Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ироқ ду шаҳрванди Фаронсаро ба қатл маҳкум кард

Рашид Қосим, зодаи Фаронса ва узви ДИИШ.

Додгоҳе дар шаҳри Бағдод ду шаҳрванди Фаронсаро барои узвият дар гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба қатл маҳкум кардааст. Додситонҳои Ироқ дар ин бора рӯзи 2-уми июн хабар доданд. Ҳамингуна дар як ҳафтаи гузашта 9 нафар шаҳрванди Фаронса бо айни иттиҳом дар Ироқ ба қатл маҳкум шуданд.

Ин афрод аз ҷумлаи 12 шаҳрванди Фаронса ҳастанд, ки размандагони курди зери ҳимояти Амрико дар Сурия дастгир карда ва моҳи январ ба Ироқ супурдаанд. Фаронса гуфтааст, ҳама кори мумкинро мекунад, то ҳукми ин афрод дар Ироқ иҷро нашавад. Дидбони Ҳуқуқи Башар мақомоти Ироқро ба истифодаи “усулҳои гуногуни шиканҷа” муттаҳам карда ва гуфтааст, Фаронсаву дигар кишварҳо набояд муҳокимаи шаҳрвандонашро ба кишварҳои дорои додгоҳҳои табъизгар вогузор кунанд.

Помпео: "Омодаи гуфтугӯи бе пешшарт бо Эрон ҳастем"

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш омодаи гуфтугӯ бе “пешшарт” бо Эрон аст, вале фишор ба онро идома медиҳад. Ӯ дар ин бора рӯзи 2-уми июн баъди мулоқот бо ҳамтои швейтсариягиаш Игнасио Касис дар шаҳри Белинзона сухан гуфт.

Швейтсария ба ҳайси миёнарав, аз Амрико дар Эрон намояндагӣ мекунад. Аз ин пештар дар рӯзи 1-уми июн раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, агар Амрико бо эҳтиром рафтор кунад, мумкин аст, Эрон бо он кишвар музокирот анҷом диҳад.

Танишҳо байни Амрикову Эрон баъд аз он авҷ гирифт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро аз нав барқарор кард. Ӯ моҳи майи имсол аз кишварҳои ҷаҳон хост, воридоти нафти Эронро бас кунанд, дар акси ҳол ба таҳримоти Амрико дучор мешаванд. Чанде пештар Амрико нерӯҳои ҷангиаш дар Ховари Миёнаро тақвият дод ва гуфт, нерӯҳоро барои муҳофизати манофеъ аз таҳдидҳои эҳтимолии Эрон фиристодааст. Ҳарду Амрикову Эрон гуфтаанд, ки хоҳони ҷанг нестанд.

Рӯҳонӣ гуфтааст, бо Амрико гуфтугӯ мекунем, агар...

Ҳасан Рӯҳонӣ

Як хабаргузории нимарасмии Эрон навиштааст, раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, агар Амрико бо эҳтиром рафтор кунад, мумкин аст, Эрон бо он кишвар музокирот анҷом диҳад. Хабаргузории Форс бо нашри ин хабар аз қавли Ҳасан Рӯҳонӣ навиштааст, ки Эронро наметавон бо фишор ба гуфтугу моил кард.

Хабаргузории Форс аз қавли Рӯҳонӣ навиштааст: "Мо тарафдори музокироти мантиқӣ ҳастем, ба шарте ки тарафи муқобил дар мизи музокирот бо эҳтиром рафтор кунад ва ба муқаррароти байналмилалӣ эҳтиром бигузорад.”

Раиси ҷумҳури Эрон дар ин бора рӯзи 1-уми июн суҳбат кардааст ва дар замоне, ки танишҳо байни Амрикову Эрон авҷ гирифтааст. Ин танишҳо баъд аз он авҷ гирифт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро аз нав барқарор кард.

Ӯ моҳи майи имсол аз кишварҳои ҷаҳон хост, воридоти нафти Эронро бас кунанд, дар акси ҳол ба таҳримоти Амрико дучор мешаванд. Чанде пештар Амрико нерӯҳои ҷангиаш дар Ховари Миёнаро тақвият дод ва гуфт, нерӯҳоро барои муҳофизати манофеъ аз таҳдидҳои эҳтимолии Эрон фиристодааст.

Сабабҳои таркиши қавӣ дар Русия таҳқиқ мешавад

Таркиш корхонаро комилан вайрон кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, корҳои наҷотбахшӣ дар як корхонаи азими аслиҳа дар шаҳри Дзержинск ба поён расид ва ҳоло муфаттишон сабабҳои таркиш дар корхонаро таҳқиқ мекунанд. Валерий Синков, як мақоми вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия рӯзи 2-уми июн ба хабарнигорон гуфт, “ки амалиёти наҷот хотима ёфт ва ҳоло чораҳо барои бартараф кардани оқибатҳои фалокат ва осеби он ба биноҳо андешида мешаванд.

Вазорати тандурустии Русия рӯзи 2-уми июн гуфт, баъди таркиш дар корхонаи аслиҳасозии “Кристал” 89 нафар аз ҷумла 44 коргари корхона баъди таркиш ба бемористон муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, 39 коргар ва 46 сокини биноҳои атроф асосан аз шишапораҳо осеб дидаанд. Ба навиштаи Би Би Си дар ин корхона асосан бомбҳои қавӣ месохтаанд.

Ҳамлаву хунрезӣ дар Афғонистон идома кард

Инҷо маҳалли ҳамлаи маргталабона дар рӯзи 31-уми май дар Кобул аст.

Дар остонаи Иди Рамазон ҳамлаву бобмгузорӣ дар Афғонистон идома ёфт ва Толибон даъват барои оташбас дар рӯзи идро рад карданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, рӯзи 2-уми июн танҳо дар шаҳри Кобул се таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи таркиши бомби насбшуда дар бадани як автобуси донишҷӯён дар Кобул як нафар кушта ва 17 тани дигар маҷруҳ шуд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Чанд соат пештар дар вилояти Ғазнӣ як мошини бомбгузоришуда таркид ва 6 афсари пулисро кушт. Толибон масъулияти ҳамлаи рӯзии 22-уми май дар Ғазниро бар ӯҳда гирифтанд, ки дар натиҷаи он ду афсари пулис ҷон доданд ва 17 тани дигар захм бардоштанд. Рӯзҳои 30 ва 31-уми май ҳам бе таркишу хунрезӣ набуд. Соли гузашта Толибон дар Иди Рамазон созиши оташбаси серӯза эълон карданд ва афғонҳо умедвор буданд, ки шояд имсол ҳам бишавад.

Сафари Попи Рум дар Руминия поён меёбад

Попи Рум дар шаҳри Блаж

Попи Рум Франсис сафари серӯзааш дар Руминияро бо омурзиши ҳафт усқуфи руминӣ ва юнонӣ ба поён мебарад, ки дар даврони коммунистӣ ҳалок шуданд. Қарор аст, пешвои католикҳои ҷаҳон ба шаҳри Блаҷ, ба яке аз маҳаллаҳои фақирнишини лӯлиён биравад, ки шароити зиндагиашон баръакси дигар гӯшаҳои Руминия бисёр бад аст.

Попи Рум барои ҳафт рӯҳоние ниёиш мекунад, ки аз соли 1950 то соли 1970 дар даврони ҳукумати коммунистӣ дар Руминия боздошт шуданд. Ҳамаи онҳо, ё дар зиндон, ё дар урдӯгоҳҳои корӣ аз сардиву беморӣ ва ё гуруснагӣ ҷон додаанд. Аксарияташон ҳам муҳокима нашудаанд ва ё онҳоро бе маросими видоъ ва дар гӯрҳои беном дафн кардаанд.

Яке аз ҳадафҳои сафари Попи Рум ба Руминия, аз байн бурдани ҷудоии дерина дар байни католикҳо ва масеҳиёни православ аст. Дар Руминияи 20 миллион нафарӣ тақрибан 4 дар сади мардум худро католик мешуморанд, бақия пайравони Калисои православӣ ҳастанд.

Таркиш дар корхонаи "Кристалл"-и Русия. Даҳҳо нафар маҷруҳ шуд

Дар корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия таркиш ба вуқуъ пайваст.

Мақомоти Русия гуфтанд, бар асари таркиши рӯзи 1-уми июн дар корхонаи "Кристалл" дастикам 38 нафар маҷруҳ шудааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нест.

Бино ба хабари оҷонсии “Интерфакс” ва “ТААС” дар натиҷаи таркиш як бахши корхона қисман хароб шуда, сӯхтор ба амал омадааст. Дар чандин навори видеоӣ, ки ба Интернет роҳ ёфт, садои баланди таркиш шунида мешавад ва дуди ғафс дар ҳоли баланд шудан ба ҳаво аст.

Дмитрий Красанов, муовини волии Нижегород, дар суҳбат бо телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, “ду нафар нопадид шудаанд”. Хабаргузории “Интерфакс” навишт, Глеб Никитин, раиси ҳукумати Нижегород нишасти фавқулода даъват кард.

Малик Салмон Эронро ба ҳимоят аз шибҳанизомиён айбдор кард

Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ

Дар яке аз шадидтарин ҳамлаҳои лафзии худ ба Эрон, шоҳи Саудӣ Теҳронро ба "пуштибонӣ аз шибҳанизомиён" муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ "таҳдиде барои таъмини манбаъҳои нафтии ҷаҳон ва амнияти минтақа аст".

Малик Салмон рӯзи 1-уми июн дар нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Макка ҳамлаи чанде пеш ба киштиҳои нафткаш дар соҳили Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамлаи бесарнишинҳо ба муассисаҳои тавлиди нафти Саудиро "амали террористӣ" номид. Вай дар ҷамъи ҳозирон гуфт: "Мо тасдиқ мекунем, ки ин ҳамлаҳои тахрибкорона нафақат ба Саудӣ ва минтақаи Халиҷи Форс, балки ба амнияти ҳавонавардӣ ва таъмини ҷаҳон бо энержӣ равона шудааст."

Шоҳи Саудӣ гуфт, ҳамлаи дронҳо ба муассисаи тавлиди нафти ин кишвар аз тарафи шӯришиёни ҳусӣ дар Яман анҷом шудааст. Вай шӯришиёни ҳусиро "шибҳанизомиёни террористи зери ҳимояти Эрон" ном бурд.

Арабистони Саудӣ (суннинишин) зери ҳимояти Амрико яке аз рақибони асосии Эрон (асосан шианишин) аст ва ҳарду барои касби нуфузи бештар дар минтақа сабқат доранд. Ҳафтаҳои охир таниш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз роҳҳои калидӣ барои ҳамлу нақли нафт дар даҳонаи Халиҷи Форс афзоиш ёфтааст ва Эрон таҳдид карда, ки онро мебандад.

Дар оғози моҳи гузашта Вашингтон бо зикри таҳдидҳо аз тарафи Эрон нерӯҳояшро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дод.

Эрон даст доштани худ дар ҳамлаҳои ахирро рад кардааст. Аббос Мӯсавӣ, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, "Арабистони Саудӣ моҳи мубораки Рамазон ва шаҳри муқаддаси Маккаро барои ба даст овардани суди сиёсӣ ва иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон истифода кардааст."

Арабистони Саудӣ моҳи гузашта ин нишасти изтирориро даъват карда буд, то мавқеи ягонаи кишварҳои мусалмонӣ ва арабиро зидди Эрон эҷод кунад. Вале мақомоти Ироқ, ки ҳам бо Эрон ва ҳам Амрико ҳамкории қавӣ доранд, гуфтаанд, "амният ва субот дар Эрон ба нафъи давлатҳои мусалмонӣ ва арабист".

Дар тирандозӣ дар Вирҷиния дастикам 12 нафар кушта шуд

Дар тирпаронии як марди зоҳиран "норозӣ" дар бинои ҳукумати шаҳри соҳилии Вирҷинияи Амрико дастикам 12 нафар кушта шудаанд.

Полис рӯзи 31-уми май гуфт, марди мусаллаҳ пеш аз он ки аз тарафи нерӯҳои давлатӣ кушта шавад, чаҳор нафари дигарро захмӣ кардааст. Яке аз захмиён маъмури полис аст. Мақомот мегӯянд, ӯ ба далели ин ки либоси зидди гулӯла пӯшида буд, осеби ҷиддӣ надидааст.

Ҷеймс Сервера, раиси полис, гуфт, марди ҳамлавар дар бинои ҳукумати шаҳри соҳилии Вирҷиния ба кормандон "яксара" тир кушод.

Ба иттилои расмӣ, тирандоз дар бахши хадамоти коммуналӣ фаъолият дошт. Ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки соат чаҳори бегоҳ шуда буд ва кормандон барои берун рафтан аз идора омода медиданд. Ангезаи ҳамла ошкор нашудааст.

Солҳои ахир дар Амрико куштори одамон бо истифода аз силоҳи оташфишон бештар шудааст ва бисёре аз сокинон мехоҳанд қонуни назорати силоҳ бозбинӣ шавад.

Садамаи маргбор. Ҳалокати се ҷавон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи худраве дар роҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ҷон бохтаанд. Ҳодиса шаби 30-юми май дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, ки бахше аз роҳи Душанбе-Хуҷанд аст, иттифоқ афтодааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн дар хабарномае гуфт, Фаррух Додоев, сокини 31-солаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад”, ба мошини тамғаи “Тойота Прадо” бархӯрдааст. Ронандаи ин мошин дар навбати худ ба як мошини боркашон задааст.

“Дар натиҷа, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Фаррух Додоев ҷароҳати вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчунин мусофирони дигари мошини мазкур, Азизҷон Ҷалолов ва Насим Ҳакимов дар беморхона ҷон доданд”, -- гуфта шудааст дар хабарномаи Вазорати умури дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Прадо” бо се мусофираш маҷруҳ шуда, дар шифохона бистарианд. Таҳқиқот дар ин замина идома дорад. То ҳол наздикони ҳалокшудаҳо ваё осебдидагон дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар задаанд.

Дар оғози майи имсол вакили порлумони Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Вале сокинон мегӯянд, баъзе ронандагон интихобӣ муҷозот мешаванд ва ба ҳамин хотири ҳамагуна қонун нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро кам нахоҳад кард.

IAEA: Эрон бар асоси созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳон амал кард

Бинои Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) мегӯяд, Эрон ба ваъдааш бар асоси созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои бузурги ҷаҳон идома медиҳад, агарчи захираҳои ураниюми ғанишуда бо дараҷаи поин ва обҳои сангини ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Бар асоси гузориши чаҳормоҳаи Оҷонс, ки рӯзи 31-уми май ба кишварҳои узви ин идора ирсол шуд, Эрон бар асоси маҳдудиятҳое, ки дар мувофиқатнома зикр шудааст, амал кардааст.

Эрон соли 2015 бо шаш қудрати бузурги ҷаҳон тавофуқ кард, ки дар ивази коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ, барномаи ҳастаиашро маҳдуд мекунад.

Амрико дар соли гузашта аз ин созиш берун шуд. Президент Доналд Трамп тавофуқномаи атомиро бо Эрон ноқис хонд ва дубора зидди ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кард.

Дар як моҳ дар Идлиби Сурия 948 нафар кушта шудааст

Дар натиҷаи афзоиши ҷангҳо дар як моҳи гузашта дар вилояти Идлиби Сурия 948 тан кушта шудаанд.

Созмони назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 31-уми май гуфт, тақрибан сесад нафари онҳо афроди мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон ҳастанд. Ин талафот дар натиҷаи тирандозии низомиёни Русия ва нерӯҳои Сурия давлатии сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони созмон, дар ҷараёни ҳамин муддат 22 нафар, ба шумули даҳ кӯдак, дар натиҷаи тирандозии шӯришён ба минтақаҳои зери назорати нерӯҳои тарафдори режими Башор Асад кушта шудаанд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳуҷумҳои зиёди нерӯҳои тарафдори режими Сурия ба вилояти Идлиб ва минтақаҳои атрофи он як тавофуқ сурат гирифт. Ин минтақаҳо дар назорати гурӯҳи “Таҳрири Шом” аст.

Ба гуфтаи созмони назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, аммо режими Сурия ва муттаҳиди он Русия аз моҳи апрел ба ин сӯ ҳамлаҳои маргбори ҳавоиро ба манотиқи таҳти назорати шӯришён бештар кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 31-уми май гуфт, дар вилояти Идлиб ба оташбас ниёз буд ва лозим аст, ки террористон тирандозӣ болои афроди мулкӣ ва муассисаҳоро бас кунанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия аз гурӯҳҳои мухталифи шӯришён, вале Русияву Эрон аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар Берлин гуфт, “мо мушкилоти мухталифро мавриди баҳси қарор хоҳем дод. Табъан дар мавриди вазъияти Сурия ва авзои хеле шикананда дар Либия гуфтугӯ хоҳем кард.”

Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, аз моҳи апрели имсол ба ин тараф дар натиҷаи ҷангҳо дар Сурия ҳудуди 270 ҳазор тан бе ҷо шудаанд. Идораҳои СММ маҷбур шудаанд, ки дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар фаъолияти худро муваққатан боздоранд.

Раиси ҷамъияти "Помир" дар Санкт-Петербург даргузашт

Бахтибек Бердов

Бахтибек Бердов, роҳбари ҷамъияти "Помир" дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва вакили шӯрои мунитсипиалӣ аз ҳизби "Русияи воҳид" рӯзи 30-юми май дар 54-солагӣ даргузашт. Қарор аст, ӯро дар оромгоҳи мусалмонони Санкт-Петербург дафн кунанд. Бахтибек Бердов соли 1965 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, бештар бо лақаби "Бабек" маъруф буд. Вай солҳои 1984-1986 дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравии собиқ хидмат ва соли 2000 Донишгоҳи омӯзгории ба номи Гертсен ва баъдан Академияи хидмати давлатии ҳавзаи Шимолу Ғарбро хатм кардааст. Солҳои охир дар Омӯзишгоҳи захираҳои об кор мекард. Қаҳрамони Аврупо, ноиб-қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва чаҳор даъфа қаҳрамони Петербург оид ба каратэ буд. Сомонаи "Pamir Daily News" рӯзи 31-уми май навишт, ки Бахтибек Бердов новобаста аз маҳал ба муҳоҷирони корафтодаи тоҷик кумак мекард. Ин вебсайт айни замон навишт, ӯ дар гузашта яке аз мухолифони Душанбеи расмӣ буд, вале солҳои охир бо мақомот ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамкории фаъол дошт.

Масъулияти таркиш дар Кобулро Толибон ба ӯҳда гирифтанд

Толибон масъулияти таркиши маргбори як мошини ҳомили бомбаро ба ӯҳда гирифтанд. Ин ҳодиса субҳи 31 май дар Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод ва ин таркиши дуюми пурқурбонӣ дар давоми ду рӯзи ахир дар ин кишвар мебошад. Дар ин таркиш, ки дар маҳаллаи Яккатути Кобул рух дод, тибқи гузоришҳо 7 нафар куштаву захмӣ шуданд. Як шоҳиди ин таркиш ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки дар паи таркиши ногаҳонӣ ҳадди аққал як марди маҷрӯҳро ба бемористон интиқол додааст.

Таркиш лаҳзаҳое рух дод, ки корвони низомии амрикоиҳо аз ин маҳалла убур мекард. Сухангӯи низомиёни амрикоӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чор низомии онҳо ҷароҳати сабук бардоштаст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки дар ин ҳодиса чор раҳгузар кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид, ки ҳамларо кори дасти ин гурӯҳи шӯришӣ номид, бидуни овардани далеле иддао кард, ки дар таркиш 10 сарбози амрикоӣ кушта шуд.

Фаронсаву Олмон хостори азсаргирии музокироти сулҳи Украина шуданд

Президенти Украина дар сӯҳбат бо вазирони хориҷаи Олмону Фаронса дар Киев

Вазирони хориҷаи Фаронсаву Олмон гуфтанд, ки ин кишварҳо хостори азсаргирии музокирот барои хатми низоъҳои мусаллаҳона дар Украина мебошанд. Вазири олмонӣ Ҳейко Маас ва ҳамкори фаронсавиаш Жан Ив Ле-Дриан рӯзи 30 май дар як нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки дар Киев бо президенти нави Украина Владимир Зеленский як сӯҳбати фавқулодда хубе анҷом додаанд. Фаронсаву Олмон пуштибонҳои муҳими ҷараёни сулҳи Украина мавсум ба “созишномаи Минск” мебошанд, ки ҳадафаш пешбурди музокирот бо ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин ба хотири хатми ҷангҳо дар шарқи Украина мебошад.

Шурӯъ аз апрели соли 2014 дар низоъҳои мусаллаҳонаи шарқи Украина ҳудудан 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Низоъҳои мусаллаҳона дар қаламравҳои минтақаҳои Донетск ва Луҳанск дар шаҳри Украина ҷараён доранд. Маас гуфт, ки фурсати муносиби азсаргирии музокираҳо бар асоси созишномаи Минск фаро расидааст. Ӯ гуфт, ки шонси воқеии барқарории сулҳ фаро расидааст ва президент Зеленский ҳам гуфтааст, ки барқарории сулҳ дар авлавияти кори ӯ хоҳад буд.

Помпео Эронро дар ҳамла ба нафткашонҳои Иморот айбдор кард

13 май, бандари Фуҷайра. Киштии "ANDREA VICTORY" осеб дидааст

Вазири хориҷаи ИМА Майк Помпео гуфт, ки Эрон дар оғози моҳи май ба хотири фишор овардан дар афзоиши нархи нафти хом ба киштиҳои нафткаши Имроти Муттаҳидаи Араб ҳамла кардааст. Помпео ин нуктаро дар остонаи сафараш ба Аврупо рӯзи 30 май баён кард. Қабл аз ин мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷон Болтон гуфт, ки шаҳодати ҳамлаи эрониҳо ба нафткашонҳои Иморотро ҳафтаи оянда дар ихтиёри Шӯрои амнияти СММ қарор медиҳад.

Ба савол дар бораи ин ки оё Помпео ин шаҳодатҳоро дидааст ё на, ӯ гуфт: “Бале. Сафир Болтон онро дуруст кардааст”. Теҳрон даст доштанаш дар ҳама гуна ҳамлаҳоро рад карда мегӯяд, ки ин иттиҳомот “соддалавҳона” буда дар навбати худ Вашингтонро барои “ниятҳои бад”-аш дар минтақа айбдор кард. Инчунин рӯзи 30 май намояндаи вижаи ИМА дар умури Эрон ҳушдори Вашингтонро такрор кард, ки агар Эрон манфиатҳои Амрико дар минтақаро ҳадаф қарор диҳад, ИМА посухи низомӣ хоҳад дод.

Тафтиши телефони наздикони муҳоҷирон дар Туркманистон

Дар ноҳияи Саяти вилояти Лебапи Туркманистон кормандони мақомоти қудратӣ хона ба хона гашта, телефону симкорти сокинонеро тафтиш мекунанд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар Туркия ҳастанд.

"Кормандони пулис ва амният ба хонаҳо омада, мепурсанд, ки фарзанд ё наздиконатон дар Туркия чӣ кор мекунанд? Бо онҳо тамос мегиред? Чӣ қадар пул мефиристанд?" - гуфт як манбаъ аз Саят.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, маъмурони ҳифзи ҳуқуқи туркман ҳатто телефону симкортҳои бархе аз сокинонро барои тафтиш бо худ бурдаанд ва ҳудуди 15 рӯз мешавад, барнагардондаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ пайваста ҳукумати Туркманистонро барои нақзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон танқид мекунанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ борҳо хабар дода буд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон телефонҳои сокинонро мусодира карда, маълумоти шахсии онҳоро тафтиш мекунанд.

Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон моҳи марти соли гузашта маъмурони пулис телефонҳои кормандони буҷавӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиро дастаҷамъона мусодира карда буданд.

Тирпаронӣ дар марзи Қирғизистону Узбекистон: як кас захмӣ шуд

Дар минтақаи Тогуз-Булаки ноҳияи Аравани Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, рӯзи 31-уми май тирпаронӣ сурат гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд.

Марзбонони Қирғизистон дар наздикии марз ду мошинеро бо рақамҳои давлатии Узбекистон хостанд, боз доранд, вале ронандагон ба фармони онҳо итоат накарданд. "Мошинҳо бо вуҷуди оташкушоии огоҳкунанда ҳаракатро идома доданд. Марзбонон маҷбур шуданд, ки ба чархи мошинҳо паронанд, дар натиҷа як шаҳрвандӣ Ӯзбекистон захмӣ шуд", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо муовини раҳбари Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба маҳалли ҳодиса барои тафтиши муштарак намояндагони худро фиристанд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 1170 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Фаъолони Бишкек зидди фасодкорӣ тазоҳурот мекунанд

Фаъолони мадании шаҳри Бишкеки Қирғизистон тасмим доранд, бо баргузории як тазоҳуроти осоишта аз мақомот муборизаи воқеиро бо коррупсия талаб кунанд. Ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова тариқи саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мардумро ба тазоҳурот даъват кардааст.

"Агар мо ҳозир даст ба иқдомҳои ҷиддӣ назанем ва ислоҳотро талаб накунем, дар мо чизе тағйир нахоҳад ёфт. Шумо аз мубориза бо фасод қонеъ ҳастед? Аз фаъолияти Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон қаноатмандед? Шумо розиед, ки миллионҳо будҷаро давр бизананд ва ҳама муборизаҳо бо таъқибҳои сиёсӣ бианҷоманд?",-суол гузоштааст ӯ.

​Ҳомии ҳуқуқи қирғиз аз сокинони норозии кишвараш даъват кардааст, ки барои баргузории тазоҳуроти осоишта таҳти шиори "Ба хотири муборизаи воқеӣ бо коррупсия" 3-юми июн дар майдони Бишкек ҷамъ шаванд.

"Дар давоми як соат ба президент ва порлумон нишон хоҳем дод, ки аз шеваи мубориза бо коррупсия дар кишвар розӣ нестем. Хоҳиш мекунам, ин иттилоъро ба дигарон ҳам расонед",-навиштааст Карасартова.

Русия дар канори "Ҳайдаркӯл"-и Узбекистон нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад

Ширкати русии "Росатом" тасдиқ кард, ки бунёди нирӯгоҳи ҳастаиро дар Узбекистон солҳои 2020-2021 оғоз карданист. Қарор аст, ин нерӯгоҳ дар наздикии обанбори "Ҳайдаркӯл" дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷизах бунёд шавад.

"Чандин гузина баррасӣ ва майдони зебое бо номи "Ҳайдаркӯл" интихоб карда шуд. Ин майдонро хуб медонем, вале бояд гуфт, ки тасмими ниҳоӣ пас аз дарёфти иҷозатнома барои бунёди нирӯгоҳ дар макони мазкур гирифта мешавад",-иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханони раҳбари "Росатом" Алексей Лихачев.

Ба гуфтаи Лихачев, "Росатом" тасмим дорад, то охирҳои соли 2020 иҷозатномаи бунёди нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро дар Узбекистон дарёфт ва сохтмони онро то соли 2021 оғоз кунад. Ҳайдаркӯл дар шимолу шарқи Узбекистон ҷойгир аст ва аз нигоҳи масоҳат пас аз баҳри Арал дувумин кӯли бузургтарин дар минтақа ба шумор меравад.

Масъалаи бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нерӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Узбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

Лихачев он замон гуфта буд, ки Русия пешниҳод дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ сохта шавад. Иқтидори нирӯгоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад. Бино бар барномарезии мақомоти Узбекистон, нерӯгоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Тибқи нақша, нерӯгоҳ бояд то соли 2030 мавриди истифода қарор гирад. Ҳукумати Русия барои бунёди он ба Узбекистон қарз хоҳад дод.

Дар Қазоқистон се нафар бо 8 норинҷак боздошт шуданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон 30-юми май хабар дод, ки се сокини маҳаллиро бо гумони хариду фурӯши дастгоҳи тарканда боздошт кард.

Ба огаҳии кумита, гумонбарон 28-уми май "ҳангоми хариду фурӯши норинҷак" дар вилояти Алмато дастгир карда шуданд. Аз онҳо ҳашт норинҷаки навъи РГД-5 мусодира кардаанд.

Хадамоти матбуотии кумита қазияро аз ин бештар шарҳ надодааст ва танҳо афзуда, ки тафтишот идома дорад.

Мусофирони як автобус дар Ишқобод дуздеро дастгир ва "ҷазо" доданд

Дар яке аз автобусҳои мусофиркашонии шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 28-уми май дузди кисабуреро дастгир карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, мусофирон дуздро дастгир ва бо латту кӯб аз автобус берун карданд.

"Ҷолиб ин ки мусофирон, нахостанд пулисро даъват кунанд. Онҳо ба пулис эътимод надоранд ва намехоҳанд, пулис дахолат кунад. Одамон медонанд, ки пулис аз дузд ҳақ меситонад ва ӯро раҳо мекунад",-гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Шоҳиди дигари ҳодиса гуфт, бештари сокинони Ишқобод мехоҳанд, мушкилоташонро бидуни дахолати пулис ҳал кунанд.

Додгоҳи Туркия 74 низомии пешинро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Додгоҳе дар Туркия 74 низомии пешинро барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июни соли 2016 ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ба иттилои хабаргузории Anadolu, 56 тани онҳо ҷазои худро дар зиндони низомаш сахт адо мекунанд.

Дар доираи парвандаҳои марбут ба табаддулоти давлатии Туркия ҷамъан 152 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Дар робита ба 31 парванда ҳукми сафедкунанда содир шудааст.

Ба огаҳии додгоҳ, табаддулотгарон сардори пешини Ситоди кулли артиши Туркия Хулусӣ Акарро ба гарав гирифта, аз пойгоҳи низомии ҳавоии Акинҷӣ ба қароргоҳи сарвазир бурдаанд. Халабон Уғур Капан, ки Акарро интиқол дода буд, ба 29 ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст.

Кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар Туркия шаби 16-уми июни соли 2016 сурат гирифт. Дар натиҷаи он 250 одам кушта ва 2200 тани дигар захмӣ шуданд. Мурофиаи додгоҳии нахустин дар робита ба кӯшиши табаддулоти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз ва нахустин ҳукм моҳи январи соли 2018 содир шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Turkey Purge, пас аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ беш аз 96 ҳазор нафар боздошт шуда, зидди зиёда аз 500 кас тафтишот оғоз гашта буд.

Анқара мегӯяд, табаддулоти нокомро руҳонии мухолифи турки муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гюлен созмон додааст. Мақомоти турк аз Вашингтон талаб доранд, ки ӯро ба ватан истирдод кунад.

Доналд Туск: Сарез хеле зебо аст, вале...

Акс аз саҳифаи фейсбукии Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо гирифта шудааст

Доналд Туск дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 30 май аксҳое аз манзараҳои Сарез ва ҳайати мақомоти тоҷику аврупоиро нашр карда навишт: “Тағйироти табиатро дар ин ҷо мешавад мушоҳида кард. 5 пирях аллакай нопадид шуд, сатҳи об боло меравад. Тағйироти иқлим як масъалаи ҷаҳонӣ аст, ки мо бояд муштаракан бо он мубориза барем”.

Ин нахустин изҳороти президенти Шӯрои Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аст, ки дар саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди ошноӣ бо кӯли Сарез нашр шуд. Доналд Туск дар садри ҳайати баландпояи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо шоми 29 май ба Тоҷикистон омад ва нахуст бо чархбол ба тамошои кӯли Сарез парвоз кард. Ҳадафи ин сафар – мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баррасии стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ, ошноӣ бо мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва масоили амниятӣ мебошад.

Рӯзи 29 май бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он изҳори нороҳатӣ карданд, ки президенти Шӯрои Аврупо мулоқоту гуфтугӯи ҷудогонае бо намояндагони созмонҳои маданӣ ва матбуот доир накард, то ки, ба гуфтаи онҳо, “масоили марбут ба зиндониҳои сиёсӣ, фишор болои авдкатҳо, бастани интернет” ва масоили дигар матраҳ шавад.

Рӯзи 30 май сухангӯи Доналд Туск ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дидору гуфтугӯ бо президент Раҳмон президенти Шӯрои Аврупо қарор аст масоили ҳуқуқи башарро низ матраҳ кунад.

Верховная Рада истеъфои нахуствазирро қабул накард

Парлумони Украина бо истеъфои нахуствазир Владимир Ҳройсман мухолифат кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 30 май дар Верховная Рада баргузор шуд, аз 226 вакил танҳо 97 нафар ба ҷонибдории истеъфои Ҳройсман овоз доданд. Баъди савгандёдкунии президент Владимир Зеленский дар таърихи 20 май, ӯ аз ҳукумат тақозо кард, ки ба истеъфо равад ва ба баргузории интихоботи зудраси парлумонӣ амр дод.

Худи Ҳройсман дар суханронии худ дар парлумон гуфт:

“Ман дар вазифаи худ монданӣ нестам. Ман аризаи истеъфои худро додам ва тасмим имрӯз бо шумо аст. Аз сӯи дигар, ман ҳамеша як шахси бомасъулият будам ва ҳеҷ гоҳ аз масъулият наҳаросидам. Ҳамаи ин се соли охир ҳар субҳ ҳар рӯз ман масъулияти худро дар баробари ин кишвар бахубӣ дарк кардаам”

Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Зеленский эълон кард, ки президент шахсан аз парлумон дархост намуд, ки вазири хориҷа Павло Климкин, вазири дифоъ Степан Полторак ва раиси Хадамоти амният Васил Ҳритсакро аз мақомашон баркарор кунад. Дафтари президент гуфтааст, ки ҷараёни барканории додситони кулл Юрий Лутсенко муваққатан боздошта мешавад.

Интихоботи парлумонӣ дар моҳи июл баргузор мешавад. Вале дар овоздиҳии изтирории рӯзи 22 май аъзои Верховная Рада бо баррасии тағйирот ба қонун мухолифат карда Зеленскийро дар бораи чолишҳое ҳушдор додааст, ки дар пешорӯи кори нави панҷсолааш қарор дорад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG