Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Размоиши нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Лоҳур

Нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рӯзи 20 июн дар размоишгоҳи Лоҳур машқи навбатии худро баргузор карданд. Дар он зиёда аз 500 сарбозу афсар, 60 фарванд тонку зиреҳпуш ва ду чархболи МИ-24 ширкат карданд.

Ҳадаф аз размоиш ҳамоҳангии амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ барои нобуд кардани корвони ҳарбии бегона буд. Ҳамчунин чархболҳо дар ҳамла ва суқут додани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба кор бурда шуданд. Машқи ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сар чанд вақт баргузор мегардад.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, пас аз тамринҳо дар ин ҷо захираҳои ҷангии нотаркида боқӣ мемонанд, ки ба ҷони одамон таҳдид мекунанд. Чунончӣ, 3-юми феврали имсол як сокини 17-солаи деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов аз таркиши тири кӯҳнаи гранотомёт ба ҳалокат расид. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шарҳи чунин қазияҳо худдорӣ меварзад ва сокинон талаб мекунанд, баъди анҷоми машқҳо майдон ва атрофи он бояд поккорӣ шаванд.

Пойгоҳи мазкур макони истиқрори 7 ҳазор низомии Русия буда, бар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия ҳақи то соли 2042 фаъолият карданро дорад. Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ меноманд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

Баҳси афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар Маскав

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар масъалаи афви беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишварро бо ҷониби Русия дар миён гузоштаанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои гуногун бо ҷурми нақзи қоидаи будубош аз ҳудуди Русия ихроҷ шудаанд. Онҳо аз се то панҷ ва дар баъзе ҳолат то даҳ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд. Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон, дар мулоқоти рӯзи 18-уми июн бо Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба ин мавзуъ дахл кардааст. Дар бораи он ки ҷонибҳо ба чӣ натиҷа раисданд ё ҷараёни афв дар чӣ ҳол аст, иттилоъ дода намешавад. Вале як нафари огоҳ гуфт, ҷараёни афв аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд. Хадамоти матбуоти сафорат мегӯяд, «дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон ба зарурати таҳкими ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кардааст.» Мавзӯи афви муҳоҷирони тоҷик миёнаи моҳи апрели имсол ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон ба Русия садо дод, вале баъдан ҷузъиёте дар бораи ин мавзуъ ироа нашуд. Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, ки ин хабарро пайваста дунбол мекунанд, хомӯшии мақомотро ҳамчун нишонаи қабул нашудани ин пешниҳод медонанд. Дар оғози моҳи июн мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, санадҳои заруриро барои афви муҳоҷирон омода ва ба мақомоти Русия пешниҳод кардаанд. Бо ин ҳол, ҷониби Русия то кунун дар бораи эҳтимоли афви муҳоҷирон ҳеч изҳороте надодааст. Дар Русия ба ҳисобҳои мухталиф аз 500 ҳазор то якуним миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сари чанд вақт бархе аз онҳо бо ҷурми нақзи қоидаи будубош ё қонуншикании дигар аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд. Вале худи муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия баъзан ин ҳолатро ба унвони фишор ба ҷониби Тоҷикистон истифода мекунанд.

Путин иқрор кард, ки зиндагии русиягиҳо вазнинтар шудааст

Президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандаони кишварашро аз посух ба пурсише дар бораи вазъи барномаҳои давлатӣ сар кард. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ниҳоии ин барномаҳо бояд болоравии сатҳи зиндагии мардум бошад. Барои ин ҳукумат даст ба чораҳои нохушоянд зад, монанди боло бурдани андоз аз арзиши иловагӣ, аммо ин кори ҳақ буд, чун "истеҳсол зиёд шуд, таваррум коҳиш ёфт ва даромадҳо бештар шуданд", - гуфт Путин

Аммо пурсиши навбатӣ аз президент ин буд, ки чаро зиндагии русиягиҳо бадтар шуд? Чаро маош кам аст? Чаро он ба хӯрок намерасад? Путин ба онки гуё маоши 10 ҳазор рубл дар моҳ вуҷуд дорад, шак овард, аммо иқрор кард, ки мушкил вуҷуд дорад ва пастии даромадҳоро ба таҳримҳои хориҷӣ, афтодани нархи нафт пайванд дода, афзуд, сабаби дигар он аст, ки русиягиҳо қарзҳои зиёд мегиранд.

Даромади воқеии аҳолӣ дар Русия чанд соли охир рӯ ба поён аст, вале акнун тадриҷан боло хоҳанд рафт, гуфт Путин.

Сипас ӯ ба масъалаҳои тандурустӣ, кумаки аввалияи тиббӣ ва таъмини имтиёзноки беморон бо дорувор суҳбат кард. Ҳарчанд президент Путин талош кард, вазъро беҳтар аз будаш арзёбӣ кунад, мақомоти дигари Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ аз бад шудани сатҳи зиндагии аҳолии ин кившар борҳо гузориш додаанд. Путин ба таври ғайримустақим ин воқеиятҳоро тасдиқ намуд.

Порлумони Қирғизистон: дахлнопазирии Отамбоев дар ду ҳафта лағв мешавад

Порлумони Қирғизистон хулосаи комисияи махсуси вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро баррасӣ мекунад.

Канибек Имоналиев, раиси комисия, узви ҷиноҳи "Ота Макон" гуфт, ҷараёни бекорсозии дахлнопазирии Отамбоев ду ҳафта вақт мегирад.

"Барои баровардани либоси кайҳоннавард баъди баргашташ аз кайҳон, ки вай 10 сол омодагӣ дида буд, ҳамагӣ як дақиқа вақт кофист. Барои баровардани либоси кайҳоннаварди сиёсӣ мо ба ду ҳафта вақт ниёз дорем. Агар мо ду моҳ болои ин масъала кор мекардем, чи мешуд? Ҳамин сиёсатмадорон моро муттаҳам мекарданд, ки аз Отамбоев пуштибонӣ мекунем", - гуфт Имоналиев.

Вай афзуд, комисияи депутатӣ наметавонад, зидди президенти пешин айб эълом кунад, ин комиссия танҳо ба маводе баҳо медиҳад, ки барои бекорсозии дахлнопазирии вай омода шудааст.

Рӯзи 18-уми июн ду кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури тартибот, мубориза бо ҷинояткориву коррупсия, қонунгузории конститутсионӣ ва масоили судӣ-ҳуқуқӣ хулосаи комиссияи вакилонро барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд.

Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон гуфт, ҳангоми ташкили комиссияи порлумонӣ барои бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев Конститутсияи ин кишвар нақз карда шудааст. Ҳизб мегӯяд, Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро 24-уми ноябри соли 2017 дарёфт кард ва қонуне, ки ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони пешини ин кишварро пешбинӣ мекунад, 4-уми апрели соли равон қабул шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ҳизб, қарори порлумони Қирғизистон барои ташкили комиссияи мазкур низ қуваи ҳуқуқӣ надорад, зеро он ба феҳристи давлатии меъёрҳои ҳуқуқӣ шомил карда нашудааст.

Гуфтугӯи мустақими Путин бо сокинони Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 20-уми апрел бо шаҳрвандони кишвараш гуфтугӯи мустақим баргузор кард ва ба пурсишҳои мухталифи онҳо посух дод. Пахши мустақими ин гуфтугӯ ҳамакнун аз тариқи шабакаҳои хабарии Русия идома дорад.

Оқои Путин, ки аз соли 1999 дар мақомҳои президент ва сарвазири Русия фаъолият кардааст, бори 17-ум аст, ки чунин гуфтугӯҳоро баргузор мекунад. Ӯ дар гузашта 12 бор ҳамчун президент ва 4 маротиба ҳамчун ба пурсишҳои шаҳрвандон чунин ҷаласаҳои пурсишу посухро баргузор кардааст.

Ба иттилои созмондиҳандагони чорабинӣ, то як рӯзи пеш аз баргузории гуфтугӯ сокинон ба Путин беш аз як миллион суол ирсол кардаанд. Соли гузашта то як рӯзи пеш аз гуфтугӯ бештар аз 2 миллион суол ҷамъ шуда буд.

Бештари суолҳо ба масъалаи арзиши обу барқ, тиҷорату хурду миёна, таҳсилот, муҳити зист, таъмини доруҳои ройгон рабт доранд. Дар ҷараёни чунин гуфтугӯҳо Путин борҳо барои ҳалли ин гуна мушкилот дастури мустақим додааст.

Марказҳои назарсанҷии Русия гуфтанд, 75 дарсади сокинони он кишвар гуфтугӯи мустақими Путинро тамошо мекунанд.

Дар Узбекистон 23 кӯдаки як боғча аз оби ифлос заҳролуд шуданд

Кӯдакон ва кормандони як боғча дар ноҳияи Баяути Узбекистон рӯзҳои 18-19 июн бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат карданд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки 23 кӯдак ва 2 коргари боғча заҳролуд шудаанд.

Ба гуфтаи табибон, норасоии оби ошомиданӣ дар боғчаи мазкур боиси сар задани чунин ҳолат шудааст. Рӯзи 17-уми июн дар боғча об набуд ва кӯдакон оби сард нӯшидаву меваи ношуста хӯрдаанд. Вазъи беморон миёна баҳо дода мешавад.

Трамп гуфт, дар ҳамоиши Ҷопон бо Путин мулоқот хоҳад кард

Президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки ҳафтаи оянда дар нишасти сарони "Бистгонаи бузург" дар Ҷопон бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтушунид хоҳад дошт. "Ман мехоҳам бо Русия забон ёбам", - изҳор дошт Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News.

Як рӯз пеш Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, гуфт, аз нақшаи дидори эҳтимолии Путин ва Трамп дар Ҷопон хабар надорад. Вай афзуд, ки ҷадвали мулоқоти сарон дар ҳошияи нишаст дар ҳоли таҳяи шудан аст.

Путин дар нимаҳои моҳи май дар назди хабарнигорон дар Сочӣ ишора намуд, ки кишвараш умедвори беҳбуди равобит бо Вашингтон аст ва мулоқот бо Трампро дар ҳамоши сарон дар Ҷопон аз эҳтимол дур надонист.

Чунин дидор дар самити пешинаи "Бистгонаи бузург" дар Буэнос-Айрес охири соли гузашта бо вуҷуди эълонҳои зиёди пешакӣ баргузор нагашт. Он гоҳ боздошт шудани 24 маллоҳи украинӣ аз тарафи марзбонони рус дар соҳилҳои Қрими ишғолшуда аз ҷониби Русия ба ин мулоқот халал расонд. Маллоҳон ҳамоно дар асорати Русия ба сар мебаранд.

Таъсиси гуруҳ дар WhatsApp 9 сокини Қазоқистонро ба додгоҳ бурд

Акс аз бойгонӣ.

Коршиноси масоили динӣ Рашид Муҳиддинов 19--уми июн дар додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, дар матни мукотибаҳои 9 гумонбари терроризм нишонаҳои таблиғи тундгароӣ, барангехтани бадбинии динӣ ва миллиро пайдо накардааст.

Ба гуфтаи Муҳиддинов, истилоҳҳое, ки дар хулосаи ташхисҳои пешин истифода шуда буданд, ҳамчун даъват ба хушунат шарҳ дода шудаанд. Мурофиаи навбатӣ дар робита ба парвандаи мазкур 20-уми июн баргузор мешавад. Қарор аст, дар он айбдоршавандаҳо бозпурсӣ шаванд.

Ин 9 сокини маҳаллиро кормандони Идораи амнияти Алмато моҳи октябри соли 2018 дар асоси баёноти шаҳрванд Б. К. боздошт карданд. Шаҳрванди Қазоқистон гуфтааст, гумонбарон дар гуруҳи "Аҳли суннат ва ҷамоат" дар WhatsApp "мавзуъҳои динӣ"-ро баҳс мекарданд.

Ҷониби айбдоркунанда мегӯяд, яке аз гумонбарон 2-юми декабри соли 2013 дар паёмакрасони WhatsApp гуруҳеро барои таблиғи терроризм ва ақидаҳои равияи Салафия таъсис дода, ҳамчунин 8 тани дигарро ба он шомил кардааст.

Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, ташхиси моҳи сентябри соли 2018 муайян кард, ки дар матни мукотибаҳои гумонбарон нишонаҳои "ангехтани бадбинии динӣ" ҷой дорад. Ташхиси судӣ-динии моҳи октябри соли 2018 низ гӯё собит намудааст, ки аъзои гуруҳи мазкур ақидаҳои равияи Салафия ва Ваҳҳобияро таблиғ мекарданд.

Вале бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Қазоқистон дар мубориза зидди мухолифони сиёсии худ бандҳои номафҳуми "ангехтани бадбинӣ", "таблиғи терроризм" ва "иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои тундгаро" сӯистифода мекунанд.

Додгоҳи Қирғизистон ҳукми сиёсатмадори мухолифро бозбинӣ мекунад

Додгоҳи олии Қирғизистон 16-уми июл парвандаи сиёсатмадори мухолиф ва раиси зиндонии Ҳизби "Ота Макон"-и ин кишвар Омурбек Текебоевро дубора баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора ҳуқуқшинос Таалайгул Токтакунова хабар дод. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, далелҳои наве ошкор шуданд, ки нодуруст будани баёноти шоҳиди асосии парванда Леонид Маевскийро тасдиқ мекунанд.

Вакилони дифои Текебоев соли 2018 аз Додситонии кулли Қирғизистон дархост карданд, ки парвандаи шахси зери ҳимояташон аз рӯи далелҳои нав, ки бегуноҳии ӯро исбот мекунанд, дубора баррасӣ шавад. Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев моҳи феврали соли 2017 боздошт шуд.

Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт гашт, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ меномад.

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш мулоқот кард

Маҳмадалӣ Ватанзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон мулоқот кардааст. Хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА хабар дод, ки мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода ва Алии Шамхонӣ рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми июн дар ҳошияи нишасти иҷлоси байналмилалии мақомҳои олии амниятии ҷаҳон дар шаҳри Уфаи Русия сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ду мақоми баландпояи амниятии Тоҷикистон дар бораи тозатарин таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ намудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки робитаҳои дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯ миёни Ватанзода ва Шамхонӣ будааст.

Тайи чаҳор соли гузашта муносибат миёни Душанбе ва Теҳрон тира шуда буд. Ахиран равобити ин ду кишвар ба гармӣ гароид ва раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барои ширкат дар Нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Душанбе омад. Ӯ дар ҳошияи ин нишаст бо Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот намуд.

Эрон аз сарнагунии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ хабар дод, Пентагон рад кард

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбеи 20-уми июн хабар дод, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро пас аз ворид шудан ба фазои Эрон дар минтақаи Кӯҳи Мубораки вилояти Ҳурмузгон, сарнагун кардааст. Аммо як мақом дар вазорати дифои Амрико гуфтааст, ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ин кишвар дар осмони Эрон набудаанд.

Дар баёнияи Сипоҳи посдорон омадааст, ки бомдоди панҷшанбе як ҳавопаймои ҷосусии "RQ-4 Gloobal Hawk"- Амрико баъд аз ворид шудан ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаи рӯбарӯи Кӯҳи Мубораки вилояти Ҳурмузгон, ҳадафи оташи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, капитан Билл Урбан, сухангӯи Ситоди фармондеҳии марказии Амрико ҳозир ба изҳори назар кардан дар ин маврид нашудааст. Аммо ин сухангӯи низомии Амрико гуфтааст, ҳеҷ ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ имрӯз бар фарози осмони Эрон набудааст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки давоми чанд ҳафтаи ахир ва дар пайи ҳамла ба киштиҳои нафкаш дар Халиҷи Форс, танишҳо байни Эрон ва Амрико боло гирифтааст. Амрико мегӯяд, ки бар пояи далелҳо, Сипоҳи посдорони Эрон дар ин ҳамлаҳо даст доштааст. Эрон ин ҳамлаҳоро радд мекунад.

Узбекистон ба конфронси Гаага шомил мешавад

Узбекистон тасмим дорад, то охири соли равон ба Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ шомил шавад. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, ҳайати ин кишвар ба раҳбарии муовини вазири адлия Худоёр Мелиев рӯзҳои 18-24 июни соли равон дар кори 22-умин иҷлосияи Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ дар Нидерландия иштирок мекунад.

Манбаъ афзуда, ки раванди шомилшавии Узбекистон ба конфронси мазкур ҳанӯз дар моҳи марти соли 2019 оғоз шуда буд. "Дар ҷараёни сафар баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба, аз ҷумла бо раҳбарияти Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ дар назар аст", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ соли 1893 таъсис ёфта, яке аз куҳантарин созмонҳои байниҳукуматӣ аст. Ҳадафи он тадриҷан муттаҳид сохтани меъёрҳои ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир 82 кишвар узви конфронсанд.

Эрдуғон ба таҳқиқи байналмилалии марги Мурсӣ даъват кард

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ба таҳқиқи байналмилалии марги президенти пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ даъват кард. Мурсӣ ҳангоми баррасии парвандаи хиёнат ба давлати худ рӯзи душанбе дар додгоҳ ҷон дод.

Эрдуғон гуфт, тамоми талошашро мекунад, то сабабҳои марги Муҳаммад Мурсӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз сӯи Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ таҳқиқ карда шавад. "Мурсӣ 20 дақиқа дар рӯи фарши толори додгоҳ хобидааст ва касе ҳам натавонистааст ба ӯ кумак кунад. Мурсиро куштанд",-изҳор дошт президенти Туркия.

Вазири умури хориҷии Миср Аҳмад Ҳофиз рӯзи чаҳоршанбе ин суханҳоро интиқод кард, вале дақиқ нагуфт, ки сухан аз раҳбари Туркия меравад. "Бархе аз соҳибмансабҳо дар бораи эҳтиром ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, вале амалҳояшон нишон медиҳад, худи онҳо танҳо талош доранд, ки бо ҳар роҳе қудратро ҳифз кунанд",-афзуд Ҳофиз. Ӯ суханҳои Эрдуғонро "талоши сиёсисозии марги табиии Муҳаммад Мурсӣ" номид.

Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии "Ихвон-ул-муслимин", яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Бародарони Мусалмон" (Ихвон-ул-муслимин), ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд. Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ "фоҷиаангез", вале "пешгӯишаванда" буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад. Яке аз аъзои баландпояи созмони "Бародарони Мусалмон" дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба "куштори аз қабл тарҳрезишуда" баробар донист.

Коргарони Daewoo textile дар Узбекистон аз шароити корӣ норозианд

Коргарони ширкати Daewoo textile дар вилояти Фарғонаи Узбекистон аз шароити кориашон шикоят доранд. Як зан, ки дар ширкати мазкур кор мекунад, гуфт, корфармо касонеро, ки нисбатан маоши бештар мегиранд, ба мақомҳои поёнӣ таъйин ва маошашонро кам мекунад. Як коргари дигар шикоят кард, ки роҳбарияти корхона коргарони маҳаллиро ҳамчун "ғулом" кор мефармояд.

Ширкати Daewoo Textile маҳсулоти нассоҷӣ истеҳсол мекунад. Ин ширкат дар Узбекистон дар маҷмуъ чаҳор коргоҳ дорад. Дар ин коргоҳҳо то 4 ҳазор сокини Узбекистон фаъолият мекунад. Гуфта мешавад, тамоми маҳсулоти ширкати мазкур ба хориҷ аз Узбекистон содир мегардад.

Помпео: Иёлоти Муттаҳида дар ҷустуҷӯи даргирӣ бо Эрон нест

Майк Помпео

Амрико мегӯяд, дар ҷустуҷӯи даргирӣ бо Эрон нест ва афзоиши нирӯҳои низомиаш дар Ховари Миёна ба мақсади пешгирӣ аз “таҷовуз”-и Эрон ва муҳофизати манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида дар минтақа мебошад.

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, ин суханонро рӯзи 18-уми июн ва дар шароити афзоиши нигарониҳо аз як бархӯрди низомии эҳтимолӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон баён кард.

Пентагон пештар эълом кард, ки дар ҷавоб ба “рафтори душманона”-и нирӯҳои Эрон, ба минтақа боз 1000 сарбози дигар мефиристад. Онҳо ба 1500 сарбозе мепайванданд, ки моҳи гузашта ба минтақа фиристода шуданд.

Чин ба ҳамаи тарафҳо ҳушдор дод ва аз Иёлоти Муттаҳида хост, ки камтар фишор орад. Русия ҳамчунин аз тарафҳо хост, худдорӣ кунанд ва амалҳои Амрикоро “иғвогарона” номид.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, кишвараш “ба зидди ҳеҷ кишваре ҷанг нахоҳад кард” ва ба созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ “вафодор” мондааст.

Ҳамлаҳои чанде пеш ба киштиҳои нафткаш дар Халиҷи Амон ва наздикии Тангии Ҳурмуз кашмакашҳоро миёни Амрико ва Эрон сахттар кард. Вашингтон Эронро дар даст доштан ба ҳодиса гунаҳкор мекунад, аммо Эрон дахолатро рад менамояд.

Марк Эспер – сарпарасти нави Вазорати дифои Амрико

Марк Эспер

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, Патрик Шанаҳан, сарпарасти Вазорати дифои Амрико аз номзадиаш дар ин мақом даст кашидааст. Трамп дар “Твиттер” навишт, Шанаҳан мехоҳад, ки боқии умрро бо оилааш гузаронад.

Ба қавли Трамп, Марк Эспер ба ҳайси сарпарасти Вазорати мудофиаи Амрико корашро оғоз мекунад. Дертар ӯ ба хабарнигорон гуфт, Эсперро вазири мудофиа таъйин мекунад, то ҷойи холимондаи Ҷим Маттисро пур кунад.

Маттис дар моҳи январи имсол аз мақоми вазири дифоъ канор рафт ва шаш моҳ боз Пентагон аз сӯи сарпараст идора мешавад.

Доналд Трамп қасд дошт, Шанаҳанро дар моҳи май ба ҳайси номзади Вазорати дифоъ расман ба Сенати Амрико муаррифӣ кунад, то ӯ тасдиқ шавад, аммо ин тасмим ба таъхир афтод.

Эълони нави Доналд Трамп дар замоне садо дод, ки таниш дар Ховари Миёна афзоиш ёфтааст.

Пештар рӯзномаи “USA Today” рӯзи сешанбе гузориш дод, ки идораи таҳқиқи федеролии Амрико як ҷанҷоли миёни Патрик Шанаҳан ва ҳамсарашро, ки ба соли 2010 бар мегардад, баррасӣ мекунад.

Гуттереш аз Русияву Туркия хост, суботро ба Идлиб баргардонанд

Антонио Гуттереш

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Русия ва Туркия хостааст, бе таъхир суботро дар Идлиби Сурия, вилояти зери назорати шӯришиён, барқарор кунанд. Антонио Гуттереш гуфтааст, ин минтақа бо буҳрони башарӣ рӯбарӯст.

Дабири кулли СММ ба хабарнигорон гуфт, «аз афзоиши ҷанг дар Идлиб амиқан нигарон ҳастам, чун бо дахолати зиёди бозигарон вазъият махсусан хатарнок шудааст.»

Русия муттаҳиди асосии режими Башор Асад аст ва Туркия дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия аз шӯришёни зидди ҳукумати ин кишвар пуштибонӣ кардааст.

Соли гузашта ҳарду кишвар дар бораи эҷоди минтақаи холӣ аз ҷанг дар Идлиби Сурия ба созиш расида буданд, вале ин тавофуқ амалӣ нашуд.

Вилояти Идлиб макони охирини шӯришиён дар Сурия ба шумор меравад ва амалиёти низомӣ ба зидди онҳо идома дорад.

Раиси умури башарии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, аз охири моҳи апрел ба ин сӯ дар Идлиб тахминан 330 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карда, 230 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Тобути муҳоҷирони узбекро аз Русия бо пули давлат меоранд

Аз ин ба баъд тобути муҳоҷирони узбек бо пули давлат аз Русия оварда мешавад. Дар ин бора вазири муносибатҳои меҳнативу шуғли аҳолии Узбекистон Шерзод Кудбиев 18-уми июн дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Пештар узбекистониҳо аз президент Шавкат Мирзиёев хостанд, ҷасади муҳоҷирон ба ватан ройгон интиқол дода шавад.

"Ман дастур додам, ки расмиёти интиқоли ҷасади шаҳрвандони Узбекистонро ба ватан осон кунанд. Пештар аз наздикони фавтидаҳо нусхаи патент, пардохтҳои андозро талаб мекардем, ки ҳоло ин қоида бекор карда шуд ва давлат ҳамаи харҷи интиқоли ҷасадҳоро ба кишвар бар зимма мегирад", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони Кудбиев.

Ба гуфтаи Шерзод Кудбиев, ниҳоди зери раҳбарии ӯ ҳамчунин омодааст, ӯзбекистониҳоеро ба ватан биорад, ки дар марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд.

Муҳлати ҳабси бонкдори пешини қазоқ дубора тамдид шуд

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон муҳлати ҳабси бонкдори пешини ин кишвар Жомарт Ертаевро тамдид кард, ки аз Русия ба Қазоқистон истирдод шуда буд. Ӯро дар Қазоқистон ба дуздии дороиҳои бонки RBK айбдор мекунанд. Ертаев замоне роҳбари ин бонк буд. Додгоҳ ҳамакнун ҳабси ӯро то 15 август тамдид кард.

Додгоҳ дар гузашта Ертаевро аз 15 март то 15 май ба ҳабс гирифта буд. Додситонии кулли Қазоқистон 15 март хабар дод, ки бонкдори пешин "барои ба ҷавобгарӣ ҷалб шудан" аз Русия истирдод гардидааст.

Жомарт Ертаеви 45-сола ибтидои моҳи майи соли 2018 аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуд. Қазоқистон Ертаевро расман ба "қаллобӣ" гунаҳкор мекунад. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки Ертаев замони мушовири раиси шӯрои мудирони Bank RBK буданаш, бо роҳи қаллобӣ бештар аз 80 миллион долларро рабудааст.

Аммо Жомарт Ертаев мегӯяд, ҳаргиз дар Bank RBK кор накардааст. Нашрияи "Коммерсант"-и Русия аз қавли Жомарт Ертаев навишт, ки таъқиби вай ангезаи сиёсӣ дорад.

Мишел Платинӣ баъди бозпурсӣ аз боздошт раҳо шуд

Мишел Платинӣ

Президенти пешини Созмони эътилофҳои футболи Аврупо Мишел Платинӣ баъди бозпурсӣ бидуни эълом шудани айб нисбаташ аз боздошт раҳо шуд. Вакили мудофеи Платини гуфт, "бисёре аз сару садоҳо беасосанд".

Мақомоти зидди фасод дар Порис рӯзи 18-уми июн Платиниро дастгир карданд. Ӯро дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми интихоби кишвари мизбони ҷоми ҷаҳонии соли 2022 бозпурсӣ карданд.

Қатар мизбони ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022 аст. Дар доираи ин парванда вазири пешини корҳои дохилии Фаронса Клод Геан низ бозпурсӣ шуда буд.

Қатар соли 2010 ҳаққи баргузории ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022-ро соҳиб шуд. Он замон ҳамчунин Русия мизбони ҷоми ҷаҳонии соли 2018 интихоб шуд.

Дар ҳамон сол расонаҳои бритониёӣ чанд таҳқиқотеро нашр карданд, ки гӯё интихоби ин ду кишвар дар пайи фасодкорӣ сурат гирифтааст. Ин иттилоъ аз сӯи комисияи мустақили ФИФА баррасӣ шуд. Комисия фасодкориро тасдиқ накард.

Ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ интихоби Қатарро ба ҳайси кишвари мизбон ба он хотир танқид карданд, ки дар он кишвар зерсохтор мавҷуд нест ва ба далели гармӣ бозиҳо моҳҳои ноябр-декабр баргузор хоҳанд шуд, на дар тобистон.

Платинӣ варзишкори машҳур аст, ки солҳои 70-80-уми асри гузашта футбол мебозид.

Трамп гуфт, дар интихоботи соли 2020 номзад мешавад

Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 18-уми июн эълон кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020-ум барои ҳифзи мақомаш талош мекунад.

Трамп худро ҳамчун “ошӯбгари сиёсӣ”-е муаррифӣ кард, ки чаҳор сол пеш идораҳои давлатии Вашингтонро такон дода, феълан “қурбонии кӯшишҳои барканор намуданаш” аз сӯи Ҳизби демократ мебошад.

Ӯ дар ҷамъомади тарафдоронаш дар шаҳри Орландои аёлати Флорида гуфт, дар интихоботи соли 2020-ум ҳам мисли интихоботи соли 2016-ум чун номзади ба истилоҳ бегона ё худ "аутсайдер" зуҳур хоҳад кард.

Президенти Амрико мавзӯъҳои асосии интихоботи соли 2016-ум, ки дар он номзади Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтонро шикаст дода буд, ба ёд овард. Вай аз ҷумла ба зарурати мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико таъкид кард.

Феълан наздик ба бист довталаб аз Ҳизби демократ барои ишғоли мақоми номзади расмии ин гурӯҳи сиёсӣ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020-ум талош доранд. Бар пояи назархоҳиҳо онҳо дар муқоиса бо Трамп дар аёлатҳояшон аз пуштибонии бештари раъйдиҳандагон бархӯрдор мебошанд.

Расонаҳо: сафири пешини Бритониё ваколатдори тиҷорати Қирғизистон шуд

Сафири пешини Бритониё дар Қирғизистон Робин Орд Смит ваколатдори тиҷорати Қирғизистон интихоб шуд. Дар ин бора Азамат Акенеев, як коршиноси маҳаллӣ ба расонаҳо хабар дод.

Дар маҷмуъ, барои ишғоли курсии ваколатдори тиҷорат 100 кас, аз ҷумла чанд намояндаи тиҷорати Қирғизистон даъвогар буданд. Дар ниҳоят сафири пешини Бритониё ба ин мақом интихоб шуд.

Ибтидои соли ҷорӣ Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон қарори ташкили ваколатдори тиҷоратро имзо кард. Ваколатдори тиҷорат масъули ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии тоҷирони Қирғизистон хоҳад буд.

Барои фаъолияти ниҳоди ваколатдори тиҷорат 1,5 млн евро ҷудо мешавад. Ин маблағро Бонки Аврупоии рушду бозсозӣ медиҳад.

Дар зоишгоҳи Самарқанд ба модари ҷавон ба ҷои духтараш ҷасади писарро додаанд

Дар таваллудхонаи вилоятии Самарқанди Узбекистон аз 28-уми феврал то 1-уми марти соли равон панҷ тифли навзод фавтидааст.

Табибони зоишгоҳ 28-уми феврал ба Гулҷаҳон Каримоваи 21-сола ҷасади тифлеро дода, гуфтаанд, ки кӯдакаш фавтид. Вале ба гуфтаи наздикони зан, озмоиши ДНК муайян кард, ки ҷасад фарзанди каси дигар аст. Дотситонии кулли Узбекистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, барои таҳқиқи ҳодиса гуруҳи махсуси тафтишотӣ ташкил шудааст.

Гулҷаҳон Каримова субҳи 28-уми феврали соли равон таваллуд кардааст ва табибон гуфтаанд, тифли ӯ духтар аст. Вале дертар онҳо ба зан ҷасади писарбачаеро дода, гуфтаанд, ки кӯдакаш фавтид. Каримова дар натиҷа ба пулис муроҷиат карда, гузаронидани озмоиши ДНК-ро талаб кардааст. Натиҷаи озмоиш тасдиқ кардааст, ки ба ӯ ҷасади тифли бегонаеро додаанд.

"Вақти шӯстани ҷасад дидем, ки ӯ писар аст. Зуд ба беморхона рафта, гуфтам, ки шумо гуфтед, кӯдак духтар аст, вале ҷасади писарро додед. Табибон гуфтанд, "хайр, чӣ шудааст, ҳозир менависем, ки писар буд", - мегӯяд модари Гулҷаҳон - Гуландом Каримова.

Ба иттилои Додситонии кулии Узбекистон, дар зоишгоҳи вилоятии Самарқанд аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли равон 37 кӯдак таваллуд шудааст. "Панҷ тани онҳо бо сабабҳои гуногун фавтидаанд", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Сабабҳои маргумири тифлҳои навзод гуфта намешаванд. Намояндаи Раёсати тандурустии Самарқанд гуфт, дар ин бора хабар надоранд.

Мақомоти қазоқ: "Дар парокандасозии эътирозҳо 300 пулис маҷруҳ шуданд"

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи сешанбеи 18-уми июн хабар дод, ки наздики 300 корманди пулис ҳангоми пароканда кардани эътирозҳои ахири мардумӣ маҷруҳ шудаанд.

"Дар се рӯз - 9, 10, 11-уми июн... Шумор дар навор ва аксҳо дидед, ки чи гуна ба пулис ҳамла мекунанд. Асосан ҷароҳатҳои сабук ҳастанд. Шаш тан аз кормандони пулис дар бемористон бистарианд",-гуфт вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев. "Ба кормандони пулис бо чӯб, санг, оҳанпора ҳамла кардаанд. Ҳамлагарон мехостанд, вазъро ноором созанд",-афзуд вазир.

Ҳафтаи гузашта ВКД навори занозании шаҳрвандони ношиносеро бо пулис нашр кард.

Марат Кожаев, муовини аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 9-уми июн иқдоми эътирозиро талоши "барҳамзании вазъи иҷтимоӣ аз сӯи афроди тундгаро" унвон кард ва ширкатдорони эътирозҳоро "иғвогар" номида буд. Вай гуфт, пулис дар доираи қонун амал кардааст.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон ҳамчунин гуфт, ҳангоми пароканда кардани эътирозҳои моҳи ҷорӣ дар Қазоқистон пулис наздики 4 ҳазор одамро боздошт кард.

"Рӯзҳои 9, 10, 11, 12 ва 13-уми июн дар шаҳрҳои Қазоқистон эътирозҳои ғайриқонунӣ баргузор шуд. Шаҳрвандоне, ки дар эътирозҳо ширкат доштанд, қонун "Дар бораи тазоҳурот, роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ"-ро поймол карданд. Дар қонун дақиқ навишта шудааст, ки пеш аз ташкил кардани гирдиҳамоӣ шаҳрвандон бояд ба мақомоти маҳаллӣ ариза диҳанд. Танҳо бо иҷозаи мақомоти маҳаллӣ тазоҳурот қонунӣ ҳисобида мешавад",-гуфт Тургумбоев.

Вай афзуд, ба пулис дастур шуда буд, ки аз васоили махсус истифода накунад. "Пулис барои пешгирӣ аз бетартибиҳо васоили махсус дорад. Ин лӯлачаҳои газ, калтакҳои резинӣ ҳастанд. Ин васоил истифода нашуданд. Танҳо аз неруи физикӣ истифода шуд. Қариб 4 ҳазор шаҳрвандро боздошт кардем",-илова кард вазир.

Нисбати ин шаҳрвандон "санад тартиб шуда, озод гардидаанд". 677 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ ва 305 каси дигар ба ҷаримаи маъмурӣ ҷалб шудаанд. Вазир ҳамчунин хабар дод, ки рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июн "бештар аз 300 корманди пулис ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд". "Шаш тан аз онҳо ҳоло дар бемористон бистарӣ ҳастанд",-хабар дод Ерлан Тургумбоев.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9-уми июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10-уми июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пас аз эъломи натиҷаи интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

ИМА ба Украина ба маблағи $250 млн кумаки низомӣ мекунад

Вазорати дифои ИМА эълом кард, ки ба маблағи 250 миллион доллар ба Украина кумаки низомӣ мекунад. Дар ин бора сомонаи Пентагон иттилоъ дод.

Нерӯҳои низомии дарёӣ ва таъйиноти махсуси Украина силоҳҳои снайперу гранатомёт, низомҳои ёридиҳанда, аз ҷумла радарҳои зидди тӯпхонаӣ ва дастгоҳҳои иртиботи амн дарёфт мекунанд.

Пентагон гуфт, ин кумаки низомӣ дар доираи ҳамкориҳои ИМА ва Украина дар бахши амният карда мешавад. Дар иттилоияи Пентагон омадааст, ки шароитро барои ҳамкорӣ ислоҳоте фароҳам кард, ки артиши Украинаро ба меъёрҳои амалкунандаи НАТО наздик сохт.

"Ба шарикони амрикоии худ барои идома додани кумакҳояшон дар мубориза бо таҷовузкориҳои Русия миннатдорӣ баён мекунем",-гуфт сафорати Украина дар Вашингтон дар шарҳи тасмими Пентагон.

ИМА аз соли 2014 ба маблағи 1,5 миллиард доллар ба Украина кумаки низомӣ кардааст. Ҳадаф ҳимояти Украина дар баробари таҷовузкориҳои Русия ва мусоидат дар ислоҳоти артиши он гуфта мешавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG