Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп шаҳрдори Лондонро "фалокат" номид

Содиқ Хон ва Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дигарбора Содиқ Хон шаҳдори Лондонро танқид кард ва ӯро “фалокат” номида гуфт, ки бояд ҳарчӣ зудтар иваз карда шавад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар Твиттер навишт, “Лондон ҳарчӣ зудтар ба шаҳрдори нав эҳтиёҷ дорад. Хон як фалокат аст, ки бадтар мешавад.” Ӯ пештар шаҳдори Лондонро “як бозандаи дилсанг” номидааст.

Трамп дар ин бора бо нашри навиштаи Кети Ҳопкинс, шореҳи ростгарои ифротии Бритониё изҳори назар кардааст. Ин шореҳ соли 2015 ба исломситезӣ муттаҳам шудааст ва муҳоҷиронро ба ҳашарот монанд кардааст.

Доналд Трамп баъд аз он Содиқ Хонро танқид кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ҳамлаҳову кордкашӣ дар Лондон се мард кушта шуданд. Раиси ҷумҳури Амрико солҳост, бо Содиқ Хон, ки мусулмон аст, ҷанҷоли лафзӣ дорад, чун шаҳрдори Лондон сиёсатҳои Трампро ҳам танқид кардааст.

Раиси ҷумҳури собиқро ба додгоҳ меоранд

Умар Башир

Қарор аст, Умар Башир, раиси ҷумҳури барканоршудаи Судон ҳафтаи оянда барои эълони иттиҳоми фасодкорӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба додгоҳ ҳозир шавад. Дар ин бора додситонии Судон рӯзи 15-уми июн хабар дод. Ду моҳ пештар аз ин баъд аз тазоҳуроти азими мардумӣ, низомиёни Судон Умар Баширро аз мақомаш барканор карданд.

Ӯ, ки раҳбари худкомае буд, муддати тӯлонӣ дар Судон ҳукумат кардааст. Волид Аҳмад, додситони кулл дар бораи эълони иттиҳом суҳбат кард, вале нагуфт, ки Умар Башир кадом рӯз ба додгоҳ меоранд. Абдулфаттоҳ Бурҳон раиси Шӯрои низомии Судон моҳи апрел гуфт, аз қароргоҳи Умар Башир дар умум бо арзиши 113 миллион доллар се навъи асъори хориҷиро кашфу мусодира кардаанд.

Вақти эълони вазъи фавқуллода дар Судон дар моҳи феврал барои хотима додан ба тазоҳуроти мардумӣ худи Умар Башир бо судури як қарор гуфт, ки бо худ нигаҳ доштани бештар аз 5 ҳазор доллар ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст.

Аз Покистон хостанд, як беморро ба дор накашад

Соро Билол

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Покистон хостанд, як зиндонии гирифтори бемори равониро ба дор накашад. Соро Билол, раиси созмони Тарҳи Адолат дар Покистон рӯзи 16-уми июн гуфт, ҳукумат бояд иҷрои ҳукми қатли Ғулом Аббосро, ки қарор аст, рӯзи 18-уми июн ба дор овехта шавад, то замони арзёбиҳои иловагӣ ба таъхир андозад. Созмони мазкур мехоҳад, дар Покистон ҳукми қатлро аз байн баранд.

Соро Билол аз қавли Малик Мубашир, табиби шинохтаи бемориҳои равонӣ дар Покистон гуфт, ки Ғулом Аббос аломатҳои возеҳи бемори равониро дорад, дар зиндон доруҳои сахттаъсири зидди ҷунун гирифтааст ва дар хонаводааш ҳам гирифторони чунин беморӣ будаанд. Ғулом Аббоси 36-соларо баъди қатли ҳамсояааш бо корд дар соли 2004 ба қатл маҳкум карданд. Покистон узви Паймони Ҳуқуқи Афроди Маълул аст.

Зеленский ба Мариупол рафт ва гуфт...

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 15-уми июн дар маросими панҷумин солгарди раҳоии шаҳри Мариупол аз дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ширкат кард.

Мариупол, дар соҳили Баҳри Азов 20 километр дуртар аз ҷабҳаи пеши муноқиша дар шарқи Украина ҷойгир аст. Аз замони шуруи ҷангҳо дар ин минтақа аз моҳи апрели соли 2014 то кунун 13 000 нафар кушта шудаанд.

Як моҳ пештар аз шуруи даргириҳо, Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб ва сипас ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Владимир Зеленский дар тамринҳои муштараки низомӣ ва ифтитоҳи як маркази барчидани минаҳо ширкат кард.

Ӯ хост, таваҷҷӯҳ ба минтақаи Донбасс равона карда шавад, ки ду вилояти он Луганск ва Донетск дар дасти ҷудоиталабон аст. Ӯ гуфт: “Инҷо хоки мо қаламрави мо аст ва мо мехоҳем, мардуми он тараф, қаламравҳои муваққатан ишғолшуда бидонанд, ки инҷо Украина мешукуфад.”

Ҳасан Рӯҳонӣ мунтазири "посухи мусбати" тарафҳои дигар

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш иҷрои дигар бандҳои созиши атомиро муттавақиф мекунад, то замоне, ки аз дигар тарафҳои созиш “посухи мусбат” нагирад.

Ӯ рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Душанбе гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эъломи омодагӣ барои ҳаргуна таомул тасмим гирифтааст, то тибқи бандҳои 26 ва 36 “БАРҶОМ” (созиши атомӣ) иҷрои тааҳҳудоташро барои эҷоди тавозун дар ин тавофуқ коҳиш диҳад. Ва албатта дар сурати адами дарёфти посухи мусбат ба ночор иқдомоти бештаре дар ин замина анҷом хоҳад дод.”

Ӯ мушаххас нагуфт, ки Эрон аз иҷрои кадом бандҳо даст мекашад ва кадом посухҳоро мехоҳад бубинад. Баъд аз онки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз созиши атомии чандҷониба бо Эрон даст кашид ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро барқарор кард, ин кишвар низ иҷрои баъзе аз бандҳои созишро бас кард. Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сухан гуфт, ки рӯзи 15-уми июн ба поён расид. Ӯ афзуд, ки тасмими даст кашидан аз иҷрои бандҳои созиш ба сабаби берун рафтани Амрико ва эъмоли дигарбораи таҳримҳо ба зидди Эрон аст, ки дигар тарафҳо низ аз он ҳимоят кардаанд.

HRW: Ба Стив Свердлов дар Узбекистон ҳамлаи лафзӣ шуд

Муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов рӯзи 13-уми июн дар Узбекистон мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифтааст. Ӯ бо ҳадафи анҷоми таҳқиқот дар шаҳри Тошканд буд.

HRW рӯзи 15-уми июн бо пахши изҳорот ҳамла ба пажӯҳишгарро "бахше аз маъракаи зидди ин созмони ҳомии ҳуқуқ, фаъолон ва журналистон дар Узбекистон" номид ва маҳкум кард. Мавқеи ҳукумати Узбекистон ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Дар изҳорот омадааст, як видеоблогери узбек бо номи Сардор Комилов ва чаҳор нафари дигар рӯзи панҷшанбе ба меҳмонхонае, ки дар он Свердлов қарор дошт, ворид шудаанд. Комилов дар даромадгоҳи меҳмонхона гуфтааст, ӯ меҳмони Свердлов аст ва ба хотири дарёфти ёрии HRW омадааст. То ҳол худи Комилов ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодааст. ​

Замоне ки Свердлов поин омад, Комилов ва нафарони дигар ӯро ҳалқа гирифта, нагузоштаанд ҳаракат кунад ва дар давоми 20 дақиқа навор бардоштаанд. Комилов ба Свердлов ҳамлаи густардаи лафзӣ ташкил карда, ӯро пайваста таҳқир менамуд. Онҳо ба Свердлов гуфтаанд, ки "аз Узбекистон дафъ шавад".

Кеннет Рот, раҳбари иҷроияи созмони HRW, ин ҳодисаро маҳкум кард. Вай навишт, "HRW аз мутахассиси худ пурра ҷонибдорӣ ва чунин як ҳамлаи ифлосро маҳкум мекунад".

Рот гуфтааст, ин ҳамла бахше аз маъракаи калони зидди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аст, ки дар Узбекистон ҷараён дорад ва ҳадафи он беобрӯ кардани фаъолони ҳуқуқ мебошад.

То ҳол ҳукумати Узбекистон дар бораи ин ҳодиса чизе нашр накардааст.

Президент Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 сари қудрат омад, гуфта буд, ки аз пайи ислоҳоти сиёсӣ мешавад. Вай ахиран барои талошҳои начандон чашмраси худ дар заминаи ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Нозанин Зоғарӣ дар зиндони Эвин даст ба гуруснанишинӣ зад

Нозанин Зоғарӣ

Нозанин Зоғарӣ-Ретклифф, имдодрасони бритониёии эрониасл, ки дар маҳбаси Эвини Теҳрон нигаҳдорӣ мешавад, даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Ричард Ретклифф, шавҳари Нозанин, рӯзи 15-уми июн гуфт, ӯ дар рӯзи панҷсолагии духтараш гуруснанишинӣ кард. Зоғарӣ дар бораи эътисоби ғизо мақомоти додгоҳиро хабардор кардааст.

Ретклифф афзуд, ният дорад ба назди сафорати Эрон дар Лондон рафта, эътироз кунад.

Нозанин Зоғарӣ-Ретклифф, корманди Бунёди хайрияи Томсон Рейтерз, се сол қабл ҳамроҳи духтари хурдсолаш барои дидор бо наздикон ба Эрон рафта буд. Вақте мехост баргардад, дар фурудгоҳ аз тарафи мақомоти Эрон боздошт шуд.

Ӯро бо ҷурми ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд. Вале Нозанин Зоғарӣ ва вакили мудофеаш ин иттиҳомро рад кардаанд.

Сафири Чин аз дӯстӣ бо Тоҷикистон ситоиш кард

Сӣ Ҷинпин шоми 14 июн вориди Душанбе шуд ва дар фурудгоҳ ӯро худи президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд

Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Чин ба Тоҷикистон масоили марбут ба амният ва ҳамкориҳо дар Осиё, суботи минтақавӣ ва эҷоди ояндаи беҳтар бо “хусусиятҳои осиёӣ” баррасӣ мешавад. Дар ин бора дар мусоҳибааш ба хабаргузории давлатии "Синхуа" сафири Чин дар Тоҷикистон Лиу Бин хабар додааст.

Рӯзи 15-уми июн Сӣ Ҷинпин, президенти Чин дар баробари ширкат дар ҷаласаи машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, меҳмони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин сафари давлатии Ҷинпин дар ҷашни 66-солагиаш мегузарад.

Субҳи шанбе президенти Русия Владимир Путин ҳамчун тӯҳфа ба Ҷинпин, ки Путинро “як дӯсти беҳтарин номидааст”, як қуттӣ яхмоси русии “Пломбир” тақдим кард.

Сафари давлатии раҳбари Чин дар нимаи дуюми рӯз шурӯъ шуд.

Дар остонаи диду боздидҳои Сӣ Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон раҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Тоҷикистон гуфт, ин сафар “дар равобити дуҷонибаи ду кишвар саҳифаи тоза боз карда, ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав мебарорад”.

Лиу Бин ёдовар шуд, ки бори аввал Ҷинпин соли 2014 бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд ва муносибатҳои ду кишвар ва ҳамкориҳои ба вижа иқтисодӣ аз он замон то кунун шоҳиди пешрафти назаррасе шуд.

“Чину Тоҷикистон дӯстони беҳтарин ҳастанд”, --гуфт сафир ва афзуд, "ин ду давлат дар масоили марбут ба манфиатҳои калидӣ аз якдигар пуштибонӣ мекунанд".

Ӯ инчунин гуфт, Чин сармоягузори бузурги Тоҷикистон буда, шарики сеюми тиҷоратии Душанбе аст. Ба гуфтаи сафир, мизони тиҷорати байни ду кишвар дар соли гузашта аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашт.

Туҳфаи Путин ба Ҷинпин дар ҷашни 66-солагиаш дар Душанбе. ВИДЕО

Дар Душанбе Владимир Путин ба Си Ҷинпинг яхмос туҳфа кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи 15-уми июн 66-солагиашро дар Душанбе пешвоз гирифт.

Владимир Путин, президенти Русия, субҳи шанбе ҳамтои чиниашро ба ҷашни зодрӯз табрик кард ва ба ӯ яхмоси навъи "Пломбир" туҳфа намуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, ба хабарнигорон гуфт, Путин пеш аз оғози нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба қароргоҳи Ҷинпин дар Душанбе рафтааст.

Ӯ афзуд: "Раиси ҷумҳури Русия нақши Сӣ Ҷинпинро дар рушди муносибатҳо махсус ва сафари ахири ӯро ба Русия муваффақ номид."

Раҳбари Чин дар навбати худ ба президенти Русия изҳори сипос карда ва гуфтааст, "ӯ дар Чин фавқулода маъруф аст."

Баҳси зиндагии хусусии мақомоти баландпоя дар Чин хеле кам иттифоқ меафтад. Санаи таваллуди аксари онҳо ба ҷомеа маълум нест.

Вале телевизиони давлатии Чин лаҳзаҳоеро намоиш дод, ки Сӣ Ҷинпин ва Владимир Путин дар даст ҷом тасвир ёфтаанд. Дар ҳоле ки Путин ба Ҷинпин яхмоси русӣ тақдим мекард, раҳбари Чин ба ӯ чойи хитоӣ дод.

Маълум нест, оё раҳбарону намояндагони кишварҳои дигар низ раиси ҷумҳури Чинро дар Душанбе ба зодрӯзаш табрик кардаанд ё не. Мақомоти Тоҷикистон ҳозир нашуданд, дар ин бора гап зананд.

Барои иштирок дар нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё раҳбарону намояндагони 27 кишвар ба Тоҷикистон омадаанд.

Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, ба нишасти Душанбе наомад

Маҳмуд Аббос

Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, ба нишасти Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзи 15-уми июн дар Душанбе оғоз шуд, наомадааст. Фаластинро дар ин нишаст вазири умури хориҷии он кишвар Риёз ал-Моликӣ намояндагӣ кард.

Мақомот далели наомадани Маҳмуд Аббосро шарҳ надодаанд. Дар ҳоле ки моҳи майи имсол як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон сафари Маҳмуд Аббосро ба Душанбе тасдиқ карда буд.

Риёз ал-Моликӣ, вазири умури хориҷии Фаластин, низ моҳи май ба хабаргузории ТАСС гуфта буд, Маҳмуд Аббос дар ҳошияи ин нишаст бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мулоқот мекунад.

Робитаи дипломатии Тоҷикистону Фаластин аз моҳи марти соли 1992 оғоз ёфтааст. Қароргоҳи сафири Фаластин дар Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Узбекистон аст.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки "Душанбе ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин буд ва мебошад" ва "байни сарони ду давлат мукотиба ва мубодилаи мунтазами паёмҳои табрикӣ вуҷуд дорад".

Барои иштирок дар нишасти Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё раҳбарону намояндагони 27 кишвар омаданд.

Дар як саф бо Женева. Зиндагӣ дар Ишқобод гаронтар шудааст

Бино ба таҳқиқи созмони ECA International, зиндагӣ дар Ишқобод – пойтахти Туркманистон – яке аз гаронтаринҳо дар дунё эътироф шудааст.

Натиҷаи таҳқиқот рӯзи 13-уми июн нашр шуд. Туркманистон дар зинаи 110-ум қарор дорад. Ин кишвар соли гузашта дар ҷойгоҳи 111-ум буд.

Стивен Килфеддер, як масъули ECA International, гуфт, "беқурбшавии пайвастаи пул ва афзоиши нархи воридот харҷи бошандагони Ишқободро афзудааст."

Дар даҳгонаи шаҳрҳои гаронтарини дунё, дар баробари Ишқобод, Сюрих, Женева, Базел, Берн, Ҳонгконг, Токио, Сеул, Телавив ва Шонгҳой ворид шудаанд.

Дар шаҳри Алмаато шиори "Президенти ман нест"-ро овехтанд

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон шиори "Президенти ман нест" овехтанд. Дар ин бора расонаҳои он кишвар иттилоъ доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин шиор дар шаҳраки Самали Алмаато овехта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳеч кас муаллифии ин шиорро ба уҳда нагирифтааст. Як гуруҳи дигари мухолиф бо номи Rukh2k19 дар саҳифаи Инстарграм акси шиори дигареро нашр карда буд, ки дар он навишта шудааст: "Мо қонунӣ будани интихоботи президентиро эътироф намекунем. Мо натиҷаи онро эътироф намекунем. Тоқаев - президенти ман нест!".

Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн интихоботи президентӣ баргузор ва Қосимҷомарти 66-сола пирӯз эълом шуд. Нозирони ғарбӣ гуфтанд, интихобот бо қонуншиканиҳои бешуморе баргузор шудааст.

Ҷеенбеков: Роҳи оҳани "Қирғизистон-Чин-Узбекистон" бояд зуд сохта шавад

Сооронбой Ҷеенбеков

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 14-уми июн ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ низ дахл кард.

Аз ҷумла, ӯ гуфт, ҷониби Қирғизистон ба стратегияи рушди СҲШ то ба соли 2025 таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард, ки ба масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз мекунад.

"Тақвияти минбаъдаи равобити кишварҳои узв дар бахши ҳамлу нақл бо шумули давлатҳои нозир муҳим аст. Бинобар ин, мо ҷонибдори иҷрои ҳар чи зудтари тарҳи бунёди роҳи оҳани Қирғизистон - Чин - Узбекистон ҳастем", - афзуд ӯ.

Пешниҳоди бунёди роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Вале то ҳол ин тарҳ иҷро нашудааст.

Пештар Ҷеенбеков гуфта буд, Қирғизистон ҳамчун кишваре, ки роҳи баромад ба баҳрро надорад, алоқаманди рушди масирҳои нақлиётиест, ки иртиботи тиҷориро байни Шарқу Ғарб барқарор мекунанд. Бинобар ин, ба гуфтаи Ҷеенбеков, тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон бисёр муҳим аст.

Гуфта мешуд, ки тарҳ бар ивази 2 миллиард доллар иҷро хоҳад шуд.

Човушоғлу: Туркия ба таҳримҳои Амрико иқдоми ҷавобӣ медиҳад

Мавлуд Човушоғлу

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, гуфт, агар Вашингтон барои харидории системаи дифои мушакии нави S-400 аз Русия ба Анкара таҳрим ҷорӣ кунад, Туркия ҳам даст ба иқдоми ҷавобӣ хоҳад зад.

Човушоғлу рӯзи 14-уми июн ба хабаргузории давлатии "Анадолу" гуфт, Туркия ба ҳайси як кишвари мустақилу озод ҳақ дорад, дар мавриди харидории системаи дифоии кишвараш тасмим бигирад.

Туркия узви НАТО аст ва созиши Анкара бо Русия, ба равобити Туркия бо НАТО ва муттаҳидони он садама задааст.

Иёлоти Муттаҳида системаи мушакии S-400-ро дар баробари барномаи ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 таҳдид мепиндорад. Амрико ба Туркия гуфтааст, аз фурӯши ҳавопаймоҳои F-35-и худ ба ин кишвар ҷилавгирӣ мекунад.

Вашингтон ҳамчунин аз эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳо ба Анкара ҳушдор додааст.

Сафари нахустини Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҳамсараш ба Тоҷикистон 

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби 14-уми июн бо ҳамсараш Амина Эрдуғон вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Онҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ пешвоз гирифт.

Эрдуғон рӯзи шанбе дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ҳамсараш Амина дар ифтитоҳи як маркази кумак ба маъюбон дар Душанбе иштирок мекунанд.

Ин сафари нахустини Эрдуғон дар мақоми раиси ҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон аст. Дастикам аз соли 2016 эҳтимоли боздиди ӯ аз Тоҷикистон матраҳ аст, вале то кунун иттифоқ наафтода буд.

Вале дар гузашта раҳбарони ду кишвар телефонӣ суҳбат кардаанд. Аз ҷумла, онҳо моҳи сентябри соли 2017 вазъи мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмарро баррасӣ намуда буданд.

Туркия пас аз Чину Русия ва Қазоқистон бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон ба ин кишвар асосан пахта содир карда, матоъву либоси тайёрро ворид мекунад.

Туркия дар чанд соли гузашта маҳалли иқомати мухолифони тоҷик ва ҳамчунин кишвари "транзитӣ" барои гузаштани ҷангҷӯён ба Сурияву Ироқ будааст. Туркия то кунун даҳҳо нафарро бо гумони убури ғайриқонунии марзаш бо Сурияву Ироқ дастгир ва ба Тоҷикистон таслим кардааст. Қаблан намояндагони мухолифон гуфта буданд, ки чанд узви онҳо дар Истанбул боздошт ва ба Тоҷикистон бурда шудаанд.

Тоҷикистон дар навбати худ литсейҳои мутааллиқ ба созмони Фатҳулло Гулен, рӯҳонии маъруфи турки муқими Амрикоро, ки ба талоши табаддулот дар он кишвар муттаҳам аст, ба мактабҳои миллӣ табдил додааст.

Владимир Путин ба Душанбе омад. ВИДЕО, АКС

Нимаи аввали рӯзи ҷумъа Путин дар Бишкек, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, шоми 14-уми июн бо ҳадафи ширкат дар нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вориди Душанбе шуд. Вай пеш аз он дар Қирғизистон буд ва дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок кард.

Путин дар фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, Путинро президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт ва ду тараф сӯҳбати мухтасар анҷом додаанд.

Қабл аз ин меҳмонони дигари баландпоя, аз ҷумла Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин вориди Душанбе шуд.

Раҳбари Чин инчунин барои анҷоми як сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, ки қарор аст рӯзи 15-уми июн баргузор шавад.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба манбааш дар сохторҳои дипломатии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни сафари давлатии Сӣ Ҷинпин ба Душанбе "на кам аз 15 санади ҳамкорӣ" имзо мешавад. Ин санадҳо марбут ба ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, иқтисод ва башарӣ мебошанд.

"Ду кишвар инчунин ҳамкориҳои стратегиро баррасӣ хоҳанд кард", -- гуфтааст манбаъ.

Тоҷикистону Чин ду шарики наздики сиёсиву иқтисодӣ буда, аз ҷумла бар асоси тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” ҳамкориҳои зич барпо кардаанд. Дар остонаи сафараш ба Тоҷикистон Ҷинпин дар як мақолае, ки дар вебсайти “Ховар” чоп шуд, гуфт, дар солҳои наздик қарор аст мизони додугирифтҳои иқтисодии ду кишвар аз марзи 3 миллиард доллар убур кунад.

Пекин ва Душанбе мегӯянд, ки дар аксар масоили муҳими сатҳи минтақа ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо ифротгароии динӣ дидгоҳи ҳамсон доранд.

Маросими пешвози амири Қатар
Маросими пешвози амири Қатар

Рӯзи 14-уми июн инчунин президентони Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдулло Абдулло, муовини президенти Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин, сарвазири Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, нахуствазири Камбоҷа Хун Сен ва Тамим бин Ҳамад аc-Cонӣ, амири Қатар вориди Душанбе шуданд. Амири Қатар ва меҳмонони дигарро дар фурудгоҳ нахуствазир Қоҳир Расулзода, вазири хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Бар асоси барнома, дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё даҳҳо раҳбарони кишварҳои Осиё иштирок мекунанд.

Акси умумии раҳбарони кишварҳои СҲШ дар Бишкек. 14 июни соли 2019
Акси умумии раҳбарони кишварҳои СҲШ дар Бишкек. 14 июни соли 2019

Тоҷикистон бори аввал мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аст. Ин созмон соли 1992 таъсис ёфтааст.

Баррасии масъалаҳои амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё аз ҳадафҳои асосии нишасти Душанбе гуфта мешавад.

Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чаҳор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда буд.

Ҳукумати Молдова ба истеъфо рафт

Павел Филип

Ҳизби демократи Молдова рӯзи 14-уми июн хабар дод, ки ҳукумати ин кишвар ба раҳбарии нахуствазир Павел Филип ба истеъфо рафтааст. Филип ҳафтаи гузашта муваққатан ҷойгузини раиси ҷумҳур Игор Додон шуд ва порлумонро барканор ва интихоботи пеш аз мӯҳлат эълон карда буд.

Дар Молдова нерӯҳои сиёсӣ ба ду ҷабҳа тақсим шудаанд. Қисме аз Русия тарафдорӣ мекунанд, қисми дигар ҷонибдори ҳамкориҳои наздик бо Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.

Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон омад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе иштирок мекунад.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Қазоқистон ва Абдуллоҳ Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон низ баъд аз зӯҳри ҷумъа ба Душанбе омадаанд.

Тоҷикистон бори аввал мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аст. Ин созмон соли 1992 таъсис ёфтааст.

Баррасии масъалаҳои амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё аз ҳадафҳои асосии нишасти Душанбе гуфта мешавад.

Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чаҳор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда буд.

Сокинон: "Дар давраи хонҳо ба ин ҳад таҳқир нашуда будем"

Мақомоти вилояти Хоразми Узбекистон ба ҳайати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд бо раҳбарии президенти он Сума Чакрабортӣ зиёфат орост. Дар он ҳунармандон ва раққосаҳои вилоятро маҷбур кардаанд, то нимашаб дар назди меҳмонон бисароянду бирақсанд.

Яке аз кормандони бахши фарҳанги вилояти Хоразм ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, рӯзи 8-уми июн 150 нафар маҷбур буданд, беш аз 8 соат барои ҳайати шашнафарии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар кохи Нуруллобойи ноҳияи Хива хидмат расонанд.

"Дар миёни ин 150 нафар кормандони идораи фарҳанги ноҳияи Хива, телевизион ва корхонаҳои дигар низ буданд. Ташнаву гурусна маҷбур будем, ба меҳмонони хориҷӣ хидмат кунем. Ҳамаи меҳмонон, ҳатто раиси вилоят ва вазири сармоягузории Узбекистон бо либоси ғайрирасмӣ буданд. Арақро нӯшида, раққосаҳои ҷавонро ба назди меҳмонон мехонданд ва амр мекарданд, ки "бирақс!". Моро дар давраи хонҳо то ба ин ҳад таҳқир накарда буданд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, раиси Идораи фарҳанги вилояти Хоразм Шавкат Яхшибоев онҳоро маҷбур кард, то ба меҳмонон дар қасри хонҳои Хива хидмат расонанд.

"Охирҳои моҳи май моро маҷбур карданд, ки зери офтоби сӯзон нахуст барои пешвози президенти Олмон ва сипас барои сарвазири Русия тамрин кунем. Ин бор маҷбур карданд, ки то нимашаб барои бонкдорон хидмат кунем", - изҳор дошт вай.

Намояндаи Идораи фарҳанги вилояти Хоразм тасдиқ кард, барои ҳайати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар кохи Нуруллобой зиёфатеро баргузор карданд. Вале суханҳои манбаи мо дар бораи хидмат расонидани кормандони муассисаҳои давлатиро ба меҳмонҳои хориҷӣ рад кард.

“Дар асл кормандони бахши фарҳанг вазифадоранд, ки дар чорабиниҳои ҳамсон иштирок кунанд. Ҳеч кас ҳуқуқи онҳоро поймол накардааст. Ин ки мегӯянд, гурусна мондаанд, дурӯғи маҳз аст", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон: Сохтори ҷудогонаи мубориза бо маводи мухаддир дар назди СҲШ таъсис шавад. ВИДЕО

Соли 2018. Маводи нашъаи мусодирашуда аз гардиши ғайриқонунӣ

Президенти Тоҷикистон ба таъсиси сохтори ҷудогонаи мубориза бо қоҷоқи маводи мухаддир дар зери назари Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ ) даъват кард, ки метавонад дар муқобилаи дастаҷамъонаи кишварҳои узв бо хатарҳои қочоқи маводи мухаддир мусоидат кунад. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии рӯзи 14 июнаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ гуфт, ки маводи мухаддир “яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мебошад”.

Дар конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил”, ки моҳи май дар Душанбе баргузор шуд, гуфта шуд, ки садҳо миллион доллар маблағҳо аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир барои маблағгузории терроризм равона мешавад. Як мақоми Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди ҳукумати Тоҷикистон, ки 20 сол пеш бо пуштибонии СММ таъсис шуд, ба РИА Новости гуфт, ки дар фосилаи солҳои 1999 то 2018 дар маҷмӯъ сохторҳои қудратии Тоҷикистон 111 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш за 33 тонна ҳероинро боздошт ва мусодира кардаанд. Ба қавли коршиносони соҳа, даромад аз фурӯши ин маводи мамнӯъ дар бозори сиёҳ хеле ҳангуфт аст ва аз ин хотир, гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва муташаккил дар Афғонистон ва берун аз он маводи мухаддирро ба унвони як василаи муҳими дарёфти даромад барои фаъолиятҳои ғайриқонунии худ интихоб кардаанд. Гоҳо дар пешрафти ин тиҷорати сиёҳ афроди масъул дар сохторҳои ҳукуматӣ ҳам ҷалб мешаванд.

Мутахассисон мегӯянд, ки қочоқи ҳаҷман калони маводи мухаддир ба бозорҳои хориҷаи дур бидуни дасти мақомдорони олуда ба фасод имкон надорад, ва аз ин хотри, ба қавли Ашита Митал, намояндаи дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тошканд, барои мубориза бо манбаи пайдоиши сармояи терроризм иродаи сиёсӣ лозим аст. Ӯ дар конфронси Душанбе моҳи май гуфта буд, ки то замоне ки терроризм “ғизо” дорад ва ин “ғизо” – даромад аз ҷиноятҳои фаромиллии сердаромади мисли қочоқи инсону қочоқи маводи мухаддир аст, мубориза бо он сахту сангин мешавад.

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои раҳбарони СҲШ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:37 0:00

Ҳамлагари масҷиди Зеландияи Нав айбҳои эъломшударо рад кард

Брентон Таррант, сокини Австралия, ки ба масҷиде дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла карда буд, айбҳои нисбат ба ӯ эълоншударо эътироф намекунад.

Расонаҳои Зеландияи Нав навиштанд, ки вакили мудофеи вай дар додгоҳ дар ин бора изҳорот додааст. Худи Таррант ҷараёни ҷаласаи додгоҳиро ба воситаи дурбини видео аз маҳбас назорат мекард.

Додгоҳ гуфт, ду ташхиси тиббӣ мушаххас кард, ки Таррант ҳеч бемории равонӣ надорад.

Муҳокимаи парвандаи вай моҳи майи соли 2020 оғоз мешавад.

Брентон Тарранти 28-сола дар анҷоми амали террористӣ, куштори 51 одам ва сӯиқасд ба ҷони 40 тани дигар айбдор мешавад.

Таррант 15-уми марти имсол ба сӯи намозгузорони як масҷиди шаҳри Крайстчёрч аз силоҳ тир андохт. Вай аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба масҷиди дигар ҳамла бурд. Таррант ин амалашро мустақиман дар Facebook нашр мекард.

Мақомоти Зеландияи Нав гуфтанд, ки Брентон Таррант аз силоҳе истифода кардааст, ки қонунӣ ба даст оварда буд.

Даъвати президент Раҳмон ба пуштибонии иқтисодии Афғонистон

Президенти Тоҷикистон “ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъи Афғонистонро яке аз омилҳои аслии субот ва тақвияти амният дар минтақа” унвон кард. Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баён кард, ки рӯзи 14 июн дар шаҳри Бишкек шурӯъ ба кор кард. Дар ин ҷаласа сарони кишварҳои узви ин созмони сиёсиву амниятӣ, аз ҷумла, президентони Русия, Чин, Қазоқистону Узбекистон, Беларус, Покистону Ҳинд ва инчунин раҳбарони кишварҳои нозири мисли Эрон ҳам ширкат мекунанд. Мизбони нишаст – президенти Қирғизистон аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфт, ки аъзои СҲШ бояд кӯмакҳои худро дар амри рушди иқтисодии Афғонистон дареғ надоранд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон “талошҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро дар амри мусолеҳаи миллии зери назари худи афғонҳо пуштибонӣ мекунад”.

Тоҷикистону Афғонистон тақрибан 1400 км марзи муштарак доранд. Мушкилоти мисли хатари тавсеаи фаромарзии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амниятӣ аз он нигарониҳоест, ки Душанбе ва дигар ҳамсояҳои онро дар ташвиш гузоштааст. Дар пасманзари ин нигарониҳо чандин моҳи охир ҷараёни музокироти сулҳ бо гурӯҳи аслии шӯришии Толибони Афғонистон дар ду самти ҷудогона идома дорад: аз сӯе ба раҳбарии дипломати амрикоӣ Залмаи Халилзод ва қароргоҳи Толибон дар Қатар ва аз сӯи дигар – бо ризоияти Русия, ки дар шаҳри Маскав ҷараён мегирад. Ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ аз даъват нашудани намояндагони расмии ин кишвар дар музокирот бо Толибони Қатар изҳори норизоият карда гуфтааст, ки ҷараёни сулҳ бояд бо ширкати худи мақомоти Афғонистон сурат гирад. Вале Толибон гуфтаанд, ки ҳукумати расмиро эътироф намекунанд.

Қабл аз ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон дар "барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти тамоми минтақа ҳавасманд" мебошад.

Нисфи вакилон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев ҷонибдорӣ карданд

Шаст тан аз вакилони порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд. Канатбек Исоев, ташаббускори ҷамъоварии имзои вакилон гуфт, ҳамакнун комисияи махсусе бояд ин масъаларо омӯзад ва ба баррасии порлумон пешниҳод кунад.

"Комисия месанҷад, ки оё айбномаи мо ҳақиқат дорад ё на. Агар гуфтаҳои мо ҳақиқат дошта бошанд, комисия масъаларо дар баррасии порлумон мегузорад. Порлумон онро ба додситонӣ ирсол мекунад. Дар сурати ҳақиқат доштани айбномаи мо, додстонӣ аз порлумон дархост мекунад, ки дахлнопазирии президенти пешин бекор шавад. Агар аз ин ташаббус аз се ду ҳиссаи вакилон - 80 вакил - ҷонибдорӣ кунад, пас Отамбоев аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум мешавад",-гуфт Исоев.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Ӯ рӯзи 8-уми июн дар як гирдиҳамоӣ ширкат ва дар суханрониаш ҳукумати феълиро танқид кард. Дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июн бархе аз вакилони порлумон дар посух давраи роҳбарии Отамбоевро танқид карданд.

СММ аз Қазоқистон хост, уҳдадориҳояшро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунад

Раёсати СММ дар умури ҳуқуқи инсон аз боздоштҳо ва муҷозоти сокинони Қазоқистон ҳангоми эътирозҳои рӯзҳои 9-10-уми июн изҳори нигаронӣ кард. Ин созмон аз мақомоти Қазоқистон хост, ки уҳдадориҳояшонро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунанд.

"Амалҳои Қазоқистон нисбати эътирозгарони осоишта, фаъолон ва хабарнигорон таассуфангез аст. Озодии баён ва гирдиҳамоиҳои сулҳомез нишонаҳои ҷомеаи муваффақ ва рушдкунанда ҳастанд. Ҳама гуна талоши маҳдуд кардани онҳо, бидуни зарурату асос, ба устувориву ҳамоҳангии ҷомеа хатар эҷод мекунад",-омадааст дар изҳороти СММ, ки рӯзи 12-уми июн нашр шуд.

Боздошту ҳабс ва ҷаримаи эътирозгарони сулҳомез "хилофи уҳдадориҳои Қазоқистон дар назди қонунгузории байналхалқӣ аст. Аз Қазоқистон даъват мешавад, ки уҳдадориҳояшро дар бахши ҳуқуқ иҷро намояд ва ба ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта, озодии баён эҳтиром гузорад ва ҳуқуқи сокинонро барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ таъмин намояд", омадааст дар изҳорот.

Додгоҳи Қазоқистон 957 нафарро барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозии бидуни иҷозати шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. 670 кас аз 6 то 15 шабонарӯз ҳабс ва 115 тани дигар ҷарима шудаанд.

Дар ин бора Сапарбек Нурпеисов, як масъули Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 13-уми июн дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷазои 311 кас бо назардошти вазъи оилавиашон кам ва озод карда шуданд. "63 нафари дигар имрӯз озод мешаванд. Дар боздоштгоҳ 180 кас боқӣ хоҳанд монд. Онҳо ба муҳлати аз 6 то 15 рӯз ҳабс гаштаанд",-изҳор дошт Нурпеисов.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9-уми июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10-уми июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пас аз эъломи натиҷаи интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

Аз мақомоти Ӯзбекистон хостанд, дипломати зиндониро озод кунанд

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) аз Тошканд даъват кард, ки дипломати пешин Қодирҷон Юсуповро фавран аз зиндон раҳо кунад. Юсупови 67-сола бо айби хиёнат ба давлат моҳи декабри соли 2018 зиндонӣ шуда, айни ҳол аз бемории равонӣ ранҷ мебарад.

HRW мегӯяд, дипломати пешинро дар зиндон шиканҷаву таҳқир мекунанд. "Вай 10 сол пеш аз фаъолият дар вазорати корҳои хориҷӣ канор рафт. Қарор аст, ҷаласаи аввали додгоҳии вай 17-уми июн доир шавад, вале мақомот ӯро бояд пеш аз баргузории ҷаласа озод ва шиканҷа шуданашро таҳқиқ кунанд",-омадааст дар изҳороти HRW.

Қодирҷон Юсупов дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон 27 сол кор кард. Соли 2009 аз кор барканор шуд ва ба навиштани мақолаҳои таҳлилӣ шуруъ кард.

HRW мегӯяд, панҷ моҳи аввали боздошт наздикону пайвандони Юсуповро намегузоштанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд. Пайвандони дипломати пешин гуфтанд, ҳабс ба вазъи равонии вай таъсири манфӣ расонидааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Таҷлил аз солрӯзи Раҳим Масов, нигорандаи "Таърихи табартақсим"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
XS
SM
MD
LG