марксизму ленинзм ва кору афкори раҳбари Ҳизби коммунисти Чин ва раиси ҷумҳури ин кишвар Сӣ Ҷинпинг имтиҳон супоранд.

Дар ин бора нашрияи South China Morning Post бо такя ба як огоҳии Кумитаи назорат аз матбуот ва манобеи расонаҳои Ҳизби коммунисти Чин хабар дод.

Гузаштан аз имтиҳон шарти асосии ба даст овардани шаҳодатномаи журналистӣ аст, ки бе он кор кардан намемонанд. Ба журналистон ҳақ дода мешавад, ду дафъа дониши худро биозмоянд.

Аз панҷ бахши имтиҳон ду бахши он ба кору осор ва афкори Сӣ Ҷинпинг бахшида шудааст. Соли 2017 ном ва афкори Ҷинпинг ба оинномаи Ҳизби коммунисти ин кишвар илова шуд. Ин нахустин бор аз замони Мао Дзе Дун, бунёдгузори Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки ном ва ақидаи як раиси ҷумҳур дар дар вақти барҳаёт будани ӯ, ба оинномаи хизби ҳокими Чин илова мешавад.

Интизор меравад, баъд аз тафтиши дониши ҳизбии журналистони Пекин имтиҳон дар сартосари Чин гузаронда шавад.

Ҳизби коммунисти Чин аз рӯи шумораи аъзо бузургтарин ҳизб дар ҷаҳон аст.

Ҳамлаи пулис ба роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Қазоқистон. ВИДЕО

Пулиси Қазоқистон ба роҳпаймоиҳои ҷонибдорони мухолифин дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ҳамла кардааст. Роҳпаймоёни рӯзи 21-уми сентябр дар пойтахт – Нурсултон – ва шаҳрҳои дигари Қазоқистон бар зидди сармоягузории Чин ва афзоиши ширкатҳои чинӣ дар кишвари худ шиор медоданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтанд, беш аз 50 нафар боздошт шуда ва шояд ҷарима шаванд. Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, пулис роҳгузаронро низ дастгир кардааст.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Мақомот раҳпаймоии мухолифини ҳукумати Қазоқистонро пароканда карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Эътирозгарон дар Миср хоҳони барканории Сисӣ шуданд

Таҷаммӯи одамон дар майдони Таҳрири Қоҳира. рӯзи 20-уми сентябри соли 2019

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар чандин шаҳри Миср роҳандозӣ шуд. Эътирозгарон хоҳони барканории Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср, ҳастанд.

Маркази ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии Миср рӯзи шанбеи 21-уми сентябр гуфт, дар натиҷаи эътирозҳо даҳҳо тан, аз ҷумла ду хабарнигор, датсгир шудаанд. Аз талафот ва ё захмӣ шудани касе дар ин тазоҳурот гузориш нашудааст.

Пулиси зидди шӯриш зидди эътирозкунандаҳо аз чӯбу гази ашковар истифода кард, ки дар натиҷа тазоҳурот дар баъзе минтақаҳои Миср пароканда шуд.

Абдулфаттоҳ Сисӣ соли 2014 баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ дар интихоботи Миср пирӯз шуд ва зимоми қудрат дар ин кишвари арабиро ба уҳда гирифт. Ӯ баҳори имсол ба даври дувуми раёсати ҷумҳуриаш оғоз кард.

Нодир Одилов, файласуфи тоҷик, дар 87-солагӣ даргузашт

Нодир Одилов

Нодир Одилов, файласуфи тоҷик, шаби 21-уми сентябр дар 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ зодаи ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон буда, корро аз мактаби миёнае дар ин ноҳия оғоз кардааст. Баъдан дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 2003 раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Дар Википедияи тоҷикӣ омадааст, муаллифи беш аз шаш асар ва 150 мақолаи илмист. Дар навиштаҳояш "масъалаҳои фалсафии ислом, таълимоти фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсии Ҷалолиддинӣ Балхиро мавриди баррасӣ қарор додааст".

Навори муҳоҷирон аз боздоштгоҳи номаълум дар Русия таҳқиқ мешавад

Мақомоти тоҷик мегӯянд, навореро таҳқиқ доранд, ки зоҳиран шароити сахти буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар як боздоштгоҳи Русияро намоиш медиҳад.

Дар як наворе, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, марде бо навор бардоштани ҳамроҳонаш иддао мекунад, ки дар боздоштгоҳи махсус дар Русия ҳастанд. Ӯ ҷойи хоб ва шароити зисти муҳоҷиронро нишон медиҳад ва аз раҳбарони Тоҷикистон кӯмак мепурсад.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангуи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили пайдо кардани боздоштгоҳ дар он аст, ки соҳиби навор аз он ном намебарад.

Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон рӯйи фарши бетонӣ ва катҳо, ки рахти хоб надоранд, нишастаанд.

“Мутаасифона, макони сабти навор, номи шаҳрвандон дар навор гуфта намешавад. Дар навор нафаре бо забони тоҷикӣ шароити боздоштгоҳро нишон медиҳад ва кӯмак мепурсад, вале намегӯяд, ки ба кӣ ва дар куҷо кӯмак бояд шавад. Мо ҳоло аз роҳҳои худ талош дорем, ки боздоштгоҳро пайдо кунем ва ба шаҳрвандони кишвари худамон кӯмак расонем”,--гуфт Аҳмадӣ.

Ҳар ҳафта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо баҳонаи надоштани санади корӣ дар Русия боздошт мешаванд. То анҷоми тафтиш онҳоро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд ва баъдан, аз Русия ихроҷ мекунанд.

Дар панҷ соли ахир бештар аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудааст ва ҳоло ҳақи сафар ба ин кишварро надоранд.

Вазъи афсароне, ки дар марз захмӣ шуданд, вахим гузориш мешавад

Вазъи сиҳатии ду афсари тоҷик, ки 16-уми сентябр дар марз бо Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд, вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се сарбози марзбон, афсари дастаи “Алфа”-и КДАМ-и Тоҷикистон ва як масъули ШВКД-и ин ноҳия дармон мешаванд.

Масъулони ин беморхона мегӯянд, вазъи саломатии се сарбози қушунҳои сарҳадӣ муътадил аст, вале ду афсар чандон ҳоли хуб надоранд.

Муродҷон Алиев, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 20 уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми талошро барои сиҳатии афсарону сарбозон анҷом медиҳанд. Ӯ тафсилоти бештар надод.

Аммо як корманди дигари ҳамин беморхона ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Идибек Шамсиев, афсари «Алфа» ва Саидмуъмин Неъматов, як масъули ШВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби муноқиша бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона оварда шуданд ва хуни зиёдашон рехтааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, афсари «Алфа» аз сараш ва корманди пулис аз тарафи чапи пешониаш осеб дидааанд.

Шоҳрухи Сафархуҷа, Муҳаммад Ашурзода ва Сомон Шодиев, се сарбози марзбон аз пою даст захмӣ шудаанд. Ин манбаъ гуфт, ки 10 сокини одӣ низ дар ин беморхона табобат мегиранд.

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик ва як афсари қирғиз ҷон бохта, аз ду тараф чандин нафар маҷруҳ шуданд.

Ду кушта дар таркиши бомби канори роҳ дар Афғонистон

Ноҳияи Спин Болдаки Афғонистон

Рӯзи 21-уми сентябр ду ғайринизомӣ дар ҷануби Афғонистон дар таркиши бомби ҷошуда дар канори роҳ кушта шуданд.

Панҷ тани дигар рӯзе пеш дар як ҳамла дар вилояти Қандаҳор ҷароҳат бардоштанд.

Ҳеҷ гурӯҳе ҳанӯз бомбгузорӣ дар ноҳияи Спин Болдакро бар душ нагирифтааст, аммо гуфта мешавад, ки ин ноҳия зери назорати гурӯҳи Толибон қарор дорад.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, бегоҳи рӯзи 20-уми сентябр ду таркиш дар Кобул рух дод, вале талафоти ҷонӣ нест.

Толибон гуфтанд, ду таркиш дар Кобул кори дасти онҳо буд.

Як моҳ пас дар Афғонистон бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад. Ҳамлаҳо қабл аз интихобот ва пас аз қатъи музокироти сулҳ миёни гурӯҳи Толибон ва Амрико бештар шудааст.

Хабаргузории Рейтерс гуфтааст, пас аз қатъи музокирот, дар ду ҳафтаи ахир, дар ҳамлаҳо 331 нафар маҷрӯҳ ва 96 нафар кушта шудаанд.

Падари Ҳувайдо ба сафорати Тоҷикистон дар Русия даъват шуд

Абдусалом Саидов,сари гури духтараш

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ба падари Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик, ки соли гузашта дар Русия кушта шуд, дар таҳияи санад ва ҳимояи ҳуқуқҳояш дар додгоҳ кӯмак мекунад.

Ҳафтаи гузашта, 17-уми сентябр, Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдоро барои сӯҳбат ба сафорат даъват кардааст.

Ду ҳафта пеш, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар муроҷиатномае аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои муҷозоти гумонбар дар қатли духтараш ба кумак ниёз дорад. Қазияи қатли Ҳувайдо дар Додгоҳи вилояти Маскав паси дарҳои баста мегузарад. Ба мурофиа танҳо вакилони мудофеъ ва падари Ҳувайдо роҳ дода мешаванд.

Дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба падари Ҳувайдо Тиллозода машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Қаблан, дар мурофиаи додгоҳӣ наздикони фарди муттаҳам дар қатли ин кӯдаки тоҷик даъво карданд, ки Абдусалом Саидов падари Ҳувайдо нест.

“Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки омодаанд, ҷиҳати дастрас кардани санадҳои лозим, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, санадҳое, ки барои шаҳрванди Тоҷикистон дар баҳси додгоҳӣ лозиманд, кӯмаки моддию ҳуқуқӣ расонанд”,--зикр шудааст, дар хабарномаи сафорат.

Қаблан, фаъолони ҷомеа барои таваҷҷӯҳи камтар ба ин қазия намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русияро интиқод карда буданд.

Аммо сафорат гуфтааст, ки аз аввал ин қазия зери назар буд ва барои одилона таҳқиқ шудани он ба ниҳодҳои дахлдори Русия мактуб кардаанд.

Муҳокимаи Александр Сёмин гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода ва хоста буданд, "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Қанд занад мардуми тоҷик..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
XS
SM
MD
LG